uz
Feedback
Your Tajikistan

Your Tajikistan

Kanalga Telegram’da o‘tish

WWW.YOUR.TJ Мы помогаем тебе ориентироваться в экономике и политике, чтобы принимать важные решения.

Ko'proq ko'rsatish
779
Obunachilar
+124 soatlar
+77 kunlar
+1930 kunlar

Ma'lumot yuklanmoqda...

Obunachilarni jalb qilish
Iyul '26
Iyul '26
+18
4 kanalda
Iyun '26
+70
0 kanalda
Get PRO
May '26
+24
2 kanalda
Get PRO
Aprel '26
+28
0 kanalda
Get PRO
Mart '26
+19
1 kanalda
Get PRO
Fevral '26
+26
2 kanalda
Get PRO
Yanvar '26
+32
17 kanalda
Get PRO
Dekabr '25
+39
11 kanalda
Get PRO
Noyabr '25
+42
3 kanalda
Get PRO
Oktabr '25
+41
4 kanalda
Get PRO
Sentabr '25
+36
4 kanalda
Get PRO
Avgust '25
+29
1 kanalda
Get PRO
Iyul '25
+27
7 kanalda
Get PRO
Iyun '25
+39
15 kanalda
Get PRO
May '25
+59
13 kanalda
Get PRO
Aprel '25
+44
1 kanalda
Get PRO
Mart '25
+40
3 kanalda
Get PRO
Fevral '25
+34
1 kanalda
Get PRO
Yanvar '25
+42
3 kanalda
Get PRO
Dekabr '24
+64
2 kanalda
Get PRO
Noyabr '24
+68
0 kanalda
Get PRO
Oktabr '24
+75
1 kanalda
Get PRO
Sentabr '24
+70
3 kanalda
Get PRO
Avgust '24
+92
19 kanalda
Get PRO
Iyul '24
+44
2 kanalda
Get PRO
Iyun '24
+49
2 kanalda
Get PRO
May '24
+52
0 kanalda
Get PRO
Aprel '24
+105
0 kanalda
Get PRO
Mart '24
+62
0 kanalda
Get PRO
Fevral '24
+57
0 kanalda
Get PRO
Yanvar '24
+78
0 kanalda
Get PRO
Dekabr '23
+22
0 kanalda
Get PRO
Noyabr '23
+9
0 kanalda
Get PRO
Oktabr '230
1 kanalda
Get PRO
Sentabr '230
0 kanalda
Get PRO
Avgust '230
0 kanalda
Get PRO
Iyul '230
0 kanalda
Get PRO
Iyun '230
0 kanalda
Get PRO
May '230
0 kanalda
Get PRO
Aprel '230
0 kanalda
Get PRO
Mart '230
0 kanalda
Get PRO
Fevral '230
0 kanalda
Get PRO
Yanvar '230
0 kanalda
Get PRO
Dekabr '220
0 kanalda
Get PRO
Noyabr '220
0 kanalda
Get PRO
Oktabr '22
+202
0 kanalda
Sana
Obunachilarni jalb qilish
Esdaliklar
Kanallar
10 Iyul0
09 Iyul+1
08 Iyul+3
07 Iyul+5
06 Iyul+2
05 Iyul+1
04 Iyul+1
03 Iyul+1
02 Iyul+2
01 Iyul+2
Kanal postlari
Беш аз ҳазор маҳбус аз зиндони “Якум советский”-и Душанбе озод шуданд Субҳи 10 июл беш аз ҳазор маҳбус дар доираи Қонуни авф аз муассисаи ислоҳии маъруф ба “Якум советский”-и шаҳри Душанбе озод шуданд. Тибқи иттилои дарёфтӣ, наздикони чанде аз маҳбусон барои пешвоз гирифтани онҳо ба назди бинои зиндон омада буданд. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол озодии маҳбусон аз ин муассисаро расман шарҳ надодаанд. Қаблан, 6 июл, дар доираи ҳамин қонун 2 ҳазору 979 нафар, аз ҷумла тақрибан 300 зан, аз муассисаҳои иҷрои ҷазои Тоҷикистон озод шуда буданд. Қонуни “Дар бораи авф” рӯзи 16 июни соли 2026 аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, имзо шуда буд. Бар асоси он, дар маҷмӯъ 18 ҳазору 38 нафар метавонанд аз авф бархӯрдор шаванд, аз ҷумла бо озодӣ ё коҳиши муҳлати ҷазо. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

2
Рустами Эмомалӣ масъалаи тағйир додани пардохти 100-сомона барои таксиронҳоро мавриди баррасӣ қарор дод Масъалаи бекор ё тағй
Рустами Эмомалӣ масъалаи тағйир додани пардохти 100-сомона барои таксиронҳоро мавриди баррасӣ қарор дод Масъалаи бекор ё тағйир додани пардохти ҳаррӯзаи 100 сомонӣ барои ронандагони таксӣ дар шаҳри Душанбе мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе, раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба масъулони соҳаи нақлиёт дастур додааст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдор роҳҳои ҳалли ин масъала ва усулҳои нави фаъолияти ширкатҳои таксиро баррасӣ намоянд. Ин дастур дар пайи муроҷиат ва шикоятҳои як қатор ронандагони таксӣ вобаста ба пардохти ҳатмии 100 сомонӣ дода шудааст. Ронандагон изҳор мекунанд, ки ин маблағ новобаста аз ҳаҷми даромад ё кори анҷомдодаи онҳо дар як рӯз ситонида мешавад. Қаблан вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим гуфта буд, ки масъалаи мазкур вуҷуд дорад ва баъди ба таври пурра ба фаъолият оғоз кардани низоми электронии «Ҷӯра» тартиби нави ҳамкорӣ миёни ронандагон ва ширкатҳои таксӣ ҷорӣ хоҳад шуд.
57
3
Мураббии кӯдакистони №12 барои озори кӯдак ба ҷавобгарӣ кашида шуд Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки нисбати ёрдамчии мураббии кӯдакистони №12-и шаҳри Душанбе, ки дар озори кӯдаки хурдсол гумонбар мешавад, парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода гуфт, ки дар вақти рух додани ҳодиса мураббии асосӣ дар рухсатӣ қарор дошта, вазифаи ӯро ёрдамчияш иҷро мекард. Ба гуфтаи ӯ, санҷиши гурӯҳи кории вазорат муайян кардааст, ки ҳолати латукӯби кӯдак як маротиба набуда, чандин маврид такрор шудааст. Дар пайи ин қазия роҳбари кӯдакистон барои назорати нокифоя аз вазифа озод карда шудааст. Нисбати ёрдамчии мураббӣ тибқи моддаи 174 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон — «иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ» парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Қаблан навори латукӯби як кӯдак дар кӯдакистони №12-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, вокуниши зиёди корбаронро ба бор оварда буд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
49
4
Алии Хоманаӣ дар Машҳад ба хок супурда шуд Алии Хоманаӣ, раҳбари пешини Эрон, шаби 10 июл дар ҳарами Имом Ризо (а) дар шаҳри Машҳад ба хок супурда шуд. Маросими дафн пас аз шаш рӯзи баргузории маросимҳои видоъ анҷом ёфт. Пеш аз ин бо пайкари ӯ дар шаҳрҳои Теҳрон, Қум, Наҷаф ва Карбало маросими хайрбод баргузор шуда буд. Ба иттилои расонаҳои эронӣ, дар канори Хоманаӣ чанд узви хонаводааш, ки дар ҳамон ҳамлаҳои низомӣ кушта шудаанд, низ ба хок супурда шуданд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
72
5
🇹🇯🇨🇳 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ширкатҳои металлургии Чин ҳамкориро баррасӣ кард 9 июл Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо намояндагони се ширкати бузурги металлургии Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои металлургияи сиёҳ, истеҳсоли семент, оҳак ва шиша, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои муосир баррасӣ шуданд. Ба иттилои хадамоти матбуоти президент, ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешсафи чинӣ метавонад барои рушди саноати металлургӣ, афзоиши истеҳсолу содироти маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии саноати миллӣ мусоидат намояд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
72
6
🛢 Дар Тоҷикистон истихроҷи нафту газ ва воридоти онҳо афзоиш ёфт Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон зиёда аз 10 ҳазор тонна нафт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,3% бештар мебошад. Тибқи иттилои Вазорати энергетика: истихроҷи нафт ба 10 ҳазору 13,5 тонна расид; истихроҷи гази табиӣ 355 ҳазор метри мукааб-ро ташкил дод, ки 1,7 баробар зиёд аст; 6 ҳазору 894 тонна нафт коркард шуд; воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба 922,8 ҳазор тонна расид, ки 11% бештар аз соли гузашта мебошад; аз Ӯзбекистон 126,4 миллион метри мукааб гази табиӣ ворид шудааст. Ба иттилои вазорат, дар корхонаҳои коркарди нафти кишвар ҳоло 731,4 тонна захираи нафт мавҷуд аст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
77
7
То соли 2050 шумораи гирифторони саратон дар ҷаҳон то 70% афзоиш меёбад Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) пешбинӣ мекунад, ки то соли 2050 шумораи ҳолатҳои нави бемории саратон дар ҷаҳон аз 20,6 миллион ба 35 миллион дар як сол мерасад. Ба гуфтаи мутахассисон, омилҳои асосии афзоиши беморӣ тамокукашӣ, истеъмоли машрубот, камҳаракатӣ, фарбеҳӣ ва пешгирии нокифоя мебошанд. СУТ ҳамчунин таъкид мекунад, ки бо вуҷуди пешрафти тиб, миллионҳо нафар дар ҷаҳон то ҳол ба ташхис ва табобати ибтидоии бемории саратон дастрасӣ надоранд. Масалан, эҳтимоли зинда мондани беморони саратони сина дар кишварҳои пешрафта тақрибан 85%, вале дар кишварҳои рӯ ба рушд ҳамагӣ 40%-ро ташкил медиҳад. Тибқи пешгӯии созмон, тақрибан 92%-и аҳолии ҷаҳон дар тӯли умри худ бо ин беморӣ мустақим ё тавассути бемории наздиконашон рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
92
8
🚖 Ронандагони таксӣ метавонанд аз пардохти ҳаррӯзаи 100 сомонӣ озод шаванд Муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода гуфт, дар сурати пурра ба фаъолият оғоз кардани замимаи рақамии JURA, ронандагони таксӣ эҳтимол дигар ҳар рӯз 100 сомонӣ пардохт намекунанд. Ба гуфтаи ӯ, Вазорати нақлиёт бо чор ширкати таксӣ дар Душанбе дар ин масъала гуфтушунид анҷом додааст. Агар низоми нав пурра ҷорӣ шавад, маблағи хизматрасонӣ на ҳамчун пардохти ҳаррӯза, балки аз рӯи фоиз ҳисоб карда мешавад. Саидмуродзода афзуд, яке аз сабабҳои ҷорӣ шудани пардохти ҳаррӯза аз ҷониби баъзе ширкатҳо хомӯш кардани замимаи JURA аз ҷониби худи ронандагон будааст. Ба гуфтаи масъулон, ҳадафи ҷорӣ намудани ин замима рақамикунонии хизматрасониҳои таксӣ, баланд бардоштани шаффофият ва осон кардани назорат дар соҳа мебошад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
82
9
🥊 Муин Ғафуров бо сабаби ҷароҳат дар UFC рақобат намекунад Разми варзишгари тоҷик Муин Ғафуров, ки бояд 25-уми июл дар мусобиқаи UFC Fight Night дар шаҳри Абу-Дабӣ баргузор мешуд, лағв шуд. Сабаби лағви рақобат ҷароҳати пойи Муин Ғафуров гуфта мешавад. Ба ҳамин хотир ӯ натавонист омодагиашро пурра идома диҳад ва аз иштирок дар мусобиқа даст кашид. Худи Муин Ғафуров гуфтааст, ки ин ҳолатро бо сабр қабул мекунад ва умедвор аст пас аз шифо ёфтан боз ҳам беҳтару қавитар ба майдон бармегардад. Қарор буд ӯ бо размикори навкор дар UFC Абдул Ҳуссейн рақобат кунад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
76
10
🇷🇺 Русия қоидаҳои будубош ва кори муҳоҷиронро сахттар мекунад Думаи давлатии Русия рӯзи 8-уми июл қонунеро қабул кард, ки талабот нисбат ба муҳоҷирони меҳнатиро сахттар мекунад. 🔹Тибқи қонуни нав, хориҷиёне, ки дар назди шахсони воқеӣ кор мекунанд, бояд пешпардохти андоз аз даромад (НДФЛ)-ро пардохт кунанд. Ҳамчунин онҳо бояд исбот намоянд, ки имкони таъмини худ ва аъзои оилаашонро на камтар аз сатҳи ҳадди ақали зиндагӣ доранд. 🔹Бар асоси қонун, фарзандони муҳоҷирон танҳо то замони амал кардани иҷозаи кори волидонашон метавонанд дар Русия бимонанд. Пас аз расидан ба синни 18-солагӣ онҳо бояд дар давоми 30 рӯз иҷозаи кори худро гиранд ё кишварро тарк кунанд. 🔹Агар патенти кории муҳоҷир бекор ё тамдид нашуда бошад, ӯ ва фарзандони ноболиғаш бояд дар давоми 15 рӯз Русияро тарк кунанд. 🔹Инчунин муҳоҷирони корӣ минбаъд бояд ҳар сол ба мақомоти дахлдор маълумотнома оид ба даромад, эъломияи андоз ё ҳуҷҷатҳои пардохти андозро пешниҳод кунанд. 🔹Ҳамзамон, пардохтҳои давлатӣ барои баъзе хизматрасониҳо барои хориҷиён зиёд мешаванд: аз ҷумла барои гирифтани шаҳрвандии Русия, иҷозаи иқомати муваққатӣ ва иҷозаи иқомати доимӣ. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
76
11
🌐 Шумораи корбарони интернет дар Тоҷикистон ба 5,5 миллион расид Дар Тоҷикистон теъдоди истифодабарандагони интернет ба 5,5 миллион нафар расидааст. Дар ин бора раиси Хадамоти алоқаи кишвар Исфандиёр Саъдулло зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, аз ин шумора 5,3 миллион нафар аз интернети мобилӣ ва боқимонда аз интернети ноқилӣ истифода мекунанд. Ҳоло шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои мухобиротӣ дар кишвар 8,2 миллион нафар буда, аз ин 6,1 миллион нафар муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд. Тибқи иттилои Хадамоти алоқа, дар аввали соли 2026 шумораи умумии корбарони интернет дар Тоҷикистон 5,2 миллион нафар буд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
64
12
🚗 Вазири нақлиёт сабаби зиёд шудани роҳбандиро дар Душанбе шарҳ дод Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим мегӯяд, яке аз сабабҳои асосии зиёд шудани роҳбандӣ дар Душанбе афзоиши босуръати шумораи мошинҳо мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар роҳҳои пойтахт дар як соат то 15 ҳазор мошин ҳаракат мекунад ва шумораи умумии воситаҳои нақлиёти ба қайд гирифташуда дар кишвар ба 800 ҳазор расидааст. Вазир гуфт, агар соли 2016 дар Тоҷикистон 310 ҳазор мошин ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар даҳ соли охир шумораи онҳо тақрибан се баробар афзоиш ёфтааст. Азим Иброҳим илова кард, ки роҳбандӣ танҳо аз зиёд шудани мошинҳо вобаста нест, балки риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат ва фарҳанги пасти ронандагӣ низ ба ин ҳолат таъсир мерасонад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
73
13
✈️ «Тоҷик Эйр» ният дорад парвозҳои байналмилалиро барқарор кунад Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» барои барқарор кардани парвозҳои байналмилалӣ қадами нав мегузорад. Барои ин ширкат мехоҳад ду ҳавопаймои Airbus харидорӣ кунад ва ҳоло мунтазири тасдиқи ин тасмим аз ҷониби Шӯрои нозирон ва Ҳукумати Тоҷикистон аст. Дар ин бора раиси «Тоҷик Эйр» Парвиз Шодмонзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ширкат тақрибан шаш моҳ боз бо шарикони хориҷӣ барои барқарор кардани хатсайрҳои байналмилалӣ музокира дорад. Дар сурати гирифтани иҷозат, ҳавопаймоҳои нав аз Амороти Муттаҳидаи Араб харидорӣ мешаванд. Шодмонзода ҳамчунин гуфт, ки ширкат қарзи 36,6 миллион долларӣ худро пурра пардохт кардааст. Айни ҳол барои анҷоми парвозҳои байналмилалӣ дигар монеаи ҳуқуқӣ вуҷуд надорад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
72
14
‼️Мақомот гуфтанд, 330 кило гӯшти олудаи “Шоми Хуҷанд” ба куҷо фиристода шуд Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода гуфт, 334 кило гӯшти ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯнабуда, ки моҳи июни соли равон дар тарабхонаи «Шоми Хуҷанд» ошкор ва мусодира шуда буд, пас аз коркарди техникӣ ба боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе фиристода шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин гӯшт барои истеъмоли инсон истифода нашудааст. Файзуллозода ҳамчунин гуфт, нисбати соҳиби тарабхона чораҳои маъмурӣ андешида шуда, ӯ ба маблағи 1520 сомонӣ ҷарима шудааст. Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли ҷорӣ кормандони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ зимни санҷиши тарабхонаи «Шоми Хуҷанд» 334 кило гӯшти вайроншуда ва ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯнабударо ошкор ва мусодира карда буданд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
68
15
США провели новую волну ударов по Ирану США ночью 9 июля провели новую серию ударов по территории Ирана. Об этом сообщило Центральное командование США в социальной сети X. О взрывах в различных районах страны также сообщают иранские государственные СМИ. За несколько часов до начала операции президент США Дональд Трамп заявил, что больше не видит смысла в мирных переговорах с Ираном. Он обвинил руководство страны во лжи и заявил, что США, вероятно, нанесут новые удары уже вечером. По данным командования, главной целью новой волны атак является лишение Ирана возможности блокировать Ормузский пролив — один из важнейших мировых маршрутов для транспортировки нефти. На фоне эскалации сирены воздушной тревоги прозвучали в Бахрейне и Кувейте. Министерство обороны Кувейта сообщило, что силы ПВО вновь отразили атаки ракет и беспилотников. Накануне США и Иран уже обменялись ударами. Иранское государственное агентство IRNA сообщило о взрывах сразу в нескольких городах на южном побережье страны, расположенных вблизи Ормузского пролива. Среди них — Бендер-Аббас, где находятся крупнейший морской порт Ирана и военные объекты. По данным IRNA, удары также пришлись по городам Чабахар, Конарак и Сирик. В отдельных районах Чабахара произошло отключение электроэнергии. Государственный телеканал Press TV сообщил о взрывах на территории аэропорта города Ираншахр. По информации IRNA, в результате атаки погиб пожарный, повреждены здание управления полетами и метеорологическая станция. Агентство Fars также сообщает, что взрывы были слышны в Бушере — портовом городе, где расположена единственная действующая атомная электростанция Ирана, построенная при участии России. Информация о возможных повреждениях АЭС не приводится.
80
16
Дар Тоҷикистон таваллуд зиёд ва фавти модару кӯдак кам шудааст Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон 121 ҳазору 810 кӯдак ба дунё омадааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1137 нафар бештар мебошад. Дар ин бора муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳамзамон сатҳи фавти модару кӯдак низ коҳиш ёфтааст. Фавти кӯдакон то яксола ба ҳар 1000 таваллуди зинда 10,6 ва фавти кӯдакони то 5-сола ба 12,6 расидааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳандаҳо мутаносибан 11,4 ва 13,6-ро ташкил медоданд. Мақомот мегӯянд, коҳиши фавти модару кӯдак натиҷаи беҳтар шудани хизматрасонии тиббӣ ва таваҷҷуҳи бештар ба ҳифзи саломатии модарону кӯдакон аст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
92
17
‼️Дар Тоҷикистон беш аз 1100 табиб намерасад Дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ҳоло 1100 ҷойи кори табибон холӣ аст. Дар ин бора муовини аввали вазири тандурустӣ Саломуддин Юсуфӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, бештарини норасоии табибон дар вилояти Хатлон (323 нафар), вилояти Суғд (297 нафар) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (263 нафар) ба қайд гирифта шудааст. Мақомот мегӯянд, бештар ба табибони оилавӣ, равонпизишкон, силшиносон ва дигар мутахассисони соҳавӣ эҳтиёҷ вуҷуд дорад. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 16 табиб ва 148 корманди миёнаи тиб барои кор ба хориҷи кишвар рафтаанд.  📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
80
18
3 июля Федеральная таможенная служба России сообщила о задержании в московском аэропорту Домодедово гражданина России, которы
3 июля Федеральная таможенная служба России сообщила о задержании в московском аэропорту Домодедово гражданина России, который пытался незаконно ввезти из Таджикистана 476 среднеазиатских черепах. По данным российской стороны, стоимость животных превышает 3 млн рублей. Во время досмотра в багаже мужчины обнаружили две коробки с живыми черепахами. Разрешительных документов на их перевозку у пассажира не оказалось. По данным таможни, задержанный признался, что планировал продавать животных через интернет-магазины. Среднеазиатская степная черепаха находится под международной охраной и включена в Конвенцию о международной торговле видами дикой фауны и флоры, находящимися под угрозой исчезновения (CITES). В России в отношении мужчины возбуждено уголовное дело о контрабанде особо ценных диких животных.
80
19
В Таджикистане расследуют вывоз почти 500 редких черепах в Россию   Транспортная прокуратура Таджикистана проводит расследование по факту вывоза 476 среднеазиатских черепах, которых гражданин России пытался ввезти в Москву через Международный аэропорт Душанбе. Об этом 8 июля на пресс-конференции сообщил генеральный директор Международного аэропорта Душанбе Зайнулло Шарифзода.   По его словам, по предварительным данным, партия редких пресмыкающихся была отправлена через багажную линию аэропорта 27 марта этого года.   Шарифзода отметил, что проверку багажа пассажиров осуществляют сотрудники таможенной службы, а подробности расследования будут обнародованы после его завершения. 📲 Your.tj в ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
74
20
Мы писали о том, с какими последствиями может столкнуться Таджикистан из-за атаки украинских дронов на Омский НПЗ. Именно с этого завода ведутся основные поставки топлива в Таджикистан. Читайте по ссылке https://your.tj/drony-doleteli-do-omska-pochemu-toplivnyj-krizis-v-rossii-teper-naprjamuju-kasaetsja-tadzhikistana/
73