cookie

Sizning foydalanuvchi tajribangizni yaxshilash uchun cookie-lardan foydalanamiz. Barchasini qabul qiling», bosing, cookie-lardan foydalanilishiga rozilik bildirishingiz talab qilinadi.

avatar

dushanbepolice

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Ko'proq ko'rsatish
Reklama postlari
12 386
Obunachilar
-324 soatlar
-327 kunlar
-6530 kunlar

Ma'lumot yuklanmoqda...

Obunachilar o'sish tezligi

Ma'lumot yuklanmoqda...

🇹🇯 Миҷгона Самадова сазовори ҷойи дуюм гардид Муштзанбонуи тоҷик, корманди Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Миҷгона Самадова (57 кг) дар мусобиқаи байналмилалии Хабаровски Русия, ки ба хотири гиромидошти Константин Коротков ҷараён дошт, сазовори ҷойи дуюм гардид. Ӯ дар финал, ки рӯзи 18-уми май баргузор гардид, бо Людмила Воронтсоваи рус рақобат намуда, мағлуб гардид. Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур муштзанҳои 15 мамлакат ширкат намуданд.
Hammasini ko'rsatish...
21👍 18
Монеагӣ ба ҳаракати нақлиёт боиси сар задани ҷинояти авбошӣ гардид Аз ҷониби кормандони милитсия пойтахт, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, шаҳрванд Пиров Раҳматуло Нуралиевич, санаи таваллудаш 29.03.2000, сокини ноияи Рӯдакӣ-ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай», рақамҳои қайди давалатиаш 2420МР01 ва шаҳрванд Қадамов Фирӯз Тоғоймуродович, санаи таваллудаш 08.08.1991, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ дастгир карда шуданд. Номбурдагон, санаи 17-уми майи соли ҷорӣ, тақрибан соати 14:30 дақиқа, дар кӯчаи С.Шерозӣ назди бинои «Шарқи озод», зимни идораи воситаи нақлиёт ба ҳамдигар монеагӣ эҷод намуда, боиси халалдор гаштани ҳаракати нақлиёти ҳамдигар шудаанд. Дар натиҷа, мушкилоти ночизеро бо ҳамдигарфаҳмӣ ҳал карда натавониста, воситаҳои нақлиётро дар байни роҳи мошингард таваққуф намуда, бо ҳамдигар муноқиша кардаанд. Ҳар ду бо ин амали худ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, боиси ба вуҷуд омадани тамбашавии дигар воситаҳои нақлиёт гардидаанд. Ҳамзамон навори муноқишаи мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр гардида, вокунишҳои манфии шаҳрвандонро ба миён овардааст. Вобаста ба ин ҳолат нисбати Қадамов Фирӯз ва Пиров Раҳматулло маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Hammasini ko'rsatish...
👍 11 1🤯 1
Photo unavailableShow in Telegram
5
Шакли пурраи барномаи навбатии Ахбори ВКД дар ин саҳифа 👇👇 https://t.me/akhbor_vkd_tj https://t.me/akhbor_vkd_tj
Hammasini ko'rsatish...
👍 4
Боздошти ду наврас барои дар ҳолати мастӣ вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ   Санаи 13-уми майи соли ҷорӣ, тақрибан соати 21:00, як нафар ҷавондухтари сокини шаҳри Душанбе, тавассути суроғаи электронӣ ба мақомоти милитсияи пойтахт дар он хусус муроҷиат намуд, ки дар кӯчаи Н.Муҳаммад, назди собиқ бозори «Шоҳмансур», ду ҷавонписар ӯро дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафи ӯро паст задаанд. Дар натиҷа, бо гузашти ҳамагӣ чанд соат аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони гумонбар муайян ва дастгир карда шуда, ба Шуъбаи корҳои дохилӣ дастрас карда шуданд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки инҳо шаҳрвандон Маҳмадуллозода Абубакр, санаи таваллудаш 11.12.2004 ва ноболиғ Ғоибов А. мебошанд. Дастгиршуда Маҳмадуллозода Абубакр дар ҳолати мастӣ қарор дошта, дар макони ҷамъиятӣ нисбати ҷавондухтари муроҷиаткунанда чунин амали зиштро раво дидааст.  Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Маҳмадуллозода Абубакр тибқи талаботи моддаи 463 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидани машруботи спиртӣ, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд. Ҳамзамон барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) ва  нисбати волидайни ноболиғ Ғоибов А. тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба Суд ирсол карда шуданд. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Hammasini ko'rsatish...
👍 48👏 8 5
4👍 3👏 2🔥 1
03:08
Video unavailableShow in Telegram
Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Аҳмадов Иброҳим директори ҶДММ "Даври истиқлол" барои мардумфиребӣ дастгир гардид. Номбурда аз шаҳрвандон бо ваъдаи ба кишварҳои Аврупоӣ барои ба муҳоҷирати меҳнатӣ бурдан, маблағҳои гуногун талаб карда гирифта, онҳоро фиреб додааст.
Hammasini ko'rsatish...
👏 22👍 4🤔 2 1
Repost from N/a
Аз ин саҳифа Шумо метавонед аз тамошои манзараҳои зебову нотакрори Тоҷикистон лаззат баред.👇👇👇👇👇 https://t.me/tajikistan_my_country
Hammasini ko'rsatish...
Тоҷикистон

Tajikistan

👍 9 2
Photo unavailableShow in Telegram
Эълон! Ба диққати ҳаводорони гӯштини миллӣ! 26-уми майи соли 2024 Мусобиқаи умумиҷумҳуриявии гӯштини миллӣ бо иқдом ва ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва соҳибкорони ватанӣ, дар ноҳияи Ховалинг баргузор мегардад. Ба ғолибон дар маросими тантанавӣ тӯҳфаҳои қимматнок ва маблағҳои пулӣ тақдим карда мешавад. Хоҳишмандон ва варзишгарон метавонанд дар мусобиқаи мазкур иштирок намоянд.
Hammasini ko'rsatish...
👍 51 6🔥 3
Шакли пурраи барномаи навбатии Ахбори ВКД дар ин саҳифа 👇👇 https://t.me/akhbor_vkd_tj
Hammasini ko'rsatish...
👍 9 1