cookie

Sizning foydalanuvchi tajribangizni yaxshilash uchun cookie-lardan foydalanamiz. Barchasini qabul qiling», bosing, cookie-lardan foydalanilishiga rozilik bildirishingiz talab qilinadi.

avatar

﷽. Lᵃ ⁱˡᵃʰᵃ Iˡˡᵃˡˡᵒʰ Mᵘʰᵃᵐᵐᵃᵈᵘ RᵃˢᵘˡᵘˡˡᵒHﷺـــــــہہـ٨ـہہـ٨ـﮩـ

وَقُلْ جَاء الْحَقُّ وَزَهَقَ الْبَاطِلُ إِنَّ الْبَاطِلَ كَانَ زَهُوقًا Ва бигӯ: «(Дини) ҳақ омад ва (дини) ботил нобуд шуд; ба дурустӣ ки ботил нобудшаванда аст». 📖 Сураи Исро (17) ояти 81

Ko'proq ko'rsatish
Reklama postlari
1 120
Obunachilar
-424 soatlar
-127 kunlar
-3530 kunlar

Ma'lumot yuklanmoqda...

Obunachilar o'sish tezligi

Ma'lumot yuklanmoqda...

[١٨] عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عَبَّاسٍ رضي الله عنهما قَالَ: مَرَّ النَّبِيُّ ﷺ بِقَبْرَيْنِ، فَقَالَ: «إنَّهُمَا لَيُعَذَّبَانِ، وَمَا يُعَذَّبَانِ فِي كَبِيرٍ أَمَّا أَحَدُهُمَا: فَكَانَ لا يَسْتَتِرُ مِنْ الْبَوْلِ، وَأَمَّا الآخَرُ: فَكَانَ يَمْشِي بِالنَّمِيمَةِ فَأَخَذَ جَرِيدَةً رَطْبَةً، فَشَقَّهَا نِصْفَيْنِ، فَغَرَزَ فِي كُلِّ قَبْرٍ وَاحِدَةً، فَقَالُوا: يَا رَسُولَ اللَّهِ، لِمَ فَعَلْتَ هَذَا؟ قَالَ: لَعَلَّهُ يُخَفَّفُ عَنْهُمَا مَا لَمْ يَيْبَسَا» . 18- Аз Абдуллоҳ ибн Аббос розияллоҳу анҳума ривоят мешавад, ки гуфт: «Набий соллаллоҳу алайҳи ва саллам вақте, ки аз назди ду қабр мегузаштанд, фармуданд: «Бешубҳа, ки ҳардуи инҳо (дар қабр) азоб шуда истодаанд. Онҳо ба сабаби чизи бузурге азоб нашуда истодаанд. Аммо якеи онҳо, ҳангоме, ки бавл мекард, пас аз бавл худро сатр намекард (яъне бо чизе бадани худро намепӯшонд ва бавл ба баданаш мерасид). Аммо дигари бошад, ғайбат карда мегашт». Баъд навдаи хурмои тарро гирифтанд ва ду нисф карда, ба ҳар як қабр сиққонда монданд. Саҳобагон гуфтанд: «Чаро ин корро карди, ё Росулуллоҳ? Фармуданд: «Шояд, ки то хушк шудани ин навдаҳо, азоб аз болои онҳо сабук карда шавад». Бухорӣ 216
Hammasini ko'rsatish...
🥰 5👍 1
🔈Имом Абу Ҳанифа гуфтааст:⌛ 📚📚📚📚📚📚📚📚 💡“Агар ман чизе бигӯям, ки хилофи Китоби Аллоҳ Субҳанаҳу ва ✔️✔️✔️✔️✔️ бошад, пас суханони маро бигузоред ва аз Китоби Аллоҳ Субҳанаҳу✔️✔️✔️✔️✔️✔️🌷 пайравӣ кунед". Аз ӯ пурсиданд: "Агар суханонат хилофи гуфтаҳои Паёмбар 🌷✔️✔️✔️✔️✔️✔️✔️✔️🌷♥️♥️бошанд чи?” Гуфт: “Суханони маро бигузоред ва аз ҳадиси ✔️✔️✔️✔️✔️✔️✔️✔️♥️ Аз ӯ боз пурсиданд: "Агар суханонат хилофи гуфтаҳои саҳобагон бошанд чи?" Гуфт: "Суханони маро бигузоред ва аз гуфтаҳои саҳобагон пайравӣ кунед!". ✔️ 🐲🐲🐲🐲🐲🐲🐲 📢Ниг. саҳ 203-204📚 “ал-Мадхал илас-сунанил-кубро”-и имом ал-Байҳақӣ ва “Фатҳул-Маҷид” саҳ 241.🖥✔️🔼
Hammasini ko'rsatish...
Тафсир - Ал Бақара 2:163 وَإِلَـٰهُكُمۡ إِلَـٰهٌۭ وَٰحِدٌۭ‌ۖ لَّآ إِلَـٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلرَّحۡمَـٰنُ ٱلرَّحِيمُ ВА МАЪБУДИ ШУМО ХУДОИ ЯГОНА АСТ, БА ҶУЗ ВАЙ, [КИ] БАХШОЯНДАИ МЕҲРУБОН АСТ, ҲЕҶ МАЪБУДЕ НЕСТ. Маъбуди шумо Аллоҳи ягона аст, ҳеҷ маъбуде бар ҳаққ нест, магар Вай, бахшояндаву меҳрубон аст. Худованди таборак ва таъоло, ки содиқтарини содиқон аст, дар ин ояти мазкур хабар додааст, ки Аллоҳи шумо ягона аст, фақат як Ӯ лоиқи парастиш аст. Ӯ чунин Зотест, ки дар зоту сифот, исмҳо ва афъоли худ монанд надорад. Ғайри Ӯ холиқе, ё мудаббире барои махлуқот нест. Вақто ки Ӯ таъоло чунин Зот аст, мустаҳиққу сазовор аст, ки Худованд бо ҷамиъи навъҳои ибодат парастида шавад ва ягон чизеро аз махлуқот ба Ӯ таъоло шарик оварда нашавад, зеро Ӯ таъоло Раҳмону Раҳиму Мустаъон (ба ёрӣ хосташаванда) аст. Маънои ин сифатҳо дар сураи «Фотиҳа» гузашт. Дар ҳадис омада, ки Пайғамбарамон (ﷺ)  фармудаанд: "Исми Аъзам дар ҳамин ду оят аст". Яъне ҳамин ояти мазкур ва ояти 1-уми с. «Оли Имрон». Дар ҳадиси дигаре бо ривояти Имом Муслим омадааст, ки Расулуллоҳ (ﷺ)  фармуданд: «Ҳар касе охири суханаш калимаи «Ло илоҳа илаллоҳ" бошад, вориди Биҳишт мешавад». Дар ҳақиқат ояти мазкур ишора ба он дорад, ки аввалин чизе, ки баёни ӯ воҷибу китмони (пӯшидани) ӯ ҳаром аст, мавзӯъи илми тавҳид (яктопарастӣ) аст. Аллоҳтаъоло дар ояти баъдӣ далелҳоеро, ки бар ягонагияш далолат мекунанд, баён кардааст.     ( Ал-Бақара  : оят 163 ) © Тафсир":
Hammasini ko'rsatish...
👍 2
🔈42:47📚 🎇 ٱسۡتَجِيبُواْ لِرَبِّكُم مِّن قَبۡلِ أَن يَأۡتِىَ يَوۡمٌۭ لَّا مَرَدَّ لَهُۥ مِنَ ٱللَّهِ‌ۚ مَا لَكُم مِّن مَّلۡجَإٍۢ يَوۡمَئِذٍۢ وَمَا لَكُم مِّن ✅نَّكِيرٍۢ 📚📚📚📚📚📚📚📚 Фармони Парвардигори худро, пеш аз он ки рӯзе биёяд, ки онро бозгашт набошад, Қабул кунед. Дар он рӯз шуморо аз Аллоҳ ҳеҷ паноҳгоҳе нест ва ҳеҷ инкоркунандае ҳам барои шумо нест. Ай мардум, Аллоҳ ☝️таъоло шуморо пеш аз омадани он рӯзе, ки бебозгашт бар сари ситамгарону зиёнкорон меояд, ба имону тоъат мехонад. Барои халосии худ аз он рӯзи пуртаҳлука даъвати Ӯ таъолоро иҷобат кунед! Иҷобати шумо ваҚте суд меорад, ки Қабл аз омадани рӯзи Қиёмат бошад. Он чунон рӯзест, ки ба ҷуз Аллоҳи ягона ҳеҷ фарде Қодир нест омаданашро монеъ шавад. Дар он рӯзи пуртаҳлука ва даҳшатангез барои шумо ғайри Аллоҳ ҳеҷ паноҳгоҳе вуҷуд надорад. Ҳар чӣ дар дафтари аъмоли шумо сабт шудааст, онро наметавонед инкор намоед. Мукофоти арзандаеро, ки барои амалҳоятон ба шумо ҳукм мешавад, наметавонед рад созед. Дар он рӯз ҳатто ҳар як узви бадани шумо барои шумо шоҳидӣ хоҳад дод.    ♥️ ( Аш-Шуро  : оят 47 )♥️ 🖋🖊🖊🖊🖊🖊🖊🖊
Hammasini ko'rsatish...