cookie

Ми використовуємо файли cookie для покращення вашого досвіду перегляду. Натиснувши «Прийняти все», ви погоджуєтеся на використання файлів cookie.

avatar

dushanbepolice

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Більше
Рекламні дописи
12 396
Підписники
-324 години
+1727 днів
+9630 днів

Триває завантаження даних...

Приріст підписників

Триває завантаження даних...

Фото недоступнеДивитись в Telegram
Бо баҳонаи фолбинӣ аз худ кардани ҷавоҳирот бо арзиши беш аз 30 000 доллар Мутаассифона то ҳол ҳастанд нафароне, ки гӯё ба соҳибкаромот ва истеъдоди фавқулодда доштани соҳирону фолбинон бовар мекунанд. Маҳз ҳамин боварист, ки то ҳол ин тоифаи муфтхурон аз байн нарафтаанд. Кормандони милитсия шаҳрванд Асоева Бунафша, соли таваллудаш 1989, сокини ш.Душанберо дастгир намуданд, ки аз содагиву зудбоварии шаҳрвандон истифода намуда, бо ваъдаи фолбиниву ҷодугарӣ ва ба истилоҳи мардумӣ гарм намудани муносибатҳои занону мардон, маблағҳои калони пулӣ ва ҷавоҳироти гаронарзиши занҳоро гирифта, аз они худ мекардааст. Аз ҷумла, аз як нафар ҷавонзани сокини пойтахт, барои шавҳарашро бо ӯ дилгарм намудан, шумораи зиёди ҷавоҳироти нуқрагину тиллогин, ки беш аз 30-ҳазор доларро ташкил медиҳанд, гирифта, дигар бозпас надодааст. Айни замон Асоева Бунафша дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Показати все...
👍 14 5👏 2😁 1
02:32
Відео недоступнеДивитись в Telegram
Аз ҷониби кормандони милитсия, шаҳрванд Саидов Ибодулло Аҳмадович, санаи таваллудаш 20.03.1973, ҳамчун гумонбар барои тайёр ва ба муомилот баровардани асъори қалбакӣ дастгир карда шуд. Номбурда қаблан 3-маротиба суд шуда, беш аз 25-соли умри худро дар маҳбас сипарӣ карда бошад ҳам вале ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, ба чунин ҷинояти махсусан вазнин даст задааст. Ҳоло нисбати ӯ тибқи талаботи моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Показати все...
26.26 MB
👍 19 4👏 3😁 3
Таҷлили пуршукӯҳи Рӯзи Ваҳдати миллӣ   Имрӯз дар толори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо иштироки сардори Раёсат генерал-майори милитсия Саидзода Шоҳрух, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони мақомоти милитсияи пойтахт, бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Нахуст, сардори мақомоти милитсияи пойтахт чорабинии тантанавиро ҳусни оғоз бахшида, табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилиро ба ҳайати шахсии мақомоти милитсия расонид. Зимни суханронӣ мавсуф таъкид дошт, ки «Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» ба имзо расид. Маҳз сиёсати оқилона, дурандешӣ, садоқатмандӣ ба халқу миллат ва сулҳхоҳии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки моҷароҷуӣ ва нофаҳмоиҳо дар кишварамон хомӯш гардида, суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин шуд. Миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ва сулҳу ваҳдат пойдор аст.» Ҳамзамон дар қисмати дигари чорабинии мазкур як қатор кормандон ва собиқадорони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе вобаста ба талошу ҷоннисориҳои фарзандони далеру шуҷоъи Ватан ва муҳиммияти ваҳдату ҳамдилӣ суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки мо-тоҷикону тоҷикистониён, махсусан кормандони мақомоти милитсия бояд дар атрофи Сарвари дурандеши худ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, дар партави дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо хизмати софдилонаю содиқона ва дасту дили пок Ватан ва пойтахти азизи кишварамонро обод гардонем. Зеро таъмини амнияту суботи сокинону меҳмонон ва шаҳрвандони хориҷию сайёҳон аз заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсияи пойтахт вобастагии калон дорад. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Показати все...
👍 28 5👏 2
👍 16👏 5 4
Фото недоступнеДивитись в Telegram
👏 37👍 18 1
Монеагӣ ба якдигар, сабабгори содиршавии ҷинояти авбошӣ Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ду нафар ронанда дастгир карда шуд.  Зимни санҷиш муайян гардид, ки санаи 21-июни соли ҷорӣ, тахминан соати 14:00, ронандаи «Опел-Зефира», рақами қайди давлатиаш 7481СТ01, шаҳрванд  Ахмедов Рустам Туйчиевич, санаи таваллудаш 04.01.1995, ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи С.Айнӣ бо шаҳрванд Ҳамроев Алишер Содиқович, санаи таваллудаш 3.04.1988, ронандаи автомашинаи «BYD», рақами қайди давлатиаш 7266TT09, аз сабаби барои аз роҳ гузаштан ба ҳамдигар роҳ надодан, номбурдагон бо якдигар муноқиша кардаанд. Чуноне аз навори дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашргардида дида мешавад, дастгиршуда Ахмедов Рустам бо лагат Ҳамроев Алишерро лату кӯб мекунад, ки дар натиҷа ӯ ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.  Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Показати все...
👏 22👍 13 2🤔 1🎉 1
Фото недоступнеДивитись в Telegram
Пахши роҳрӯб аз ҷониби ронандаи «Старекс» Санаи 22-юми июни соли ҷорӣ, тахминан соати 23:30 дақиқа дар кӯчаи Р.Набиеви ноҳияи Сино садамаи нақлиётӣ рух дод. Ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи "Хундай Старекс", рақамҳои қайди давлатиаш 1253CN01, Сафаров Фарҳод Ашуралиевич, санаи таваллудаш 17.05.1993, сокини шаҳри Ҳисор ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдуллоева Қурбонгул Акрамовна, санаи таваллудаш 15.07.1985, сокини шаҳри Душанбе, ки ҳамчун роҳрӯб дар Муасиссаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино фаъолият мекард, пахш намудааст. Мутаассифона дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ пиёдагард Абдуллоева Қ., бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронанда - Сафаров Фарҳод, тибқи талаботи моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Показати все...
😢 34👍 15 1🥰 1👌 1
Дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон: огоҳӣ барои паҳнсозии аксу наворҳои нимурёну ғайриахлоқӣ Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт, дар асоси муроҷиатҳои зиёди шаҳрвандон, барои нашру паҳнсозии аксу наворҳои нимурёну ғайриахлоқӣ, шаҳрванд Ҷӯраева Мукаррамахон Беҳзодовна, санаи таваллудаш 15.07.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас намуданд. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда низ муддатест дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм саҳифаи худро таъсис дода, мунтазам расм ва наворҳои нимурён ва берун аз одобу ахлоқ, ки ба шаъну шарафи зан-модари тоҷик иснод меоварад, паҳн кардааст. Чунин кирдорҳои номбурда боиси эроду вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардида, аз мақомоти милитсия дархост намуданд, ки ба амалҳои ӯ баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Зимни сӯҳбат ва баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ Ҷӯраева Мукаррамахон аз амалҳои содирнамудаи худ сидқан изҳори пушаймонӣ намуда, ҳамзамон ҷиҳати минбаъд ба чунин кирдор даст назадан, қатъиян огоҳонида шуд. Бо назардошти ҳолатҳои мазкур, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрвандонро огоҳ месозад, ки зимни истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ аз доираи одобу ахлоқ ва талаботи қонунҳои амалкунанда берун нараванд, зеро ҳар амалу рафтори ношоиста дар баробари ҷавобгарӣ дар назди қонун, ҳамзамон ба ахлоқ ва тафаккуру андешаи наврасон бетаъсир намемонад.! Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Показати все...
👍 99👏 14😁 13 9😢 1
👍 37😁 15 3👌 1
Риояи одобу ахлоқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳатмист! Шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба таври маҷозӣ ҳамчун макони ҷамъиятӣ шинохта мешаванд, доираи талабот ва одобу ахлоқи худро дошта, ҳар як нафар истифодабарандаи онро мебояд чунин талаботро ба таври ҳатмӣ риоя намояд. Дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шаҳрванд Муҳаммадиева Ҳусноро Шуҳратовна, санаи таваллудаш 06.08.1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм саҳифаи шахсии худро таъсис дода, бо мақсади зиёд намудани шумораи обуначиёни худ мунтазам расм ва наворҳои нимурёну гайриахлоқии худро нашр намудааст. Воқеан чунин амали ношоиста, ки берун аз одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва дур аз оини миллист, ба зеҳну ахлоқи наврасон таъсири манфии худро мерасонад. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Муҳаммадиева Ҳусноро маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба Суд ирсол карда шуд. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Показати все...
👍 96👏 16 10😁 10🔥 2🤔 1🤯 1
Оберіть інший тариф

На вашому тарифі доступна аналітика тільки для 5 каналів. Щоб отримати більше — оберіть інший тариф.