cookie

Ми використовуємо файли cookie для покращення вашого досвіду перегляду. Натиснувши «Прийняти все», ви погоджуєтеся на використання файлів cookie.

avatar

HulosaiGap 18+

Барои Обуна шудан 👇🏼👇🏼 https://t.me/+aPIRm2yWf0g0N2M6

Більше
Рекламні дописи
3 385
Підписники
-224 години
-297 днів
-22930 днів

Триває завантаження даних...

Приріст підписників

Триває завантаження даних...

Фото недоступне
"Толибон" гуфтаанд, муҳоҷирони меҳнатии афғонро барои кор ба Русия даъват кардаанд Чанд манотиқи Русия барои муҳоҷирони меҳнатии афғон ҷои кор пешниҳод кардаанд. Дар ин бора Абдулманон Умарӣ, вазири кор ва равобити иҷтимоии ҳукумати "Толибон"* хабар додааст, менависад “The Moscow Times”. Ба гуфтаи Умарӣ, масъалаи таъмини ҷои кор ба муҳоҷирони афғон дар вохӯрии Антон Котяков, вазири меҳнати Русия дар доираи баргузории Анҷумани байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ПМЭФ) ва намояндагони ҳайаи Доғистон баррасӣ шудааст. "Чеченистон ва Тотористон, инчунин дигар ҷумҳуриҳо дар ҳайати Русия ба мо имкониятҳо барои бо кор таъмин кардани муҳоҷирон аз Афғонистонро пешниҳод карданд, махсусан дар соҳаи кишоварзӣ," - гуфтааст Умарӣ. Дар ҳамин ҳол, Виктор Водолатский муовини якуми раиси кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба кор бо ИДМ, ҳамгироии Авруосиё ва робита бо ҳамватанон гуфтааст, ки ба кор ҷалб кардани муҳоҷирон аз Афғонистон бояд то қабули тағйирот дар қонуни федералӣ ба таъхир гузошта шавад.
Показати все...
👍 1
Фото недоступне
Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориҳои байнипарлумониро густариш медиҳанд. Ин масъаларо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси Палатаи қонунгузории Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Душанбе баррасӣ карданд. Маҳмадтоир Зокирзода ва Улуғбек Иноятов таъкид карданд, ки ҷумҳуриҳо барои фаъол гардонидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар тамоми соҳаҳо имконоти бузург доранд. Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Показати все...
👍 1🖕 1
Ҷустуҷӯи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия ба таври нав роҳандозӣ мешавад. Вазорати корҳои дохилии Русия нақшаи ҷустуҷӯи муҳоҷирони ғайриқонуниро таҳия кардааст. Ин имкон медиҳад, муҳоҷироне, ки муҳлати будубоши онҳо дар кишвар анҷом ёфтааст, муайян ва дастгир шаванд, қайд кард Валентина Казакова, сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ. "Ин қонун ба амният нигаронида шудааст... Ҳама мақомоте, ки бо шаҳрванди хориҷӣ сарукор доранд, ба он пайваст хоҳанд шуд. Дар асл, ҳуқуқи ингуна муҳоҷирон маҳдуд мешавад, масалан, онҳо наметавонанд мошин бихаранд ва ё издивоҷ кунанд, - афзуд Казакова.
Показати все...
Sputnik Тоҷикистон

Аз ҷолибтарин ва муҳимтарин ҳодисаҳои Тоҷикистону Осиёи Марказӣ мегӯем Бо забони русӣ: @SputnikTj Сомона:

https://sputnik-tj.com/

ОК:

https://ok.ru/sputniktajikistan

Обратная связь — @SputnikTjfeedback_bot

👍 1
Фото недоступне
🇹🇯🇵🇰Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 3:0 тими миллии Покистонро шикаст дод. Голҳои дастам моро Шервонӣ Мабатшоев, Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳаннонов ба самар расонданд. Ин рақобат дар доираи даври охирини марҳилаи дуюми интихобии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳони футбол - 2026 дар Душанбе баргузор гардид. Натиҷаи ин бозӣ барои футболбозони тоҷик муҳим ба шумор намерафт, зеро баъди он ки тими миллии футболи кишвар аз дастаи мунтахаби Урдун бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрд, имкони роҳ ёфтан ба марҳилаи баъдии мусобиқотро аз даст дода буд. Тоҷикистон дар 6 бозии худ бо ду ғалаба, ду мусовӣ ва ду бохт соҳиби 5 имтиёз гардида, дар зинаи сеюми гурӯҳ мавқеъ касб кардааст. Бояд гуфт, ки дар таърихи футболи тоҷик ягон маротиба дастаи мунтахаби футболи кишвар ба марҳилаи сеюми бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон роҳ наёфтааст. Ёдовар мешавем, ки мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон аз 11 июн то 19 июли соли 2026 баргузор мегардад ва бори нахуст се кишвар - Канада, Мексика ва ИМА ин мусобиқаро мизбонӣ мекунанд. ✅Бо ❤️ бошед: Telegram
Показати все...
1
🕌Шӯрои уламои Тоҷикистон санаи дақиқи Иди Қурбонро эълон кард. Он рӯзи 16 июн хоҳад омад, хабар медиҳад Кумитаи дин. Намози ид дар масоҷиди кишвар соати 06:00 оғоз мешад.
Показати все...
Фото недоступне
🇺🇸🇹🇯 Ба сарҳадбонони ИМА дастур дода шуд, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Русияро ихроҷ кунанд. Ба афсарони пулиси сарҳадии Калифорния амр шудааст, ки муҳоҷирони ғайриқонунии болиғро аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, ҳамчунин Русия, Гурҷистон ва Молдова фавран ихроҷ кунанд, хабар медиҳад Fox News ва The New York Post бо истинод ба ёддошти дохилии вазоратхона. Ҳама муҳоҷирони дигар, ки сарҳадро ғайриқонунӣ убур мекунанд, метавонанд бо қарори додгоҳ дар ИМА озод карда шаванд. Ёдовар мешавем, ки дастурҳо дар пасманзари фармони Ҷо Байден, ки ба ҳукми қонун даромада, дархости муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Иёлоти Муттаҳида барои паноҳандагӣ манъ карда шудаанд, дода шудаанд. Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Показати все...
👍 3
  • Фото недоступне
  • Фото недоступне
  • Фото недоступне
22.26 MB
👍 6🖕 3 1
05:34
Відео недоступне
HulosaiGap: Рузҳои Охир аз тарафи гуруҳи терористи толибон таҳдидҳои зиёд ба суи Тоҷикистон шудааст Ҷавоби Олимони дин муллоҳои Тоҷикистон тақрибан чунин аст. Шумо чи фикр доред? Оиди таҳдидҳои гуруҳи терористи ва манъи истифодабарии либосҳои бегона
Показати все...
22.26 MB
Фото недоступне
Ҷаримаи волидайни хатмкунандагон барои таҷлили “занги охир” дар Душанбе Худи ҷавонон танбеҳ гирифтаанд. Як гурӯҳ хатмкунандагонро дар Душанбе барои таҷлили “занги охир” танбеҳ дода, падару модарони онҳоро аз 216 то 504 сомонӣ ҷарима бастаанд. Дар ин бора аз милитсияи пойтахт ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, як гурӯҳ хатмкунандагони мактаби №89-и ноҳияи Сино баъи тамом шудани дарсҳо дар охири моҳи май дар тарабхонаи “Самандар”-и пойтахт шабнишинӣ барпо карда, “занги охир”-ро таҷлил кардаанд. “Азбаски таҷлили “занги охир” манъ аст, қоидавайронкунии онҳо ошкор ва барои танбеҳашон дар мактаби мазкур суди сайёр баргузор карда шуда, ин масъала баррасӣ гардид”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо. Ғайр аз ин, бар зидди волидони хонандагон мутобиқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои “иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон” парвандаи маъмурӣ боз шудааст. HulosaiGap: Хатмкунандагони мактаби миёна Қунотува қисонда бшине
Показати все...
👍 2 1
21:43
Відео недоступне
💠Ду шаҳрванди Ӯзбекистон бо иттиҳоми "мардумфиребӣ" ва "қаллобӣ" дар Тоҷикистон боздошт шудаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод. Дар гузориши видеоии ВКД гуфта шудааст, ки бо шикояти се сокини ноҳияи Варзоб Зулола Сайфуллоеваи 30-сола ва Юлдуз Бердиеваи 32-сола, ду сокини вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон боздошт шудаанд. Назари занҳои боздоштшуда ба ин иттиҳом маълум нест, вале ВКД гуфтааст, онҳо бо роҳи "қаллобӣ" ва "мардумфиребӣ" аз сокинон пулу ашёи гаронбаҳо гирифтаанд. ✅Бо ❤️ бошед: Telegram
Показати все...
Барномаи ВКД 07.06.2024.mp438.91 MB
👍 4🍌 3🤬 2😁 1