uk
Feedback
Умеди Нав

Умеди Нав

Відкрити в Telegram
1 123
Підписники
Немає даних24 години
+27 днів
-1030 день
Архів дописів
Асалом устоди гиромикадр рузатон ба хайру шоди бошад аз малумоти 🥰фойдаовар минатдор Ман то он даме, ки Ман курсхои шуморо наомухта фикр мекардам, ки Ман хамаро бахшидам хамаро чихеле ки хастанд Кабул кардам гуфта мегаштам лекин калбам фикрхоям оромиш хис намекардам фикрхо чукур рафта калбам фикрам ором набуд, парешонхол будам ,ман фикр мекардам,ки тамоми кори Ман дуруст, Ман бисëр хато фикр мекардем аз хамин сабаб тамоми кори Ман бар акс шуда меомадаст,Шукргузори ба Оллох ва ба шумо ки илмхои додаатонро ичро кардам ва калбам хаминкадар фикрхоям оромиш пайдо шуд, ва хозир Ман хамчунон хушбахт пур аз мехру махаббат калбам фикрхоям руз то руз бехтар хубтар шуда истодааст, тамоми чиба Ман зебоги бетакроро дида истодаам МО ки худамонро ислох карда аз болои худамон ва фикрхоямон дуруст кор кунем дуруст фикр кунем хамаш иншооллох хуб мешудаст,

photo content

   Ҳангоме ки мо Қуръонро меомўзем, пандҳои пайямбарон ва бузургонро меомўзем, бояд аз ин хазина чизеро касб кунем, ки бароямон дар рӯҳияи солим зиндагӣ кардан кумак намояд. Маълум аст, ки яке аз ҳадафҳои рисолати Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ин такмили ахлоқи башарӣ буд ва таърих гувоҳ аст, ки ў як зиндагии парҳезкорона ва беолоишро ба сар мебурд ва кӯшиш мекард то ба василаи рафтори хеш як намунаи ахлоқӣ барои мардум бошад. Аз сабақҳои ахлоқӣ, ки аз мутолиаи зиндагиномаи Муҳаммад (с) меомӯзем, ин ба кор гирифтани асли ахлоқии афв ва бахшидани гуноҳ аст. Афв фармудан муборак хислатест, Ҳар ки дорад афв соҳидавлатест.  Дил зи нури афв равшан мешавад,  Аз насимаш сина гулшан мешавад. Дӯст дорад афвро Парвардигор, Ҳар чи Эзид дӯст дорад, дӯст дор

Дар ҳақиқат бахшидан пок сохтан ва полоиши қалбу ҷон аст ва инсонро бо нури маънавият ошно ва ба олами малакут пайваст менамояд.

    Марде назди Расули акрам (с) омада гуфт: “-Ё Расуллаллоҳ, маро васияте кун  ба коре, ки чун он кор кунам, аз оташи дӯзах халос ёбам?”. Расули акрам (с) гуфтанд, ки дар ғазаб машав. Он мард борҳо мегуфт: “– Ё Расулаллох (с), маро васият кун”. Расули акрам (с) ҳамин мегуфт, ки ғазаб макун. Маро коре биёмӯз, ки бад-он ба биҳишт равам. Гуфтанд: Хашмгин машав, биҳишт турост (Аҳмади Дониш). Ҳар касе фурў хўрад хашмро ва қодир бошад бар рондани он хашм, Худованди таъоло дили ӯро пурамну имон гардонад (ҳадис). Ба ҳар сурат авфу бахшиш ягона роҳи халосӣ аз ин амали манфур аст. Бахшидан ва афв кардан ба манзалаи пулест ба сӯи Худованд, ишқ, муҳаббат ва саодат. Дини мубини Ислом инсонро ҳамеша барои пиёда намудани дӯстию бародарӣ, дастгирию кумак кардан ва бахшидани ҳамдигар тарғибу ташвиқ менамояд. Худованд дар сураи Бақара мефармояд: «Эй Парвардигори мо бар мо он чиро манеҳ, ки моро бар он тавон нест. Ва аз мо даргузар ва моро биомурз ва бар мо бибахшой…» [Қ.2.286]. Паёмбар (с) низ ҳамеша дар дуоҳои хеш мегуфтанд: «Парвардигоро, ҳар оина Ту бахшандаи меҳрубон ҳастӣ, моро бубахш ва аз гуноҳони мо даргузар». «...Пас авф кунанд ва даргузаранд. Магар шумо дӯст надоред, ки Худованд шуморо биомурзад? Ва Худо бахшандаи меҳрубон аст» 

Беҳтарин хислати инсони ин бахшидан аст

Одаме,ки ғурур дорад ба ҷойе расидан барояш мушкил аст.

Устод роҳи бахшидана фаҳмонед ман чизе дар дарунам аст ки наметонам бахшида бисёр кӯшиш мекунам аммо натонистам

Ғаму дунё махур е дил ғаму дунё саҳар дорад Зи бе сабри макаш ташвиш шаби ялдо саҳар дорад

Дар бораи бахшидан,фикрҳоятонро баён кунед дӯстон

photo content

Бо бахшидан руҳи мо сабук мешавад,қалби мо ором мешавад.Вақте қалбу руҳи мо ором аст,ба мо беҳтарин идеаҳо ва пешравиҳо меояд.Инсон чи қадар зиқ ва ранҷида аст,ҳамон қадар ба кору фаъолияташ праблемаҳо пайдо мешавад. Инсон чи қадар хурсанд аст,аз ӯ душвориҳо дур мешавад,ҳамон қадар ҳаёт хурсандиҳо меорад.

Бахшидан ба ҳолати рӯҳии мо чи манфиат меорад,аз ҷиҳати психологӣ?

Ҳар як инсон гуноҳ мекунад,ва хато мекунад,дониста дили касеро мешиканад,ва надониста роҳгум мезанад.Аз ҳамин сабаб инсон аввал худашро бахшад,ба суи Офаридгор рӯ оварда,ки Офаридгор худ бахшандаи меҳрубон аст,ва тавбакунандагонро дӯст медорад.Дубора ҳаракат кунем,ва ҳаракат кунед барои такрор накардан. Бахшидани атроф ки нисбати мо бадтарин корҳоро карданд ё гуфтанд,бениҳоят душвор аст. Лекин Тавоноии бахшида тавонистан,на ба ҳар кас муяссар мешавад.Ҳар инсон худро гӯё ҳақ ҳисоб мекунад,ва ба ғурур дода мешавад. Лекин сири бахшида тавонистанро на ҳар кас медонад.Ҳамон шахсоне медонанд,ки сири бузургтарин ва калиди омад дар ҳамин бахшидан аст. Имруз ман барои ҳар яки шумо аз Худованди бахшандаи меҳрубон ин тавоноиро мехоҳам,ки калиди омад,ва қалби хотирҷамъро насиб шавед. Бениҳоят бисёр инсонҳои сарватманд,ва доро.Лекин ҳамма чиз доранд,қалби ором надоранд,доим қалбашон сиё ё ноором,гӯё чизе мехоҳанд,лекин намедонанд ки он чи чиз аст. Барои ба ин чиз расидан,барои ба қалби хотирҷамъ расидан,Меҳри Парвардигор ва меҳри атрофиён норасо аст. Шунидани ин суханҳо ба ҳамма сахт аст,лекин ҳамин суханҳо дуруст аст. То метавонем,дар қалби мо заррае аз ягон шахс ранҷиш намонад.

Ин дарси бахшидан,агар чанде такрор шуд.Боз давом медиҳем.Чунки барои инсон,роҳи аз болои худ кор кардан,аввалин қадам аст.

Бахшидани худ ва дигарон

photo content

Салом алейкум Дустон ва ҳамватанони азиз. Рузи Саъиди Ҷумъа муборак ба ҳамагон. Худованди бахшандаю меҳрубон дар ин рузи Саъид гуноҳони ҳар яки моро бахшида,моро ҳамешаги ба роҳи рост ҳидоят карда,ба худаш азиз созад.

photo content

Салом алейкум Рузатон ба хайр Апаву хоҳарони азиз. 3 нафари дигарро ба курси "ШУКРОНА" қабул мекунем,ва то ҳафтаи оянда дигар қабул намекунем

Умеди Нав - Статистика та аналітика Telegram каналу @umedinav