cookie

Ми використовуємо файли cookie для покращення вашого досвіду перегляду. Натиснувши «Прийняти все», ви погоджуєтеся на використання файлів cookie.

avatar

Андешакада - شیرعلی رضایان

- Таҳлили сиёсати хориҷии Тоҷикистон; - Арзёбии равандҳои Осиёи Марказӣ; - Баррасии муҳимтарин ҳодисаҳои ҷаҳон. Барои тамос: [email protected]

Більше
Рекламні дописи
472
Підписники
+124 години
+47 днів
+3830 днів

Триває завантаження даних...

Приріст підписників

Триває завантаження даних...

Се дидгоҳ ба мавзуи ҳамкориҳои Маскав, Исломобод ва Теҳрон бо Толибон. Агар фурсат доред, ҳатман тамошо кунед. https://t.me/shrizoyon
Показати все...
دیدگاه: پیج‌وخم‌های تعامل با طالبان؛ از مسکو تا اسلام‌آباد و تهران

دیدگاه: پیج‌وخم‌های تعامل با طالبان؛ از مسکو تا اسلام‌آباد و تهران گفت‌وگو با محمد عمر داوودزی، نماینده ویژه حکومت پیشین در امور پاکستان، جب صفروف، رئیس مرکز مطالعات ایران معاصر در روسی و احمد سعیدی، دیپلومات پیشین و کارشناس سیاسی

👍 2
Посухҳои Омиртай Битимов, сафири собиқи Қазоқистон дар Афғонистон (2011-2018) ба саволҳои муҷрии телевизиони Afghanistan International перомуни ангезаҳои асосии аз листи созмонҳои мамнуъ берун кардани Толибон бароям ҷолиб намуд. Муҷрӣ як арзёбии пештараи Омиртай Битимовро перомуни нигарониҳои Қазоқистон аз таҳдидҳои Толибон ва Доишро, ки ба расонаҳои Афғонистон гуфтааст, ёдоварӣ кард. Ҳолати мазкур ҳаминро ба намоиш мегузорад, ки рӯйкарди имрӯза нисбат ба Толибон – ривояту асотирҳои пештараро мешиканад. Имрӯзҳо воқеӣ будани муборизаю муқовимат ба экстремизму терроризм дар баъзе кишварҳо ба буҳрон дучор шудааст. https://t.me/shrizoyon
Показати все...
چرا قزاقستان طالبان را از فهرست گروه‌های تروریتسی بیرون کرد؟

چرا قزاقستان طالبان را از فهرست گروه‌های تروریتسی بیرون کرد؟ گفت‌وگو با اومیرتای بیمیتوف، سفیر پیشین قزاقستان در کابل

Перомуни густариши тавонмандиҳои илмию пажуҳишӣ дар Тоҷикистон (III) Андешаҳо дар ҳошияи дидори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони соҳаи илму маориф Муаллифон: Шералӣ Ризоён, номзади илмҳои сиёсӣ ва Ризои Баҳромзод, номзади илмҳои физикаю математика 4. Ворид кардани тағйиру иловаҳо ба низомномаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, ҳамчунин, тартиби сазоворсозӣ бо унвонҳои илмӣ. Аз унвонҷӯёни дараҷаҳои номзад ва доктори илм (ва ҳамчунин унвонҷӯёни баробар ба ин дараҷаҳо), довталабони унвони дотсент, профессор ва академик талаб гардад, ки дар нашрияҳои бонуфузи дар руйхати Scopus ва Web of Science мақолаҳо дошта бошанд. Ин тартиб барои ҳамаи довталабони дараҷа ва унвонҳои илмӣ бояд ҳатмӣ бошад. Агар олим ё пажуҳишгаре чунин мақола дорад, бояд ба вай унвони дотсент ва профессор ба осонӣ дода шавад. Роҳандозии чунин талабот, теъдоди довталабони дараҷа ва унвони илмиро ба маротиб кам мекунад. Ба тадриҷ гузариш аз миқдор ба сифат сурат мегирад. (Барои мисол аз кишварҳои пасошӯравӣ: Донишгоҳи ба номи Ломоносови Маскав, ки худаш ҳуқуқи додани дипломҳои номзадӣ ва докториро дорад, аз довталабони дараҷаҳо талаб мекунад, ки миқдори муайяни мақолаҳо дар маҷаллаҳои рӯйхати Web of Science ва Scopus нашр шуда бошанд. Ин яке аз сабабҳои боэътибор ҳисоб шудани дипломҳои ин донишгоҳ аст). 5. Додани дараҷаи илмӣ дар асоси пажуҳиш ва интишорот дар маҷаллаҳои бонуфуз. Дар замони Шӯравӣ таҷрибае вуҷуд дошт, ки барои таҳқиқоти арзишманд ва бунёдӣ бе ҳимояи рисолаи илмӣ низ дараҷаи илмӣ дода мешуд. Соли 2021 дар Русия низ қароре (Қарори Ҳукумати ФР аз 20 марти соли 2021, № 426) ба тасвиб расид, ки мувофиқи он довталаби дараҷаи докторӣ дар ҳолати доштани 30 мақола дар давоми 10 соли охир дар маҷаллаҳои квартили як ва ду барои соҳаҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, аграрӣ ва тиббӣ танҳо бо маъруза метавонад соҳиби дараҷаи илмӣ гардад. Ин нишондиҳанда барои фанҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ бошад 50 мақола дар маҷаллаҳои квартили як, ду ва се мебошад . Ҷорӣ кардани ин таҷриба ба олимони пурмаҳсул имкон медиҳад, ки вақти худро барои навиштани рисола, омода кардани ҳуҷҷатҳои зиёд ва монеаҳои гуногуни идорӣ сарф накарда, соҳиби дараҷаи илмӣ гарданд ва аз раванди пажуҳиш дур намонанд. Ҳамчунин, барои афзоиши теъдоди мақолаҳо дар пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus густариши ҳамкориҳои олимони ватанӣ бо ҳамкасбони хориҷии худ ва воридгардии маҷаллаҳои ватанӣ ба ин низомҳо метавонад мусоидат кунад, ки дар поён шарҳ медиҳем. Идома дорад... https://t.me/shrizoyon
Показати все...
Андешакада - شیرعلی رضایان

- Таҳлили сиёсати хориҷии Тоҷикистон; - Арзёбии равандҳои Осиёи Марказӣ; - Баррасии муҳимтарин ҳодисаҳои ҷаҳон. Барои тамос: [email protected]

👍 3
Перомуни густариши тавонмандиҳои илмию пажуҳишӣ дар Тоҷикистон (III) Андешаҳо дар ҳошияи дидори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони соҳаи илму маориф Муаллифон: Шералӣ Ризоён, номзади илмҳои сиёсӣ ва Ризои Баҳромзод, номзади илмҳои физикаю математика 1. Таҳияи номгуйи маҷалла ва интишороти тавсияшавандаи пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus. Лозим ба назар мерасад, ки ниҳодҳои ваколатдори соҳа номгуйи маҷалла ва интишоротро вобаста ба тартиби ҷойгиршавиашон дар квартилҳои муайяни пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus (ё аз рӯи квартил Q, импакт фактор IF, CiteScore ва SJR) тартиб дода, ба пажуҳишгарони ватанӣ тавсия диҳанд, ки ба доми фиреб наафтанд. Чунки дар кишварҳои пасошуравӣ нашри мақолаҳо дар чунин маҷаллаҳо ба тиҷорат табдил ёфта, як мақола аз $700 то $2500 нарх дорад. Чанд сол пеш олимони Ӯзбекистон аз рӯйи нашри мақолаҳо дар интишороти қалбакии Web of Science ва Scopus яъне, маҷаллаҳое, ки пештар дар ин пойгоҳ буданд ва барои риоя накардани талабот аз он берун карда шудаанд, пешсафӣ доштанд (мавзуи нашри мақолаҳо дар нашрияҳои қалбакӣ, “пирӯзӣ” дар озмунҳои қалбакии илмӣ ва ҷоизаву медалу унвонҳои қалбакӣ додану гирифтан алоҳида баррасӣ мешавад). 2. Роҳандозии низоми миллии ҳавасманд кардан барои чопи осор дар интишороти пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus. Арзёбии мавзуъ нишон медиҳад, ки набудани ҳавасмандии олиму пажуҳишгарон як унсари боздоранда таҳия нагаштани мақолаҳо барои интишороти пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus будааст. Бо назардошти таҷрибаи кишварҳои дигар ду тартиби ҳавасмандкуниро пешниҳод кардан мумкин аст: Якум, ҳар муассисаи илмию пажуҳишӣ ва таълимӣ бунёди умумии маблағҳоро барои равияҳои табиатшиносию дақиқ ва ҷомеашиносию гуманитарӣ эълон мекунад. Ҳаҷми маблағҳо барои равияи табиатшиносию дақиқ бояд як маротиба аз ҷомеашиносию гуманитарӣ бештар бошад, чун дар риштаи аввал ҳамасола мақолаҳо зиёд ба нашр мерасанд. Дар охири сол дар асоси далели нашри чунин мақола маблағҳои бунёди эълоншуда баробар тақсим мешаванд (барои мисол: агар бунёди маблағҳо 50 ҳазор сомонӣ бошаду 10 мақола ба нашр расанд, пас барои ҳар мақола 5 ҳазорӣ пардохта мешавад, агар мақолае нашр нагардад, пас маблағ дар ҳисоби муассиса боқӣ мемонад). Мушкили асосӣ дар равияи ҷомеашиносию гуманитарӣ ба мушоҳида мерасад, чунки аксари кулли кормандони ниҳодҳои илмию пажуҳишӣ ва таълимӣ чунин интишоротро дар пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus надоранд. Дуюм, бо қабули санади дахлдор муайян кардани ҳаҷми ҳавасмандкунӣ дар асоси нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар асоси далели нашри мақола аз ҷониби муассисаи илмию пажуҳишӣ ё таълимӣ, ки муаллиф дар он фаъолият мекунад, пардохта мешавад. Масалан, Донишгоҳи миллӣ барои кормандони худ, ки дар интишороти пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus мақола чоп мекунанд, 3000 сомонӣ подош медиҳад. Агар бо қабули санади дахлдор барои нашри чунин мақолаҳо на кам аз 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳаққи қалам пешбинӣ шавад, ангезаи ҷиддие барои муаллифону хоҳишмандон мегардид. Ҳамчунин, подоши ҳавасмандиро метавон вобаста ба квартили маҷалла, саҳми муаллиф дар мақола ва ё муаллифи масъули нашр будан (автор-корреспондент) каму зиёд кард (масалан, барои нашри мақола дар маҷаллаи Q1 10000 с, Q2 6000 с, Q3 4000 с ва ғайра). 3. Баргузории давраҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос барои аз худ кардани тарзи навиштани мақола дар интишороти пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus. Дар кишвар муаллифони мақолаҳое ҳастанд, ки дар равияҳои табиатшиносию дақиқ ва ҷомеашиносию гуманитарӣ осори худро дар интишороти пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus чоп кардаанд. Агар чунин курсҳои амалии омӯзишӣ баргузор гарданд ва дар натиҷаи онҳо ҳамаи иштирокдорон як мақола аз рӯйи меъёрҳои талабмешудаи пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus таҳия кунанд, барои афзудани теъдоди мақолаҳо ва муаллифон сабаб мегардид. Идома дорад... https://t.me/shrizoyon
Показати все...
Андешакада - شیرعلی رضایان

- Таҳлили сиёсати хориҷии Тоҷикистон; - Арзёбии равандҳои Осиёи Марказӣ; - Баррасии муҳимтарин ҳодисаҳои ҷаҳон. Барои тамос: [email protected]

👍 2
Перомуни густариши тавонмандиҳои илмию пажуҳишӣ дар Тоҷикистон (II) Андешаҳо дар ҳошияи дидори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони соҳаи илму маориф Муаллифон: Шералӣ Ризоён, номзади илмҳои сиёсӣ ва Ризои Баҳромзод, номзади илмҳои физикаю математика I. Нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшавандаи низоми Scopus ва Web of Science Як рукни муҳими эътирофи илму пажуҳиш дар арсаи байналмилалӣ нашри осор дар маҷалла ва нашриёти маъруф мебошад. Агар чунин раддабандии ниҳодҳои илмию таълимии кишвар таҳия гардад, пас ба эҳтимоли зиёд аз рӯйи шумораи нашри мақолаҳо дар маҷаллаю нашриёти дар рӯйхати Scopus ва Web of Science буда, пажуҳишгоҳҳои самти илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқи АМИТ, факултаҳои илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқи ДМТ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мақоми баландро касб мекунанд, чун ҳамасола аз ҷониби кормандони онҳо чунин мақолаҳо зиёд ба нашр мерасанд. Дар “Раддабандии кишварҳои ҷаҳон аз рӯйи сатҳи фаъолмандии илмию пажуҳишӣ”, ки аз тарафи Бунёди миллии илмии ИМА таҳия мешавад, Тоҷикистон дар соли 2019 дар байни 197 кишвар дар ҷойи 140 аст. Дар ин раддабандӣ Қазоқистон дар зинаи 61, Ӯзбекистон дар мақоми 99, Қирғизистон дар ҷойи 126 ва Туркманистон дар ҷойи 188 қарор доранд. Мувофиқи нишондоди пойгоҳи SCImago Journal & Country Rank, ки онро дар асоси таҳлили маълумоти пойгоҳи Scopus (Elsevier BV) анҷом медиҳад, дар раддабандии кишварҳо аз рӯйи мақолаҳои илмӣ барои солҳои 1996-2023 Тоҷикистон бо нашри 3336 мақола дар ҷойи 147 қарор дорад. Дар ҷадвали зер нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар пойгоҳи мазкур дар 6 соли охир оварда мешавад. Агар ба мавзуъ бархӯрди қадимӣ кунему ба натиҷаҳои ин раддабандиҳо аҳамият надиҳем, такмили соҳа сурат намегирад Зеро агар ҳар чи зудтар ба ин раддабандиҳо таваҷҷуҳ шавад, фурсат барои дидани худ дар назди оина имконпазир мегирдад. Барои беҳтар кардани ҷойгоҳи кишвар дар раддабандиҳои мазкур роҳандозии чораҳои систематик лозиманд, ки ба ду омили зерин вобаста аст: якум, эҷоди шароит ва ангеза додан (ҳавасманд кардан)-и олимону пажуҳишгарон аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва пажуҳишӣ (таҷрибаи ҳавасмандкунии муаллифони мақолаҳои пойгоҳҳои Scopus ва Web of Science дар баъзе донишгоҳҳо ба мушоҳида мерасад); дуюм, омодагии касбии худи олимону пажуҳишгарон, яъне то куҷо тавонмандиҳои онҳо ба таҳияи чунин мақолаҳо мерасад. Аслан маҷаллаҳои пойгоҳҳои Scopus ва Web of Science ду навъ мешаванд: маҷаллаҳои низоми анъанавӣ ва дастрасии озод (Open access). Маҷаллаҳои анъанавӣ барои нашри мақола аз муаллифон пул намегиранд, вале барои дастрасӣ ба мақолаҳои нашршуда аз хонанда пардохти муайянро талаб мекунанд. Дар ин ҳолат муаллифи мақола хароҷот надорад. Маҷаллаҳое, ки дар дастрасии озод ҳастанд, барои чопи мақола вобаста ба соҳа ва нуфузи маҷалла пардохти гуногунро талаб мекунанд (ба ҳисоби миёна 2-4 ҳазор доллари ИМА). Ин хароҷот барои таҳрир, ба нашр омода кардан, интишор, ҷойгир кардан дар низомҳои иқтибосотӣ ва нигоҳдории мақола дар интернет зарур аст. Дар шароити Тоҷикистон нашри мақола дар маҷаллаҳои низоми дастрасии озод кори душвор аст ва шояд шумори андаки олимону пажӯҳишгарон омода бошанд, ки барои нашри як мақола аз 2 то 4 ҳазор доллари ИМА сарф кунанд. Ҳамзамон, таҷрибаи маҷаллаҳои низоми дастрасии озод набояд бо чопи мақолаҳои пулакӣ омехта кунем. Чун имрӯзҳо ширкату созмонҳое зиёде ҳастанд, ки ҳақмузди муайянро аз довталаб гирифта, барои ӯ мақола менависанд ва онро дар ягон маҷалла ба нашр мерасонанд. Аҳамияти афзоиши мақолаҳои олимони кишвар дар пойгоҳҳои Scopus ва Web of Science-ро имрӯзҳо ҳама дарк мекунанд, чун барои боло рафтани ҷойгоҳи кишвар дар раддабандиҳои байналмилалии соҳавӣ мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, чунин тавсияҳоро пешкаш мекунем: Идома дорад...
Показати все...
👍 3
Перомуни густариши тавонмандиҳои илмию пажуҳишӣ дар Тоҷикистон (I) Андешаҳо дар ҳошияи дидори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони соҳаи илму маориф Шералӣ Ризоён, номзади илмҳои сиёсӣ Ризои Баҳромзод, номзади илмҳои физикаю математика Дар ҳамқалами бо Ризои Бахромзод тасмим гирифтем, бастаҳои мулоҳиза ва пешниҳодро перомуни густариши тавонмандиҳои илмию пажуҳишии кишвар омода кунем ва бахши аввали он бо номи "Ислоҳоти илм аз куҷо бояд оғоз шавад?" дар шумораи нави газетаи "Тоҷикистон" (№23 (1586) аз 05.06.2024) нашр гардид ва идома ҳафтаи оянда нашр мешаванд. Сарвари кишвар дар суханронии худ масъалаҳои муҳими рушди илму пажуҳишро матраҳ сохта, зери назорати худашон будани ин мавзуъро зикр карданд. Ҳамчунин, аз олимону пажуҳишгарон даъват карданд, ки мавқеи фаъолу созандаи шаҳрвандӣ дошта бошанд. Аз ин рӯ, мо якчанд нуктаро дар мақола овардем ва умедворем, ки ниҳодҳои масъулу ваколатдори давлатӣ ба онҳо таваҷҷуҳ мекунанд. Вуруд ба мавзуъ. Рӯзи 30 майи соли равон вохӯрии Роҳбари кишвар бо кормандони соҳаи илму маориф баргузор шуд. Дар суханронии худ Сарвари Тоҷикистон дастовардҳо, масъалаҳои муҳиму ҳалталаб ва боло бурдани тавонмандиҳои Тоҷикистон дар самти илму пажӯҳишро зикр карданд. Ҳамоиши мазкур замоне баргузор гардид, ки дар фазои расонаии байналмилалӣ чолишҳои ҷиддие барои имиҷи кишвар ва мардуми мо шакл гирифтаанд. Аз ин рӯ, густариши тавонмандиҳои миллӣ дар тамоми соҳаҳои афкорсозу имиҷсоз, аз он ҷумла илму пажуҳиш, ҳамчунин, муаррифии бештари дастовардҳои илми ҷаҳонӣ дар дохил ва имрӯзӣ кардани соҳа, ба вижа посухгӯй кардани он ба шароити ҷомеаи иттилоотӣ ба нафъи ҷомеаи мо хоҳад буд. Аҳамияти баргузории дидори мазкурро метавон чунин асоснок кард: Якум, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иҷтимоиро дар авлавиятҳои кори худ қарор дода, бахши бузурги буҷаи кишвар барои ниёзмандиҳои ин соҳа масраф мешавад. Соҳаи илму пажӯҳиш барои расидан ба ҳадафҳои олӣ, ба вижа иҷроӣ кардани Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 нақши ҳалкунанда дорад. Дуюм, идомаи ислоҳоти соҳаи илму пажуҳиш, ки бояд ҳамқадами тамоюлҳои ҷаҳонӣ бошад. Чун дар суханронии худ Сарвари кишвар ҷиддан таъкид карданд, ки давлатҳои пешрафта ин дастовардро дар заминаи рушди илму пажуҳиш ба даст овардаанд. Аз ин рӯ, дар кишвар низоми санҷиши натиҷанокии фаъолияти илмию пажуҳишӣ роҳандозӣ мегардад, ки як паҳлуи муҳими он интишори осори донишмандони тоҷик дар маҷаллаҳои маъруфи байналмилалӣ аст. Сеюм, аз мазмуни суханронии Сарвари кишвар бармеояд, ки маблағгузории соҳаи илму пажуҳиш ва маориф дар оянда боз меафзояд. Чун таъкид ба боло бурдани тавонмандиҳои инсонӣ дар кишвар бидуни илму пажуҳиш ва маорифи ҷавобгӯй ба равандҳои муосири ҷаҳонӣ ғайриимкон аст. Бо афзоиши маблағгузории давлатӣ – талабот ва интизориҳоро аз кормандони ин соҳаҳо низ бештар мекунад, ки як падидаи табиӣ аст. Дар умум, андешаҳои консептуалӣ дар дидор баён гардиданд, тамоми паҳлуҳои илму пажуҳиши ватанӣ, ба вижа густариши дастовардҳо ва роҳҳои ислоҳи камбудиҳо арзёбӣ шуданд. Дар ҳошияи андешаҳои Роҳбари кишвар тасмим гирифтем, чанд мулоҳизаю пешниҳодро ба таваҷҷуҳи ниҳодҳои ваколатдору масъули давлатӣ ва худи пажуҳишгарони ватанӣ пешкаш кунем. Чун дар ин марҳила худи далели баргузории дидор ва таҳлилу андешаҳои баёнгардида, ҳар фардеро, ки дилаш ба соҳаи илму пажӯҳиши кишвар месӯзад, бетараф гузошта наметавонад. Аз ин дидгоҳ, андешаҳои зер мавқеи муаллифон буда, танҳо ба хотири пешрафти илму пажуҳиш дар кишвар баён мегарданд. https://t.me/shrizoyon
Показати все...

👍 5
Repost from ФОНУС (fonews)
Фото недоступнеДивитись в Telegram
Ман формулаи муваффақиятро намедонам, аммо формулаи шикастро хеле хуб медонам, ки он талоши ба ҳама писанд омадан аст... ✍️Эрнест Ҳемингуэй
Показати все...
👍 6
Суханронии дирӯзаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар нишасти навбатии Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД дар шаҳри Олмотии Қазоқистон перомуни таҳдидҳои амниятӣ аз қаламрави Афғонистон ба кишварҳои узви ин созмон дар доираҳои минтақаӣ ба таври ҷиддӣ баррасӣ шудааст. Ба ин мавзуъ мухотабон аз Афғонистон вокуниш нишон дода, сухангӯйи Толибон гуфтааст, ки аз ҷуғрофиёи Афғонистон ба ҳеҷ кишваре таҳдиде сурат намегирад ва онҳо намегузоранд, ки ягон кишваре қаламравашонро барои осеб расонидан ба ҳамсояҳо истифода кунад. Нуктаҳои зикркардаи шаҳрдори Душанбе дар нишасти Олмотӣ баъзе равандҳои дохилии СААД-ро ба намош гузошт. Зеро маҳз дар ҳамин нишаст раисҷумҳури Қазоқистон эълом дошт, ки Толибонро аз листи созмонҳои мамнуъ берун кардаанд. Ҳарчанд як ангезаи муҳими таъсисёбии СААД дар моҳи майи соли 2002 - таҳдидҳои амниятии созмонҳои даҳшатафкан аз самти ҷануб қаламдод мешуд. Вазъи ҳозира пасларзаи аҷиберо ба вуҷуд овард: ё тамоми арзёбиҳои пештара, ки дар доираи Созмон перомуни таҳдидҳои амниятӣ ва хатари гуруҳҳои тундгарою даҳшатафкан анҷом шудаанд – воқеӣ набудаанд; ё манфиатҳои як ё гуруҳи кишварҳо сабаб шуданд, ки омили хатарзо ва таҳдидофар ба сарчашмаи фурсатҳои нави иқтисодию иртиботӣ тағйири мақом кунад. Албатта, ҳар кишвар ҳаққи ҳалол дорад, таърифи нави манфиатҳои миллии худро анҷом диҳад, аз рӯйи он амал кунад ва ин як падидаи табиӣ дар робитаҳои байналмилалӣ мебошад. Вале шикасти ривоятҳо, ба вижа сохтусозҳо перомуни таҳдидҳои амниятӣ, ки дар давоми даҳсолаҳои охир бо ҳадафҳои геополитикӣ ва тарс додани кишварҳои минтақа эҷоду паҳну пахш мешуданд, ба таври табиӣ дар ҳоли аз байн рафтану номубрам шудан қарор гирифтанд. Ҳолати мазкур назди таҳлилгарону пажуҳишгарони ватанӣ вазифаи навро мегузорад. Ин ҳам бошад, таърифи нави манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва тафсири нави хавф, таҳдид ва чолишҳо ба худсолорӣ, субот ва амнияти миллии кишвар аст. Шарҳи болоро барои он навиштам, ки каме пештар дар “Хабарҳои 6-и Кобул”-и телевизиони Afghanistan International иштирок карда, ба саволҳои муҷрии барнома перомуни нигарониҳо ва таҳдидҳои амниятӣ аз ҷуғрофиёи Афғонистон ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа посух гуфтам. Агар завқ доред, инҷо навори суҳбатро бубинед. https://t.me/shrizoyon
Показати все...
👏 4👍 1😁 1
Дар “Ахбори соати шаши аср” телевиони форсии ББС перомуни иқдоми Қазоқистон ва ангезаҳои берун кардани Толибон аз листи созмонҳои террористӣ суҳбат кардам ва аз дақиқаи 24:00 онро тамошо карда метавонед. https://t.me/shrizoyon
Показати все...
اخبار ساعت شش عصر

مهمترین سرخط خبرهای روز همراه با گزارش و گفتگو

👍 6 1
"Уфари муғулчаи сегоҳ" аз мақоми сегоҳ Ғазали Васлй Дар иҷрои Левй Бобохонов
Показати все...
Уфари_муғулчаи_сегоҳ_Левй_Бобохонов.mp39.24 MB