cookie

Ми використовуємо файли cookie для покращення вашого досвіду перегляду. Натиснувши «Прийняти все», ви погоджуєтеся на використання файлів cookie.

avatar

JM Company

Официальный канал компании JM в телеграмме. Сайт - www.jmc.tj Администратор - @firuz_khaydarov

Більше
Рекламні дописи
623
Підписники
-224 години
-37 днів
-430 днів

Триває завантаження даних...

Приріст підписників

Триває завантаження даних...

🎼#ҶӯрабекМуродов 📚#Ҳофиз 🎹#ЭҷодиХудодод Ҳангоми навбаҳор гул аз бӯстон ҷудо. Ё раб мабод ҳеҷ касс аз дӯстон ҷудо Булбул ба нола дар чаман ояд ба субҳдам, Аз васфи гул ҳамешавад андар хазон ҷудо. Дунёст боғи кӯҳнаву инсон чу навгуланд, Ҳар як зи шохи гул канад боғбон ҷудо Бисёр хуфтаанд дар ин боғ симтанон Шоҳу арӯс ҳар як аз ин гулрухон ҷудо. Афсӯс, ки ин ҳубоби ҷаҳон ройгон гузашт, Афсӯси дигар он, ки шавад тан зи ҷон ҷудо. Хуш дор пой бар сари озурдагон манеҳ, Танҳо фитода дар лаҳад аз ҷамъашон ҷудо. Тарки ҳавои ҳирс бикун Ҳофизо кунун, Баҳри висоли дӯст шав аз хонумон ҷудо.
Показати все...
Ҷӯрабек Муродов-Ҷудо.mp39.82 MB
🔥 2
🎼#ҶӯрабекМуродов 📚#Дилкаш 🎹#ЭҷодиХудодод Мен ошиқи бечора ул ёр ишонмайдур, Васлига гирифтора зинҳор ишонмайдур. Ҳаҷрида ҷигарпора дилдор ишонмайдур, Роз айласан минг бора бир бор иншонмайдур. Шайдо ману абгора такрор ишонмайдур, Мен ошиқи бечора ул ёр ишонмайдур. Айтинг нега у аввал кӯз қири билан боқдӣ, Товуси хиром айлаб қалбимга олов ёқдӣ. Дандону лабин тишлаб ноз ӯзгаҷа қош қоқдӣ, Банд этгали ман қулни гул юз уза гул тақдӣ. Энди нега ул зора ул ёр ишонмайдур, Мен ошиқи бечора ул ёр ишонмайдур. Қисмада иноним бор лек аҳду қарорим бор, Севги ману мангувдур ӯйлай ману ҳам иқрор. Неҳ ҳийла билан билман ғоф бӯлдӣ рақиб ағёр, Ҳам элга солиб ғавғо қилди ишимни душвор. Дилкаш яна овора ул ёр ишонмайдур, Мен ошиқи бечора ул ёр ишонмайдур.
Показати все...
Ҷӯрабек Муродов-Ишонмайдур.mp34.36 MB
👍 3🔥 2
🎼#ҶӯрабекМуродов 📚#Балхӣ 🎹#ЭҷодиХудодод Қасди ҷафоҳо накунӣ в-ар бикуни бо дили ман, Во дили ман, во дили ман, во дили ман, во дили ман. Қасд кунӣ бар тани ман шод шавад душмани ман, В-он гаҳ аз ин хаста шавад, ё дили ту, ё дили ман. Волаву маҷнун дили ман, хонаи пурхун дили ман, Баҳри тамошо чӣ шавад ранҷа шавӣ то дили ман. Хӯрда шакарҳо дили ман, баста камарҳо дили ман. Вақти саҳарҳо дили ман рафта ба ҳар ҷо дили ман. Мурдаву зинда дили ман, гиряву ханда дили ман, Хоҷаю банда дили ман, аз ту чу дарё дили ман.
Показати все...
Ҷӯрабек Муродов-Во дили ман.mp34.31 MB
🔥 3🥰 1
Концертная запись выступления Мирсалима Ашурова, который прошел ровно год назад, наконец-то увидела свет. Эта премьера — не просто событие для поклонников, но и трогательная память о невероятном артисте, который, к сожалению, скончался в этом году. В тот незабываемый вечер певец подарил своим фанатам море эмоций и исполнил лучшие песни из своего репертуара. Его энергия, харизма и уникальный голос снова оживают на экране, наполняя сердца зрителей светлыми воспоминаниями. Эта премьера становится еще более значимой из-за печального события — утраты талантливого исполнителя. За прошедший год поклонники и друзья вспоминают его с теплом и благодарностью, и эта запись помогает сохранить его наследие. Теперь, спустя год, мы имеем возможность снова окунуться в волшебную атмосферу того концерта и почувствовать присутствие любимого артиста. Его музыка продолжает жить в наших сердцах, а этот концерт — свидетельство его таланта и любви к своим слушателям. Мирсалим Ашӯров - охирон консерт 23.06.2023 (Пурра) https://youtu.be/X9PQdbV4v0A
Показати все...
Мирсалим Ашӯров - Нағмасози дил (Охирон консерт)

Подписывайтесь

https://www.youtube.com/jmcompany

https://www.facebook.com/jmctjk/

https://www.instagram.com/jmc.tj/

https://vk.com/jmctj

👍 7
🎼#ҶӯрабекМуродов 📚#Меҳринисо 🎹#ЭҷодиХудодод Эй дӯстони ҷонӣ, бо ҳам будан ғанимат, Як лаҳза шоду масрур, беғам будан ғанимат. Умри равон равон аст, хоҳем ё нахоҳем, Рӯи гули ҳавасҳо шабнам будан ғанимат, Маънии зиндагӣ чист? Ишқу умеду армон! Сад шукри зиндагонӣ, хуррам будан ғанимат. Бохуду бехудона рафтан ба кишвари ишқ, Бо ошиқони олам ҳамдам будан ғанимат. Дунё ба кас намонад, оре чунин буду бод, Бо бод иолам нам-нам будан ғанимат. То ҳаст нури дида бар ҳамдигар бубинем, Бар ташнаи муҳаббат зам-зам будан ғанимат. Рӯзи рассад, ки бо по рафтан наметавонем, Рӯи асои пирӣ маҳкам будан ғанимат. Меҳриниссо надорад ганҷе ту меҳрубони, Бо ганҷи меҳрубонӣ дорам будан ғанимат.
Показати все...
Ҷӯрабек_Муродов_Маънии_Зиндагонӣ.mp34.30 MB
🔥 2🥰 1
01:10
Відео недоступнеДивитись в Telegram
Дуои Устод Ҷӯрабек Муродов дар иди Саиди Қурбон.
Показати все...
IMG_0619.MP413.88 MB
👍 3🥰 1
🎼#ҶӯрабекМуродов 📚#Сайидо 🎹#ЭҷодиХудодод Чанд рӯзе дар муҳаббат дард мебояд кашид, Зардрӯиҳо зи ранги зард мебояд кашид. Нолаҳои гармро азбаски таъсире намонд, Баъд аз ин аз сина оҳи сард мебояд кашид. Булҳавасро сар ба теғи имтиҳон бояд бурид. Имтиҳон аз душмани номард мебояд кашид. Пеш аз он соат,ки хокатро диҳад даврон ба бод, Аз бинои хастии худ гард мебояд кашид. Пари кохе аз кафи номард бори олам аст, Кӯҳ агар миннат шавад, аз мард мебояд кашид. Сайидо имрӯз аз болобаландони чаман, Домани он сарви яктогард мебояд кашид.
Показати все...
Ҷӯрабек_Муродов_Дард_мебояд_кашид.mp34.81 MB
👍 4🔥 1
🎼#ҶӯрабекМуродов 📚#Соиб 🎹#ЭҷодиХудодод Мешаванд аз сардмеҳрӣ дӯстон аз ҳам ҷудо, Баргҳоро мекунад боди хазон аз ҳам ҷудо. Қатра шуд селобу восил шуд ба дарёи муҳит, То ба кай бошанд ин беҳосилон аз ҳам ҷудо. Гар ду бенисбат ба ҳам сад сол бошанд ошно, Мекунад бенисбатӣ дар як замон аз ҳам ҷудо. Дарнагирад сӯҳбати пиру ҷавон бо якдигар, То ба ҳам пайваст шуд тиру камон аз ҳам ҷудо. Дар хамӯшӣ ҳарфҳои мухталиф як нуқтаанд. Мекунад ин ҷамъро теғи забон аз ҳам ҷудо. Мепазирад чун гулоб дар шиша ранги иттиҳод, Гарчи бошад барг-барги гулистон аз ҳам ҷудо. То туро аз дур дидам рафт ақлу ҳӯши ман, Мешавад наздики манзил корвон аз ҳам ҷудо. Пеши арбоби басират гуфтгӯи ишқу ақл, Ҳаст чун бедориву хоби гарон аз ҳам ҷудо. Гарчи дар сӯҳбат қасамҳо бар сари ҳам мехӯранд. Хуни ҳамро мехӯранд ин дӯстон аз ҳам ҷудо То чун занбури асал дар чашми ҳам ширин шаванд, Беҳ, ки бошад хонаҳои дӯстон аз ҳам ҷудо.
Показати все...
Ҷӯрабек_Муродов_Дӯстон_аз_ҳам_ҷудо.mp38.01 MB
👍 3🔥 1
🎼#ҶӯрабекМуродов 📚#Фарзона 🎹#ЭҷодиХудодод Салом, эй бӯи Ҷӯи Мӯлиёнам, Салом, эй пайки нав аз бостонам. Салом эй ғунчапайванди баҳорам, Салом эй решапайванди хазонам. Салом, эй лолае дар боми тифлӣ, Салом, эй хотироти арғувонам. Муноҷоти сабуҳу вирди шабро, Ба домони намозии ту хонам. Ватан, эй қиблаву меҳроби ишқам, Бишав бедор аз бонги азонам Чаманпарварди ишқам, нағмазодам, Биҳиштиям, ки қудси ошёнам. Биёмад рӯзгори васли тоҷик, Ки як маҷро бишуд дарёи ҷонам. Ватанро мекунам оинадорӣ, Ки ман Сайхуну Вахшу Зарфишонам. Дарию порсию тоҷикиям, Ҳазоронсола дардеро забонам. Шабовези туям, эй мазҳари субҳ, Ватан гӯяд гулӯи хунчаконам. Пас аз мурдан ҳам ишқатро сароям Ба нолишҳои нойи устухонам. Ватанро мекунам оинадорӣ, Ки ман Сайҳуну Вахшу Зарафшонам Дарию порсию тоҷикиям Ҳазорон сола дардеро забонам.
Показати все...
Ҷӯрабек_Муродов_Ватан_эй_қиблаи_ман.mp34.48 MB
👍 2🔥 1
🎼#ҶӯрабекМуродов 📚#Озарахш 🎹#ЭҷодиХудодод Гӯш бинмо медиҳад овоз най, Қиссаи нав мекунад оғоз най, Ҳамнавои синаи нолони ман, Нола дорад, нола дорад боз най. Сӯи чашми хунчакони Рӯдакӣ, Менамояд боз чашме боз най, Ибни Сино боз сарсон гаштааст, К-инчунин пурсӯз дорад соз най?! Панҷаҳои Борбад бибрида шуд? В-арна чун бо ғам шуда дамсоз най? Шикваҳо дорад чу пайконхӯрдагон, Боз аз туркони тирандоз най! Рози найро мешунав эй Озарахш Роз дорад, роз дорад, роз най! Рози найро мешунав эй, Ҷӯрабек, Роз дорад, роз дорад, роз най!
Показати все...
Ҷӯрабек Муродов-Рози Най.mp36.65 MB
🔥 2👍 1🥰 1
Оберіть інший тариф

На вашому тарифі доступна аналітика тільки для 5 каналів. Щоб отримати більше — оберіть інший тариф.