cookie

Мы используем файлы cookie для улучшения сервиса. Нажав кнопку «Принять все», вы соглашаетесь с использованием cookies.

avatar

Мо "Дӯстонем"

Мо "Дӯстонем" T.me/rafiquz Админи канал Рафиқ Норқобилов Барои муроҷиат... @Rafiq_1988 Ситора дар ҳаво олоҳу акбар. Бидидам духтаре ҳамроҳи модар. Салом бар модару чашмам ба духтар. Гулам бар модару ишқам бар духтар. ±998911666288 T.me/rafiquz

Больше
Рекламные посты
250
Подписчики
Нет данных24 часа
-27 дней
-730 дней

Загрузка данных...

Прирост подписчиков

Загрузка данных...

Фото недоступноПоказать в Telegram
00:53
Видео недоступноПоказать в Telegram
Буғдойзор оралаб ўтишга фақат бир кишига рухсат берилар экан... Шундай муқаддас Рамазон ойида бир-биримиздан хабар олиб қўяйлик! 👉 @OQIBATDAN_GAPLASHAYLIK
Показать все...
Фото недоступноПоказать в Telegram
Отасидай жони фидо, Дилбандларим "Амакиси". Жигарлардир берган Ато, Бахтли бўлсин ҳар қайсиси. Омон бўлинг Амакилар!
Показать все...
Фото недоступноПоказать в Telegram
Қадри ҳамдигар надонем, ногуворӣ то ба кай? Меҳру оқибат надонем, сохтакорӣ то ба кай? Давраи рӯи замин ҳамвор бинамояд вале, Ҳамрадифи роҳ надонем, пухтакорӣ то ба кай? Чашмаи обҳои кӯҳӣ фасли гармо кам шавад, Чашми дилеро надонем дилгузорӣ то ба кай? Гӯиё сӯи само парвоз намоем беҳисоб, Самти парвозро надонем ҷоннисорӣ то ба кай? Аз салом то хайру хуш одоби исломӣ бувад, Ҳурмати худро надонем зору зорӣ то ба кай? Дӯстӣ аз ҷон то дӯстони ҷонӣ мешаванд, Дӯстдоронро надонем, умри хорӣ то ба кай? Месарояд як ғазал, к-аз дарди дил ака Далер, Дарди ҳамдигар надонем вақти корӣ то ба кай?! 🦋
Показать все...
👍 1
Эй фалак, дод аз ҷафоят, дар чӣ ҳолам кардаӣ?! Рост будам чун алиф, монанди долам кардаӣ! Охир, эй гардун, задӣ санги маломат бар сарам, Зери пойи бешуурон поймолам кардаӣ! Аз чӣ рӯ, эй чарх, чун ман эътиборат дур бод, Қуръаи беэътибориҳо ба фолам кардаӣ?! Аз ту, эй Ноҳид, гуфторам навои тоза дошт В-аз ҳасад, эй чарх, чун Яъқуб лолам кардаӣ! Оқибат кори ту гар ин буд, эй гардуни дун, Аз чӣ дар рӯзи азал қисмат камолам кардаӣ?! Эй сипеҳри бемурувват, ин кадомин шева аст?! Нола месозам зи дастат, то чу олам кардаӣ! Буд дар оинаи ман акси сад маънӣ дучор, Занги ғам бар рӯйи миръоти хаёлам кардаӣ! Рӯзгоре буд, ки медодам ба чизе ман навол, Хуни ҳасрат, эй фалак, охир наволам кардаӣ! Ҳамдамонам нокасони гӯлу аз дониш тиҳӣ, Сӯҳбати донишварон амри муҳолам кардаӣ! Дар ҳавои мӯшикофӣ Туғралам пар мезанад, То ту, эй гардун, маро дур аз висолам кардаӣ! Ғазали Туғрал https://t.me/gazaltj
Показать все...
Шеър ва ғазал 🔵

Шеър ва ғазалиёти шоирони Классик ва муосири форсу тоҷик

Афсӯс, ки сармоя зи каф берун шуд. В-аз дасти аҷал басе ҷигарҳо хун шуд. Кас н-омад аз он ҷаҳон, ки орад хабаре Аҳволи мусофирон бигyяд, чун шуд. Как жаль, что между рук ушла моя казна. Кровавым роком тьма страдальцев казнена. Оттуда нет вестей и вестников. Узнать бы, Как приняла их та, другая сторона. О. Хайам
Показать все...
👍 1
Агар ба худ натавонам дубора вобирасам, Худо кунад, ки ба сарвақти ошно бирасам. Ба ҳар нафар бирасад он чи дар насибаи ӯст, Ман ин қарор надодам, ки бар вабо бирасам. Мабод, кашталам аз чангалам раҳо бихӯрад, Ки чун бадар биравам, бар дари бало бирасам. Ҷудо зи баргу наво шуд дарахти фасли баҳор, Ки ман ба маърифати дасти бенаво бирасам. Гудоз гар бидиҳад хоки ман ба зар табдил, Ба маҳзи сикка шудан бар кафи гадо бирасам. Сафои ботиниву ранги гандумӣ бубарам, Ба Африқо бирасам ё ба Амрико бирасам. Агар зи хотири худ рафтаам ба хотири кас, Маро бас аст, ки бар хотири Худо бирасам. Давлати Рахмониён gazaltj
Показать все...
Умри одамро, ки мегӯянд, як дам будааст, Нек бинам, суҳбати ёрони ҳамдам будааст. Рӯзи шодӣ, гарчи мегӯянд, бисёр аст ёр, Он, ки аз шодии ту шодӣ кунад, кам будааст. Ҳар чӣ аз одам расад, ноодамӣ ё одамӣ, Лек одам боз ҳам муҳтоҷи одам будааст. Гарчи дилро мекунад ғам сахт бемору хароб, Чорасози ҷони беғам боз ҳам ғам будааст. Гавҳари одам бубояд дид, в-арна ҳар даво Бар яке нешу ба дигар нӯшу марҳам будааст. Он ҷавонмаргон, ки рафта қарздору қарзхоҳ, Қарзҳои умрашон бар қарзи мо зам будааст. Бошад аз ин пас ба қадру қимати одам расем, К-ин ҳаёти мо ба дунё одаму дам будааст. Аскар Ҳаким. @gazaltj
Показать все...
👍 1
✨🌴✨ 💕Субҳ шуд ин субҳгоҳи равшану зебо ба хайр. ✨Бомдоди дилкашу дилчаспу рӯҳафзо ба хайр. 💕Сад салом аз ман ба дастони пур меҳри шумо. ✨Субҳи ман субҳи шумо субҳи ҳама дунё ба хайр.
Показать все...
👍 1
Фото недоступноПоказать в Telegram