1 104
Підписники
Немає даних24 години
+17 днів
+230 днів
Архів дописів
1 104
БАДТАРИН ОДАТ
ВА
БЕҲТАРИН ВАЗИФА
:-: :-: :-: :-: :-: :-:
,,,__,,, _,,,
Бадтарин одат
Барои ҳар як инсон ин
ГУМОНИ БАД аст.
Гумони бад одати ботинӣ,яъне одати пӯшида.
Дар тамоми ҳолат инсонро Гумони бад, ғалаба мекунад.
Масалан;
Дар вақти қарздорӣ, инсон доимо ба Гумони бад ғӯта мезанад.
Агар ин корро намекардам,ҳоло қарздор намебудам...
Аз қарз баромада метавониста бошам?
Ман бо ин корам ҳеҷ гоҳ то охири умр аз қарз баромада наметавонам.
Ё
Чизе гум шавад.
Ки гирифта бошад?
Фарзанд, шавҳар, ё ҳамсар каме дер ояд,,,
Чи ҳодиса рух дода бошад?
Ё дар ҳолати рашк ва хиёнат...
чи гуна фикрҳои бад пахш мекунад, ки баъзан инсон ба изтироб меафтад.
Кадом коре ки бар акс шавад, Гумони бад( фикрҳои бад) инсонро пахш мекунад, дар баъзан ҳолат сари инсон аз фикрҳои беасос дуруст кор намекунад.
Гумони бад, бадтарин одате аст, ки инсонро дарун дарун нобуд ҳам месозад. Яъне сиёҳии дил, ва парешонҳолатӣ аст.
Мақсади
Гумони бад ҳаётро, худро гунаҳкор сохтан, ё гунаҳкор ҷустан. Инсон чи қадар Гумони бад созад,ҳамон қадар мушкилиаш печ дар пеш мешавад, ва роҳ гум мезанад.
Норизогӣ
Пешаки хавотирӣ( переживат)
Яъне бо худ бесабаб ҷагидан!!!
__
ВАЗИФАИ БЕҲТАРИН !
Ҳар як воқеъа, ва ҳар як мушкили дар ҳаёти инсон, аз ҷониби Худо аст, ва паси ҳар якеи онҳо ҳикмати бузурге ҳаст, агар инсон инро ҳис карда тавонад.
_______
Вазифаи беҳтарин, ва роҳи аз тамоми Гумони бад оссон озод шудан!
Субҳ ҳангоми рӯзро бо хурсанди оғоз кардан
" Худоё мадад кун
То дар нақшаҳои ту Гумони бад насозам"
Ва
Дар тамоми ҳолате ки барои мо мушкил метобад, ё дар мушкили дучор мешавем!
"Худоё мадад кун
То дар ҳаққи ту Гумони бад насозам"
Ин ҷумла, дар назар оддӣ метобад, лекин натиҷаҳои бузург дорад, агар маънояшро ҳис кунед, беҳтарин вазифа аст, ки дар ҳақиқат инсонро аз Гумонҳои бад дур месозад.Фикрҳоро тозза
Ва қалбро равшан месозад.
_
1 104
Устод хазор рахмат Ман пештар худамро доно мегирифтам сухани шахсро гуш накарда сухани худро мегуфтам натича намешуд аз рузеки Шумо гуфтед гуш карда тавонед гуш мекунам ба як карори хуб меоем Шукронаи Аллох корам пеш рафта истодааст
1 104
Қалбам он қадар нафрат пур шудастки номашро гиранд, аъзои вуҷудам ба хашм меомад.
Рӯзе шавҳарам туро ба назди психолог мебарам, гуфтанд. Ман фикр кардам, психикаи ман вайрон шудааст, ки маро ба назди психолог мебурдаанд.
Ба шавҳарам не гуям, боз сар мекунад мағалро, боз таънасор мекунад, фикр кардам.
Дам ба дарун омода шуда бо ҳамроҳи шавҳар ба назди психолог омадем.
Гуё ягон кори ғалат карда бошам, баъди ин воқеъа,доим гулуям маҳкам мешуд, ва дастонам меларзид.Яъне фикран,тарс пайдо карда будаам.
Баъди бо психолог Устод Ҷамшеди Рузимурод ҳамсуҳбат шудан, ҳолати руҳиям он қадар хуб шуд, ки на танҳо тарсам, балки фикри бади чандин солаам аз ман рафт.
Вазифаҳо қалбамро роҳат медиҳад.
Аз вақте ки худро шинохтани аз кудаки баромадан ва ба воя расидан ҷисму руҳан чизе мехостам, худ намедонистам, ки ман чиро мехоҳам,аммо доим ба ман чизе намерасид. Тамоми шароитам муҳаё буд, ҳар руз дастонам пул мешуморид. Беҳтарин Саёҳатҳо буд, лекин боз ба ман дарунан чизе норасо буд, яъне аз худ қонеъ набудам. Вақте дарс гирифтам, гӯё қалбам чизи хостаи худро дарёфт, яъне қалбам хотирҷамъ шуд.
Зиндагии мо боз ҳам пур маъно шуд, ки барои зиёд таъриф кардан тарс мекунам боз яке чашм нарасад😂
Ба Устоди азиз раҳмат,ва миннатдориамро мерасонам,ва ба ҳаммаи ин гуруҳбуда ташакур мекунам.
Ба ман ин канал мисли як хурсанди аст, ки агар ҳар руз ба ин сайт надароям хумор мегирад, яъне хумори илму қиссаҳои беҳтарин.
Ба ҳамма хушбахти мехоҳам.
1 104
Асалому алекум
Устоди азиз ва дустони дар ин гуруҳ буда.
Ман ҳам хостам аз натиҷаҳои худ ба шумоён баён созам.
Ин ҚИССАИ ИБРАТОМЕЗ ро на ҳар кас сарфаҳм меравад.
Дар ҳақиқат шунида тавонистан як тавонои аст, ки на ҳар кас, аз ин фаросат кор бурда метавонад!
Аз асри 20 то асри 21 албатта саргушаштҳо китоб мешаванд.
Мехоҳед китоби беҳтарин хонед😅.
Ман ва шавҳарам одамони асри 20 ҳастем.
Ба давру замони мо қонунҳои волидайн дар ҷои аввал буд.
Ман ва шавҳарам бо хоҳиши падару модаронамон оила барпо сохтагием.
Росташро гуям, беҳад як дигарро бад медидем, хело бо ҳам наздик будем, ва қариб дар як ҷояги ба воя расидем гуям ҳам, хато намешавад. Аз вақти хурди то ба камолот бо ҳам муросо надоштем. Аз рафторҳои мо падару модарони мо бохабар буданд, ва дидаву дониста моро боз бо ҳам оиладор сохтанд.
Рузи ақду никоҳ ҳам мо вақт ҷудо карда, бо ҳам ҷанг карда гирифта будем.
Ҳоло дар хонаи шавҳарам наомада. 😂
Хулоса туй шуд, чандин сол шавҳарам, муҳоҷират меравад, меояд, мо аз дурии ҳамдигар буд, ё назари неки Худо, ба ҳам меҳр пайдо кардем.
Шавҳарам хост дар Тоҷикистон ба ватани худамо бизнес оғоз кунад.
Шавҳарам бизнес оғоз кард.
:Либоса:
Маро ба худ ҳам кор сохт, ҳарду соҳибкор шудем.
Зиндаги ширин, кор хуб пешрави дорад.
Ҳар ду ба ҳар сӯ дамгири тамошо меравем, лекин давоми ин қадар сол, боре ҳам шавҳарам ба ман, бо забонаш, ман туро дӯст медорам намегуфт 😇
Дар рафторҳои мо муҳабат, дар зиндагиамон баракат ҷорӣ буд, лекин аз содагии ман бошад, доим дар фикрам, мо ҳамдигарро но хоста оиладор шудагием.
Шавҳарам маро дӯст намедорад, чарх мезад.
Рузе дар поёни дом, писарчаи хурдакаки ҳамсоя даву тоз доштаасту нохост афтида гиря мекунад, ва бачаи ман давон онро аз ҷой вақти хезондан, модари бача овози фарзандашро шунида меояд, ки дар назараш бачаи ман уро зада афтонда бошад.
Он қадар мағал, бо доду фарёд ба бачаи ман даргир мешавад.
Азбаски бачаи ман калон буд, мефаҳмонад, ҳамсоя гуши шунидан надошт.
Ман аз ин ҳодиса тамоман бехабар, аз кор тарафи хона меомадам, ки зан бо ман даргир шуд, рости ман ҳайрон ба даҳонам чизе намеомад, фикр кардам бачаи ман, ҳақиқат ин корро кардааст.
Шавҳарам мошинро яксу гузошту, омад ва ин ҳолатро дида ба ману бачам чунон дод гуфт, қариб ҷонам барояд.
Ба хона даромадем,шавҳармро бас карда намешуд.
Бачам фаҳмондан мехост.
Шавҳарам шунида наметавонист.
Дар охир гуфт;
Ту шуми ҳаромзода ...дар пешонаи ман аз куҷо омади, ин қадар сол умрам бе орзу хазон шуд, ман аз аввал аз ту безор будам, бачаат ранги худат шуми ҳаромзода.
Назди ҳамсояҳо обруям рехтед,гуфта баромада рафт.
Гушҳоям қулф зад, аз шарм, аз таҳқиру пастзаниҳо. Шавҳарам бегоҳ ба хона дер омад.
Лекин ман дарунан дар оташ месухтам.
Мард нохоста гирад, ба зан он чизе мехоҳад гуфта, қалбашро шикаста метавонад.
Лекин зан нохоста гирад ҳам, мисли гунаҳкор забон мебандад. Эҳ чи қадар барои зан мушкил буданашро танҳо Худо медонад.
Баъди ҳамма хоб, соати 2 и шаб, ба поёни дом фаромадам, ба фикрам танҳо худкушӣ.
Дар поёни хонаи мо, аз пушт мошинроҳи калони шаҳр, худро ба мошинроҳ расонидам,мақсади ман худро зери мошин партофтан буд, ҳангоми мошинро нишонгирифтанам, он қадар дасти боқуввате маро манъ кард, ки чи шуданаш дар хотирам нест, танҳо суханони шавҳарам ба гушам садо медод,
Азиза ман туро дуст медорам. Чи қадар туро дуст доштанамро чаро намефаҳми. Ба гушҳоям бовар на мекардам.
Шавҳарам ки инсони Худо бохабар буд, аз назди мо баромада камераи назоратиро дарёфт карда, асли воқеъаро мебинад, ки бачам рост мегуфтааст.
Яъне дар онҷо ягон воқеъа нашудааст, кудак худ афтидааст, ва бачаам хостааст, ба кӯдак барои хезондан кумак кардааст.
Аз ҳеҷ чиз, як воқеъаи калон пайдо шуд, ки қариб...ҳатто ба забон овардан душвор.
Баъди каме ҳолатам хуб шудан, шавҳарам гуфт, маро бахшетон, ҳамроҳи бачат.
Шумо дар онҷо ҳеҷ гуноҳ надоштаен.
Ман ҳаммаашро бо чашми худ дида ба ҳамсоя нишон додам. Хело хиҷолат кашид.
Мумкин наздат узрпурси ояд.
1 104
ҚИССАИ ИБРАТОМЕЗ!
Марди сарватманде умраш ба охир мерасад, ва тамоми дороияш ба ҳамсараш ва панҷ фарзандаш боқи мемонад.
Аз байн чанд сол мегузарад, зан бемор мешавад, ва мехоҳад моликияти худро ба фарзандон тақсим кунад.
Ҳамма фарзандонашро наздаш мехонад.
Ба чор нафараш,хонаву дар, ва дороияшро баробар тақсим мекунад.
Лекин, ба як фарзандаш танҳо як ангуштари ва як коғази навишта медиҳад.
Ва аз он фарзандаш хоҳиш мекунад, то ман аз ин ҳаёт чашм напушам, онро боз накун!
Фарзанд қабул мекунад.
Лекин чор нафар бародарон, ба ин қадар дороиҳои худ қонеъ нашуда, дарунан фикри бад мекунанд, ки модар ба ин коғаз чи қадар дороиҳои пинҳониашро ҷой карда бошад.
Модар баъди тақсимот чашм мепушад, ва бародарон ба модар неву ба додари коғаздор дар меафтанд, то коғазро кушояд, ва назди ҳамагон хонад.
Хулоса ба ҳолаш намегузоранд, ва коғазро аз дасташ гирифта мехонанд, ки дар он чунин навишта шуда буд.
Фарзандам ;
Дар тамоми ҳолати зиндагӣ аз фаросатат кор бар.
Бо ҳар касе ҳамсуҳбат мешави, суханҳои ҳамсуҳбататро то ба охир шунида тавон.
Бародарон мехонданду нобоварона, ба ҳар суи коғаз гаштаву баргашта нигоҳи нобоварона мекарданд, ки дар куҷое модар Сире нагузошта бошад.
Коғазро супориданду,баъди маъракаҳои модар, доим он додари худро масхара мекарданд.
Ба ҳар сухан,
Аз фаросатат кор гир, касе чизе мегуяд, то ба охир гуш кун!
Аз байн чанд муддат мегузарад, аз дигар давлатҳо сармоядорон меоянд, ва барои ҳам кори оилаи онҳоро интихоб мекунанд, ки онҳо сарватманд калон шудаанду, сармояро дуруст кор бурда метавонанд гуфта.
Бародари калониро даъват мекунанд, ва мақсади худро фаҳмонидани мешаванд.
Шумоён оилаи сарватмандон ҳастед, мо мехоҳем ки...
Давоми суханро нагуфта, бародар фикр мекунад, ки онҳо аз ӯ чиҳо талаб доранд, сухани онҳоро нашунида, ман вақт надорам, хело корҳоям бисёр гуфта аз назди онҳо меравад.
Сармоядорон фикр мекунанд, ӯ дар ҳақиқат вақт надорад, бародари дигариро даъват мекунанд.
Ӯ ҳам чунин суханро то ба охир намешунавад, ва роҳи худро пеш мегирад.
Сармоягузорон бародаре ки модар коғаз дода буд, ҳамонро ба ҳамкори даъват мекунанд.
Ӯ дар суҳбати онҳо менишинад, ва аз руи гуфтаи модар, суханҳояшонро то ба охир гуш медиҳад.
Ва фикр карда бо онҳо ҳамкориро қабул мекунад.
Сармоягузорон пешаки ҳаққи хизмати онро як ҳиссаашро медиҳанд, ки баробари миллион буд.
Мард мегуяд, ҳануз мо корро сар накардем.Чи гуна ман ҳаққи хизматро гирам.
Онҳо мегуянд, ки ин ҳоло як ҳиссааш.
Кори ободониро оғоз мекунанд.Мард, Фаъолон ва ҳунармандонро ҷамъ карда, дар муддати кутоҳ корҳоро бо сифати баланд ба анҷом мерасонад.
Хулоса ;
Мард ба ҳар кор ором ва бо хурсанди аз фаросаташ кор мегирад, ки корҳои хубу манфиати мешавад.
Руз аз руз додар Соҳиби молу мулки зиёд мешавад, ки бародарон аз ҳолати беҳтарини ӯ бохабар шуда, ба пурсу ҷӯ меоянд. Фикр мекунанд, ки аниқ модар ба ӯ чизе аз дорои худ ба қимматиҳо додааст. Мард ба бародаронаш,
Асли воқеъаро гуфта медиҳад, онҳо бовар намекунанд, ва ба назди ҳамкорони бародар пинҳони омада мепурсанд. Онҳо мегуянд, дар асл шумоён бояд бо мо ҳамкор мешудед.
Лекин
Шумоён барои ҳамкори кардан вақт надоштед, бародари шуморо мо даъват кардем, ва бо ҳам ҳамкори карда истодаем...
Бародарон фикр карданд, ки бо кадом роҳе набошад бо онҳо ҳамкори бояд кард.
Аммо додари онҳо рози нашуд, шарт гузошт, то шунида тавонистанро ба худ наомӯзед, ҳеҷ гоҳ бо ман ҳамкор намешавед.
Аз байн чанд муддат гузашт, ниҳоят ба бародарон фаҳмиши асоси омад, ки модар интихоби дуруст кардааст.
Чаро ба мо дороияш ро доду ба додарамон танҳо як ангуштарӣ?
Чаро мо боз талош доштему, додари мо ором бо як ангуштарӣ сабр кард,аз модар чизе талаб накард, ва ҳеҷ ба дороии мо ягон аксул амал нишон надод?
Чаро мо давлате ки ба пои худ ба мо меомад, ( сармоядорони барои ҳамкорӣ) шунида натавонистем?
Ин ҳамма як фаҳмиши оддӣ набуд!
Хулоса ;
Модар барои додари мо, як навиштаҷотӣ оддӣ не, балки ганҷи бебаҳо мерос гузошта рафт.
Ки ин мерос қиммат тар аст, аз ҳазор дороии ба мо додааш!
1 104
Саломалекум
Устодҷон ва ҳамгуруҳони азиз.
Ман яке аз мухлисони шумо.
Як сол мешава дар ин гуруҳум.
Боре бо шумо вонахурдам, ё дарс нагрифтаам.
Лекин, аз ҳами каналтон бисёр чизҳоро омухтем, хело ва хело дар ҳаётум тағиротҳо шд. Падари сахтгир бдам, барои писар надоштанм дарун зиқ мешидам.
Баъди қиссаҳои дар боло бударо хондан, ба ма фаҳмиш омад, гулдухтаронамро ба Худованд шукргузори мекнам.
Оилаам беҳтарин олиҳаи ҳаётам аст, инро ма баъди дарсҳои шумо, хело фаҳмиш овардм, қалбам ороми пайдош кард. Ма рости пеш ин қадар сол чира фикр мекардам, чаро асабони мешудам, чаро хдро идора кардан иқа осон
Будагиша фаҳмиш намекадм.
Ина худро идора кардан, чиқа осон бда. Дунё ра ба кадом сабаб тангу зиқ медидем.
Шукри Хдо ки имруз ман дарси асосии Устоди азизро нагрифта бо ҳами дарсҳо ҳам хело хурсандира эҳсос дорм.
Падару модар тонда раҳмат Устоди азиз.
Боз ба бозори корвон савдо дорум, пойафзол.
Савдои ман пеш хуб бд, на онқадар.Ҳозир боша шукронаи Худо аз савдоям бениҳоят розиюм.
Ман ҳам аз шмо миннадорм
Устоди беҳтарини мо
1 104
Салом ба ахлигрух ман аслидин ягжахон ташакур авал бо устози азиз жамшед рузмуродов аз рузеки машварат гирифтам худма шинохтам сипосгузорам
1 104
Асалому алейкум.
Устоди азиз Рузимуродов.
Ва ҳамаи дар ин канали беҳтарину илму дониш бда.
Ҷӯрабек ҳастам, яке аз шогирдони Устод, ки як сол боз наворҳои Устодро пайгири мекадам, ва шаш моҳ пеш ба дарсҳояшон тариқи онлайн иштирок кадам.
Вазъиятам хело вазнин бд, қарздорӣ ва асабонӣ бар замми ин мушкилоти оилави, аз хд безор бдам.
Вақте ба сайти Устод навистам, ва вазъияти хдро ро фаҳмонидам, маълумот дар бораи дарсҳои Устод хостам, онҳо ба ма фаҳмондан, ки қарз яке аз мушкилиҳои фикри бда ба як маслиҳат намешава, ва шумо ин курсро гирифта ҳамон замон аз қарз озод намешавед, фикронатона дига мекнед, қалби хотирҷамъро меомузед,қарз хдш аз ҳаёти шумо мебрава.
Аз ин маълумот як моҳ дилам хиник шуд, рости бовариам наумад.Пас аз як моҳ чи хел ма тариқи онлайн курс гирифтам, худ нафаҳмидам.
Беҳтарин дарс, олӣ, чор руз бо Устод дарс карем, вазифаи беҳтарин бд, ки амал кардани ин вазифа ба қаъри дилам роҳат мебахшид. Қалбам ором бд, ҳар лаҳза фикр мекардам гуё ҳозир ба ма кадом хуш хабаре мешава.
Хулоса аз байн панҷ моҳ гузашт, ма ҳеҷ аз қарзм озод намешавам, лекин доим вазифаам, миннатдориам аз ҳаёт ҳамроҳам бд. Рӯзе кор чи хел шуд, ки ма хдм нафаҳмидам, як дустам ки шиноси пештарам бд, вохурдем, ва гуфт як мошин бор( сохтмони) мебиёрам, фуруш фоидата гир, корта пеш бар, бо ҳамин ма корма давом додам, давоми як ҳафта аз қарзи калон баромадм.боз фоидаи хуб ба даст овардам, ки бори дустамро баргардонам. Даруни кор бо Шер яке аз шогидони Устод шинос шудам, ки у ҳам дарс гирифта ба натиҷаҳои хуб расида.
Устоди азиз Рузимуродов, дар ҳақиқат беҳтарин инсонед.
Мо аз шумо миннатдор.
Дарсе ки ма гирифтм, шукри Худо ва ба сабаби шмо, зеботарин илм бд, ки оилаи ма пур аз равшани ва асабониятам аз ма осон рафт.
Ҷисму руҳам сабук шуд.
Дар охир аз шумо хоҳиши бисёр калон дорем, Устоди азиз, наворҳоятонро бисёр бароред, ма доим наворҳои шуморо пайгири дорам.
Ҳамеша дар ҳифзи Худои меҳрубон бошед Устоди азиз.
1 104
Асалому алайкум устоди Азиз устоди мехрубон устоди хушсухан.
Устод шумо бенихоят инсони хуб хастен ва шумо сабабгор Чи Кадар инсонхо аз рохои Бад дур шудан яъне аз кина кина гирифтан газабнок шудан Бад бини кардан хулас аз бисёр хислатхои Бад дури карданро омузондед.
Устодам Ман шукргузорам аз Аллохи якаву ягона Ки шумоворе инсони покдил хуб сухангуй ба мо ру ба ру кард то Ки мо низ сидкан хубро аз Бад чудо карда тавонем ташакури зиёд устодчон
Ва худи Ман бисёр хислатхои Бад буд да вучудам бо сабаби шумо шукронаи Аллохи мехрубон тавонистам дур созам ва Айни Ман вактамро Хар Субхи барвакт ба китобхони ба навиштачотхои шумо Хонда Назар мекуна сидкан ташакури зиёд минатдории худро ва тамоми Ахли гурухро ба шумо мерасонам
Сорбон будам яке шогирдонатон Ки бисёр чизхора аз шумо умухтам
Мувафак бошен бо эхтиром
1 104
Ба Шумо акаи Чамшед ва ба тамоми коргарони Шумо ва ба апаи азиз менеджери Шумо саломи худро мерасонам ва иди гузаштаи Истиклолияти Чумхурии Точикистони азизро ба хамаи миллати сохибточи худ табрик мегуям ва бигзор миллати сохибточи моро боз хам сохибточтар гардонад!❤️❤️❤️❤️❤️❤️❤️❤️❤️❤️❤️❤️🫶🫶🫶🫶🫶🫶🫶🫶🫶!
1 104
Алейкум бар салом.
Саволи беҳтарин.
Хело хурсандем,барои аз қарзҳоятон озод шуданатон.
Шукронаи Худованд.
На танҳо шумо қариб 99 % одамон ҳамин хел одат доранд, ба ҳамма маслиҳат додан оссон аст.
Лекин худ амал кардан душвортарин кор аст.
Илми Худшиносӣ барои инсон ҳамин роҳро нишон медиҳад, ки аввал худро шинос, аввал худро дида тавон, ба амал кардан, аввал қадами худро гузор!
Ба шумо илми асосӣ намерасад, ки гоҳ ба кор завқ доред, гоҳ дилмонда мешавед.
Инсонро МАҚСАД ба пеш ҳаракат медиҳад.
МАҚСАДи аниқ.
Маълумотҳо,навору видёроликҳои инсонҳои муваффақ як муддат ба инсон руҳболидагӣ( матевация) медиҳад.
Илме ки шумо дастрас мешавед, дар тамоми ҳолат, дар сахтиҳои мушкилиҳо ҳамеша руҳболидагии( матевацияи) беохир медиҳад.
Ба ҳаммаи шумоён саломати ва пешравӣ мехоҳем
1 104
Асалому алейкум устоди Азиз ман аз шумо бенихоят минатдорам ман 40хазор сомони карздор будам аз руи маслихатхои шумо амал карда аз карзам халос шудам аммо вактхои охир Ким чихел худамро норохоат хис мекунам ба одамон мотивация медихам рох нишон медихам мефахмонам вале вакте худам ягон кор ё ягон бизнесро бо шавк сар мекунам бад аз як мудати кутох дигар дилам намекашад ва дастам пеш намеравад ки хамон коро то охир бо шавку завк тамом кунам фикронаам хело хуб аст сарам ба мисли компютер кор мекунад амо намедонам аз чи хисоб вактхои охир ин хел шудаам .
Устоди Азиз ба ман ягон маслихат медодед ман чи кор кунам то аз ин холат рахо ёбам ба ман чи намерасида бошад намедонам илтимос устод ба ман чавоб дихед.
1 104
Алейкум бар салом.
Хело саволи беҳтарин.
Дар инсоният се хислати хуб вазифа аст. Ки яке аз онҳо кам гапи аст.
Лекин дар баъзан ҳолатҳо кам гапи ҳам душвор аст, чи хеле ки дар байни рафиқонатон гуфтед.
Ба шумо тавсия ;
Китоб хонед, китоби нутқи забон.
Ва китобҳои психологӣ.
Китобро дар аввал бисёр нахонед, як ду варақ ё як матн.
Чи хондед дар оилаатон ҳамонро маънояш ро гуфта диҳед.
Ба телефонатон худро сиёмка карда 3 дақиқа ё 5 дақиқа гап занед. Аввал шарм мекунед, сони як чанд маротиба такрор сохтед, роҳи гап зани кушода мешавад, яъне тавоноиятонро ҳис мекунед.
Кӯшиш кунед, сухани шумо аз маъноҳои беҳтарин кушода шавад. Аз бисёр гап задани бемантиқу пур мусур, кам гапи маънодор хубтар.
Метавонед!
Агар хоҳиш дошта бошед!
Чунки ба ҳар хоҳиш ва мақсад, ҳангоми ҳаракат Худованд мадад мекунад.
Агар ин роҳ ба шумо ба хости дилатон кумак накард,
Илми Худшиносиро гиред.
1 104
ҲИЛОЛИ АҲМАР
Суханони росту ахлоқи хушхӯ,
Сармашқи ҳар як инсони некӯ.
Дар аҳду паймон ҳам устуворӣ
Ҳар фардро эмин дорад зи адӯ.
Не молу давлат, балки хоксорӣ,
Зеб медиҳад моро ҳар замон.
Тарбияи нек дар зиндагонӣ,
Ному ёди нек монад зи инсон.
Дар охирон марг сарнавишти мост ,
Танҳо ёди нек монад дар олам.
Ҳар ки рафтори накӯро дорост,
Ёдгорӣ шеър аст аз баҳри одам.
Инсон будан аз ҳама афзал аст,
Одамгарӣ дар мадди аввал аст.
Ҳам адлу инсоф меҳру садоқат,
Меҳру рафқат Ҳилол Аҳмар аст.
