uk
Feedback
Умеди Нав

Умеди Нав

Відкрити в Telegram
1 123
Підписники
+124 години
+17 днів
-1130 день
Архів дописів
Бовар кунед устод ман аз ин видои кардагиатон бисёр чизҳои лозимиро омӯхтам.Мехоҳам дар оянда бизнеси худро дошта бошам.Устоди гиромиқадр хуб мешуд ки ингуна видоёҳои лозими ки тарзи фикронии инсонҳо алалхусус ҷавононро дигар мекунад ва ба як " Умеди Нав" ҷаҳонро менигаранд зиёд мешуд бисёр хуб мешуд.Ман шахсан бо чунин устоди воқеан арҷманду арзанда мефахрам ва ҳар сухану гуфтаҳои эшонро сарманшаи кору пайкори хеш қарор медиҳам.Боқи устоди арҷманд тансихату хонаобод бошед ва доимо ана ҳаминхел чеҳракушода ва бо як ороми сухан бигуйед...Алоҳ ёру мададгоратон.....🤲

ҚИССАИ ҲАЁТӢ❗️ Зани танҳо бо се фарзанди наврасу ноболиғ дар чорроҳаи зиндаги бо машақатҳои бисёр дучор мешавад, роҳи зиндагиро гум мекунад, аз душвориҳои ҳаёт бе соҳиби сар азият кашида, ҳар вақт ба сараш фикрҳои бад пайдо мешавад. Зан дар даст охирон хело маблағи ночиз мемонад, ки ин ҳолат ӯро боз ба ташвиши сахттар меандозад. Фикр мекунад, ки се кудак хурдану пушидан дорад, ба ғайр аз ин, ҳар лаҳза инсони бепул ро проблемаҳои ҳаёти думболагир аст. Рузи бо кадом фикр, назди Устод меравад, ва барои пешбурди ҳаёташ, маслиҳат гирифтан мехоҳад. Аз ҳолати зиндагияш нақл мекунад. Устод каме фикр мекунад, ва мегуяд. Дар ҳастият чи қадар маблағ дорӣ? Зан хело ором меистад, ва бо ашки пинҳонкардаи глугираш бо овози паст, ҳаммаги 200 сомонӣ балки камтар ҳам. Устод бо як ним табассум мегуяд, бизнесмени калон мешавед. Зан аввал дарунан, аз гуфтаҳои Устод каме меранҷад, ва бо як нобоварона мепурсад. Чи гуна? Чи ҳунар доред? Зан дар ҷавоб, бо овози паст, ягон ҳунар надорам, ман дар вақташ на хондаам. Устод мегуяд! Пазандаги ягон хел пчёниҳои ё пухтани нон аз дастатон меояд? Зан метавонам; танҳо хонагӣ, барои оила гоҳҳо мепухтам. Устод маслиҳат медиҳад! Ба он пул ҳо масолеҳи пчёни гиред! Ва як чанд дона, асбобӣ аднараз. Замони ҳозираи мо ба ҳамма чиз оссон шуд, шумо метавонед, аз сомонаи Интернет ягон намуд пухтаниро омузед, ки камрасхот бошад, ва бомаззаву бозоргир! Дар шароити хона пухта, аз руи ҳисоби хараҷот ба аднаразиҳо меандозед,ва ба мағозаву супермаркетҳо муомила карда ба онҳо барои фурухта додан, роҳ меёбед. Зан бо бовариву нобовари аз назди Устод меравад, ва бо тамоми ҳасти аз паи ҳамин кор мешавад. Аз байн ҳаммаги шаш моҳ мегузарад, он зан боз назди Устод пайдо мешавад, ки бо чеҳраи хандон ва бо сари баланд. Ӯ ба Устод хело миннатдорӣ мекунад, ва мегуяд. Ҳамон руз ман ба он маслиҳати шумо даст бар задам, ва бо тамоми ҳасти кушидам. Дар рузи аввал ман аз 10 кг орд сар кардам, имруз бошад, ман сех иҷора гирифта тафдонҳои калон гирифтам, ва ҳафт нафар коргар дорам. Панҷ нафар коргари пазанда ду нафар фурушанда, ба магазину супермаркетҳо ва ба бозор шахсони шинос шуда. Хулоса; Ман Бренди худро гузошта, ва ҳоло роҳ бар ҳастам. Устод хело хурсанд мешавад, ва ашки чашмонаш мебарояд. Чунки ин зан дар аввал аз зиндаги безор шудану, ба фикри ҳархела рафтанаш ро бо ашки шашқатор гуфта буд. Имруз тарзи суханрониро ки, роҳ бар аст, ва ҳафт нафар метавонад, бо маъош таъмин кунад. Аҷоиб; Ҳар як кор аз хурдтарин сар мешавад, ва оҳиста оҳиста ба зинаи баланд бо мадади Худованд мерасад. Имруз он зани танҳо мақсад дорад, ки бизнеси худро боз ҳам калонтар созад.

ДАР ВАҚТИ ДУО ПАДАРУ МОДАРАТРО ФАРОМӮШ МАКУН! _Ҷавоне назди донишманд омада пурсид: _Устод, аз кадом, сабаб дуоҳоям мустаҷоб намегарданд? _ Устод пурсид; _Падару модарат ҳастанд? пурсид донишманд? _ Худоро шукр, падару модарам ҳар ду ҳаётанд, _ Гуфт ҷавон. _Ман аз ту напурсидам, ки падару модарат ҳаётанд! _Падару модарат ҳастанд гуфтам? _Яъне дар дуоҳое, ки мекунӣ! _ Падару модарат ҳам ҳастанд? _ Пурсид донишманд. _Не, дар дуоҳоям волидонамро зикр намекунам _ Сар хам кард ҷавон ва сабаби мустаҷоб нагардидани дуоҳояшро фаҳмида, хомӯш берун рафт. _Эй дӯст! _Чаро ба падару модари худ беэътибору бепарво ҳастӣ? _Шабу рӯз аз Худованд молу давлат, сарвати зиёд мепурсӣ, аммо ба боигарии воқеии худ _Ба Падару модарат саломатӣ орзу намекунӣ? _Чашматро боз кун! _ Аз ғафлат бедор шав! _Онҳо ғаниматанд!

Салом алейкум Субхатон ба хайру шоди бошад ин навистагихоро хонда боз хам мерам ба худам ва ба наздиконаму пайвандонам зиёд шуд бехтарин суханхо худованд аз шумо рози бошад рахмати калон устод ман аз шумо ва аз Аллох ки чунин бандахоро дар ин дунё ба тарбияти халку ватан офарид миннатдорам ташшукури зиёд зинда бошен хамеша худованд умри дарози бобаракат дихад хеле хурсанд шудам хеле миннатдор хастам ман.

Бехтарин суханхо устод,рахмат ба шумо

Агар ҳамин дарс ро се маротиба ба роҳат хонед, вақте фаҳмиш овардед, амал кунед, шумо аз ҳамма азиз кардаи Худованд мешавед. Ман ба ин гуфтаҳоям бовари комил дорам, вақте амал мекунед, ба шумо натиҷаҳо, пешравиҳо ва шириниҳои ҳаётро дастрас мешавед.

Салом чихел озод шавем хамаи гуфтагитон дар ман хаст барои мардум зиндаги кардам

Салом устод чи хел аз одатхои бад халос шавем

Агар мешуд дарсхои ройгон медодед. Аз шумо миннатдор мешудем.

ДАРСИ АСОСӢ ҚАЛБИ ХОЛӢ Барои чи ба инсон одатҳои бад бисёр аст? Сабаб дар чист? Сабаби асосӣ, қалби инсон холи аст. Аз ҳамин сабаб вуҷуди инсонро, доимо як вазнинӣ, парешонӣ,тарс, шубҳа, нобоварӣ,нафрат, ғазаб, стресс,норозигӣ,айбдоркунӣ,дилсардӣ фаро мегирад. Ин ҳолат аз руи таҷриба қариб ба 99% инсонҳо дида мешавад. Танҳо як фоиз инсонҳо қалби хотирҷамъ доранд, ки ҚАЛБИ онҳо ХОЛӢ нест. Қалби онҳо пур аз МЕҲР аст. Дар ҚАЛБИ онҳо МУҲАББАТИ ПАРВАРДИГОР . Вақте ки дар қалби инсон МЕҲР- и ҳақиқӣ ҷойгир аст, дар он қалб ягон одати бад роҳ ёфта наметавонад. Даруни МЕҲР шавқ, завқ ва МУҲАББАТ вуҷуд дорад. Ҷисму руҳи инсоне,ки дар Қалбаш МЕҲР вуҷуд дорад, Ҳамеша Қалбаш равшан, сабук, хурсанд, ва хушбахт аст. Хулоса; Тамоми одатҳои бад ро танҳо МЕҲР аз инсон дур карда метавонад. Инсоне ки Худро мешиносад, аввалин МЕҲР- ро ба даст меорад, ва қалби хотирҷамъ ро. Инсон ҳамма корро душвор фикр мекунад. Баъзеҳо фикр мекунад, тамоман одати бад надорад. Лекин; Одатҳои бад но намоён астанд, дар вуҷуди одам. Агар гуед, ки ту ҳамин хел одат дорӣ! Дар ҷавоб худди инсон намефаҳмад, ва гоҳҳо зуд меранҷад. Чунки инсон худро дида наметавонад. Чашмони инсон дар пеш аст, ва ҳамма дигаронро оссон дида метавонад, аммо худро не. Айнан Худшиносӣ дар ҳамин ҳолат метавонад, ба инсон роҳи худро дида тавонистанро омузад. Вақте МЕҲР мегуем,фикри инсон дарҳол ин суханҳоро,танҳо ба дустоштагон таалуқ дорад фикр мекунад. Дар асл чунин нест. Мо метавонем, ба роҳат, сидқан, ва ҳақиқӣ ба Офаридгори худ. Аллоҳам ман туро дӯст❤️ медорам гуем. Чи қадар сухани зебо, ки баробари ин суханро сидқан гуфтан, қалби инсон равшан ва сабуки ро ҳис мекунад. Аммо ба ин суханони зебо фаҳмиши мо намерасад! Мо метавонем, падару модари худро, додару хоҳари худро сидқан ва ҳақиқӣ ман шумоёнро дуст медорам гуем! Аммо кибри мо, намегузорад! Мо метавонем, фарзандони дигаронро не, фарзанди худамон ро сидқан, бо МУҲАББАТ ман шумоёнро дуст медорам, шумоён неъмати бебаҳо ҳастед гуем! Аммо мо метарсем, ки фарзанди мо аз худ, бе худ мешавад. Лекин!!! Намедонем ки сири ҳаёти зебо дар ҳамин нуқта аст!

Устоди аззиз арзи сипоси беандоза бузург бар шумо бод.Ман тӯли 2 моҳ мешавад аз гуфтаву суханҳои шумо ва видиоҳои пурмазмуне ки як ҷаҳон панду андарз дар он ниҳон аст гуш ва пайгири менамоям.Воқеан ман суханҳои шуморо мешунавам дилам оромишро эҳсос менамоям.Бовари дорам ба ояндаи наздик,,умеди нав,,ва нияту нақшаҳои наву бузург.Ман орзуи саломатии Шуморо дорам устоди воқеан арҷманду арзанда.Бовари дорам рӯзе бо шумо вомехӯрам,ва аз наздик суҳбат мекунам.Бо як ҷаҳон арзу муҳаббати самими шунавандаи шумо Лоиқ....

ҲИКОЯТИ ИБРАТОМЕЗ ❗️ Дар замони қадим марде ба як подшоҳ ду уқоби навзодро тӯҳфа мекунад. _ Шоҳ уқобҳоро ба мураббии паррандагони дарбор медиҳад ва мегўяд! _ Онҳоро ба шикор кардан омӯзад! _Пас аз як моҳ мураббӣ назди подшоҳ омада мегӯяд! _Яке аз уқобҳо ба шикор омода аст. _ Аммо намедонам аз чӣ сабаб бошад _ Уқоби дуввум аз ҳамон рӯзи аввал, ки онро рӯйи шохе гузошта будем, аз ҷой намеҷунбад! _Подшоҳ дар тааҷҷуб мемонад ва фармон медиҳад; _Ҳаммаи табибон ва маслиҳатчиёни дарбор коре кунед, то уқоб парвоз кунад! _Аммо мушовирон аз ўҳдаи ин кор набаромаданд. _Рӯзи дигар подшоҳ дастур медиҳад. _ Ба мардум эълон кунанд _Ҳар касе уқобро ба парвоз дароварад, тўҳфаи қиматбаҳо медиҳам! _ Субҳи дигар подшоҳ мебинад, ки уқоби дуввум низ дар боғ парвоз мекунад. _Шоҳ мефармояд; _ Ки уқобро ба парвоз даровардааст, ӯ биёранд! _Дарбориён марди деҳқонеро назди шоҳ меоранд ва мегӯянд. _ Ӯ уқобро ба парвоз даровардааст! _Подшоҳ мепурсад; – Ту уқобро ба парвоз даровардӣ? _ Ин корро чӣ гуна иҷро кардӣ? _ Шояд афсунгар ҳастӣ? _ Деҳқон гуфт; – Сарварам, ин як амали оддӣ буд! _Ман танҳо шохеро, ки уқоб дар он нишаста буд, буридам! _ Уқоб фаҳмид, ки бол дорад ва парвоз кард. Хулоса; _ Гоҳе барои боло рафтан, мебояд шохаҳои зери поямонро бибурем! _Парвоз карданро, боло рафтанро биёмӯзем! _ Барои парвоз кардан, ва шохаҳоеки монеаи пешравии имрузаи мо мешавад! _ Ҳамчун деҳқон бо роҳи оддӣ он шохаҳоро метавонем, бартараф кунем! _ То ба мақсадҳои худ дастрас шавем. _ Барои шохаро бартараф кардан, ба мо танҳо Илм ва дониш лозим асту бас!!!

Устоз,бехтарин,бехтарин ,бехтар 👍👍👍👍👍👍👍👍👍👍👍👍👍 👏👏👏👏👏👏👏👏👏👏👏👏👏

Устод мо бо шумо фахр мекунем