cookie

Sizning foydalanuvchi tajribangizni yaxshilash uchun cookie-lardan foydalanamiz. Barchasini qabul qiling», bosing, cookie-lardan foydalanilishiga rozilik bildirishingiz talab qilinadi.

Reklama postlari
1 161
Obunachilar
+224 soatlar
-77 kunlar
-1930 kunlar

Ma'lumot yuklanmoqda...

Obunachilar o'sish tezligi

Ma'lumot yuklanmoqda...

✍️🏻Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбари Аллоҳ (ﷺ) фармуданд: 📜"Аз бадгумони худдорӣ намоед, зеро бадгумони дуруғтарин суханҳост, аз айбҳои мардум ҷустуҷу нанамоед, ҷосусии якдигарро накунед, бо якдигар ҳасодат наварзед, бо якдигар кина надошта бошед, аз рафту омад бо якдигар муқотаља нанамоед ва бандагони Аллоҳ  ва бародари ҳам бошед." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2035 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
Hammasini ko'rsatish...
✍️🏻Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбари Аллоҳ (ﷺ) фармуданд: 📜"Аз якдигар мутанаффир набошед ва бо якдигар ҳасодату рашк наварзед, бо якдигар муқотаъа накунед ва бандагони Аллоҳ ва бародари ҳам бошед, барои мусалмон раво нест, ки бо бародараш бештар аз се рӯз муқотаља (қаҳрӣ) намояд. Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2034 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
Hammasini ko'rsatish...
00:13
Video unavailableShow in Telegram
Alhamdulillah 🩷📔🩷📔🩷🩷🩷 @madrasaiAisha
Hammasini ko'rsatish...
✍️🏻Аз Абубакр (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки аз 📜Шахсе назди Паёмбари Аллоҳ  (ﷺ) ёд шуд, шахси дигаре ўро мадҳ намуд. Паёмбари Аллоҳ  (ﷺ) фармуданд: "Эй вой бар ту, гардани он шахсро буриди." Ва ин суханро чанд бор такрор намуда, (гуфтанд): "Агар маҷбур мешавед, ки аз касе мадҳ кунед, бигуед, ки ман фикр мекунам, ки фалонӣ чунин ва чунон шахсе бошад, агар воқеан фикр мекардед, ки фалони чунин ва чунон шахсе аст ва ҳисобаш бар Аллоҳ аст ва касеро набояд назди Аллоҳ  тазкия ва тавсиф намоед." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2033 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
Hammasini ko'rsatish...
✍️🏻Аз Хузайфа (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбари Аллоҳ (ﷺ) шунидам, ки фармуданд: 📜"Суханчин ба Ҷаннат дохил намешавад." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2032 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
Hammasini ko'rsatish...
✍🏻Аз Собит ибни Заҳҳок (разияллоҳу анҳу), ки аз байъаткунандагони Шаҷара буд, ривоят аст, ки Паёмбари Аллоҳ ﷺ фармуданд: 📜Касе, ки ба миллати дигаре ғайр аз миллати Ислом ба дурӯғ савганд бихӯрад, ӯ ҳамчунон аст, ки гуфтааст (масалан, касе бигуяд, ки: Агар чунин ва ё чунон карда бошам, яҳуд ва ё насоро бошам, агар дар он чӣ, ки савганд хӯрдааст, дурӯғ гуфта бошад, яҳуд ва ё насоро мешавад). Ва бар бани Одам бар он чӣ, ки молики он нест, назре нест (масалан, касе, ки мегуяд: Агар Аллоҳ маризи маро шифо дод ва ё мусофирам аз сафар омад, даҳ гов хайрот мекунам. Агар фақир бошад ва гов надошта бошад, аз ин назр бар вай чизе лозим намегардад.Ва касе, ки дар дунё ба чизе худкушӣ намояд, дар рузи қиёмат бо ҳамон чиз таъзиб мешавад (масалан, агар касе худро аз кӯҳе биандозад ва ба ин тариқ худкушӣ намояд, дар қиёмат ба таври доимӣ аз кӯҳ андохта мешавад). Ва касе, ки мусалмонеро лаънат кунад, монанди он аст, ки ўро куштааст. Ва касе, ки мусалмонеро ба куфр муттаҳам созад, монанди он аст, ки ўро куштааст." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2031 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
Hammasini ko'rsatish...
✍🏻Аз Абузар (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки (гуфт): 📜Аз Паёмбари Аллоҳ ﷺ шунидам, ки фармуданд: "Касе, ки дигареро ба фиск ва куфр муттаҳам месозад, агар он шахс чунин набошад, фиск ва куфраш бар худаш бармегардад." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2030 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
Hammasini ko'rsatish...
✍🏻Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: 📜Даҳ сол барои Паёмбари Аллоҳ ﷺ хидмат намудам, як бор ҳам бароям "уф" ва ё ин ки: "чаро чунин кардӣ ва чунон накарди" нагуфтаанд. Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2029 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
Hammasini ko'rsatish...
✍🏻Аз Ҷобир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: 📜Ҳеҷ гоҳ Паёмбари Аллоҳ ﷺ дар муқобили талаб ва хостаи касе "на" нагуфтаанд. Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2028 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
Hammasini ko'rsatish...
✍🏻Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: 📜Паёмбари Аллоҳ ﷺ дашномдиҳанда ва фаҳшдиҳанда ва лаънаткунанда набуданд. Ҳангоми қаҳр барои моён чунин мегуфтанд: "Чаро фалони чунин кардааст, пешониаш хоколуд шавад." Саҳеҳ Бухорӣ:  № - 2027 Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
Hammasini ko'rsatish...