مُحَمَّد 𝗔𝗻𝘀𝗼𝗿 🇵🇸
Відкрити в Telegram
إِنَّ ٱ للَّهَ لَا يُحِبُّ ٱ لۡخَآئِنِينَ «...поистине, Аллаh не любит предателей!» (8:58)
Показати більше447
Підписники
Немає даних24 години
Немає даних7 днів
Немає даних30 днів
Архів дописів
✅ Ибни Қайим (رَحِمَهُ الله) гуфтааст:
Чаҳор чиз боиси беморӣ дар бадан мегардад:
1. Зиёд ҳарф задан.
2. Хоби аз ҳад зиёд.
3. Хурдани зиёд.
4. Наздикии аз ҳад зиёд.
Ва чаҳор чиз баданро вайрон мекунад:
1. Изтироб.
2. Ғамгинӣ.
3. Гуруснагӣ.
4. Бехобии шабона.
Ва чор чиз аст, ки чеҳраро хушк мекунад ва нур, зебоӣ ва шодиро аз байн мебарад:
1. Дурӯғ.
2. Шармандагӣ.
3. Суолҳои зиёди нолозим.
4. Гуноҳҳои зиёд ва корҳои зишт кардан.
Ва чор чиз аст, ки ба чеҳра тароват ва зебоӣ мебахшад:
1. Одоб.
2. Иҷрои ваъда.
3. Шаъну шараф.
4. Тарс аз Аллоҳ .
Ва чаҳор чиз аст, ки боиси афзоиши баракоти Инсон мешавад:
1. Бархостан ба намози шаб.
2. Пеш аз дамидани субҳ аз Аллоҳ таъоло талаби истиғфор.
3. Додани садақа.
4. Ёд кардани Аллоҳ дар аввал ва охири рӯз.
Ва чаҳор чиз касеро, ки аз баракот маҳрум месозад:
1. Субҳ хоб кардан.
2. Намозҳои кам.
3. Танбалӣ.
4. Хиёнат
📚Ат-Тиббу ан-Набавӣ, Саҳ. 459-460
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 @ansorjonnn
⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮
📌 Китоби намоз
📜 Умар ибни Абисалама разияллоҳу анҳу мегӯяд:
أَنَّ النَّبِىَّ — صلى الله عليه وسلم — صَلَّى فِى ثَوْبٍ وَاحِدٍ قَدْ خَالَفَ بَيْنَ طَرَفَيْهِ .
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар як чодар ки ду тарафи онро бар шонаҳои худ андохта буд, намоз хонд.
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 354)
📌 Китоби таяммум
📜 Умар ибни Ясар разияллоҳу анҳу дар мавриди равиши таяммум мегӯяд, ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:
إِنَّمَا كَانَ يَكْفِيكَ أَنْ تَصْنَعَ هَكَذَا ، فَضَرَبَ بِكَفْهُ ضَرْبَةً عَلَى الْأَرْضِ ، ثُمَّ نَفَضَهَا ، ثُمَّ مَسَحَ بهما ظَهْرَ كَفَّه بشماله أَوْ ظَهْرَ شماله بكفّه ، ثُمَّ مَسَحَ بِهِمَا وَجْهَهُ".
"Бароят кифоят буд ки инчунин амал намои" Пас бо ду кафи дасташ як зарба бар замин зад, сипас онҳоро фавт кард, баъд пушти кафи дасти ростро бо дасти чап ва пушти кафи чапро бо кафи дасти рост масҳ кард ва сипас рӯйҳояшро масҳ кард.
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 338)
📌 Китоби ҳайз
📜 Оиша разияллоҳу анҳо мегӯяд:
كَانَ النَّبِيُّ صلى الله عليه وسلم يَتَّكِنُ فِي حَجْرِي وَأَنَا حَائِضُ ، ثُمَّ يَقْرَأُ الْقُرْآنَ
Ҳангоме ки ман дар ҳолати ҳайз қарор доштам, расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам бар ман такя менамуд (сар бар зонуи ман мениҳод) ва Қуръон тиловат мекард.
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 297)
📌 Китоби ғусл
📜 Оиша разияллоҳу анҳо мефармояд:
كَأَنِّى أَنْظُرُ إِلَى وَبِيصِ الطِّيبِ فِى مَفْرِقِ النَّبِىِّ — صلى الله عليه وسلم — وَهْوَ مُحْرِمٌ .
Гуё ҳам акнун, дурахши хушбӯйро бар фарқи сари расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам мушоҳида менамоям, дар ҳоле ки эшон дар эҳром буданд.
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 271)
📌 Китоби ғусл
📜 Ҷубайр ибни Мутъим разияллоҳу анҳу мегӯяд:
قَالَ رَسُولُ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — « أَمَّا أَنَا فَأُفِيضُ عَلَى رَأْسِى ثَلاَثًا » . وَأَشَارَ بِيَدَيْهِ كِلْتَيْهِمَا .
Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо нишон додани кафи дастҳо фармуд: "Ман се бор бо инҳо бар сари худ об мерезам".
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 254)
📌 Китоби ғусл
📜 Аз Оиша разияллоҳу анҳо ривоят аст ки:
أَنَّهَا سُئِلَتْ عَنْ غُسْلِ النَّبِيِّ ﷺ ، فَدَعَتْ بِإِنَاءِ نَحْوا منْ صَاعِ ، فَاغْتَسَلَتْ ، وَأَفَاضَتْ عَلَى رَأْسِهَا ، وَبَيْنَهَا وَبَيْنَ السَّائِلِ حِجَابٌ
Аз вай дар бораи ғусли паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам суол шуд. Эшон зарфе хост ки ҳудуди як соъ об мегирифт, сипас бо он ғусл кард ва бар сараш (бақияи) обро рехт. Байни ӯ ва суолкунанда яъне бародараш; Абдурраҳмон пардае овезон буд.
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 251)
• Дар саҳифаҳоятон паҳн (история) кунед, Ин Ша Аллоҳ аз савобаш бе насиб намемонед.
