uk
Feedback
ДАСТГИРИИ МЕТОДИИ ОМӮЗГОРОН

ДАСТГИРИИ МЕТОДИИ ОМӮЗГОРОН

Відкрити в Telegram

Гуруҳи расмии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Показати більше
4 520
Підписники
-124 години
-137 днів
-2430 день
Архів дописів
Тартиби_аттестатсияи_хатм_варианти_иловашуда_06_2026.pdf10.19 KB

Фармоиши_бахогузории_аттестат_2026.pdf1.29 MB

Низомномаи_медали_тилову_нукра_2026_1.pdf5.42 KB

ДАСТУРАМАЛ_БАРОИ_КОРМАНДОНИ_МУАССИСАҲОИ_ТАЪЛИМӢ_ОИД_БА_ПЕШГИРӢ_ВА.pdf2.69 MB

Вазифаҳои_хизматӣ_дар_муассисаҳои_таҳсилоти_умумӣ.pdf8.46 KB

БАРНОМАИ_МУШОҲИДА_ВА_ТАҲЛИЛИ_ДАРС.doc0.40 KB

ТАЛАБОТИ_ТАХАССУСИ_ВОБАСТА_БА_САЛОҲИЯТИ_ТИК.pdf7.24 MB

Гушаи фаъол.doc1.05 KB

Гушаи дарсхо.doc0.80 KB

Муаллими ҳақиқӣ чӣ гуна инсонро комил месозад? Мақсади ниҳоии таълим ҷамъ кардани маълумот дар зеҳни хонанда нест. Мақсад тарбияи инсонест, ки фикр мекунад, интихоб мекунад, масъулият мегирад, меомӯзад, меофарад ва роҳи худро бо шуур месозад. Муаллими ҳақиқӣ чунин инсонро тарбия мекунад: Ӯ ба шогирд фақат мавзуъ намеомӯзонад, балки тарзи фикр карданро ташаккул медиҳад. Ӯ ба хонанда фақат қоида намедиҳад, балки маънои истифодаи қоидаро мефаҳмонад. Ӯ фақат баҳо намегузорад, балки ба шогирд меомӯзонад, ки худро арзёбӣ кунад. Ӯ фақат хато нишон намедиҳад, балки роҳи ислоҳро мекушояд. Ӯ фақат супориш намедиҳад, балки шавқи иҷрои онро бедор мекунад. Ин гуна омӯзгор дар хотираи шогирдон бо дарси мушаххас намемонад; ӯ ҳамчун шахсе мемонад, ки ба зиндагии онҳо самт додааст. Баъзан шогирд баъди солҳо мефаҳмад, ки устод ба ӯ фақат як фанро наомӯхтааст, балки ирода, эътимод, масъулият ва муҳаббат ба донишро бедор кардааст. Муаллими ҳақиқӣ шогирдро ба худшиносӣ, амал, мустақилият ва камол мебарад, донишро ба зиндагӣ мепайвандад, таълимро ба таҷриба табдил медиҳад ва ба хонанда имкони кашфи нерӯи худро медиҳад. Ӯ ба ҷойи шогирд кор намекунад, вале ҳамеша дар канори ӯ меистад, ӯ ҷавоби тайёр намедиҳад, вале дуруст саволгузорӣ намуданро ёд медиҳад, ӯ роҳро равшан мекунад, вале қадамзаниро ба ихтиёри шогирд мегузорад. Дар зиндагӣ ҳар инсон метавонад барои мо омӯзгор бошад. Аммо беҳтарин омӯзгор он нафарест, ки баъди вохӯрӣ бо ӯ мо каме бештар фикр мекунем, каме бештар амал мекунем, ба худ бештар бовар мекунем ва барои беҳтар шудан масъулияти бештар мегирем. Пас, муаллими ҳақиқӣ шахсе нест, ки шогирдро ба худ вобаста созад, баръакс ӯ шогирдонро ба мустақилият, тафаккуру андешаи созанда ва зиндагии бошуурона мерасонад. Шавкат Каримзода - директори "Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Ин ҷо сабр нақши ҳалкунанда дорад. Гоҳе осон аст, ки ба шогирд ҷавоби тайёр диҳем. Аммо таълим аз осонӣ оғоз намешавад, таълим аз сабр, эътимод ва фаҳмиши раванд оғоз меёбад. Муаллим бояд ба шогирд вақт диҳад, то фикр кунад, хато кунад, ислоҳ кунад ва ба натиҷа расад. Устод роҳ нишон медиҳад. Муаллими ҳақиқӣ мисли роҳбалад аст. Роҳбалад самтро нишон медиҳад, аз хатарҳо огоҳ мекунад, барои ҳаракат қувват мебахшад, вале қадамро ба ҷойи мусофир намегузорад. Агар тамоми роҳро ба ҷойи инсон тай кунем, ӯ ба манзил мерасад, вале роҳ рафтанро намеомӯзад. Дар таълим низ ҳамин қонун амал мекунад. Хонандае, ки ҳамеша аз дигарон ҷавоби тайёр мегирад, ба дониш мустақилона соҳиб намешавад. Ӯ ба кӯмак одат мекунад ва ҳар масъалаи навро ҳамчун монеаи тарснок мебинад. Хонандае, ки бо роҳнамоии дуруст худаш масъала ҳал мекунад, тадриҷан мустақил, ҷасур ва эҷодкор мешавад. Маҳз ҳамин ҷо маҳорати омӯзгор ошкор мегардад. Ӯ бояд донад, ки кай шарҳ диҳад, кай хомӯш истад, кай савол диҳад, кай иштибоҳи хонандаро фавран ислоҳ кунад ва кай иҷозат диҳад, ки худи хонанда хатояшро бинад. Муаллим ҳамеша дар пеши синф сухангӯ нест; баъзан хомӯшии оқилонаи ӯ аз шарҳи дароз муассиртар аст. Муҳаббат ва сабр –пояи омӯзгорӣ Муаллими ҳақиқӣ пеш аз ҳама инсонро дӯст медорад. Ӯ шогирдро ҳамчун шахсияти комил мебинад, бо эҳсос, тарс, орзу, қобилият ва мушкилоти хоси худ. Муҳаббати омӯзгорӣ маънои мулоимии беандоза ё гузашт аз талаботро надорад. Баръакс, муҳаббати ҳақиқӣ бо масъулият, адолат ва талаботи оқилона ҳамроҳ аст. Сабр низ яке аз сифатҳои асосии устод аст. Ҳар хонанда бо суръати якхела намеомӯзад. Яке зуд мефаҳмад, дигаре ба такрор ниёз дорад; яке фаъол аст, дигаре шармгин; яке ба сухани гарм ниёз дорад, дигаре ба интизоми равшан. Муаллим бояд ин фарқиятҳоро бинад ва барои ҳар хонанда роҳи мувофиқи рушдро пайдо кунад. Муаллими хуб ба хонанда таҳқир намекунад, ӯро бо дигарон муқоиса намесозад, эҳсоси нотавонӣ намедиҳад. Ӯ ба шогирд нишон медиҳад, ки рушд имкон дорад. Ҳатто вақте талаб мекунад, дар суханаш эҳтиром эҳсос мешавад. Ҳатто вақте танқид мекунад, мақсадаш шикастани шахсият нест, мақсадаш бедор кардани масъулият аст. Вақт - сармояи инсон Яке аз дарсҳои бузурге, ки муаллими ҳақиқӣ бояд ба шогирд диҳад, қадри вақт аст. Инсонҳо аз гум шудани пул нороҳат мешаванд, вале аз рафтани соатҳои беҳуда камтар андеша мекунанд. Ҳол он ки пул бармегардад, вақт барнамегардад. Дар ҷаҳони муосир инсон аз бисёр корҳои ҷисмонӣ озод шудааст. Техника, интернет ва воситаҳои рақамӣ зиндагиро осон кардаанд. Аммо осонӣ ҳамеша ба маънои рушди бештар нест. Вақти озод, агар бо мақсад истифода нашавад, ба саргармии беҳадаф табдил меёбад. Соатҳои дароз дар шабакаҳои иҷтимоӣ, тамошои бемаънии барномаҳо ва одати таъхиркорӣ нерӯи инсонро кам мекунанд. Агар инсон ҳар рӯз як соатро ба омӯзиши ҳунар, хондани китоб, варзиш, забономӯзӣ, навиштан, таҳқиқ ё рушди касбӣ сарф кунад, баъди як сол натиҷаи назаррас ба даст меорад. Баъди чанд сол ин вақт метавонад ӯро ба сатҳи нави маҳорат расонад. Муаллими ҳақиқӣ ба шогирд мефаҳмонад, ки комёбӣ бештар аз қадамҳои хурди пайваста сохта мешавад.

МУАЛЛИМИ ҲАҚИҚӢ КИСТ? Дар зиндагии инсон ду мақом пайваста иваз мешаванд: гоҳ мо меомӯзем, гоҳ ба дигарон меомӯзонем. Ин раванд бо мактабу донишгоҳ маҳдуд намешавад. Оила, ҷомеа, китоб, таҷриба, хато, беморӣ, дӯст, душман, шикаст ва комёбӣ – ҳама метавонанд барои инсон дарси муҳими ибратбахш дошта бошанд. Аз ҳамин ҷост, ки бузургон гуфтаанд: «Ҳеҷ кас барои ту комилан дӯст ё душман нест, ҳар инсон барои ту омӯзгор аст». Муаллимро одатан шахсе медонанд, ки дар синф дарс мегӯяд, таълиму тарбия менамояд, вазифагузорӣ мекунад ва ба дониши хонанда баҳо мегузорад. Аммо маънои аслии истилоҳи муаллим аз ин васеътар аст. Муаллими ҳақиқӣ шахсест, ки инсонро ба худшиносӣ, андеша, амал, масъулият ва мустақилият мерасонад. Чунин омӯзгор ба шогирд ҷавоби тайёр намедиҳад, роҳ нишон медиҳад, то шогирд ҷавобро бо заҳмати худ пайдо кунад. Ӯ дасти хонандаро гирифта тамоми роҳро тай намекунад, ба ӯ мустақилона роҳ рафтанро меомӯзонад. Зиндагӣ – мактаби бузург Ҳар як инсон дар зиндагӣ ба омӯзгор ниёз дорад. Баъзеҳо устоди худро дар китоб меёбанд, баъзеҳо дар таҷрибаи рӯзгор, гурӯҳе дар сухани падару модар, қисме дар шеър, мусиқӣ, илм ё мулоқот бо шахсиятҳои бузург. Гоҳе як сухани кӯтоҳ, як рӯйдоди сода ё як хатои ҷиддӣ ба инсон бештар аз садҳо дарси назариявӣ таъсир мерасонад. Падар ва модар аввалин омӯзгорони кӯдаканд. Кӯдак бошад, барои падару модар низ омӯзгори бузург аст, зеро ба онҳо сабр, меҳрубонӣ, масъулият, худдорӣ ва муҳаббати беғаразро меомӯзонад. Агар инсонҳо аз якдигар дуруст меомӯхтанд, бисёр хатоҳо такрор намешуданд. Мушкил дар он аст, ки мо аксар вақт аз зиндагӣ дарс гирифтанро дер оғоз мекунем. Муаллими хуб шахсест, ки ҳузураш ба инсон оромӣ, шавқ, эътимод ва хоҳиши беҳтар шудан мебахшад. Вале ҳар касе, ки маълумот дорад, муаллим шуда наметавонад. Донистан як чиз аст, омӯзондан чизи дигар. Фарқи калон миёни шахси донишманд ва устоди воқеӣ дар он аст, ки устод медонад чӣ гуна донишро ба таҷриба, таҷрибаро ба маҳорат ва маҳоратро ба ҷаҳонбинӣ табдил диҳад. Дониш бе амал нопурра аст Мақсади таҳсил доштан ва ё захира кардани маълумоти зиёд нест. Агар дониш дар амал истифода нашавад, он тадриҷан ба бори хотира табдил меёбад. Дониши зинда он аст, ки инсонро ба фикр, интихоб, амал ва натиҷа мерасонад. Дар таълим як ҳақиқати муҳим вуҷуд дорад: инсон чизеро амиқ мефаҳмад, ки онро бо даст, ақл, эҳсос ва таҷрибаи худ аз сар гузаронад. Аз ҳамин сабаб, вазифаи асосии муаллим фақат шарҳ додани мавзуъ нест, баъракс барои хонанда чунин муҳит ва чунин силсилаи вазифаҳо месозад, ки дар ҷараёни иҷрои онҳо дониш ба фаҳмиш, фаҳмиш ба маҳорат ва маҳорат ба одати устувор табдил меёбад. Муаллими ҳақиқӣ ба хонанда роҳеро пешниҳод мекунад, ки дар он савол, ҷустуҷӯ, таҷриба, иштибоҳ, таҳлил ва хулоса ҷой дошта бошанд, ки он хонандаро водор менамояд, ки ба даст овардани донишу малака ва маҳорат натиҷаи талоши шахсии ӯст. Вақте хонанда худ ба натиҷа мерасад, он натиҷа дар зеҳн ва зиндагии ӯ амиқтар ҷой мегирад. Муаллим ҷавоби тайёр намедиҳад Яке аз иштибоҳҳои маъмул дар таълим он аст, ки калонсолон ба ҷойи кӯдак амал мекунанд. Падар ё модар барои сарфаи вақт кори кӯдакро анҷом медиҳад. Омӯзгор барои зудтар ба натиҷа расидан ҷавобро мегӯяд. Роҳбар ба зердаст имкони мустақилона фикр кардан намедиҳад. Дар зоҳир ин кор кӯмак менамояд, вале дар асл рушди кӯдаконро суст мекунад. Кӯдак табиатан мехоҳад бисёр корҳоро худаш иҷро кунад. Ӯ мехоҳад биомӯзад, бисанҷад, афтад, бархезад, боз кӯшиш кунад. Агар мо доимо ба ҷойи ӯ кор кунем, мо аз ӯ лаззати кашф карданро мегирем. Дар натиҷа кӯдак ба худ бовар намекунад, аз мушкилӣ метарсад ва мунтазири ёрии тайёр мешавад. Принсипи асосии муаллими ҳақиқӣ чунин аст: ба шогирд зарар нарасон. Аз ин принсип хулосаи дигар бармеояд: кореро, ки шогирд худ карда метавонад, ба ҷойи ӯ иҷро накун. Муаллим метавонад роҳнамоӣ кунад, илҳом бахшад, савол диҳад, намуна нишон диҳад, муҳит созад, вале масъулияти асосии амал бояд дар дасти худи шогирд монад.

Муҳтарам омӯзгорони фанҳои физика, химия ва биология! Шуморо ба иштирок дар вебинари онлайнӣ дар мавзуи: «Арзёбии ташаккулдиҳанда ва ҷамъбастӣ» даъват менамоем. 📅 Сана: 29 майи соли 2026 🕒 Вақт: 15:00–17:00 💻 Пайваст тавассути Zoom: https://us06web.zoom.us/j/81105996490?pwd=ZG2bknbwNNnbGbUBNJJ94YivRYR9yt.1 Дар доираи вебинар масъалаҳои зерин баррасӣ мегарданд: * хусусиятҳои арзёбии ташаккулдиҳанда ва ҷамъбастӣ; * намудҳои супоришҳо ва воситаҳои арзёбӣ; * роҳҳои амалии истифодаи дастури арзёбӣ дар дарсҳои фанҳои табиатшиносӣ. Ба иштирок ҳамаи омӯзгорони мактабҳои пилотӣ даъват карда мешаванд. Бо эҳтиром, Гурӯҳи ташкилии лоиҳа

+7
Тест аз фанни хониш барои синфи 3.pdf2.03 KB

+9
Намунаи_Ҳуҷҷатҳои_Шоҳномахонӣ_Ворд.pdf3.20 KB

+9
КОНСПЕКТ АЛГЕБРА С-7.pdf8.63 KB

+9
АЛГЕБРА с 11 А 4 с 2026 3.pdf8.77 KB

+3
Стратегияи_милли_арзёбии_сифати_таҳсилот_дар_Ҷумҳурии_Тоҷикистон.pdf6.08 KB

+9
Document_167605_20260521_164706.pdf0.40 KB