хаѐл бинамудан, ки он ѐздаҳ ҳуҷҷати дигар ва имоми рӯзгор ва боби ӯ ҳаме ӯро итоъат хоҳанд дошт, чунонки Худои Таъоло фармуд, ки қавлуҳу Таъоло: «Иннӣ раайту аҳада ашара
кавкабан ва-ш-Шамса ва-л-Қамара
раайтуҳум лӣ соҷидин»( 12:4) — Гуфт: «Ман дидам ѐздаҳ ситораро ва Моҳу Офтоб маро саҷда карданд». Ва ба ѐздаҳ ситора ѐздаҳ ҳуҷҷатро хост, ки он дувоздаҳуми эшон бувад. Ва ба
Офтоб мар-имомро хост ва ба Моҳ мар-бобро хост ва ба саҷда
кардани эшон мар-хештанро он хост, ки эшон маро итоъат доранд. Ва моҳ масал аст бар вазир ва вазифаи нотиқ бошад бар ишорати Эзиди Таъоло ва ба рӯза доштани моҳи Рамазон он аст, ки ҳар кӣ ӯ ба даъвати таъвил пайваста шавад, бояд ки ҳақикати
Шариъат аз пӯшидагӣ ҷӯяд, на аз зоҳир. Ва рӯз далел аст бар зоҳиру танзил ва шаб далел аст бар ботину таъвил. Пас, моро бифармуданд андар моҳи Рамазон ба рӯз он ҷамъ кардан, то шаб мар-онро бихӯрем.
Ва ҳамчунин аст он кас, ки ба даъвати таъвил андар ояд, бишунавад мар-зоҳирҳоро ва ҳақиқатро аз айни он зоҳир наҷӯяд, балки ҳақиқатро аз роҳи таъвил биҷӯяд, то биѐбад.
Ва масали он чунон аст, ки агар касе хоҳад, ки аз зоҳир ҳол бидонад, ки гӯшти хукро чаро Эзиди Таъоло ҳаром кард ва гӯшти гӯсфанд ҳалол, боз натавонад ѐфт мар-ин маъниро
андар зоҳир. Ва ин ду гӯшт на ба ақли нопарварда тавонад донист, чаро гӯшти хукро, ки ӯ зиѐнкор аст, набояд хӯрдану озурдан ва гӯшти гӯсфандро, ки безиѐн аст, бибояд хӯрдану
озурдан. Ва агар ба зоҳири ҳол бинигарем ба ақли хеш, чунон
лозим ояд, ки зиѐнкорро бибояд хӯрдану озурдан ва безиѐнро
набояд хӯрдану озурдан. Чун илми ҳақиқат биѐмӯзад, он гаҳ маънии нохӯрдании гӯшти хук бидонад ва зиѐн аз хӯрдани ӯ бишиносад. Ва андар гӯпгги гӯсфанд низ на андар ҷасад,
балки андар нафс. Ва мутобеъи Рамазонро, ки мӯъмин аст, он донистан аз роҳи таъвил аст, на аз айни зоҳир он чизе ки монда бошад ба хӯрдани он, ки ба рӯз ҷамъ карда бошад ва рӯз бар ӯ гузашта бошад, то хӯрдании ҷасадонеро, ки ба рӯзи
замонй ҷамъ карда бошад, андар шаби замонӣ бихӯрад, чун
рӯзаи зоҳир дорад андар моҳи
Рамазон, яъне зоҳири хӯрдании ҷисмонӣ, ки ба Шариъат ѐфта
бошад, ки он рӯзи дин аст андар шаби дин, ки он таъвили ҳақиқат аст, хӯрданй бошад. Ва чун рӯзаи нафсонй дорад, бишиносад он кас, ки ӯ моҳи Худой аст. Ва шаҳр аз шаҳраке
гирифтаанд ва бад-он чи ҳамегӯяд шаҳри Рамазон бад-он мар-он
касро ҳамехоҳад, ки сӯи ӯ Худой машҳур аст. Ва он кас он аст,
ки Қуръон андар ӯ фиристодаи Худой аст ва Қуръон андар он кас
фурӯ фиристода аст, ки хилофу шубҳат аз масалҳои Қуръон ӯ тавонад берун бурдан ва он каси васӣ нотиқ аст, алайҳи-с-салом. Набинй, ки Худои Таъоло ҳамегӯяд, қавлуҳу Таъоло: «Шаҳру Рамазона-л-лазӣ унзила фиҳи-л-Куръону ҳудан ли-н-носи ва
баййинотин мина-л-ҳудо ва-л-Фурқони»(2:185) —Гуфт: «Моҳи
Рамазон он аст, ки фурӯ фиристоданд андар ӯ Қуръонро, то роҳи
рост бинамояд мардумонро ва баѐнҳоро аз роҳи рост ӯ ҷудо
кунад». Яъне машҳури Худой он аст, ки Қуръон андар зоти ӯ
фурӯд омада, то роҳи рост бинамояд мардумонро ва пӯшидаҳоро
пайдо кунад ва ҷудо кунад ҳаққро аз ботил. Пас, гуфт, қавлуҳу Таъоло: «Фа ман шаҳида минқуму-ш-шаҳра фал ясумҳу»(2:185)
— «Пас, ҳар кӣ биѐбад аз шумо мар-ин моҳро, пас рӯза дорад», яъне ҳар кас, ки асосро бшшшосад, мартабати ӯро пинҳон дорад аз душманони дин, чунонки гуфт, қавлуҳу Таъоло: «Ва ман кона маризан ав ало сафарин фа иддатун мин айѐмин ухара»(2:185)
— Гуфт: «Ҳар кй бемор бошад, ѐ бар сафар, гӯ рӯзаро мадорад,
магар рӯзҳои дигар шумурад, ки боз бигирад». Маънияш он аст,
ки ҳар кас, ки нафси ӯ бемор бошад, ба ноѐфтани таъвил ӯ аз ҳол
ба ҳол гарданда бошад ва заъиф бошад, чун беморон ѐ ба сафар
бошад, яъне талабкунанда мар-ҳақиқатро раво набошад, ки
хомӯш бошад, балки бояд ки ҳамеҷӯяд ва ҳамепурсад, то ҳаққро
биѐбад ва он гоҳ тандуруст шавад ва ба хона бозшавад. Пасаз он, мартабати асосро пинҳон дорад аз мухолифони дин.