cookie

Sizning foydalanuvchi tajribangizni yaxshilash uchun cookie-lardan foydalanamiz. Barchasini qabul qiling», bosing, cookie-lardan foydalanilishiga rozilik bildirishingiz talab qilinadi.

avatar

Ҳадисҳои Паёмбар (ﷺ)

☘ Салом дӯстон! Xуш омадед ба шабакаи мо ︎ ☞ @HADISS_TV ☜ Бо шумо ҳастам ман - админи шабака. Дар шабака шумо аз: 👇 📓 Ҳадисҳои Паёмбар(ﷺ), 🌿 📜 Шарҳи Ҳадис, 🍃 📖 Oятҳои Қуръони Карим 🌼 ☘ Ва 🌴 📚 Мавъизаҳо 🌸 🌻 Баҳраманд хоҳед шуд. 🍃

Ko'proq ko'rsatish
Reklama postlari
4 161
Obunachilar
-624 soatlar
-547 kunlar
-23030 kunlar

Ma'lumot yuklanmoqda...

Obunachilar o'sish tezligi

Ma'lumot yuklanmoqda...

Photo unavailableShow in Telegram
🎬❗️ ИҚДОМ БАРОИ ДИФОЪ АЗ ҲИҶОБ ДАР ТОҶИКИСТОН ⚠️ БО ШИОРИ МО МУСУЛМОНОНИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ТАҲИЯИ ҚОНУНИ МАНЪИ ҲИҶОБ РОЗӢ НЕСТЕМ ВА БАРОИ ДИФОЪИ ИФФАТ ВА НОМУСИ МОДАР , ҲАМСАР , ХОҲАР ВА ДИГАР НАЗДИКОНИ ХУД ОМОДАЕМ ҶОНИ ХУДРО ДИҲЕМ ! ❗️ АЗ БАРОДАРОН ВА ХОҲАРОНЕ КИ МЕХОҲАНД БА ТАРИҚАИ САБТИ ВИДЕОИ ДИФОЪ АЗ ҲИҶОБ БИКУНАНД БАРОИ МО МЕТАВОНАНД НОРОЗИГИИ ХУДРО НАВОР ГИРИФТА БА БОТИ " ТАРБИЯИ ЗАНОН " @TarbiyaiZanon_bot ИРСОЛ БИКУНАНД ХОҲ БО ЧЕҲРА БО НИҚОБ ДАР КАДОМ МИНТАҚАЕ НАБОШАНД ❗️ МО САДОИ ШУМОРО БА ИН МИЛЛАТ МЕРАСОНЕМ. ⚠️ УМЕДВОРАМ БАРОДАРОНУ ХОҲАРОНИ ШУҶОЪ ВА ҒАЙЮРИ МО ДАР ИН ИҚДОМ БЕ ТАРАФИ ЗОҲИР НАМЕКУНАНД ВА МУҚОБИЛИ ДУШМАНОНИ ҲИҶОБ ПОСУХИ ШАДИД МЕДИҲАНД ИН ША АЛЛОҲ ! 📩#ФИРИСТОДАН_БА_ДИГАРОН_САДАҚАИ_ҶОРИЯ_ИН_ША_АЛЛОҲ 🎓 ТАРБИЯИ🌷ЗАНОН📝 @Tarbiyai_Zanon
Hammasini ko'rsatish...
👍 2
Photo unavailableShow in Telegram
#ҲИҶОБ #ТАФАККУР Манзилаш афтод, аммо нагузошт ҳиҷобаш биафтад. • Дасташро боло гирифта мегуяд: "Ман хубам", то ки касе ба ӯ даст назанад. ☝️🏻Имоне, ки ҳеҷ зилзилае тавони ларзонидани онро надорад. 🍃 "Умедворам, баъзе хоҳаронамон каме ҳам бошад, дар ин маврид фикр мекунанд ва ислоҳ мешаванд!
Hammasini ko'rsatish...
👍 9 2
🔊 ҚАДРИ ҲИҶОБ | БЕҲИҶОБӢ | ЗАНҲОИ ДУЗАХӢ 🎙 ДАЪВАТГАРИ ҶАВОН 📥#ФИРИСТОДАН_БА_ДИГАРОН_САДАҚАИ_ҶОРИЯ_ИН_ША_АЛЛОҲ 🎓 ТАРБИЯИ🌷ЗАНОН📝 @Tarbiyai_Zanon1
Hammasini ko'rsatish...
05:44
Video unavailableShow in Telegram
🎬 ҚАДРИ ҲИҶОБ | БЕҲИҶОБӢ | ЗАНҲОИ ДУЗАХӢ 🎙 ДАЪВАТГАРИ ҶАВОН 📥#ФИРИСТОДАН_БА_ДИГАРОН_САДАҚАИ_ҶОРИЯ_ИН_ША_АЛЛОҲ 🎓 ТАРБИЯИ🌷ЗАНОН📝 @Tarbiyai_Zanon1
Hammasini ko'rsatish...
👍 2
| зан ба шавҳараш хонаҳои зебою мошинҳои гаронбаҳоро нишон дода, шикоят кард: "чаро Аллоҳ инро ба мо надодааст?"| шавҳараш ӯро ба як паноҳгоҳи бесарпаноҳон (бехонаҳо) бурд ва ба издиҳоми бехонумон ва гадоён ишора карда пурсид: "Чаро Аллоҳ инро ба мо надодааст?" ⠀ | агар шумо ҳар саҳар дидан, роҳ рафтан, сӯҳбат кардан ва ҳар саҳар аз бистар хеста тавонед - шумо аллакай инсони сарватманд ҳастед.   ࿅•┈┈┈•❁༻࿅༶•༶࿅༺❁•┈┈┈•࿅   ۞ @Hadiss_TV ۞ @Hadiss_TV ۞   ࿅•┈┈┈•❁༻࿅༶•༶࿅༺❁•┈┈┈•࿅
Hammasini ko'rsatish...
11👍 5
Даъват мутобиқи ниёзи ҷомеъа:
Hammasini ko'rsatish...
📚 АМАЛҲОИ ҲАРОМЕ, КИ БИСЁРИ МАРДУМОН НИСБАТИ ОНҲО БЕПАРВО ҲАСТАНД.                           ГУШ КАРДАНИ ОҲАНГ ВА МУСИҚӢ 🔷 Абдуллоҳ ибни Масъуд разияллоҳу анҳу савганд мехӯрад, ки ҳадаф ва мақсади ин оят оҳанг ва мусиқӣ мебошад. وَمِنَ النَّاسِ مَن يَشْتَرِي لَهْوَ الْحَدِيثِ لِيُضِلَّ عَن سَبِيلِ اللَّهِ بِغَيْرِ عِلْمٍ وَيَتَّخِذَهَا هُزُوًا ۚ أُولَٰئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ مُّهِينٌ 📗 “Ва баъзе аз мардум харидори суханони беҳудаанд, то ба нодонӣ мардумро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ кунанд” 📜 Сураи Луқмон, ояти 6 🔶 Абу Омир ва Абу Молики Ашъарӣ разияллоҳу анҳумо ривоят намудаанд, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд фармуданд: لَيَكُونَنَّ مِنْ أُمَّتِي أَقْوَامٌ، يَسْتَحِلُّونَ الحِرَ وَالحَرِيرَ، وَالخَمْرَ وَالمَعَازِفَ 📘 “Аз уммати ман мардуме хоҳанд омад, ки зино ва пӯшидани абрешим ва шаробу мусиқиро ҳалол медонанд” 📚Ин ҳадис ривоят шудааст дар китоби: 1. "Саҳеҳи Бухорӣ" ҳ-т-р 5590 2. "Сунани Абудовуд" ҳ-т-р 4039 3. "Фатҳул-Бори"-и Ибни Ҳаҷари Асқалони 10/51 4. "Муъҷами Кабир"-и Табаронӣ 1/167 5. "Сунани Кубро"-и Байҳақи 10/221 6. "Таърихи Димишқ"-и Ибни Асокир 19/79 7. "Иғосатул-Лаҳфон"-и Ибни Қайими Ҷавзӣ 8. "Саҳеҳул-Ҷомеъ"-и Шайх Албони ҳ-т-р 5466 9. "Силсилаи Аҳодиси Саҳеҳа"-и Шайх Албони ҳ-т-р 91 🔷Анас разияллоҳу анҳу ривоят мегӯяд: Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «ليكونن في هذه الأمة خسف وقذف ومسخ وذلك إذا شربوا الخمور واتخذوا القينات وضربوا بالمعازف» 📙 “Дар ин уммат хасф (фуру рафтан дар замин), сангборон ва масх (тағйир ёфтани сурати инсон ба ҳайвон ё чизи дигар) сурат хоҳад гирифт ва ин ҳангоме хоҳад буд, ки шароб бинушанд ва занон сарояндаги кунанд ва тору олатҳои (мусиқи) оҳанг бинавозанд” 📚Ин ҳадис ривоят шудааст дар китоби : 1. "Замми Малоҳи"-и Ибни Аби Дунё 2. "Иғосатул-Лаҳфон"-и Ибни Қайими Ҷавзӣ 3. "Силсила Аҳодиси Саҳеҳа"-и Шайх Албони ҳ-т-р 2202 4. "Саҳеҳул-Ҷомеъ"-и Шайх Албони ҳ-т-р 5467 🔶Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд аз навохтани табл манъ кардааст, ва садои “Мизмор” (най)-ро ба садои аҳмақона ва фоҷирона васф кардааст, уламои мутақаддим ҳамчун имом Аҳмад раҳимаҳуллоҳ сароҳатан ҳаром будани олоти лаҳв ва мусиқӣ монанди     🔹- ъуд,     🔸- танбур,     🔹- шайпур,     🔸- сурнай,      🔹- рубоб (ва дигар асбобҳои мусиқиро) ва баён фармуданд. 🔶 Бидуни тараддуд ҳадиси Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ки дар он мусиқӣ ва навозандагиро манъ намудаанд, асбобҳои мусиқӣ ва навозандагии нави имрӯза монанди:     🔹- ғижжак,     🔸- қонун (сентур),     🔹- ург,     🔸- пианино,     🔹- гитор ва ғайри инҳоро низ дарбар мегирад. 🔶 Балки бо ҷуръат метавон гуфт, ки асбобу абзори нави мусиқии имрӯза дар сарояндагӣ ва эҷоди сукр (мадҳуши) ва мастӣ аз асбоби қадимаҳое, ки ҳаром будани он дар баъзе аз ҳадисҳо баён шудааст, таъсири дучанд дорад ва дури аз он ғайри қобил аст, ва ҳатто баъзе аз олимон монанди Ибни Қайим ва дигарон навиштаанд, ки сукр ва мастии мусиқӣ аз мадҳушӣ ва мастии шароб бештар ва амиқтар аст. 🔷 Бешак агар овози хонандагон ва наътхонон бо мусиқи омехта шавад, ҳаромии он сахтар ва гуноҳаш низ бузургтар мегардад. 🔶 Ва агар калимаҳо ва шеърҳои суруд ва таронаи ошиқона ва ҳикоятҳои ишқӣ ва дилдодагӣ ва васфи маҳосин ва зебоиҳои ҷинсӣ мухолиф бошад, мусибат чанд баробар зиёд мегардад, аз ин сабаб аст, ки олимон фармуданд: Мусиқӣ ва тарона бариди (почта) зино аст, ва дар дил нифоқ эҷод мекунад, ва ба сурати кулли метавон гуфт, ки тарона ва мусиқӣ аз бузургтарин мусибатҳо ва фитнаҳои ин замон маҳсуб мегардад. 🔷 Ҷой гирифтани мусиқӣ дар бисёре аз чизҳо ва василаҳои зиндагӣ ин мусибат ва балоро зиёдкардааст монанди:     🔸- соатҳо,     🔹- зангҳо,     🔸- арусакҳо     🔹- ва бозичаҳои кудакона,     🔸- компютерҳо ва баъзе телефонҳои дастӣ. 🔷Барои дури ва парҳез аз он азму ҳиммати воло металабад. Аллоҳ ёридиҳанда аст.
Hammasini ko'rsatish...
7