cookie

Sizning foydalanuvchi tajribangizni yaxshilash uchun cookie-lardan foydalanamiz. Barchasini qabul qiling», bosing, cookie-lardan foydalanilishiga rozilik bildirishingiz talab qilinadi.

avatar

Андешакада - شیرعلی رضایان

- Таҳлили сиёсати хориҷии Тоҷикистон; - Арзёбии равандҳои Осиёи Марказӣ; - Баррасии муҳимтарин ҳодисаҳои ҷаҳон. Барои тамос: [email protected]

Ko'proq ko'rsatish
Reklama postlari
431
Obunachilar
Ma'lumot yo'q24 soatlar
+17 kunlar
+530 kunlar

Ma'lumot yuklanmoqda...

Obunachilar o'sish tezligi

Ma'lumot yuklanmoqda...

Repost from ТАФАККУР
Шағоли хабаркаш (Тамсил) Рӯзе шоҳи ҳайвонҳо – шер бемор шуд. Зуком шуда буд. Зуд-зуд атса мезад ва аз ин хеле асабӣ шуда буд. Ҳамаи ҳайвонҳо ба аёдаташ омада буданд, ба ғайр аз рӯбоҳ. Шоҳ, ки дар ин рӯзҳо ба ғайр аз бинии худ чизеро намедид, шояд наомадани рӯбоҳро ҳам пай намебурд, аммо шағол ба гӯшаш гуфт: – Шоҳам, ҳамаи ҳайвонҳо ба аёдати шумо омадаанд, то ҳар гаҳе шумои азиз атса мезанед, “саломат бошед” гӯянд, аммо рӯбоҳ ин ҷо нест. Шер ба ғазаб омад ва амр кард, ки рӯбоҳро ба наздаш оранд. Хабар ба гӯши рӯбоҳ расид ва ӯ зуд ба дарбор омад. – Зарди лаънатӣ! – ғурид шер. – Ҳамаи ҳайвонҳо ба аёдати ман омаданд, ту чаро наомадӣ? – Асабӣ нашавед, шоҳам, — ҷавоб дод рӯбоҳ. – Ман ҳам аз бемории шумо огоҳ будам, аммо нахостам, ки дасти холӣ ба диданатон оям. Хостам доруе барои бемории шумо пайдо кунам. – Ҳаа, ин тавр гӯй …-ором шуд шер. — Хуб чӣ пайдо кардӣ? Беҳтарин дору барои зуком ин гӯшти панҷаи пойи шағол будааст, — гуфт рӯбоҳ. – Наход, — ба ҳайрат афтод шер. — Агар доруят шифобахш набошад, пӯстатро меканам. Рӯбоҳ бо таъзим тасдиқ кард. Медонист, ки зуком бемории зудгузар аст, бо ҳар чизе онро табобат кунӣ, баъд аз чанд рӯз худ аз худ мегузарад. Баъд аз чанд рӯз рӯбоҳ дар беша мегашт, ки аз пешаш шағол баромад. Шағоли сепо! Рӯбоҳ ба ӯ гуфт: – Дӯстам, хабаркаш ба мисли касест, ки ба осмон туф мекунад ва баъд тааҷҷуб мекунад, ки чаро рӯяш тар шудааст. P/S: Лаънати Худо ба чунин шағолсифатон бод —  гӯям шояд аз рӯӣ мусалмони дуруст набошад, лекин ҳаминро мегӯям, ки аз Худо шарм доред ва Худо инсофатон диҳад. #масал Ба дӯстон ирсол намо: 👇👇👇 @tafakkur_tjk
Hammasini ko'rsatish...
Сӯҳбати хубе, ки тамошои он неру мебахшад. Бо дидгоҳҳои шоир, тарҷумон, забондон ва роҳсоз Иброҳимҷон Дустализода ҳатман ошно шавед ва ин наворро бубинед: https://youtu.be/suyHps74GdY?si=WCu7mcowqYuOF3-K
Hammasini ko'rsatish...
РОҲСОЗЕ, КИ 7 ЗАБОНРО МЕДОНАД

@buzurgmehr1992

4
Рӯзи ҷавонон муборак бошад! Аз рӯйи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ба унвони “ҷавон” онҳое эътироф мешаванд, ки аз 14 то 30 сола ҳастанд. Ҳамчунин, барои иттиҳодияҳои эҷодии ҷавонон 5 сол зиёд карда мешавад, яъне то 35 соларо дар бар мегирад. Аз рӯйи нишондоди Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (ниҳоди СММ) аз 18 то 44 ба унвони "ҷавон" эътироф мешаванд. Аз ин рӯ, ба ҳамаи онҳое, ки аз 14 то 44 сола ҳастанд, Рӯзи ҷавонон ба Шумо муборак бошад! https://t.me/shrizoyon
Hammasini ko'rsatish...
🎉 3 2
Photo unavailableShow in Telegram
КУЛЛИЁТИ ШЕЪРУ РУБОИҲОИ БЕНАЗИРИ УСТОД ЛОИҚ ШЕРАЛИРО ИН ҶО БИХОНЕД⤵️ 📚Куллиёт 📚Ману дарё 📚Марди роҳ 📚Офтобборон 📚Санги мазор 📚Хоки Ватан 📚Дасти дуои модар 📚Варақи санг 📚Девони дил 📚Девони замон #лоиқ Ба гурӯҳ ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 https://t.me/sadoi_tojik
Hammasini ko'rsatish...
👍 3
01:20
Video unavailableShow in Telegram
Навор аз хабаргузории IRNA
Hammasini ko'rsatish...
👍 3
Photo unavailableShow in Telegram
Имрӯз узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, роҳбари Дафтари Комиссияи корҳои хориҷии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Сегодня Член Политбюро Центрального Комитета Коммунистической Партии Китая, глава канцелярии Комиссии по иностранным делам Центрального Комитета Коммунистической Партии, Министр иностранных дел Китайской Народной Республики Ван И прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан. Today, Wang Yi, Member of the Political Bureau of the Central Committee of the Communist Party of China, Head of the Office of the Foreign Affairs Commission of the Central Committee of the Communist Party, Minister of Foreign Affairs of the People's Republic of China, arrived in the Republic of Tajikistan on an official visit. https://t.me/RustamEmomali
Hammasini ko'rsatish...
Repost from N/a
Перомуни саммити “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” Бахши III. Пойгоҳи таҳлилии “Дидгоҳи роҳбурдӣ” бахши сеюми ёддошти сиёсатшинос Шералӣ Ризоёнро пешкаш мекунад. Паёмадҳои мавзуъ. Бинобар ғайрисистематик будани ривоятсозӣ перомуни сиёсати хориҷии кишварҳои минтақа ба эҳтимоли зиёд дар арафаи баргузори саммити “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” ва баъди он - партоб ва ҳуҷумҳои иттилоотӣ бо ҳадафҳои гуногун: барои камаҳамият намоиш додан, “миннат” кардан, тарс додан ва ғайра дар фазои расонаии минтақа афзоиш хоҳанд ёфт. Чунин иқдом аз ҷониби расона ва коршиносони кишварҳое сурат хоҳад гирифт, ки рақиби Ҷопон ва сиёсатҳои ҷаҳонию минтақаии он мебошанд. Баръакс, бархе расонаҳо ва коршиносони кишварҳои шарики Ҷопон – нишасти мазкурро ҳамчун ҳамоиши вижа ва ниҳоят муҳим бозтоб медиҳанд. Бо иртибот ба нукти боло, ба эҳтимоли зиёд то ва ба вижа баъди баргузории саммити “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” матлабҳо бо чунин муҳтаво таҳия хоҳанд шуд: Якум, навишта ва ёддоштҳои “хашин”, ки худи далели баргузории саммитро ниҳоят ҳассос пазируфтаанд ва ба кишварҳои минтақа таҳдидҳо мекунанд. Дуюм, навишта ва ёддоштҳои изтиробдошта, ки тарсу нигаронии баъзе бозингаронро аз густариши сиёсати хориҷии кишварҳои минтақа ва аз тағйири ҷойгоҳи геополитикии Осиёи Марказӣ баён мекунанд. Сеюм, навишта ва ёддоштҳои мутавозин ё объективӣ, ки дар онҳо перомуни тавонмандиҳо, имконот ва маҳдудияти воқеии роҳбурди Ҷопон дар Осиёи Марказӣ, ҳамчунин кишварҳои минтақа дар самти Ҷопон инъикос мешаванд. Чорум, навишта ва ёддоштҳо бо нигориши мусбат, ки баръакси нуктаи якум ҳастанд ва далели баргузории саммит, ҳамчунин тавонмандиҳову имконоти Ҷопон дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои минтақа дар самти Ҷопонро аз будааш бештар бозтоб медиҳанд. Панҷум, навишта ва ёддоштҳо дорои дидгоҳҳои сирф субъективӣ, ки аз ҷониби расонаҳо ва муаллифони номаълум, ё барои аз ҳад таъриф кардан ё аз ҳад пас задан – таҳия мегарданд. Бардоштҳо аз мавзуъ. Ҳузури бештари Ҷопон дар Осиёи Марказӣ, сармоягузориҳои он ба иқтисоди кишварҳои минтақа, пешкашсозии фанофариҳои нав ва густариши ҳамкориҳо дар ҳамаи соҳаҳои мавриди назари ҷонибҳо – барои васеъшавии паҳнои сиёсати хориҷии бисёрсамтии давлатҳои минтақа ниҳоят муҳим мебошад. Аз ин дидгоҳ, бинобар сохтусози эҳтимолии панҷ ривояти дар боло баён гардида, ба назар гирифтани онҳо ва роҳандозии ҳимояти касбии баргузории саммит, тавонмандиҳои воқеии ҳамкориҳо ва дурнамои равобит бо Ҷопон аз аҳамият холӣ нест. https://t.me/didgohirohburdi
Hammasini ko'rsatish...
ДИДГОҲИ РОҲБУРДӢ

“Дидгоҳи роҳбурдӣ” – пойгоҳи коршиносию таҳлилӣ буда, навиштаҳои пажуҳишгарон перомуни мавзуҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон, равандҳои Осиёи Марказӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ нашр мекунад. Барои тамос: [email protected]

Hammasini ko'rsatish...
Андешакада - شیرعلی رضایان

- Таҳлили сиёсати хориҷии Тоҷикистон; - Арзёбии равандҳои Осиёи Марказӣ; - Баррасии муҳимтарин ҳодисаҳои ҷаҳон. Барои тамос: [email protected]