uz
Feedback
Avesto News

Avesto News

Kanalga Telegram’da o‘tish

Хабаргузории Avesto - Хабарҳои Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон Бо мо ҳамроҳ бошед.

Ko'proq ko'rsatish
1 056
Obunachilar
-224 soatlar
-107 kunlar
-4730 kunlar

Ma'lumot yuklanmoqda...

O'xshash kanallar
Ma'lumot yo'q
Muammo bormi? Iltimos, sahifani yangilang yoki bizning qo'llab-quvvatlash boshqaruvchimizga murojaat qiling>.
Taglar buluti
Ma'lumot yo'q
Muammo bormi? Iltimos, sahifani yangilang yoki bizning qo'llab-quvvatlash boshqaruvchimizga murojaat qiling>.
Kirish va chiqish esdaliklari
---
---
---
---
---
---
Obunachilarni jalb qilish
Avgust '26
Avgust '260
0 kanalda
Iyul '26
+25
0 kanalda
Get PRO
Iyun '26
+4
0 kanalda
Get PRO
May '26
+8
0 kanalda
Get PRO
Aprel '26
+53
0 kanalda
Get PRO
Mart '26
+1 346
0 kanalda
Sana
Obunachilarni jalb qilish
Esdaliklar
Kanallar
26 Avgust0
25 Avgust0
24 Avgust0
23 Avgust0
22 Avgust0
21 Avgust0
20 Avgust0
19 Avgust0
18 Avgust0
17 Avgust0
16 Avgust0
15 Avgust0
14 Avgust0
13 Avgust0
12 Avgust0
11 Avgust0
10 Avgust0
09 Avgust0
08 Avgust0
07 Avgust0
06 Avgust0
05 Avgust0
04 Avgust0
03 Avgust0
02 Avgust0
01 Avgust0
Kanal postlari
+1
⚽️ 🚨 Пас аз шикасти тими миллии Марокаш аз Фаронса бо ҳисоби 0:2 дар даври чорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол 2026, мухлисон дар чанд шаҳри Аврупо бетартибиҳо ба вуҷуд оварданд. 🔹 Дар Лондон мухлисон ба кӯчаҳо баромада, бо полис даргир шуданд. Дар минтақаи Эҷуэр-роуд онҳо болои мошинҳо баромада, партовҳоро ба кӯчаҳо партофта, ба амвол зарар расонданд. 🔹 Бар асари ин ҳодиса ҳадди ақал як корманди полис ҷароҳат бардошта, пас аз расонидани кумаки аввалия ба беморхона интиқол дода шуд. Ба иттилои расонаҳои Британия, чанд нафар боздошт шудаанд. 🔹 Ҳамчунин мухлисон маводи пиротехникӣ истифода бурда, ҳаракати нақлиётро масдуд карданд ва парчамҳои Марокашро парафшон намуданд. 🔹 Даргириҳои шабеҳ миёни мухлисони футбол ва полис инчунин дар шаҳрҳои Париж, Гаага ва дигар шаҳрҳои Аврупо низ ба қайд гирифта шудаанд. ⚡ @avesto_news

2
Сардор Муҳибӣ: Як фарванд паҳподи MQ-9 дар осмони Хурмуҷ соқит шуд 🔹 Сухангӯи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ: Дар пайи таҷовузи ҳавоии артиши террористии Амрико дар саҳаргоҳи имрӯз, як фарванд паҳподи MQ-9 тавассути оташи сомонаи падофанди ҳавоии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дар осмони Хурмуҷи устони Бушеҳр мавриди исобат қарор гирифта ва соқит шуд. ⚡ @avesto_news ⚡
617
3
🔴🇺🇸 Гузоришҳо аз ҳамлаи нави Иёлоти Муттаҳида ба чанд иншоот дар ҷануби Эрон хабар медиҳанд. Бино ба иттилои расонаҳо, суб
🔴🇺🇸 Гузоришҳо аз ҳамлаи нави Иёлоти Муттаҳида ба чанд иншоот дар ҷануби Эрон хабар медиҳанд. Бино ба иттилои расонаҳо, субҳи рӯзи чоршанбе неруҳои мусаллаҳи ИМА ба чанд ҳадаф дар ҷануби Эрон ҳамла анҷом додаанд. Фармондеҳии марказии артиши ИМА иддао кардааст, ки ин амалиёт дар посух ба таҳдидҳои эҳтимолӣ алайҳи киштиҳои тиҷоратӣ дар тангаи Ҳурмуз анҷом дода шудааст. ⚡ @avesto_news ⚡
572
4
🌧️ 🌊 Боронҳои шадиде, ки шаҳри Ню-Йоркро фаро гирифтаанд, боиси обхезӣ дар чанд ноҳияи шаҳр шуданд. 🔹 Шаҳрдори Ню-Йорк Зоҳ
🌧️ 🌊 Боронҳои шадиде, ки шаҳри Ню-Йоркро фаро гирифтаанд, боиси обхезӣ дар чанд ноҳияи шаҳр шуданд. 🔹 Шаҳрдори Ню-Йорк Зоҳран Мамданӣ қаблан сокинонро аз хатари эҳтимолии обхезиҳо ҳушдор дода буд. Аз ҳама бештар ноҳияҳои Бруклин ва Куинс осеб дидаанд. 🔹 Дар Бруклин борони шадид кӯчаи Нептун-авеню дар минтақаи Кони-Айлендро ба дарё табдил дод. Дар Куинс бошад, даҳҳо дарахт бар асари тӯфон сарнагун шудаанд. ⚡ @avesto_news ⚡
601
5
🔴 Россия ҳамкориҳоро бо кишварҳои Африқо густариш медиҳад. 🔹 Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров имрӯз бо сафари расмӣ ба Эфиопия ворид шуд ва аз ҳамин ҷо сафари худро ба чанд кишвари қитъаи Африқо оғоз мекунад. ⚡ @avesto_news ⚡
475
6
🔴 Ба навиштаи The Telegraph, ба Зеленский иҷозат дода намешавад, ки дар нишасти НАТО бо суханронӣ кунад, ба он хотир, то Трамп аз ин кор норозӣ нашавад 🔹 Ба иттилои нашрия, раҳбарияти НАТО тасмим гирифтааст, ки мавзӯи Украина ва президенти он дар меҳвари асосии нишаст қарор нагирад. ⚡ @avesto_news ⚡
416
7
🇵🇱 Полша аллакай ба Украина ҳама чизеро додааст, ки метавонист пешниҳод кунад. 🔹 Дар ин бора вазири дифои Лаҳистон Владислав Косиняк-Камиш изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, Варшава беш аз 30 ҳазор низомии украиниро омӯзиш дода, инчунин ба маблағи тақрибан 4 миллиард доллар силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ ба Украина интиқол додааст.
397
8
🔴 ИМА ваъда дод, ки ба аъзоёни НАТО барои зиёд кардани хароҷоти ҳарбӣ фишор меорад. 🔹 Намояндаи доимии ИМА дар НАТО Мэттью
🔴 ИМА ваъда дод, ки ба аъзоёни НАТО барои зиёд кардани хароҷоти ҳарбӣ фишор меорад. 🔹 Намояндаи доимии ИМА дар НАТО Мэттью Уитакер дар саҳифаи FOX NEWS гуфт: «Иёлоти Муттаҳида ба ҳар як узви ин эътилоф фишор оварданро идома медиҳад, то онҳо уҳдадориҳои худро иҷро кунанд... Ҳар як ҳалқаи заиф дар ҳар куҷо амнияти дастаҷамъиро дар ҳама ҷо зери хатар мегузорад.» 🔹 Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон бар он аст, ки ҳамаи кишварҳои узви НАТО бояд саҳми худро дар таъмини амнияти дастаҷамъӣ афзоиш диҳанд. ⚡ @avesto_news ⚡
457
9
🇮🇷 Парчами Эрон дар баробари парчамҳои дигар кишварҳои иштирокдори Ҷоми ҷаҳонии футбол 2026 дар болои фан-зонаи назди Марка+1
🇮🇷 Парчами Эрон дар баробари парчамҳои дигар кишварҳои иштирокдори Ҷоми ҷаҳонии футбол 2026 дар болои фан-зонаи назди Маркази Рокфеллер дар шаҳри Ню-Йорк барафрохта шудааст, хабар медиҳад хабарнигори РИА Новости. 🔹 Бо вуҷуди ҳавои боронӣ, садҳо мухлис дар фан-зона ҷамъ омада, бозии Португалия ва Испанияро тамошо карданд. Инчунин дар ҳамин макон пахши бозии тими миллии ИМА низ дар назар аст. ⚡ @avesto_news ⚡
382
10
💰 Бонки Исроил меъёри асосии фоизиро 0,25 банди фоизӣ коҳиш дода, онро ба 3,5% расонд. ⚡ @avesto_news ⚡
396
11
🔴 Рамзан Кадиров бори дигар аз ҷониби ҳизби "Единая Россия" ҳамчун номзад ба мақоми роҳбари Ҷумҳурии Чеченистон пешбарӣ шуд. Ин қарор дар конфронси бахши минтақавии ҳизб якдилона қабул гардид. ⚡ @avesto_news ⚡
412
12
🔴 Ба навиштаи Politico, кишварҳои узви НАТО, ки бо Россия ҳамсарҳаданд, омодагиро ба эҳтимоли низоъ оғоз кардаанд. 🔹 Гуфта мешавад, ки Финландия, Полша ва Литва сохтмони иншооти дифоӣ ва афзоиши хароҷоти низомиро идома медиҳанд. 🔹 Бар асоси ин гузориш, ин кишварҳо ният доранд хароҷоти мудофиавии худро то 5 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) расонанд. ⚡ @avesto_news ⚡
504
13
🔴 Ба шаҳрвандони Осиёи Марказӣ хотиррасон карданд, ки барои сафар ба минтақаҳои пӯшидаи Россия иҷозатномаи махсус лозим аст. 🔹 Бидуни иҷозатнома хориҷиён наметавонанд ба шаҳрҳои Норилск, Североморск, Снежинск ва Озерск, инчунин ба як қатор ноҳияҳои вилоятҳои Мурманск, Архангелск, Астрахан, Калининград, Оренбург ва бархе минтақаҳои шимол, Сибир ва Шарқи Дури Русия ворид шаванд. 🔹 Тавре намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Россия хабар додааст, сухан дар бораи иншооти ҳарбӣ, корхонаҳои саноати мудофиа ва ҳастаӣ, инчунин минтақаҳои наздисарҳадӣ меравад. Таъкид шудааст, ки вайрон кардани ин талабот боиси ҷавобгарии маъмурӣ мегардад. ⚡ @avesto_news ⚡
495
14
🔴 Дмитрий Песков изҳор дошт, ки мавқеи Трамп оид ба Украина пайваста ва бетағйир аст. 🔹 Ба гуфтаи ӯ, иддаоҳо дар бораи он ки Трамп гӯё мисли «боднамо» пайваста мавқеи худро иваз мекунад, ба воқеият мувофиқат надоранд. ⚡ @avesto_news ⚡
447
15
🔴 Кишварҳои иштирокдори ОПЕК+ дар моҳи август истихроҷи нафтро дар маҷмӯъ 188 ҳазор бушка дар як шабонарӯз зиёд мекунанд. 🔹
🔴 Кишварҳои иштирокдори ОПЕК+ дар моҳи август истихроҷи нафтро дар маҷмӯъ 188 ҳазор бушка дар як шабонарӯз зиёд мекунанд. 🔹 Ин қарор дар ҷаласаи имрӯзаи кишварҳои узви ОПЕК+ қабул гардид. Дар ин рӯйхат Қазоқистон, Россия, Ироқ, Кувайт, Уммон, Арабистони Саудӣ ва Алҷазоир шомил мебошанд.
437
16
🇹🇯🤝🇨🇳 Ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Чин дар панҷ моҳи соли 2026 ба 1,4 миллиард доллар расид. 🔹 Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. 🔹 Ҳаҷми содироти молҳои Тоҷикистон ба Чин дар панҷ моҳ аз 359 миллион доллар гузашт, дар ҳоле ки воридоти маҳсулоти чинӣ беш аз 1,1 миллиард долларро ташкил дод. 🔹 Чин ҳамоно яке аз бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, ҳаҷми муомилоти дуҷонибаи тиҷоратӣ пайваста рӯ ба афзоиш дорад. ⚡ @avesto_news ⚡
356
17
Ҷоми ҷаҳон — 1/8 финал 🔹 Натиҷаҳои баргузоршуда: 🇧🇷 Бразилия 1:2 Норвегия 🇳🇴 🇲🇽 Мексика 2:3 Англия 🇬🇧 Бозиҳои имрӯза (бо вақти Тоҷикистон) 🕛 00:00 — 🇵🇹 Португалия 🆚 🇪🇸 Испания 🕔 05:00 — 🇺🇸 ИМА 🆚 🇧🇪 Белгия ⚡ @avesto_news ⚡
338
18
🔴 Мақомоти Финландия тасдиқ карданд, ки маҳдудияти парвозҳо дар қисми Халиҷи Финланд ба ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина ба қаламрави Россия вобаста аст. Дар ин бора ширкати давлатии радио ва телевизиони Yle бо истинод ба намояндаи Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Финландия Йере Палданиус хабар додааст. ⚡ @avesto_news ⚡
350
19
🔴 Дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё платформаи ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар саноат таъсис дода мешавад. 🔹 Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (ЕЭК), ин ташаббус ва истифодаи дигар платформаҳои рақамӣ ба рушди фаъоли ҳамкории саноатӣ миёни кишварҳои узви иттиҳод мусоидат хоҳад кард. 🔹 Ҳамчунин, таъсиси пойгоҳи ягонаи маълумот оид ба таснифи молҳо, корҳои иҷрошаванда, хизматрасониҳо ва истеҳсолкунандагон дар назар аст. ⚡ @avesto_news ⚡
330
20
🔴 Дональд Трамп рӯзи чоршанбе, 8 июл, дар ҳошияи нишасти НАТО дар Анқара бо Владимир Зеленский мулоқот мекунад. Кохи Сафед х
🔴 Дональд Трамп рӯзи чоршанбе, 8 июл, дар ҳошияи нишасти НАТО дар Анқара бо Владимир Зеленский мулоқот мекунад. Кохи Сафед хабар додааст, ки барои ин мулоқот як соат вақт ҷудо шудааст. ⚡ @avesto_news ⚡
339