Азия-Плюс TJ
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон Сомона - www.asiaplustj.info/tj Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Більше- Підписники
- Перегляди допису
- ER - коефіцієнт залучення
Триває завантаження даних...
Триває завантаження даних...
"Ба шахси ба мақомоти милитсия мусоидаткунанда, 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад", - омадааст дар эълони РВКД Душанбе.Махфӣ нигоҳ доштани шахсият ва таъмини амнияти шахси мусоидаткунанда, дар доираи талаботи қонунгузории Тоҷикистон кафолат дода мешавад. Телефон барои тамос: 2210057, 2222308. Ёдовар мешавем, ки ин ҳодиса рӯзи 15-уми январи соли 2024 дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе содир шуда, боиси ҷароҳат бардоштани ронандаи таксӣ - Беков Зиёвиддин гардида буд. ✅Бо ❤️ бошед: Telegram ✅
Бино ба маълумоти омории Русия, танҳо дар семоҳаи аввали соли 2024 зиёда аз 545 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия рафта, аз ин миқдор ҳамагӣ 20 ҳазор ё худ 3,6% тариқи ҷалби маташаккилона вориди ин кишвар шудаанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2024 аз ҷониби кормандони Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон ҳудуди 525 ҳазор гектар замин бо об таъмин карда шудааст. Дар ин бора дар сомонаи Агентӣ хабар дода мешавад.
Имрӯз, 16 ‑ уми июл, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар пойтахт корхонаҳои ҶДММ “Нонпаз”, марҳилаи дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодии “Ғаюр Гуруҳ”, ҶДММ “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” ва тарабхонаи “Баҳор - Форел”-ро ба истифода доданд.
Кормандони Агентии зиддифасод ҳангоми гирифтани пора Қурбоновро дар ҳуҷраи корияш дастгир карда, “далелҳои шайъӣ” гирифтаанд.Нисбати Қурбонов Р. Ш. бо моддаи 319, қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, он ба додгоҳ ирсол гардидааст. Барои вайрон кардани ин банди Кодекси ҷиноятӣ ҷарима ба миқдори 3 ҳазору 650 то 9 ҳазору 125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 262 ҳазору 800 то 657 ҳазор сомонӣ) ҷарима тадбиқ мешавад ё то 5 соли зиндон мегардад. ✅Бо ❤️ бошед: Telegram ✅
На вашому тарифі доступна аналітика тільки для 5 каналів. Щоб отримати більше — оберіть інший тариф.