cookie

Ми використовуємо файли cookie для покращення вашого досвіду перегляду. Натиснувши «Прийняти все», ви погоджуєтеся на використання файлів cookie.

avatar

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон Оиди ҳамкорӣ ва реклама 👇 @shodtj

Більше
Рекламні дописи
16 225
Підписники
-824 години
-257 днів
+30230 днів

Триває завантаження даних...

Приріст підписників

Триває завантаження даних...

▶️Хушхабар. Лимити барқ дар Тоҷикистон лағв шуд Ширкати “Барқи тоҷик” аз анҷоми маҳудидиятҳои интиқоли барқ ба аҳолӣ дар тамоми ҷумҳурӣ хабар дод. Манбаъ афзудааст, ки дар ду шабонарӯзи лимит ба пуррагӣ бардошта шудааст.
Показати все...
👍 30👎 12😁 9
Эмомалӣ Раҳмон масъалаи муҳоҷиронро дар Русия матраҳ кард Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми май дар суҳбат бо Президенти Русия Владимир Путин гуфт, "имрӯз мехоҳам баъзе аз масъалаҳоро бо Шумо баррасӣ кунам, бахусус масъалаи муҳоҷирони кориро. Ин мавзуъ барои мо ҳассос ва яке аз масъалаҳои асосӣ аст." Дар ин навбат Владимир Путин муносибатҳои иқтисодии Русия бо Тоҷикистонро дар ҳоли рушд арзёби кард. Мулоқоти сарони ду кишвар дар шаҳри Маскав гузашт.
Показати все...
👍 22🔥 1
Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия имрӯз дар назди оромгоҳи "Аскари номаълум" дар Маскав гулчанбар гузоштанд.
Показати все...
👍 11🔥 2 1🥰 1
Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро бо Рӯзи Ғалаба табрик гуфт Сарвари давлат ба ҳар як хонадон сулҳу субот ва рӯзгори обод орзу намуд.
Показати все...
👍 32 6👎 2🫡 1
Дин ва ҷомеа: Исқот ва Ислом Исқоти ҳамл фақат дар сурате, ки ба ҳаёти модар хатари ҷиддӣ таҳдид намояд, раво аст. Аз назари ислом ҳатто дар сурати хатари марговар доштани ҳомиладорӣ барои зан, танҳо то чормоҳагӣ исқоти ҳамл намудан иҷозат дода шудаасту халос. Фарзанд намехоста бошед, беҳтараш танаффуси раҳмиро иҷро намоед, то як тифли бегуноҳро кушта, ба хунаш зомин нашавед.
Показати все...
👍 42 7
Ҳамагӣ 24 нафар монданд... Аз 300 ҳазор ҷанговари тоҷик ки ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта буданд имрӯз ҳамагӣ 24 нафари онҳо дар қайди ҳаёт ҳастанд: 10 нафар дар вилояти Хатлон, 6 нафар дар вилояти Суғд, 5 нафар дар ноҳияҳои тобеи марказ ва 3 нафар дар шаҳри Душанбе. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ғалаба хабарнигори “Pressa.tj” ба аёдати ҷанговарони шаҳри Душанбе рафт. Мухтор Заргаров иштирокчии 104 солаи ҶБВ. Ӯ соли 1920 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шуда, ҳоло дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунад Мухтор Заргаров дорандаи медали 20 солагии ҶБВ, 50 солагии ҶБВ, медали Жуков, ордени дараҷаи 1 ва ордени Шараф, мебошад. Ӯ бо як гурӯҳ аз рафиқонаш дар кандани канали Фарғона, роҳи Варзобу Помир иштирок кардааст. Мухтор Заргаров соли 1942 ҳамчун сарбоз бо хоҳиши худ ба майдони ҷанг рафта, дар ҳайати бригадаи тонкӣ ба ҳайси нишонгир хидмат менамояд. Ӯ дар муҳорибаҳои даҳшатбори Минск, Дубровка, Сосновка ва Березовка иштирок карда, чандин маротиба захмдор шудааст.
Показати все...
👍 42🔥 4🫡 3
Национальная букмекерская компания FORMULA55 наградила  Национальную сборную Таджикистана по футзалу в размере 550 000 сомони! Футзалисты Таджикистана триумфально шагают к чемпионату мира! Наша сборная по футзалу заняла достойное четвертое место на Кубке Азии, тем самым обеспечим себе путевку на Чемпионат Мира 2024 года! Уже на протяжении 10 лет FORMULA55 выступает в качестве официального спонсора футзальной лиги Таджикистана, оказывая всестороннюю поддержку. Так и на этот раз, в качестве официального спонсора, компания вручила всей сборной по футзалу, включая тренерский штаб, денежные премии в размере 550 000 сомони. Пресс-конференция состоялась в гастро-баре Community 7 мая с участием представителей Федерации Футбола Таджикистана, Футзальной лиги и СМИ. Впереди у ребят выступление на Чемпионате Мира по футзалу, который состоится в Узбекистане в этом году. Стоит отметить, что сборная Тадижкистана по футзалу впервые в истории примет участие в Чемпионате Мира. Желаем дальнейших успехов на пути к новым вершинам!
Показати все...
👎 10👍 7
#Хабарирӯз ✅ Дар як қатор манотиқи кишвар аз 10-ум то 12-уми май боришоти шадид, раъду барқ ва жола дар назар аст ✅ Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад ✅Суғд: Маросими ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор шуд
Показати все...
👍 9 1
Сафари Президент ба Русия Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Маскав сафар кард. Ҳадаф аз ин сафари Сарвари давлат иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 79-умин солгарди Рӯзи ғалаба ва мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Дар ин сафар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.
Показати все...
👍 22👏 6