uk
Feedback
Умеди Нав

Умеди Нав

Відкрити в Telegram
1 124
Підписники
+124 години
+17 днів
-1130 день
Архів дописів
Ҷавобҳо ҳамма дуруст аст. Лекин каме маънои асосӣ лозим. Шояд касе баранда шавад. Ин бегоҳ мо бояд як баранда интихоб кунем.

Алейкум бар салом. Номи китоб Ключ аст. Автор; Ждовиталӣ

Салом малекум устод АМУ КИТОБИ ХУЮШКАДАИ КАДОМ КИТОБАИАИ ДАР ПЕШТ БИГИРЕМ БХОНЕМШ ДАР РАМАЗАН БАРОЯТОН МУАФАКИЯТ

Касе ҷавоби дуруст дод, консультатция ро дастрас мешавад.

Худшиносӣ чи гуна аст? Инсон худро кай шинохта метавонад?
Худшиносӣ чи гуна аст? Инсон худро кай шинохта метавонад?

Тест ба ҳамма

АССАЛОМ АЛЕЙКУМ. ДУСТОН ВА ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ! РУЗАТОН БА ХАЙРУ БО БАРАКАТ БОШАД. ДАР ИН МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН ХУДОВАНДИ МЕҲРУБОН
АССАЛОМ АЛЕЙКУМ. ДУСТОН ВА ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ! РУЗАТОН БА ХАЙРУ БО БАРАКАТ БОШАД. ДАР ИН МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН ХУДОВАНДИ МЕҲРУБОН БА ҲАММАИ МОВУ ШУМО НАЗАРИ НЕК СОЗАД.

Дилатро хонаи ман кун,мусаффо карданаш бо ман, Ба ман дарди дил ифшо кун,мудово карданаш бо ман. Биафшон қатраи ашке,ки ман ҳастам харидораш, Биёвар қатрае ихлос,ки дарё карданаш бо ман. Агар гум кардаи ҷоно,калиди хонаи моро, Биё як лаҳза бо мо бош,ки пайдо карданаш бо ман. Агар дарҳо ба руят баста шуд,дил бад макун боз ой, Дар ин хона ту қуфл боз кун,ки ҳам воз карданаш бо ман. Ба мо гуй ҳоҷати худро,иҷобат мекунам онро, Талаб кун ончиро хоҳи,муҳайё карданаш бо ман. Биё қабл аз вуқуъи марг,ту равшан кун ҳисобатро, Биёвар неку бадро ҷамъ,ки минҳо карданаш бо ман. Агар умре гунаҳ карди,машав навмед аз раҳмат, Ту тавбаномаро бинвис,ки имзо карданаш бо ман. Дуруди Худованд бар шумо ва бар оилаву наздикони шумо👆 Рузи Саиди Ҷумъа муборак бошад 🤲🤗

ҲИКОЯТИ ИБРАТБАХШ. _Марде доим дар тоату ибодат буд. _ Тоат мекард, ғизо мехурд, ва ғизо хурад ҳам бисёр хаста мешуд. _ Рузе як пири нурони бо ӯ дуст шуданро таклиф кард. _ Мард хело хурсанд шуд, ва дустиро бо ин пир қабул кард. _ Бо ҳам қариб як ҳафта буданд, пир чизе намехурд,лекин хаста намешуд. _Мард хело ҳайрон мешуд, дар охир суол кард. _ Чизе намехури ва хаставу бемадор ҳам намешавӣ. _ Сираш дар чист, ки дар ин мартаба расидӣ. _ Пир гуфт; _ Мехоҳи омузам? _ Мард гуфт, алатта мехоҳам! _ Пир гуфт, ягон гунаҳи вазнин бикун, ва сахт тавба бикун! _ Мард ҳайрон шуд. _ Чи хел гунаҳ тааҷуб кард! _ Одам бикуш! _ Мард тарсид, ман ин корро наметавонам. _ Пас зино бикун! _ Инро ҳам наметавонам. _ Пас Арақ бинуш! _ Мард хело фикр кард, ва гуфт Арақ чизи он қадар бад нест, ба касе зарар нахоҳам кард. _ Мард рафт Арақ нушид, сархуш шуд, ва ба зани фурушандаи Арақ ҳавас кард. _ Дар хона омад, ҳамсари худро дид, бо либосҳои пушида, ғазаболуд шуд, ба ҳамсар мағал бардошт,бе сабаб, ва аз хона берун рафт, бо он зан зино кард. Дар қалбаш тарси мардум фаҳманд, шарманда мешавам, фаромад ва он занро аз байн бурд. _ Дар байни халқ миш-миш,овозаҳо паҳн шуд. _ Мардро барои ин гунаҳ фармони дор доданд. _ Вақте бар гардани мард, ҳалқаи дорро карданд, он пир наздаш пайдо шуд. _ Мард ба он пир гуфт; _ Ту кистӣ? _ Бо маслиҳатҳои ту ман имруз разил шудам! _ Роҳгум шудам! _ Мард наздик омад ва гуфт; _ Мехоҳи аз ин дор туро озод кунам? _ Мард гуфт; алатта мехоҳам! _ Пир гуфт; ба ман саҷда кун! _ Мард ҳайрон шуд, чи гуна бо ин ҳол,ки дастонам баста, ва ҳалқа ба сар, ба ту саҷда кунам? _ Пир гуфт; _ Бо имо ва ишора! _ Он марди роҳгум бо имо ва ишора ба ӯ саҷда кард, ва худро табоҳ кард. Сабаби ин марди бо тоату ибодат буда, ва роҳгум зада дар чи буд? Сабаб; Бе Илм будан, ва соддадилӣ. Агар Илм медошт! Медонист ки саҷда танҳо ба ягона Офаридгораш аст. Илм барои инсон, чароғ аст, ҳам чун дар шаби торик! Илм роҳнамо ва роҳкушо аст! Илм ободии ҳар ду ҷаҳон аст! Бе Илм марав ба зидагонӣ! Гарчанд ки, ту подшоҳи замонӣ

❗️Оре, гоҳо мард будан ҳам сахт аст! _ То роҳ меёбӣ,то месозӣ! _ То метавонӣ, ё аз даст медиҳӣ! _ Ғам дорӣ аммо бояд қаввӣ бошӣ! _Буғз гулӯгират кардааст! _Аммо иҷозаи гиря надорӣ! _Дилат навозишҳои кӯдакона мехоҳад! _Аммо на! _Ту дигар мардӣ! _ Агар аз ақл кор гирӣ! _Ба ҳамма кор роҳ ёбӣ! Лекин!!! _ Ҳеҷ гоҳ ноумед мабош! _ Чунки ту Худо дорӣ! ХУДОИ МЕҲРУБОН ДОРӢ

АССАЛОМ АЛЕЙКУМ. ДУСТОН ВА ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ. РУЗАТОН БА ХАЙРУ ҚАЛБАТОН ПУРНУР БОШАД. ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН, ЯКЕ АЗ ШОГИРДОНИ ЯКСОЛАИ МО, КИ СОЛИ ГУЗАШТА ИЛМ ГИРИФТАНРО ДАР МОҲИ РАМАЗОН ОҒОЗ КАРДА БУДАНД, ИМРУЗ ДАР ХОНАИ АЛЛОҲИ МЕҲРУБОН ВА ДАР ИН МОҲИ МУБОРАК, ЗИЁРАТ ДОРАНД. РАҲМАТИ ХУДОВАНД БА РАМАЗОН ВА БА ҲАР ЯКО ЯКИ МОВУ ШУМО НАСИБ БОШАД. ЗИЁРАТАТОНРО АЛЛОҲИ МЕҲРУБОН ҚАБУЛ СОЗАД.

Аудио от Менеджер Психолога

Аудио от Менеджер Психолога

Меҳри ҳақиқӣ ва самимӣ Меҳрварзи‌ ба фарзанди кучак, дар оғӯш гирифтан, бусиданаш ва бо лутф ва меҳрубони бо он рафтор кардан, аз ҷумлаи амале аст, ки Аллохи меҳрубон, аз онҳо рози‌ ва хушнуд буда ва дар муқобили онхо подош гузоштаас. Ҳар шахс кудакро навозиш мекунад, ва бар табассуми кудак табассум зам мекунад, ва меҳри ҳақиқи беминнат дода метавонад! Ҳам падару модар ва ҳам он кудак имрузу фардои дурахшон дорад. Чи қадар кудакро азият медиҳи! Бо забонат, бо бозуву дастонат, ва ё бо нигоҳи дилхарошат, огоҳ бош ҳаёт оби чашми туро беасос мерезонад! Зеро тифл, кудак, наврас, навҷавон, азизи Худо аст!

photo content

photo content

photo content

Қиссаи зани бехона. _ Дар Арабистон шаҳри Риёз,оилаи фақире буд, ки онҳо хона надоштанд. Моҳи Шарифи Рамазон омад. _Зан ба фарзандонаш гуфт: _ Ман давоми як моҳ,ҳар бегоҳ пеш аз ифтор дуо мекунам, шумо ҳам бо ман ҳамроҳ шавед! _Зан ба шавҳар нигоҳ карда, шумоҳам ба мо ҳамроҳ Омин мегуед? _ Бегоҳ вақти ифтор шуд. _ Зан ба Худованд дуо кард, ки эй Худои мерубон барои мо хонаи беҳтарин ҳадя кун, ки дар наздаш дарёи калон бошад. _ Шавҳараш ҳайрон пурсид! _ Хона ку Мулк, ба мо лозим! _ Пас дарё барои чи? _ Ту медони ки ин кор номумкин аст! Дар ин сарзамини Арабистон хона ва дар наздаш дарё тааҷуб кард. _ Зан бо бовари ва бе дудилаги гуфт; _ Худованд агар хоҳад, дар биёбон дарё ба ӯ оссон аст, ва ман бовари дорам ки ин кор мешавад. _ Онҳо 30 руз руза гирифтанд,ҳар бегоҳ зан, ба Худованд дуо мекард, аммо соҳиби хона нашуданд. _Баъди Рамазон шавҳараш гуфт; _ Як моҳ дуо кардем, лекин соҳиби хона нашудем. Зан ҳамоно бешубҳа мегуфт, ки рузе меояд, ки дуои ман қабул мешавад. 6 - ум рузи моҳи Шавол буд, ки шавҳараш аз намози аср бо хаёлот оҳиста - оҳиста мерафт, ки як мард бо ӯ ҳамроҳ шуд, ва гуфт; _ Маро Худованд давлати бисёр додааст, ва инчунин ба падарам ҳам. Лекин Падарам аз олам гузаштанд, мехоҳам хонаи падарамро ба ягон шахси ( инсоният) диҳам, то некияш ба падарам расад. _ Ба худ қарор кардам, ки касе аввалин аз роҳи ман баромад, ба ҳамон медиҳам. _ Дар симои шумо, беҳтарин шахс намудор мешавад. _ Мехоҳам хонаи падарамро ба шумо ҳадя созам. _ Шавҳари зан, каме ҳайрон мешавад. _ Мард мегуяд, агар хиҷолат кашед, ё қабул карда натавонед, бар ҷайбатон чанд пуле бошад,ночиз бошад ҳам, диҳед, ки ин хонаи кас гуфта, худро нороҳат ҳис накунед. _ Шавҳар, ки дар ҷайбаш як маблағи ночиз, яъне ( кам) дошт, медиҳад ва он хонаро соҳибаш мешавад. Онҳо бо оила ба хонаи, бо дуо Омада мекучанд. _ Зан ҳайрон мешавад, ки хонае ки ман хоста будам, дар бараш дарё дошта бошад! Онҳо назди донишманд мераванд, ва ба саволи худ ҷавоб мегиранд. _ Донишманд мегуяд, ки дар назди хонаи шумо масҷид ҷойгир аст, ки дуоҳои дар он масҷид буда ҳамчун дарёи раҳмат аст. Ва талаби шуморо ҳам Худованд бо чунин роҳ додааст. Хулоса; Вақте инсон ҳоҷаташро бо дуо талаб мекунад, аз Аллоҳи меҳрубон, бояд аввал бовари дошта бошад. Расули Худо мегуянд, ҳар шахс чи ниёз дорад, хурдан аст, пушидан аст, ва ё мақсадҳо, бояд ниёзашро ба Парвардигори бузургу меҳрубон, гуфта тавонад!!!

Рамазон гуфта мо чиро, ва кадом амалҳоро мефаҳмем? Рамазон яке аз моҳҳои "Раҳмат" аст, ки инсонҳо аз бисёр одатҳо худдори мекунанд, ва ба " Раҳмат"-и Аллоҳи меҳрубон лоиқ мешаванд. Инсонеки дар ҳақиқат аз одатҳои бад худдори кард, ва тавонист, дар назари " Раҳмат" аст, ки ин " Раҳмат" назари неки Худованд аст. Амалҳо гуфта мо чиро мефаҳмем? Ҳар як инсон худро дар назар гирад, ки имрузҳо чанд видёролик ҳо гуш мекунад, ё чанд китобҳо мехонад,ва ё чанд лавҳаҳои видёроликро ба телефони худ, ба дафтарчаи худ нигоҳ медорад, ва шунидаҳояшро маъқул мекунад, аммо аз болояш кор намекунад. Амал гуфта, бо роҳи содда фаҳмонем," иҷро кардан" аст. Дар моҳи Рамазон мо аз болои нафси худ кор мекунем, аз одатҳои бад, худдори мекунем, ба мо барои аз одатҳои бад, худдори кардан, як ноаён мадад меояд, ки мо ҳаракат мекунем, Худованд ба мо роҳ нишон медиҳад, ва мадад мекунад. Асосӣ одатҳои бад аз куҷо сар мешавад, ки мо айнан аз болои ҳамин одат кор карда наметавонем, яъне сарфаҳм намеравем? Ин одат "ГУМОНИ БАД" аст, ва ба хоҳишҳои худ ғолиб баромадан аст. "ГУМОНИ БАД" қариб ба 99% инсонҳо ҳаст. Гумони бад, инсонро аз инсон солҳо,балки як умр ҷудо месозад. Масалан; Агар як шахс нисбати каси дигар ягон нақл кард, ва ягон хабари бад дод, инсони шунаванда нодида ва аз ҳамон инсон Гумони бадро сар мекунад. Агар ду маротиба такрор ба Гумони бад гуш кард, дар қалбаш нисбати он шахс бад бини пайдо мешавад, ва меҳру муҳаббат аз онҳо ба оссони меравад. Гумони бад, қувваи бади бузург дорад, ки инсони некро бад мекунад. Агар чи он кор дуруст аст, ё нодуруст аст, Гумони бад инсонро ба коми худ мекашад. Нафрат, ғазаб,кибр, дуруғгуи,суханчини, туҳмат, тамоми одатҳои баде ки дар инсон ҳаст, сарчашмааш Гумони бад аст. Вақте шумо ин дарсро мехонед, худро дар назар гиред, ва як лаҳза фикр кунед, аз ки ранҷидед, ва киро он қадар бад мебинед,шояд наздиктарин инсонатон ҳам бошад, бо "ҳақиқат" шумо дил сард нашудед,бо "шунидан" ва бо "Гумони бад" дил сард шудед. Аз болои худ кор кардан, ва амал кардан гуфта мо (иҷро кардан) - ро дар назар дорем. Ба "хоҳишҳои худ ғолиб" баромадан. Дар моҳи Шарифи Рамазон мо аввал, аз болои Гумонҳои бад, ва хоҳишҳоямон кор кунем, ки мадади Худованд ҳамеша бо мост, мо метавонем, сарчашмаи одатҳои бадро ба даст гирем. Ба ҳаммаи шумоён дар ин моҳи Шарифи Рамазон "РАҲМАТ"-и Парвардигори меҳрубон ро мехоҳем. Боз маънои кушоду равшан ро дар видёролики навбати дида метавонед.