ТАЛИҚАИ МУБОРАКИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ БА МУНОСИБАТИ ИДИ НАВРЎЗ
——————————
Фарзандони рӯҳонии азизам
Ба муносибати Наврӯз, 21 - уми марти соли 2021, ман муҳаббатомезтарин дуоҳои хайри меҳромези падарона ва модаронаи худро ба ҳамаи фарзандони рӯҳонии маҳбубам дар саросари ҷаҳон мефиристам.
Xонаводаи ман низ бо ман барои ҳамаи шумо Наврӯзи муборакро орзу менамояд.
Ба ҳамаи фарзандони рӯҳониям, ки ба ин муносибати фархунда хидматҳо намудаанд ва паёмҳои табрикотӣ ва таманниёти неки худро ирсол кардаанд, муҳаббатомезтарин дуоҳои хайри меҳромези худро мефиристам.
Бо муваффақ шудан дар баровардани ваксинаҳои босамар ва шаклҳои дигари муолиҷа, ҷомеаҳои инсонӣ дар соросари ҷаҳон бо як ҳисси умед ва некбинӣ чашмдори баромадан аз пандемияи Ковид - 19 мебошанд.
Дар ин замон ман тавсия медиҳам, ки ҳамаи фарзандони рӯҳонии ман бояд эмкунии худро мувофиқи дастури созмонҳои муносиби тандурустии онҳо, чун ваксина дастрас гардад , ҳар чӣ зудтар қабул намоянд, ҳамчуноне ки ман аллакай намудаам.
Инчунин хоҳиши ман он аст, ки ҷамоатам аз ҳар гуна беэҳтиной дурӣ ҷӯяд, ва ҳар як мурид бояд масъулияти фардиро дар ҳифз намудани худ аз вирус идома диҳад.
Ба хусус, ҷамоатам набояд ба ҳамаи иттилооти барғалат дар муносибат ба раванди эмкунӣ ва муқоисаҳо байни ҳамаи ваксинаҳои расман таҳримшуда, ки алҳол дастрасанд, эътибор диҳанд.
Ман аз василаҳову иншоотҳои тандурустии Шабакаи Оғохон оид ба Рушд талаб намудаам, ки то ҳадди аксар пуштибонӣ ва кумакро ба сохторҳои ҳукуматӣ дар пиёда сохтани барномаи эмкунӣ ривоҷ диҳанд.
Дар ин давраҳои мушкилу ноамн, дуоҳои ман ин аст, ки Наврӯз муждарасон аз оғози нав, бо тобоварӣ , нерӯ ва иттиҳоди бузургтар дар ҷамоатам, дар пирӯз гардидан бар ҳамаи шаклҳои мушкилот хоҳад буд.
Чун бо беҳтар гардидани вазъият ҷамоатхонаҳо аз нав боз мешаванд, ман мехоҳам ҷамоатам он аҳамиятеро, ки ман ба суннати таърихии ибодати фардӣ, ибодати хусусии мо медиҳам, дар хотир нигаҳ дошта бошанд.
Ман муҳаббатомезтарин дуоҳои хайри меҳромези худро барои мушкилосон ва барои беҳбуди ҷамоати худ, саломатии хуб, амнияту амонӣ мефиристам.
Ман инчунин беҳтарин дуоҳои хайри меҳромезамро барои баракат дар ҳаёти рӯҳонӣ ва ҳаёти дунявии шумо ва барои ҳосил шудани ҳамаи муродҳои шумо медиҳам.
Ҳамаи шумо махсусан дар қалб, дар афкор ва дар дуоҳои ман ҳастед.
Бо муҳаббати қалбӣ
Оғохон
—————————-
21 - уми МАРТИ СОЛИ 2021