cookie

Sizning foydalanuvchi tajribangizni yaxshilash uchun cookie-lardan foydalanamiz. Barchasini qabul qiling», bosing, cookie-lardan foydalanilishiga rozilik bildirishingiz talab qilinadi.

avatar

Азия-Плюс TJ

Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон Сомона - www.asiaplustj.info/tj Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj

Ko'proq ko'rsatish
Reklama postlari
13 885
Obunachilar
-624 soatlar
-327 kunlar
+77130 kunlar

Ma'lumot yuklanmoqda...

Obunachilar o'sish tezligi

Ma'lumot yuklanmoqda...

Photo unavailableShow in Telegram
👍 2🏆 1
00:50
Video unavailableShow in Telegram
#Якхабар Дар Душанбе 4 хонандаи мактабро барои паст задани шаъну эътибори муаллим муҷозот кардаанд. Аниқтараш, барои кирдори хонандагони мактаб волидони онҳо ҷарима шудаанд. Ин хонандагон ба раванди дарс халал расонида, лаҳзаи сарзаниши як хонандаи мактаб аз ҷониби муаллимро наворбардорӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардаанд. Дар пайи ин волидони 4 хонандаи мактаб барои бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзанд тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҷозот шудаанд. Ҳамакнун онҳоро аз 72 то 216 сомонӣ ҷарима интизор аст. __ Таблиғ: Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс хурдсоли шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Hammasini ko'rsatish...
👍 14
Дар Душанбе шаби эҷодии шоир ва рӯзноманигори тоҷик Кӯҳзод Фатҳулло таҳти номи "Аз домани кӯҳи баланд" оғоз ёфт. Дар ин шаби эҷодӣ ҳаводорони шеър, аҳли фарҳанг ва зиё, рӯзноманигорону нависандагон ва сарояндагони шинохта ҳузур доранд. Кӯҳзоди Фатҳулло ин ҷо намунае аз ашъори худро қироат дорад ва ҳофизони шинохтае чун Афзалшо Шодиев, Ҳасан Ҳайдар, Эркин Одинаев, Зиёвиддин Нурзод ва дигарон, ки шеърҳои шоирро ба оҳанг бастаанд, манзури ҳозирон мегардонанд. Аксҳо: аз Азия-Плюс. Бо ❤️ бошед: Telegram
Hammasini ko'rsatish...
👍 13 2🤬 2❤‍🔥 1
☄️САБАБИ ТЕРАКТИ "КРОКУС": ОГОҲИИ КАМИ ДИНӢ ВА ВАЪДАИ МАБЛАҒИ ҲАНГУФТ? Аз ҳодисаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳол” дар Маскав, ки боиси марги 145 нафар гардид, инак ду моҳ гузашт. Гумонбарони ин ҳамла дар лаҳзаи аввали боздошт зери фишор ва баъдан, дар шароити норӯшан дар боздоштгоҳ гуфтанд, ки тавассути телеграм ба дом афтоданд. Ва бо ин терракт бори дигар мавзӯи муқовимат ба ифротгароиро доғ шуд. Бо гузашти ду моҳ ҷузъиёти тафтишоти парванда ва ҳамин тавр, чӣ гуна тавассути телеграм ба дом афтодани гумонбарони ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳол” маълум нест. Дар ҳамин ҳол, додгоҳ барои анҷоми тафтишот, муҳлати ҳабси пешакии ҳама гумонбаронро то 22-юми август тамдид карданд. Тибқи иттилои марказҳои мубориза бо идеологияи ифротгароӣ, созмонҳои террористию экстремистӣ дар баробари фаъолияти густардаи иттилоотӣ, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба “мағзшуӣ”-и ҷавонон машғул ҳастанд. Аксаран муҳоҷирон бештар ба ин гуна домҳо меафтанд. Мақомоти Тоҷикистонро ҳам ин мавзӯъ нигарон кардааст. “Азия-Плюс” ин мавзӯъро пайгирӣ кард.
Hammasini ko'rsatish...
Сабаби теракти "Крокус": огоҳии ками динӣ ва ваъдаи маблағи ҳангуфт?

Аз ҳодисаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳол” дар Маскав, ки боиси марги 145 нафар гардид, инак ду моҳ гузашт. Гумонбарони ин ҳамла дар лаҳзаи аввали боздошт зери фишор ва баъдан, дар шароити норӯшан дар боздоштгоҳ гуфтанд, ки тавассути телеграм ба дом афтоданд. Ва бо ин терракт бори дигар мавзӯи муқовимат ба ифротгароиро доғ шуд. Бо гузашти ду моҳ ҷузъиёти тафтишоти парванда ва ҳамин тавр, чӣ гуна тавассути телеграм ба дом афтодани гумонбарони ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳол” маълум нест. Дар ҳамин ҳол, додгоҳ барои анҷоми тафтишот, муҳлати ҳабси пешакии ҳама гумонбаронро то 22-юми август тамдид карданд. Тибқи иттилои марказҳои мубориза бо идеологияи ифротгароӣ, созмонҳои террористию экстремистӣ дар баробари фаъолияти густардаи иттилоотӣ, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба “мағзшуӣ”-и ҷавонон машғул ҳастанд. Аксаран муҳоҷирон бештар ба ин гуна домҳо меафтанд. Мақомоти Тоҷикистонро ҳам ин мавзӯъ нигарон кардааст. “Азия-Плюс” ин мавзӯъро пайгирӣ кард. Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш: Веб-сайт:

https://asiaplustj.info

Facebook:

https://facebook.com/asiaplustj

Instagram:

https://instagram.com/asiaplustj

#таджикистан #asiaplus

👍 5🔥 2 1🤔 1👀 1
Гумонбари ҳамла ба "Крокус" гуфт, тавассути "Телеграм" “ба дом афтод”. Чӣ бояд кард, то “тӯъма”-и мубаллиғони ифротӣ нашуд? Ноогоҳӣ аз таълимоти динӣ ва ваъдаи маблағи ҳангуфт аз заъфҳое будааст, ки гурӯҳҳои ифротӣ аз он истифо мекунанд.
Hammasini ko'rsatish...
Гумонбари ҳамла ба "Крокус" гуфт, тавассути "Телеграм" “ба дом афтод”. Чӣ бояд кард, то “тӯъма”-и мубаллиғони ифротӣ нашуд?

Аз ҳодисаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳол” дар Маскав, ки боиси марги 145 нафар гардид, инак ду моҳ гузашт. Гумонбарони ин ҳамла дар лаҳзаи аввали боздошт зери фишор ва баъдан, дар шароити норӯшан дар боздоштгоҳ гуфтанд, ки тавассути паёмрасони Телеграм ба дом афтоданд. Ва бо ин теракт бори дигар мавзӯи муқовимат ба ифротгароиро доғ шуд. “Азия-Плюс” ин мавзӯъро пайгирӣ кард.

👎 7👍 2🔥 1💯 1
Hammasini ko'rsatish...
Вазири корҳои дохилии Русия ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо Рамазон Раҳимзода вазъи муҳоҷиронро баррасӣ мекунад

Имрӯз, 27-уми май Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

👍 8👎 1
Hammasini ko'rsatish...
Дар рӯзҳои истироҳат ду кӯдак дар ҷануби кишвар ҳалок шуданд

Дар рӯзҳои истироҳат дар ҷануби Тоҷикистон ду ҳодисаи фоҷеабори марги кӯдакон сабт шуд. Дар ин бора КҲФ Тоҷикистон хабар медиҳад.

😢 10👎 2 1
Hammasini ko'rsatish...
Миёни сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон табодули барқияҳои табрикӣ сурат гирифт

Имрӯз, 27 июн дар робита ба 20-солагии ба имзо расидани Аҳднома миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон байни сарони ин кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт.

7👍 5
Hammasini ko'rsatish...
“Хандасарой” - и Холиқназар Ҷумъазода чоп шуд

Китоби нави Холиқназар Ҷумъазода, рӯзноманигор ва адиби ҳаҷвнавис зери унвони “Хандасарой” аз чоп баромад, ки фарогири латифаву шӯхиҳо ва хотираҳои шавқовари нависанда аз пирони зодгоҳаш аст.

👍 9
Имрӯз раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ бо раиси ҳукумати мардумии шаҳри Чэндуи Чин Ван Фенчао мулоқот намудааст.
"Дар мулоқот ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тандурустӣ, маориф ва ғайраҳо баррасӣ гардиданд", - менависад шаҳрдории Душанбе.
Бо ❤️ бошед: Telegram
Hammasini ko'rsatish...
👍 10🤬 1