cookie

Ми використовуємо файли cookie для покращення вашого досвіду перегляду. Натиснувши «Прийняти все», ви погоджуєтеся на використання файлів cookie.

avatar

Sputnik Тоҷикистон

Аз ҷолибтарин ва муҳимтарин ҳодисаҳои Тоҷикистону Осиёи Марказӣ мегӯем Бо забони русӣ: @SputnikTj Сомона: https://sputnik-tj.com/ ОК: https://ok.ru/sputniktajikistan Обратная связь — @SputnikTjfeedback_bot

Більше
Рекламні дописи
4 956
Підписники
-324 години
+177 днів
+16830 днів

Триває завантаження даних...

Приріст підписників

Триває завантаження даних...

Лаҳистон аз даъвати дабири кулли НАТО дар бораи иҷозаи ҳамлаи Украина ба қаламрави Русия бо силоҳҳои ғарбӣ пуштибонӣ кард. Ба гуфтаи сардори вазорати хориҷа, вай намефаҳмад, ки чаро Ғарб бояд худро дар ин маҳдуд кунад. Мария Захарова низ дар бораи даъвати Столтенберг изҳори назар кард. Вай гуфт, ки ширкаткунандагони эҳтимолии "конфронси сулҳ" дар Швейтсария бояд ба идеяи дабири кулли паймон таваҷҷӯҳ кунанд. Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Показати все...
Тоҷикистон ба маблағи беш аз млрд сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ содир кард. Моҳҳои январ - апрели соли 2024 аз Тоҷикистон беш аз 84 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст. Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарони Хатлон иттилоъ дода, афзуд, ки ҳаҷми содирот беш аз 1 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 50% зиёд мебошад. Аз ҷумла содироти меваю сабзавот 40 ҳазор тоннаро ба маблағи 158 миллион сомонӣ ташкил дода, беш аз 30% афзоиш ёфтааст, гуфт ӯ. Аз ин нишондиҳанда 32 ҳазор тонна ба маблағи 145 миллион сомонӣ ё 92% меваю сабзавоти содиротшуда ба вилояти Суғд рост меояд, зикр намуд Раҳмон. Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Показати все...
👍 1 1
Русия бо Тоҷикистон дар бораи ҳамлу нақл музокирот хоҳад кард. Ҳукумати Русия гузарондани музокироти байни хадамоти гумруки ФР ва Тоҷикистонро дар бораи ташкили долони соддакардашудаи гумрукӣ ҷонибдорӣ кард. Дар санад таъкид шудааст, ки пешниҳоди баргузории музокирот бо Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати молия дар мувофиқа бо мақомоти гумруку корҳои хориҷӣ ироа гардидаст. Маврид ба зикр аст, ки Русия калонтарин шарики тиҷории Тоҷикистон мебошад. Соле гардиши коло миёни Русия ва Тоҷикистон афзуда, аз 1,7 млрд доллар бештар шуд. Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Показати все...
👍 1
Раисони Исфараву Ботканд масъалаи марзро баррасӣ карданд. Котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки вохӯрӣ дар гузаргоҳи наздимарзии “Гулистон” - и Исфара ҳаммарз бо гузаргоҳи сарҳадии “Қизилбел” и ноҳияи Ботканд доир шуд. “Дар ҷараёни вохурӣ, ҷонибҳо масъалаҳои марзӣ аз ҷумла, истифодаи об дар наҳрҳои байнимарзӣ, истифода чарогоҳҳо, риояи санадҳои ҳуқуқӣ ва пешгирӣ аз рухдоди муноқишаҳоро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд”, – афзуд, Шомадов. Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Показати все...
Маҷористон иҷоза надод, ки фоида аз дороиҳои Русия барои хариди силоҳ барои нерӯҳои мусаллаҳи Украина сарф шавад. Кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мувофиқат карданд, ки аз даромади Федератсияи Русия, ки дар ҳисобҳои амонатии Euroclear Белгия нигоҳ дошта мешаванд, солона ба Киев 2 млрд евро диҳад, аммо Будапешт мухолифат кард. "Ҳоло онҳо ҳама чизро бо дастгирии низомӣ ба Украина монеъ мекунанд", - навиштааст FT. Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Показати все...
1
Дар Сангвор ду сайёҳи русро аз даруни сел берун оварданд. КҲФ мегӯяд, дар километри 2-юми роҳи мошингарди Лабиҷар-Сангвор-Дарвоз сел омад. Сел замоне омад, ки дар роҳи мазкур ду сайёҳи рус дар ҳоли ҳаракат буданд ва онҳо дар иҳотаи сел монданд. Зикр гардид, ки кормандони хадамоти роҳи ноҳияи Сангвор сайёҳони русро аз даруни сел берун оварданд. Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Показати все...
👍 2
Дар Хатлон 617 омӯзгор бидуни омодагӣ ба дарсҳо меоянд. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони вилоят изҳор дошт. Роҳбари давлат зимни эълони натиҷаҳои санҷиши ногаҳонӣ, ки рӯзи 17 май дар 3,6 ҳазор мактаби ин вилоят гузаронда шуд, зикр намуд, ки 810 омӯзгор дар машғулиятҳо бесабаб ҳузур надоштанд. Илова бар ин, 744 омӯзгор бо намуди зоҳирии номуносиб ба муассисаҳои таълимӣ ҳозир шудаанд, афзуд роҳбари давлат. Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Показати все...
👍 1😡 1
01:03
Відео недоступнеДивитись в Telegram
Эрониҳо дар назди қабри вазири хориҷаи ин кишвар, ки дар суқути чархбол ҷон бохтааст, навбат меистанд. Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар масҷиди Шоҳ Абдулазим дар Теҳрон ба хок супурда шуд. Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Показати все...
👍 1 1
Санҷиши ногаҳонӣ дар мактабҳои Хатлон садҳо омӯзгору хонандаи дарсгурезро ошкор кард. Зимни санҷиши ногаҳонӣ, ки рӯзи 17 май дар мактабҳои вилояти Хатлон баргузор шуд, нишон дод, ки 39 ҳазор хонанда дар дарсҳо бидуни сабаб иштирок надоранд. Ҳамчунин, 12 ҳазор хонанда бекитобу дафтар ва қариб 12 ҳазор хонандаи дигар бо либосҳои ғайримактабӣ ба дарсҳо омадаанд. Натиҷаи санҷиши мазкурро Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони вилоят эълон кард. Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Показати все...
😁 6🔥 1😱 1
Дабири кулли НАТО даъват кард, ки ба Украина иҷоза дода шавад, то ба қаламрави Русия бо силоҳҳои ғарбӣ ҳамла кунад. Йенс Столтенберг гуфт, ки Киев бояд ба объектҳои низомӣ дар қаламрави аз ҷониби ҳама эътирофшудаи Федератсияи Русия зарба занад. "Вақти он расидааст, ки иттифоқчиён фикр кунанд, ки оё онҳо бояд баъзе маҳдудиятҳои ҷорӣкардаашонро лағв кунанд" гуфт дабири кулли паймон. Зеленский низ чанде пеш чунин дархостро пеш овард. Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Показати все...
👍 1😡 1