uk
Feedback
Умеди Нав

Умеди Нав

Відкрити в Telegram
1 122
Підписники
Немає даних24 години
Немає даних7 днів
-1430 день
Архів дописів
photo content

Рашк ба ҳар як шахс вуҷуд дорад. Ин дард ботини аст, ки дарун дарун инсонро ба ҳалокат мерасонад. Аз дарди Рашк ба як маслиҳат озод шуда наметавонед! Ҳамон вақт аз ин бемори шифо меёбед,ки Илми асосиро дастрас шавед, Худро шиносед,худро сидқан дӯст дошта тавонед,ва бо чашми қалб неъматҳои Иллоҳиро дида тавонед, он вақт рашк аз вуҷуди шумо меравад! Маслиҳати тиллоӣ! Ҳеҷ вақт ба инсони хиёнаткор, насиҳат накунед, агар шавҳаратон бошад! Ҳар як мард, аз бад будани хиёнат бохабар аст, ба қалби ҳар як мард, бад будани зино ва хиёнатро Худованд худаш огоҳ додааст. Дар баъзан ҳолатҳо, мардҳо ба ин роҳ роҳ гум мезананд, он вақт, барои мардҳо душвортарин ҳолат мешавад. Дар назар онҳо фосиқ метобанд, дар асл онҳо роҳгуманд. Агар занҳо дар ҳамин ҳолат, нолаву, норозигии худро пай дар ҳам баён созад, мард аз ин ҳолат дилгир шуда боз ба коми хиёнат ғарқ мешавад. Вақте дар хонаи худ мард, ороми ва роҳатро ҳис мекунад, аз ин роҳ бе ягон душворӣ баромада метавонад! Шумо хоҳед ки зиндагии хушбахтонаро дастрас шавед, аввал худро дӯст доред, то ҳаёт шуморо дӯст дорад. Худро дӯст доштан, ҷисми муқаддаси худро аз ғаму андӯҳи бефоида эҳтиром кардан аст. Равшании дунё аз Офтоб вобастаги дорад. Равшании оила аз зан. Ҳамсари шумо чи қадар хиёнат кор бошад, шумо ба руяш бо табассум бошед. Табассум ва муҳаббати шумо метавонад, мардро аз ин ҳолат барорад.

РАШК Рашк бадтарин дард аст, ки давояш ро на табиб медонад, ва на ҳабиб! Яъне рашк мисли оташ аст, дарун дарун, инсонро месузонад! Ҳар як чиз, ду роҳ дорад. Рашк ҳам : Ду роҳ дорад. Ҳам ҳикмат дорад, ва ҳам зулмат. Агар ба оташи рашк дода шави, оқибат ба пастию ба зулмат мебарад! Ва агар роҳи озод шудан хоҳӣ, аз ин оташи ноаён, ҳикмати бузург дорад! Албатта Рашк оссон нест, Ҳар он шахсе ки ба ин бемори гирифтор аст, дардашро танҳо худ медонаду боло Худованд,,, 1.Мубталои фосиқин! 2. Сафи обидин! 3. Роҳати солиҳин! Ин се калима, маънои бузург дорад! Вақте фосиқон, яъне хиёнаткорон хиёнат мекунанд! Як муддати кӯтоҳ, балки як лаҳзаина, бо ҳам мешаванд, ва ин ҳам аз назари мардум ва тамоми атрофиён пӯшида аст. Бадтарин инсони хиёнаткор ҳам, хиёнаташро ба ҷойҳое пинҳон амал месозад! Ба кадом мақсад хиёнатро пинҳон иҷро мекунанд, ин сирро ҳеҷ кас намедонад, балки ҳурмати мардум, ё шармандаю бадном нашудан дар байни мардум! Чи фикре бошад, ё чи мақсад, лекин пӯшида аст! Хиёнат ҳеҷ вақт аз субҳ то Шом, ва аз Шом то субҳ намешавад. Лекин!!! Рашк Мубталои фосиқин! Рашк бо сухтан, аз субҳ то Шом хиёнатро тасаввур мекунад, доим бо фикри фосиқи банд мешавад. Хиёнаткорро ошкор месозад, Ҳол он ки бадтарин, хислати инсони ошкор кардани сири пӯшидаи шахс аст! Ба сафи обидин! Барои аз ин дарди бедаво озод шудан, шахси тавоно метавонад, ба сафи некон қадам гузорад! Аз сухтану зулмат чи суд! Роҳати солиҳин! Аз тамоми фикрҳои бад, ва ноаниқе ки,бо чашми худ ҳақиқатро надида ,худро тозза нигоҳ дошта тавонистан! Ҳамеша бо роҳати қалб, ба ёди 👆худаш будан, бо муҳаббат зиндагиро дӯст дошта пеш бурдан, ҳикмати бузург дорад, ки инсони хиёнаткорро оссон ба сӯи ҳаёти худ бар мегардонад! Пайвастаги бо 👆худаш, ба тамоми дарди бедаво, даво аст! Ба тамоми мушкилиҳо, роҳнамо ба сӯи равшанӣ аст! Рашк бад нест, ага меъёр дошта бошад, ҳаёт боз ҳам ширинтар мешавад! Аз ҷумла ба мардҳо рашк, нишонаи мустаҳками( тавоноӣ) ва хушбахти аст!

Салом устоди азиз ягон маслихат дихед, барои дил гарм шудан ба зиндаги хаел мекунамки дар зиндагии ман ягон бехбуди намешавад ва хамавахт дар харосам чи коре нофорам пеш меряд. Бехад рашк дорам ба тамоми зану марди хиенаткор

Ассалом алейкум! Дӯстон ва ҳамватанони азиз! Рӯзатон ба хайру шодӣ ва пурбаракат бошад. Ҳамеша дар назари неки Худованди меҳр
Ассалом алейкум! Дӯстон ва ҳамватанони азиз! Рӯзатон ба хайру шодӣ ва пурбаракат бошад. Ҳамеша дар назари неки Худованди меҳрубон, саломату сарбаланд бошед!

Ассалом Ба Устод Ҷ. Рузимуродов. ва ҳаммаи аъзои гурӯҳ. Устод раҳмат ба шумо, ва шукр ба Худованд. Сабаб шудед,чашми ман аз ғафлат боз шуд. Ман фикр мекардам, асосии ҳаёт дорои аст. Ба кибр ғута будам, фикр мекардам, ман ҳамма чи дорам,касе бо ман баробар нест! Бо наздикони хд муомилаи сард доштам. Дилам намехост бо онҳо бошам. Имруз пеш аз ин суханҳора гуфтан, хандам мегирад. Бо ман касе озод гап зада наметавонист. Баъди каме бо шумо суҳбат, ба суратам бодиққат назар кардеду, қошҳоятонро баробар кунед гуфтед. Агар пештар ҳамин суханро ба ман касе мегуфт, давомашро худатон фаҳмед. Он қадар баъди шунидани ин сухан, аз шумо...вуҷудам гарм шуд, чи гуфтанаму чи кор карданамро надониста дарунан ҳаёҷон пахш кард. Ман охир Сардор... Ҳамин сухани кутоҳи шумо, маро он қадар дарс шуд, ки дар ҷои корам ҳам беҳбудиашро ҳис кардам. Мансаб ро на ҳар кас, дар роҳи Ҳақ дуруст бурда метавонистааст. Аз ҳамон руз ба гуфтаи шумо Баъди қошҳоямро баробар кардан, ба сарам як ороми даромад, ки он ҳолат ро бари гуфтан забон оҷизи мекунад. Ман имрузҳо на танҳо кибри худ, балки кибри як чанд нафарро дида метавонам. Чи қадар ин илм бузург будааст, ҳатто дар оила ҳам ғурур маро сахт карда бд. Ташаккур!!! Хело сабуки ро дастрас шудам, бо сабаби шумо!

ҲАҚИҚАТИ ҲОЛ! Дар давраи пеш, рӯзе зан ба ҳузури ҳазрат меравад, ва савол медиҳад. _ Ҳазрат барои чи занон ба мард итоат кунанд будааст! Чаро мардҳо ҳам ба зан итоат намекунанд? Ҳазрат мегуянд Ҳар ду баробар аст! Зан не ин тавр нест Ҳазрат! Агар ба шавҳар итоат накунӣ фардо дохили ҷаннат намешавӣ! Рост аст? Ҳазрат мегуяд; Чанд фарзанд доред? Зан ; Се писар дорам. Ҳазрат мегуяд; Агар се писар шуморо итоат накунад, пас ҷояш куҷост? Оё Ҷаннатро мебинад? Пас чи фарқият дорад, шумо итоати шавҳар ба ҷо оред, ва Писарон итоати шуморо ба ҷо оранд? Зан хело дуру дароз фикр карда, бо табассум аз ҳузури ҳазрат меравад!

Ассалом Ба Устод Ҷ. Рузимуродов. ва ҳаммаи аъзои гурӯҳ. Устод раҳмат ба шумо, ва шукр ба Худованд. Сабаб шудед,чашми ман аз ғафлат боз шуд. Ман фикр мекардам, асосии ҳаёт дорои аст. Ба кибр ғута будам, фикр мекардам, ман ҳамма чи дорам,касе бо ман баробар нест! Бо наздикони хд муомилаи сард доштам. Дилам намехост бо онҳо бошам. Имруз пеш аз ин суханҳора гуфтан, хандам мегирад. Бо ман касе озод гап зада наметавонист. Баъди каме бо шумо суҳбат, ба суратам бодиққат назар кардеду, қошҳоятонро баробар кунед гуфтед. Агар пештар ҳамин суханро ба ман касе мегуфт, давомашро худатон фаҳмед. Он қадар баъди шунидани ин сухан, аз шумо...вуҷудам гарм шуд, чи гуфтанаму чи кор карданамро надониста дарунан ҳаёҷон пахш кард. Ман охир Сардор... Ҳамин сухани кутоҳи шумо, маро он қадар дарс шуд, ки дар ҷои корам ҳам беҳбудиашро ҳис кардам. Мансаб ро на ҳар кас, дар роҳи Ҳақ дуруст бурда метавонистааст. Аз ҳамон руз ба гуфтаи шумо Баъди қошҳоямро баробар кардан, ба сарам як ороми даромад, ки он ҳолат ро бари гуфтан забон оҷизи мекунад. Ман имрузҳо на танҳо кибри худ, балки кибри як чанд нафарро дида метавонам. Чи қадар ин илм бузург будааст, ҳатто дар оила ҳам ғурур маро сахт карда бд. Ташаккур!!! Хело сабуки ро дастрас шудам, бо сабаби шумо!

_Мо доим дигаронро гунаҳкор мекунем! _ Мехоҳем ҳама ба хостаи мо бошанд! _ Аммо ҳеҷ гоҳ аз худамон оғоз намекунем! _Ин хатои бузурги мост. _Агар ҳар кас аз худ оғоз мекард, дар дунё асабоният ва айбдор куни набуд! _ Чашмони мо дар пеш ҷойгир аст, ва доим пешро мебинем, на худро. _ Дар вақти дидан, мо доим нуқс ва айбро меҷуем, на хубиро! _ Ҳар шахсе ки чашми қалбро ба сӯи худ боз кард, ва аввалин худро дида тавонист, ягон монеъа дар зиндагии ӯ пайдо намешавад! _ Ҳар як мушкили оссон роҳи ҳалли худро меёбад! Худшиносӣ Беҳтар аз ганҷ аст!

Саломуалекум! Устоди азиз. Ҷамшед, Рузимуродов. Авалин шукри Худо мекунам, ки барои ман илмашро ҳадя дод. Баъдан Устод аз шумо миннатдорам. Як сол мешавад, ба ин канали дониш :Умеди нав:пайваста ҳастам. Хело дигаргун шудам. Чи хел канали беҳтарин, бо забони фаҳмо, аз 0 то ба боло фаҳмиш месозӣ. Устод дар ҳақиқат, баъди курси Худшиносӣ, ман дар зиндагиям дар корҳоям руз то руз беҳбуди дида истодаам. Авал чумчихел доим таги дил сиёҳи доштам, бесабаб асабони мешудам, бе фикр дигаронро оссон меранҷондам. Дар савдо ҳам хатогиҳои худро озод дидам. Имруз шугр ки қалбам равшан шуд. Эй Худо ин қадар зиндаги равшану зебо будаасту, мо ин қадар сол чашми пушида мегаштаем. Устод аввалан узр, ман ин гапро ба шумо гуфта натавонистам, ман дар аввал шуморо боз як донои дигар баромад, фикр мекардам. Ва борҳо ба каментария ҳам навистам. Баъди дарс, вақте бо фикрҳо шинос шудем, чи қадар вақти худро, ҷояш ояд умрамонро бо чунин фикр ва гумонҳои мусур пур карда мегурзондаем. Ман шуморо нодуруст фаҳмидаам. Илм дар ҳақиқат, равшани будааст, ки қалби одамро аз торикиҳо мебарорад. Ман он пештара Муъминҷон нестам, рости ба худам баъзан ҳавас мекунам, ки Худро шинохта истодаам. Устодчон ман аз шумо боз як беҳтарин хислат, оромиро омухтам.Ороми, ҳамсуҳбататро то охири суханҳояш шунида тавонистан, дар ҳақиқат инсоният будааст. Модарам шуморо доим дуо мекунанд. Дар хонаи мо, мушкили асоси,мисли бозори бесару сомон, ин танҳо ман будаам. Таи чанд сол мешавад, дар савдо ҳам, дар зиндаги ҳам, доим норасои доштам. Ҳоло шукри Худо каме ҳам бошад, ба пасандоз сар кардам. Ба гуфтаи шумо Устодчон Мешудас, +=+ Ҳама минус -дар фикри мо будас. Болои ин ҳамма душвориҳо, доим ва доим мошинам бесабаб вайрон мешуд. Баъди сарам, фикрам тоза шудан, ҳатто мошинам маро азият намедиҳат, таърифаш накунам. Чи қадар гуям аз натиҷаҳоям, кам. Лекин мабодо мисли таъриф нашавад. Устодчон Худоро шукр. Илмеки бари мо мухлисон, ройгону,пулаки дода истодаед,ва мо қадам ба қадам пешравии фикрию ҳаёти дорем. Подошашро мехоҳем, Худованд ба шумо зиёдаш диҳад. Аҳли гуруҳи ин канал, ба шумо ҳам ин канал мисли ман фаҳмиши хуб дода бошад, хело хурсандам. Хело сабук ҳастам. Ташакур Устодчон Шогирди шумо Муъминҷон

ХУДАМ МЕДОНАМ! ИНРО ҲАММА МЕДОНАД! Як мард рузе, мақсад мегузорад, ки ба худ Устоде ёбад. Дар роҳ равон, бо дӯсташ во мехӯрад. Мақсадашро мегуяд, ва дӯсташ ро ҳам ҳам роҳ рафтан даъват мекунад. Дӯсташ мегуяд ман меравам, лекин ба як шарт! Пули маро ту медиҳӣ! Онҳо мераванд, ва бо Устод ҳамсуҳбат мешаванд, ба саволҳояшон ҷавоб мегиранд, яъне ҷавоби оддӣ. Мард ба Устод савол медиҳад. Устод чи гуна ягон бизнес ро интихоб кунам? Фикрам ончунон банд, кадомаш ро интихоб кунам намедонам? Устод як корро интихоб кунед, ки ба бизнес табдил дода шавад, ва баъд тамоми маълумотҳои нодаркорро аз саратон дур созед,фикрратонро дар бораи пешравии ҳамон кор пайваста созед. Бизнес танҳо бозор нест, бизнес тамоми роҳе ки мардум ба он ниёз доранд. Шумо зарурати мардумро бароварда мекунед, бе пул не, балки бо пул. Лекин шумо ҳам пешрави мекунед. Агар Ба шарте, бо сидқ он корро дуст дошта, иҷро кунед. Ҳеҷ вақт, бе ҳисоб китоб, ягон корро пеш набаред, хатогии муфлиси дар ҳаминҷо сар мешавад. Боз баъди чанд саволу, ҷавобҳо,,, Мард мегуяд; Устод Мехоҳам дигаргун шавам, ва сатҳи зиндагиамро хуб пеш барам Чи маслиҳат медиҳед? Устод як чанд маслиҳати оддӣ медиҳад, ва дар охир оромона, диққати мардро ба худ ҷалб карда Худоро бисёр ёд кунед! Лекин! Сидқан Устод рафиқи мардро хост, аз берун чизе биёрад, ва дар ҳамин асно ба мард гуфт, ба коре, дар дил завқ пайдо кардед, аз нафаҳмидагон маслиҳат напурсед, чунки инсоне ки накардааст, намешавад, мешуд ҳамма ин корро мекард, гуфта шуморо боз медоранд. Дар роҳи худ, устувор бошед. Ҳар як кор душвориҳо дорад, то роҳҳояшро омухтан мегуяд. Онҳо ба роҳ мебароянд. Рафиқ ногаҳон чунон механдад, гуё кори хандаовар шуду рафиқаш нафаҳмида монд. Чи шуд? Ба ҳоли ту хандаам меояд дустам! Чаро? Нодон! Ҳам пулат рафт! Ҳам чи маслиҳати болои гирифти? Ба ман ҳамин саволҳоро медодӣ? Ман худам беҳтарин ҷавобат медодам! На бо пул Рафиқ ҳастем! Онҳо ҳар яке бо ҳамин ба роҳи худ мераванд. Мард хело фикр мекунад, ба хотираш бизнеси чорво меояд. Мард хело чорворо бад медид. Аҷаб Ҳоло бошад завқи ӯ танҳо ба чорво омада истодааст. Як чанд маротиба фикр мекунад, ва нақша кашида корро сар мекунад. Устод аввал аз бизнеси хурд сар кунед, то дар борааш маълумот ва роҳҳояшро омухтан гуфта буд. Хулоса ; Корҳо хуб пешрави мекард, рузе мард боз назди Устод омад, ва гуфт, вақти фурухтан наздик аст, чи гуна фуруш кунам. Устод Саросема нашавед. Вақташ ояд, роҳ кушода мешавад. Шумо барои бизнес ро калонтар кардан фикр кунед! Рузе дар маъракае тасодуфан, мард бо фурушандаҳои чорво якҷо менишинанд. Онҳо аз ҳар су дар бораи молҳои фарбеҳ бо завқ суханрони мекарданд. Мард Саросема нашуда то охирон суханҳои онҳо ро шунид, ва бо онҳо ҳам кори кард. Баъди чанд мудат, ки ӯ тамоми роҳу равиши ин савдоро омухту,хуб пешрави дошт. Назди Устод барои ташаккур баён кардан меомад. Боз рафиқаш ро дид, ки он ҳоло дар як самт аст. Механдад, ҳоло дар ҳамин роҳ кашол ҳасти. Кай ақли ту медарояд? Ин гуна инсонҳо танҳо пули мардумро мехуранд! Мард аз ту як хоҳиш дорам! Бори охирон ҳам роҳи ман ба назди Устод меравӣ! Шояд ту ҳам як қадам ба пеш гузорӣ! Рафиқ мегуяд Барои рафиқиамон сухани ту ро қабул мекунам. Лекин Ҳеҷ гоҳ ман чунин аҳмоқ нестам. Онҳо назди Устод меоянд, ва мард натиҷаҳояшро мегуяд. Давоми шаш моҳ Аз даҳ сар ба сад сар чорво расонидам. Корҳоям мувофиқи гуфтаатон бо ҳисоб пешрави дорад. Чашмони рафиқ калон кушода мешавад, гуё гушҳояш дигар чизе шунида бошад. Дар назари ӯ танҳо ҳамон ҳолат меояд, ки Устод ӯ ро ба берун равон кард, ва сире ба рафиқаш гуфт. Чунки Устод чи маслиҳате дод, ӯ медонист. Хулоса; Ба Устод рӯй оварда гуфт, шумо чи сире гуфтед, ки ман намедонистам. Устод каме бо табассум Шумо ҳамма чиро медонед! Лекин! Донистан дигар аст! Тавонистан дигар аст!

photo content

Ассалом алейкум. Дӯстон ва ҳамватанони азиз! Рузатон ба хайру шодӣ бошад. Иди Ваҳдати миллӣ ба ҳаммагон муборак дӯстон!
Ассалом алейкум. Дӯстон ва ҳамватанони азиз! Рузатон ба хайру шодӣ бошад. Иди Ваҳдати миллӣ ба ҳаммагон муборак дӯстон!

АЗ БОЛОИ ХУД КОР КАРДАН, ЧИ МАЪНО ДОРАД? Рӯзе як мард, назди Устод меояд. Мехоҳам дигаргун шавам! Аммо роҳашро намедонам! Мехоҳам ривоҷ ёбам, пешрави кунам! Аммо чи гуна? Сарфаҳм намеравам! Аз фикрҳои беҳуда, дарди сар дорам, ягон корро то ба охир расонида наметавонам! Устод ; Замини кишт доред? Мард бале мегуяд. Лекин ! Боре дар хотир надорам, ки аз замини худ ҳосиле гирифта бошам. На дарахтон меваҳои хуб медиҳанд, ва на полиз. Рости ба замини худ ҳавсалаи нигоҳ карданам ҳам намонд Устод гуфт; Имруз ба замини худ, бо сабуки ва бо табассум медароед! Лекин Аз як гушааш корро сар мекунед. Баъди як моҳ маро ба сари замин мебаред! Он вақт ба шумо сири ривоҷёбиро мегуям. Мард ба хона меояд, фикр мекунад, дар назар ин корҳо хело душвор. Лекин Дар пеш ваъда истодааст, баъди як моҳ бояд Устодро ба сари замин даъват созад, ва сирри пешравиро аз Устод шунавад. Мард бо оилааш бо сабуки, бо табассум ба кор шурӯъ мекунад. Ҳар боре ки заминро аз алафҳои бегона тозза мекунад, ва меҳр ба дарахтон медиҳад, зебогии табиатро ҳис мекунад, дар қалбатон завқ пайдо мешавад. Давоми як моҳ дар замини мард, яъне дар боғ ягон намуд алафҳои бегона дар чашм намерасад. Мувофиқи ваъда Устодро даъват мекунад, ва интизори сири асоси мешавад. Онҳо хело суҳбат мекунанд, ва ниҳоят мард бесаброна пурсон мешавад. Устод сири пешравиро мегуфтед. Устод каме ба атроф назар мекунад, ва мегуяд; Баъди як моҳи дигар ба шумо сири асосиро мегуям. То як моҳи дигар шумо боз корҳоятонро аз ин дида зиёдтар,,, Лекин ҳамеша бо сабуки ва бо табассум давом диҳед! Аз байн як моҳ мегузарад, боғ дар назар мисли биҳишт метобад, аз ҳар тараф харидорон, меоянд. Дар боғ, руи кат тамоми нозу неъмате ки маҳсули дастони худ буд, мегузорад, ва Устодро даъват мекунад. Устод харидоронро нигоҳ мекунад, бо ҳавас ангурҳоро харидори доранд, памидор, бодиринг, ҳар он чизе ҳаст, сифати пеши бозорро дорад. Баъди суҳбати тулони Устод мегуяд, сирри пешравиро мехоҳед, ба шумо гуям. Мард бо табассум мегуяд. Ман аллакай дируз ҳис кардам. Сири дигаргуни ва ривоҷёби дар ҳаракат аст. Ва даруни ҳаракат, сабуки, ва табассум завқи инсонро бедор месозад. Ҳар як оила, боғ, бизнес, кадом кор ё корхонае бошад, ниёз ба меҳри инсони дорад. Қалби пурмеҳр,сабуки ва табассум, инсонро ба ҳаракат меорад. Сири ривоҷёби ва пешрави дар чунин ҳаракатҳо аст! Қонуни ҳаёт! Доду гирифт аст! Он чизе ки, мо ба ҳаёт дода метавонем! Ҳаёт ба мо даҳ баробар зиёд дода метавонад!

Ассалом алейкум. Дӯстон ва ҳамватанони азиз! Рӯзатон ба хайру шодӣ, ва қалбатон пурнур бошад. Аз даргоҳи Худованд, ҳамеша хур
Ассалом алейкум. Дӯстон ва ҳамватанони азиз! Рӯзатон ба хайру шодӣ, ва қалбатон пурнур бошад. Аз даргоҳи Худованд, ҳамеша хурсандӣ,ва пешраватонро хоҳонем!

БЕГУНОҲӢ ТО КУҶО? ✔️Марде барвақтар ба хона омад. ✔️Ҳамсарашро гирён дид. Пурсид: __ Чи шуд? Ҳамсараш гуфт: ___ Гунҷишкҳои дарахти баланд маро бе ҳиҷоб диданд, Худро гунаҳкор мебинам,,, __Мард гуфт: ___ Офарин! __ Ба ҳаёву ифатат эй зан! Мард он дарахтро аз реша нобуд мекунад, то ҳамсараш дар хонаи худ осуда бошад. __Аммо иттифоқан рӯзе барвақтар ба хона омад ва ҳамсарашро дар оғӯши марди дигаре дид... ✔️Чизе ногуфта,ба як умр хонаашро тарк карду рафт. ✔️Баъди муддате ба шаҳре расид. ✔️Дид, ки мардуми шаҳр, ҳама ҷамъ шудаанд. __Мард пурсид: ___ Ин ҷо чи гап аст? _ Мардум гуфтанд; ___ Хазинаи шоҳро ғорат карданд. __Мардумро бозпурси мекунанд. __Мард низ миёни издиҳом қарор гирифт ва чашмаш ба марде афтод, ки бо нӯги пояш роҳ мегашт. __Мард пурсид: __ Ин кист ва чаро чунин роҳ меравад? __Мардуми шаҳр гуфтанд: ___ Ин обиди шаҳр аст ва барои он бо нӯги пояш роҳ меравад, ки мабодо мурча ё махлуқи Худоро зери пой накунад. __Мард гуфт: _ Ман медонам дузд кист! Маро назди шоҳ баред! ✔️Ӯро назди шоҳ оварданд. __Мард гуфт: ___ Дузд обиди шаҳр аст! __Шоҳ фармон дод, ки обидро биёранд! __Ӯро оварданд ва иқрор шуд, ки дузд ҳамон аст. 'Шоҳ рӯй ба ин мард карду гуфт: __Ту аз ин шаҳр нести! __Моро намешиносӣ! __Аммо чи гуна донисти! __Ки дузд Обид аст? __Мард гуфт: __ Таҷриба ба ман нишон дод, ки ҳар нафаре то ҷое нишон додани покию дурусткорӣ, ва зиёд исрор кардани худро бо айбдор кардан, ва ё хуб нишон додан, кушиш мекунад, бо ҳамин роҳ ҷурму гуноҳашро пушидан мехоҳад! __Достони зиндагии имрӯзаи мост. __Шояд мо чизеро пинҳон мекунем,,, __Аммо гузашти замон онро ошкор хоҳад сохт!!! Хубии шахсро халқи Худо баҳо медиҳад! Дурӯғ бадтарин, ва пасттарин одат буда, ба худди инсон маълум намешавад, халқи Худо аз рафтор ва гуфтори ӯ бе хато ҳис мекунанд. Дар ҳаёт беҳтарин дарси инсонӣ! Таҷриба ва Худшиносӣ аст!!!

Ассалом ман хам бо ин сухани шумо шарикам местам бисер гущ кунам дарсоятонро баром ман суханои шумо Бовари дилпури ороми ва куват мебахшанд чазакаллоху хайран

Саломалекум. Устоз. Ман ҳам миннатдории худама мерасонам.ба шумо. Ман як сол пеш аз шумо дарс гирифтам. Дар мусофири бекор саргардон бдам. Ба кадом коре равам, бо як сабаб атказ мешуд. Қарзи он қадар калон набоша ҳам, аз банк қарздор бдам.ҳар руз аз ютуб соатҳо маълумот мекофтам, балки шабҳоҳам, мешунидам муваффақора, асоси ҳолро сарфаҳм на мерафтам. Аниқтараш бовари надоштам.ба навори шумо чашмам афтод, чи хеле шуд ки такрор ба такрори медидам, чи гуна бо кадом роҳ ба личкатон кофту коб навиштам, пул надоштам, қарз гирифта ба дарсатон иштирок кардам. Дар ҳаминҷо росташро гуям, баъди дарс худро чунон таҳқир мекардам, ки дида дониста ман дар ҳамин дарсро гирам, қарз гирифтам. Охирон дарси шумо ба ман таъсир кард, ки мақсади ман пул буд, мушкили ман пул, фикри ман пул, фикр мекардам ҳамин пулро ба ман касе диҳад. Хулоса бо впзифаҳои шумо ман тариқи Интернет кор ёфтам, мошини боркаши калон бд. Инак як сол аст ман дар ҳамин кор ҳастам. Маъошам хело баланд. Як мо шудес, маро ба роҳбари интихоб кард, ки болои коргарон роҳбар бошам. Яке ба скалатҳои калон бор мекашондам,имруз ба ҳамон роҳбариро пеш бурдестам. Шугри Худо оиладор шидам, ба наздикиҳо насиб аст, соҳиби фарзанд мешавам. Соҳиби хона шудам. Гарчанде падарам ва додарам ёри додест, ба хона хариам.Лекин ба ҳар яко яки мо, аъзои оила пешрави дида мешава. Дар оила қадр надоштам, маро бениҳоят ҳурмат мекнан.ҳамаги. Раҳмат ба ҳамаш. Ба шумо Устози азиз. Албата зиндаги печу тоб, душвориҳо доштак.ба ин душвориҳо мо набояд сар гум бошем, ба гуфтаи Устод мо танҳо нестем.Ҳар як мушкили ҳал шаванда будаст, Муҳим худро шинохта тавонистан. Ман қариб буд илмро ба сеюм руз тарк мекардам. Лекин Устоз мара гуфт, аз ҳаракати мо вобаста. Ман то ҳол дар роҳи илм ҳаракат дорам. Давоми як сол натиҷаҳои ман хело бисёр аст. Мақсади калон дар пеш гузоштим. Ба шумоён ҳам аҳли обуначиёни Устоз Ҷамшед раҳмат. Пешравиатонро мехоҳем.