cookie

Ми використовуємо файли cookie для покращення вашого досвіду перегляду. Натиснувши «Прийняти все», ви погоджуєтеся на використання файлів cookie.

avatar

طالب علم 🍁

Сабр кун 🍁ки Худо подоши некӯкоронро зоеъ намекунад🍃

Більше
Рекламні дописи
212
Підписники
Немає даних24 години
-27 днів
-1430 днів

Триває завантаження даних...

Приріст підписників

Триває завантаження даних...

Repost from N/a
✒️ Касе, ки будани Аллоҳ болои осмонҳоро инкор кунад яқинан кофир мешавад. ✏️ Шайх ул Ислом Абу Исмоили Ансорӣ раҳимаҳуллоҳ дар китоби худ ( Ал - Форуқ ) ба санадаш аз Абу Мутиъи Балхӣ ( шогирди Абу Ҳанифа ) ривоят мекунад, ки вай мегуфт:   Абу Ҳанифа дар бораи касе, ки бигуяд намедонам, ки Аллоҳ дар осмон аст ё дар замин, савол кардам, Абу Ҳанифа гуфт; Яқинан кофир шуда аст, зеро Аллоҳ худ фармуда аст: الرَّحْمَنُ عَلَى الْعَرْشِ اسْتَوَى [طه ۵] ( Аллоҳ ) Раҳмон ( аст, ки ) бар арш қарор гирифт. 📌 Ва арши Аллоҳ болои осмонҳо аст. 🔻 Балхӣ мегуяд дубора савол кардам;  Агар бигуянд Аллоҳ болои арш аст аммо намедонам арш дар осмон аст ё дар замин ? Абу Ҳанифа гуфт: Вай кофир аст, зеро будани Аллоҳ бар осмонро инкор карда аст ва касе, ки будани Аллоҳ бар осмонро инкор кунад яқинан кофир  мешавад. 📚 Имом Заҳабӣ дар Ал - Улув ( саҳ. 103 ). 📚 Ибни Аби Ал - Ъиз Ал-Ҳанафӣ дар шарҳи Ақида Ал - Таҳовия ( ҷ 2 / саҳ 43 ). 📚 Мулло Алӣ Қори дар шарҳи Фиқҳи Акбар ( 171 ). https://t.me/muvahida006
Показати все...
Repost from N/a
✏️ Мункирини истивои Аллоҳ бар арш шогирдони Фиръавн ҳастанд. 🔻 Дустони гироми, мусалмонон аз қадим то имруз ва то қиёми қиёмат ба ин ақидаанд, ки Аллоҳи мутаъол болои арш ҳамонгуна, ки лоиқи шон вай аст истиво намуда, аммо Фиръавн ин ақидаро надошт ва Мусо ъалайҳи саломро такзиб мекард. Мусо ъалайҳи салом ба вай парвардигори худро муъарифи карда буд, ки боло аст. Фиръавн ба вазири худ Ҳомон гуфт; эй Ҳомон, як қасри хуб баланд бисоз, ки ман дар он баланд шуда ва Илоҳи Мусоро бубинам, агар чӣ ман бовар ҳам надорам, балки Мусоро дуруғ гӯ фикр мекунам... 🔹 Пас маълум шуд, ки Мусо ъалайҳи салом ба ин ақида буд, ки Аллоҳи мутаъол боло аст ва Фиръавн боло будани Аллоҳро инкор кард. ✅ Ояти аввал: ﴿وَقَالَ فِرْعَوْنُ يَا أَيُّهَا الْمَلَأُ مَا عَلِمْتُ لَكُم مِّنْ إِلَٰهٍ غَيْرِي فَأَوْقِدْ لِي يَا هَامَانُ عَلَى الطِّينِ فَاجْعَل لِّي صَرْحًا لَّعَلِّي أَطَّلِعُ إِلَىٰ إِلَٰهِ مُوسَىٰ وَإِنِّي لَأَظُنُّهُ مِنَ الْكَاذِبِينَ﴾ [القصص: ٣٨]. Ва Фиръавн гуфт: «Эй ҷамоа, ғайри худам барои шумо ҳеҷ худое надонистаам. Пас, эй Ҳомон, барои ман бар гил оташ афрӯз(Яъне: хишт бисоз)  ва барои ман кӯшке бино кун; бошад ки ман ба сӯи Маъбуди Мӯсо дидавар шавам; ва ба дурустӣ ки ман ӯро аз дурӯғгӯён мепиндорам». ✅ Оят дуюм: وَقَالَ فِرْعَوْنُ يَا هَامَانُ ابْنِ لِي صَرْحًا لَّعَلِّي أَبْلُغُ الْأَسْبَابَ Ва Фиръавн гуфт: «Эй Ҳомон, барои ман кӯшке бино кун, то бошад ки ба ин роҳҳо бирасам – أَسْبَابَ السَّمَاوَاتِ فَأَطَّلِعَ إِلَىٰ إِلَٰهِ مُوسَىٰ وَإِنِّي لَأَظُنُّهُ كَاذِبًا ۚ وَكَذَٰلِكَ زُيِّنَ لِفِرْعَوْنَ سُوءُ عَمَلِهِ وَصُدَّ عَنِ السَّبِيلِ ۚ وَمَا كَيْدُ فِرْعَوْنَ إِلَّا فِي تَبَابٍ – роҳҳои осмонҳо, то ба сӯи Худои Мӯсо дарнигарам. Ва ба дурустӣ ки ман ӯро дурӯғгӯ мепиндорам». Ва ҳамчунин дар назари Фиръавн амали бади ӯ ороста гардид ва аз роҳ(-и рост) боздошта шуд; ва ҳиласозии Фиръавн ба ҷуз дар табоҳӣ [дар чизе] набуд. ( Ғофир 36/37 ). 📲 https://t.me/muvahida006
Показати все...
✏️ Аллоҳ бар арш аст, аммо ба арш зарурат надорад. https://t.me/muvahida006
Показати все...
📕 Ҳадаф аз хилқати инсонҳо ва ҷинниёт чист? https://t.me/muvahida006
Показати все...
Repost from N/a
📕 Ҳадаф аз хилқати инсонҳо ва ҷинниёт чист? Аллоҳ ҷин ва инсонро барои ибодат, тавҳид, итоат намудани фармонҳо ва дурӣ кардан аз наҳйҳои худ офарид. Аллоҳ таъоло фармудааст: وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ سورة الذاريات: ٥٦ «Ман ҷинну инсро наёфаридаам, магар барои он ки Маро ибодат бикунанд».   (Сураи Зориёт: 56). Яъне: Ӯро ягона шуморанд ва ибодатро танҳо барои Ӯ анҷом бидиҳанд, на барои дигарон. Яке аз шартҳои дурустии ибодат ин имон овардан ба паёмбари Ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва пайравӣ намудани ӯ мебошад, зеро ӯ пешво ва намуна аст. Аллоҳ таъоло фармудааст: لَّقَدْ كَانَ لَكُمْ فِى رَسُولِ ٱللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ سورة الأحزاب: ٢١ «Албатта барои шумо дар (рафтору гуфтори) расулуллоҳ сармашқу улгӯи некуе аст».   (Сураи Аҳзоб: 21). 📲 https://t.me/muvahida006
Показати все...
Repost from N/a
Аллоҳ таъоло ба мо хабар додааст, ки сабаби азоби онҳо такаббур варзидан аз гуфтани "ло илоҳа иллаллоҳ" ва инкор намудани касе, ки ин калимаро овард, мебошад. Онон он чиро ки он нафй намуд, нафй накарданд ва ончиро ки исбот намуд, исбот накарданд, балки аз рӯи инкор ва такаббур гуфтанд: أَجَعَلَ الْآلِهَةَ إِلَهًا وَاحِدًا إِنَّ هَذَا لَشَيْءٌ عُجَابٌ وَانطَلَقَ الْمَلَأُ مِنْهُمْ أَنِ امْشُوا وَاصْبِرُوا عَلَى آلِهَتِكُمْ إِنَّ هَذَا لَشَيْءٌ يُرَادُ مَا سَمِعْنَا بِهَذَا فِي الْمِلَّةِ الْآخِرَةِ إِنْ هَذَا إِلَّا اخْتِلَاقٌ سورة ص: ٥ - ٧ «Оё (ҳама) маъбудонро як маъбуд қарор додааст? Воқеан ин чизи аҷибе аст. Ва бузургонашон ба роҳ афтоданд (ва гуфтанд:) "Биравед ва бар (парастиши) маъбудонатон пойдор бошед, бегумон ин (даъват) ҳамон чизе аст, ки хоста мешавад. Мо ин суханро дар оини вопасин нашунидаем. Ин ҷуз дурӯғ (чизе) нест». (Сураи Сод: 5 - 7). Аллоҳ таъоло ин сухани ононро инкор кард ва сухани онҳоро бо забони паёмбараш (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) рад намуда, фармуд: بَلْ جَاءَ بِالْحَقِّ وَصَدَّقَ الْمُرْسَلِينَ سورة الصافات: ٣٧ «Балки паёмбар ҳақро овард ва паёмбаронро тасдиқ кард». (Сураи Соффот: 37). Сипас оиди касоне, ки онро қабул кардаанд, фармуд: إِلَّا عِبَادَ اللهِ الْمُخْلَصِينَ ❁ أُوْلَئِكَ لَهُمْ رِزْقٌ مَّعْلُومٌ ❁ فَوَاكِهُ وَهُم مُّكْرَمُونَ ❁ فِي جَنَّاتِ النَّعِيمِ سورة الصافات: ٤٠ - ٤٢ «Магар бандагони мухлиси Аллоҳ. Онҳо ризқ ва рӯзии муайян доранд. (Анвои) меваҳо ва онон гиромӣ доштагонанд. Дар боғҳои пурнеъмати (биҳишт)». (Сураи Соффот: 40 - 42). Дар саҳеҳ аз Абумӯсо (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки мефармояд: «Мисоли ҳидоят ва илме, ки маро бо он фиристод, ҳаммонанди борони зиёде аст, ки бар замине биборид, баъзеи он замин пок ва қобили кишт аст, обро қабул мекунад ва алафу гиёҳони зиёде мерӯянд ва баъзеи он замин шӯразор аст, ки на обро нигаҳ медорад ва на гиёҳе мерӯёнад ва он мисоли касест, ки дар дини Аллоҳ фақеҳ гардад ва илме, ки ман бо он фиристода шудаам, ба ӯ фоида расонида, онро дониста ва ба дигарон низ омӯхтааст. Мисоли касе, ки ба он илм беэътиноӣ карда ва роҳи росте, ки ман овардаам, қабул накардааст». Шарти чаҳорум: Таслим шудан. Таслим шудан ба он чи ки ин калима далолат мекунад, бар хилофи тарк намудани он. Аллоҳ таъоло фармудааст: وَمَن يُسْلِمْ وَجْهَهُ إِلَى اللهِ وَهُوَ مُحْسِنٌ فَقَدِ اسْتَمْسَكَ بِالْعُرْوَةِ الْوُثْقَى وَإِلَى اللهِ عَاقِبَةُ الْأُمُورِ سورة لقمان: ٢٢ «Ва ҳар кас рӯи хешро таслими Аллоҳ кунад, дар ҳоле, ки некӯкор бошад, ба ростӣ ба дастовези маҳкаме (яъне ба ло илоҳа иллаллоҳ) чанг задааст ва саранҷоми (ҳамаи) корҳо ба сӯи Аллоҳ аст». (Сураи Луқмон: 22). Маънои "рӯи хешро таслим кунад" яъне ба он гардан ниҳад, дар ҳоле ки некӯкор ва муваҳҳид аст. Ва ҳар кас рӯи хешро таслими Аллоҳ накунад ва некӯкор набошад, пас ӯ ба дастовези маҳкаме чанг назадааст ва ин ҳамон маъноест, ки Аллоҳ таъоло баъди он фармудааст: وَمَن كَفَرَ فَلَا يَحْزُنكَ كُفْرُهُ إِلَيْنَا مَرْجِعُهُمْ فَنُنَبِّئُهُم بِمَا عَمِلُوا سورة لقمان: ٢٣ «Ва ҳар кас кофир шавад, пас куфри ӯ туро ғамгин насозад. Бозгашти (ҳамаи) онон ба сӯи Мост, пас ононро аз он чи анҷом додаанд, огоҳ хоҳем кард». (Сураи Луқмон: 23). Дар ҳадиси саҳеҳе омадааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳеҷ касе аз шумо мӯъмин намешавад, то он даме, ки ҳаво ва ҳаваси ӯ тобеъ ва мувофиқи он чӣ ман овардаам, набошад». Ва ин ҳамон инқиёд ва таслими комил мебошад. Шарти панҷум: Сидқ. Акси сидқ дурӯғ аст. Маънои он ин аст, ки ин суханро сидқан аз қалбаш бигӯяд, ки қалбу забон бо якдигар мувофиқат кунанд. Аллоҳ таъоло фармудааст: الم ❁ أَحَسِبَ النَّاسُ أَن يُتْرَكُوا أَن يَقُولُوا آمَنَّا وَهُمْ لَا يُفْتَنُونَ ❁ وَلَقَدْ فَتَنَّا الَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ فَلَيَعْلَمَنَّ اللهُ الَّذِينَ صَدَقُوا وَلَيَعْلَمَنَّ الْكَاذِبِينَ سورة الأعراف: ١ - ٣ 📲 @ •┈┈••❀••🔹️••❀••┈┈• https://t.me/muvahida006
Показати все...
Repost from N/a
📗 Ҳукми гузоштани пул дар бонкҳои рибавӣ Гузоштани пул дар бонкҳо бо фоидаи моҳона ё солона рибо аст, ки бо иҷмои донишмандон ҳаром шудааст. Аммо дар мавриди гузоштани пул (дар бонкҳо) бидуни фоида, агар бонк муомилаҳои рибавӣ дошта бошад, ин корро накардан беҳтар аст, магар дар ҳолатҳои зарурӣ, зеро гузоштани пул дар он, агарчи бефоида ҳам бошад, ин кӯмак намудани бонк дар амалҳои рибавиаш мебошад. Бими он аст, ки анҷомдиҳандаи ин кор аз ҷумлаи кӯмаккунандагон дар гуноҳу таҷовуз ҳисобида шавад, гарчанде ки ӯ ин корро нахоҳад ҳам. Аз ин рӯ, мо бояд аз чизҳое, ки Аллоҳ ҳаром кардааст, барҳазар бошем ва барои нигоҳ доштан ва сарф кардани пулҳо роҳҳои дурустро ҷустуҷӯ кунем. Аллоҳ таъоло мусулмононро ба анҷом додани корҳое, ки мӯҷиби хушбахтӣ, арҷмандӣ ва растагории онҳост, муваффақ намояд ва онҳоро дар зудтарин фурсат барои пайдо кардани бонкҳои исломӣ, ки аз муомилаҳои рибавӣ холӣ аст, муяссар намояд. Ӯ валӣ ва қодиру тавоно бар он аст. Дуруду паёми Аллоҳ ба паёмбарамон Муҳаммад ва ба олу асҳоби ӯ бод. 📲 •┈┈••❀••🔹️••❀••┈┈• https://t.me/muvahida006
Показати все...
Repost from N/a
00:25
Відео недоступнеДивитись в Telegram
О мой Господь ,твой грешный раб пришёл к Тебе… Признаваясь в своих грехах и взывая к Тебе. Так если ты простишь меня, то лишь Ты Один способен на это. А если отвернешься от меня,тогда на кого я могу надеяться кроме Тебя? •┈┈••❀••🔹️••❀••┈┈• https://t.me/muvahida006
Показати все...
📗 Ҳукми гузоштани пул дар бонкҳои рибавӣ 📗 ﴿يا أَيُّهَا الَّذينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَذَروا ما بَقِيَ مِنَ الرِّبا إِن كُنتُم مُؤمِنينَ ۝ فَإِن لَم تَفعَلوا فَأذَنوا بِحَربٍ مِنَ اللَّهِ وَرَسولِهِ وَإِن تُبتُم فَلَكُم رُءوسُ أَموالِكُم لا تَظلِمونَ وَلا تُظلَمونَ﴾ [البقرة: ٢٧٨-٢٧٩] عَنْ عَبْدِ اللَّهِ ، قَالَ : لَعَنَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ آكِلَ الرِّبَا، وَمُؤْكِلَهُ. قَالَ : قُلْتُ : وَكَاتِبَهُ وَشَاهِدَيْهِ ؟ قَالَ : إِنَّمَا نُحَدِّثُ بِمَا سَمِعْنَا. •┈┈••❀••🔹️••❀••┈┈• https://t.me/muvahida006
Показати все...
Repost from N/a
«Алиф, лом, мим. Оё мардум пиндоштаанд, ҳамин ки бигӯянд: "Имон овардем" раҳо мешаванд ва озмуда намешаванд? Ва ба ростӣ касонеро, ки пеш аз онон буданд, озмудем ва албатта Аллоҳ касонеро, ки рост гуфтаанд, маълум мекунад ва дурӯғгӯёнро (низ) маълум месозад». (Сураи Аъроф: 1 - 3). Дар шаъни мунофиқоне, ки ин суханро аз рӯи дурӯғ ба забон овардаанд, мефармояд: وَمِنَ النَّاسِ مَن يَقُولُ آمَنَّا بِاللهِ وَبِالْيَوْمِ الآخِرِ وَمَا هُم بِمُؤْمِنِينَ ❁ يُخَادِعُونَ اللهَ وَالَّذِينَ آمَنُوا وَمَا يَخْدَعُونَ إِلاَّ أَنفُسَهُم وَمَا يَشْعُرُونَ ❁ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٌ فَزَادَهُمُ اللهُ مَرَضاً وَلَهُم عَذَابٌ أَلِيمٌ بِمَا كَانُوا يَكْذِبُونَ سورة البقرة: ٧ - ١٠ «Гурӯҳе аз мардум мегӯянд: Мо ба Аллоҳ ва рӯзи растохез имон овардаем, вале мӯъмин нестанд. Онон (ба гумони худ) Аллоҳ ва мӯъминонро фиреб медиҳанд, дар ҳоле ки ҷуз худашонро фиреб намедиҳанд, вале намефаҳманд. Дар дилҳои онон беморӣ аст ва Аллоҳ ба бемории онон афзуд ва ба хотири дурӯғҳое, ки мегуфтанд, барояшон азоби дардноке аст». (Сураи Бақара: 7 - 10). Дар "Саҳиҳайн" ("Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва "Саҳиҳ"-и Муслим) аз Муоз ибни Ҷабал (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки мефармояд: «Ҳеҷ касе нест, ки содиқона аз қалбаш гувоҳӣ диҳад, ки ҳеҷ маъбуде ба ҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст, магар ин ки Аллоҳ ӯро бар оташи ҷаҳаннам ҳаром мегардонад». Шарти шашум: Ихлос. Ихлос ин пок сохтани амал аз тамоми олудагиҳои ширк мебошад. Аллоҳ таъоло фармудааст: أَلَا لِلَّهِ الدِّينُ الْخَالِصُ سورة الزمر: ٣ «Огоҳ бошед, ки дини холис (ва холӣ аз ширк) аз они Аллоҳ аст». (Сураи Зумар: 3). Аллоҳ таъоло фармудааст: قُلِ ٱللهَ أَعْبُدُ مُخْلِصًا لَّهُۥ دِينِى سورة الزمر: ١٤ «(Эй паёмбар!) Бигӯ: "Ман Аллоҳро мепарастам, дар ҳоле ки динамро барои Ӯ холис мегардонам"». (Сураи Зумар: 14). Дар саҳеҳ аз Абуҳурайра аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят шудааст, ки мефармояд: «Хушбахттарин мардум ба шафоати ман касест, ки холисона аз қалбу нафсаш бигӯяд, ки ҳеҷ маъбуде ба ҳақ ҷуз Аллоҳ нест». ... Шарти ҳафтум: Муҳаббат. Дӯст доштани ин калима, муқтазо ва далолоти он ва ҳамчунин дӯст доштани аҳли ин калима, ки бо он амал мекунанду, ба шартҳои он пойбанданд ва бад дидани мухолифи он. Аллоҳ таъоло фармудааст: وَمِنَ النَّاسِ مَن يَتَّخِذُ مِن دُونِ اللهِ أَندَادًا يُحِبُّونَهُمْ كَحُبِّ اللهِ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ أَشَدُّ حُبًّا لِّلّهِ سورة البقرة: ١٦٥ «Ва аз мардум касоне ҳастанд, ки ба ҷуз Аллоҳ ҳамтоёне мегиранд, ки онҳоро монанди дӯст доштани Аллоҳ дӯст медоранд, вале касоне, ки имон овардаанд, Аллоҳро бештар дӯст медоранд». (Cураи Бақара: 165). Аллоҳ таъоло хабар додааст, ки мӯъминон Аллоҳро бештар дӯст медоранд, зеро онон дар муҳаббати Ӯ каси дигареро шарик насохтаанд, на ба монанди даъвогарони муҳаббати Ӯ, ҳамон мушриконе ки ҷуз Аллоҳ ҳамтоёне гирифтанд, ки онҳоро монанди дӯст доштани Аллоҳ дӯст медоранд. Дар "Саҳиҳайн" ("Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва "Саҳиҳ"-и Муслим) аз Анас ривоят аст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳеҷ касе аз шумо мӯъмин намешавад, то он даме, ки ман назди ӯ аз фарзанду падараш ва тамоми мардум маҳбубтар набошам». 📲 @ •┈┈••❀••🔹️••❀••┈┈• https://t.me/muvahida006
Показати все...