cookie

Мы используем файлы cookie для улучшения сервиса. Нажав кнопку «Принять все», вы соглашаетесь с использованием cookies.

avatar

Al Furqon tj || далелу роҳнамои мазҳаби ҳанафӣ.

Эътиқодот. Ибодот. Муъомалот. Барои Истифода ва бардошт аз матолиби ин саҳифа иҷозату изни ъом аст. Барои дарёфти китобҳои Тоҷикӣ, ба ин саҳифа пайваст шавед: https://t.me/kitobitojik

Больше
Рекламные посты
189
Подписчики
-324 часа
-217 дней
+930 дней

Загрузка данных...

Прирост подписчиков

Загрузка данных...

Repost from Nasihat
Фото недоступноПоказать в Telegram
Бародарони бе ниҳоят азиз ва маҳбуби мо! Ростиш китоб харидорӣ карданиям, агар касе бошад дар ин моҳи муборак кумак кардани бошад, бе ниҳоят сипос гузор ва дуогуяш мебошам 🤲🏻♥️ 🌐 Ба саҳифаи мо обуна шавед: @nasihat99
Показать все...
5
Фото недоступноПоказать в Telegram
🗣Навруз иди оташпарастон аст 🔥 Фуқаҳои киром дар мавриди таҷлили он, чунин иттифоқи назар доранд: «Ҷашн гирифтан ва таъзим ва бузургдошти он инсонро ба сарҳади куфр мекашонад ва инҳо тавсия менамоянд, ки бар мусалмонон лозим аст, ки ҷиддан аз бузургдошти ин руз иҷтиноб варзанд!». Китобҳои бузург ва муътабари мо Ҳанафиҳо дар мавриди таҷлили навруз ва ба қасди таъзими он барои дустон туҳфа додан, чунин менигоранд: Мулло Али Қории Ҳанафӣ (р)(1014 ҳ.қ.) дар идомаи шарҳи китоби “Фиқҳи Акбар”-и Имоми Аъзам (р) саҳ.207 мефармояд: "و من اهدي يوم النيروز الي انسان شيئا و اراد به تعظيم النيروز كفر." (Яъне: касе ки дар рузи Навруз ба қасду нияти бузургдошти Навруз ҳадя ва туҳфаеро барои инсоне бидиҳад, аз доираи Ислом берун шудааст!). Дар китобҳои бузурги фатвоҳои мо Аҳноф, монанди: 📚“Фатовои Базозия” ҷ.6 саҳ.333 📚“Хулосат-ул-Фатово” ҷ.4 саҳ.384 📚“Фатовои Тоторхония» ҷ.5 саҳ.354 Ҳамаи ин фатвоҳо баён мекунанд, ки таҷлил аз Навруз ва арзиш додан ба он ва додани туҳфаи Наврузӣ коре аст, нораво ва ноҷоиз дар дини Ислом, чун дар Ислом рузи ид  маълум ва мушахас аст, ки ҳамон иди саъиди Фитр ва иди Қурбон аст ва ниёз вуҷуд надорад мо ба ҷашнгирии иди мушрикон бипардозем! Баргирифта шуд аз каналӣ: ✈️https://t.me/nasihat99
Показать все...
👍 8
Ҳадиси9⃣. Аз Анас ( р ) ривоят мешавад, ки гуфт : Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд : أَنَسَ بْنَ مَالِكٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ : قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ : " تَسَحَّرُوا ؛ فَإِنَّ فِي السَّحُورِ بَرَكَةً ". «Саҳур намоед, чунки дар саҳур баракат ҳаст». Саҳеҳ Бухорӣ, № 1923.
Фоида ад ин ҳадис: Аз ин ҳадис истинбот карда мешавад, ки умматони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ма'мур ба саҳур кардан мебошанд, чунки дар у хайри зиёд ва баракоти бузурге макнун ( пинҳон ) мебошад. Баъзе фоидаҳо аз саҳур кардан : 1) Қувват гирифтан бар ибодат кардани Ӯ ҷалла ҷалалуҳу, чунки марди гурусна аз ибодат кардан машғул буда ба дарди худ овора ҳаст. 2) Изҳори аҷзият ва мӯҳтоҷи дар пешгоҳи Ӯ ҷалла ҷалалуҳу. 3) Имтисол ва иқтидо ба амри паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам. Саҳуркунанда инро қаст карда саҳур кунад аҷри бузургеро ноил хоҳад шуд. 4) Намози Субҳро дар вақташ бо ҷамоат гузоштан низ аз баракоти саҳур ба шумор меравад. Чигунае, ки эҳсос карда мешавад, намози субҳи моҳи рамазон ( аз ҳайсияти адади намозгузорон ) аз дигар моҳҳо фарқ дорад. Дарҳои хайр, саодати дунё ва охират дар иттибоъи амр ва суннати Ӯст. Бо дуо бошед !
................................................ ⏩🛡https://t.me/alhanafiya ✅️
Показать все...
5
ТАРҶУМАИ ФИҚҲИ АКБАР Асмо ва сифоти Зоти ва Феъли Ҳамеша аз азал буда ва то абад бо номҳо ва сифоти Зоти ва Феълияш хоҳад буд,[1] сифоти зоти монанди: 1) Ҳаёт (зинда будан), 2) Қудрат (тавонои), 3) Илм (донистан), 4) Калом (сухан гуфтан), 5) Самъ (шунавои), 6) Басар (бинои), 7) Ирода (хостан). [2] сифоти феъли монанди: офаридан, рузи додан, вуҷуд бахшидан, аз сари нав пайдо кардан, бо ҳусни салиқа офаридан ва дигар сифоте феъли, [3] Худованд ﷻ бо тамоми асмо ва сифоташ аз азал буда ва то абад хоҳад буд, ҳеч исм ё сифате барои У ﷻ нав пайдо нашуд. [1] Асмо (номҳои) Аллоҳ ду қисманд: Зоти ва Сифоти, лафзи аллоҳ номи Зоти аст, дигар номҳои зебояш сифоти ҳастанд. Тамоми номҳои Аллоҳ ро ки дар Қуръону ҳадис манқул ҳастанд, барои Зоти У истеъмол кардан ҷоиз аст, номҳое ки дар Қуръону ҳадис ворид нестанд, ба таври ном ҷоиз нест магар ба таври сифат ҷоиз аст, масалан ё Қадим гуфтан ҷоиз нест, албатта Аллоҳ Қадим аст гуфтан ҷоиз аст. Дар ҳар забон барои Зоти Аллоҳ номи Зоти муқаррар аст, он номҳоро ба ҳамон забон истеъмол ҷоиз аст, монанди “Худо” дар форси ва ғайри он. [2] Сифоти Зоти: он сифоте ки Аллоҳ бо онҳо мавсуф аст ва бо зидди онҳо мавсуф нест, ба зиндаги мавсуф аст ба марг мавсуф нест. [3] Сифоти феъли: он сифоте ки Аллоҳ бо онҳо мавсуф аст ва бо зидди онҳо низ мавсуф аст, магар онҳо дар ғайри Аллоҳ воқеъ мешаванд, масалан офаридан ва нобуд кардан. Дигар сифоти феъли ҳам вуҷуд дорад монанди: зинда кардан, мирондан, ҳидоят додан, гумроҳ кардан, иззат додан, зиллат доданд ва ғайри он. #фиқҳиакбар https://t.me/alfurqon_tj
Показать все...
3👍 1
Показать все...
РӮЗА ШАФОАТГАР МЕШАВАД | ҲАДИСИ №27

#рамазон2024 #мадрасаи_ҳанафия Ҳадисҳо дар бораи фазилати моҳи шарифи Рамазон Рӯза шафоатгар мешавад дар рӯзи қиёмат барои шахси рузадор.

2
ТАРҶУМАИ ФИҚҲИ АКБАР Тавҳиди Аллоҳ ﷻ Аллоҳ ﷻ яке аст, магар на ба эътибори адад, балки эътиборе ки ҳеч ширке надорад, “на (касеро) зоида ва на (аз касе) зоида шуда ва ҳеч ҳамто ва монанде надорад”,[2] У ﷻ ба ҳеч чизе аз махлуқоташ монанд нест ва на ҳеч чизе аз махлуқоташ ба У ﷻ шабоҳат дорад. [2] Сураи 112. Ихлос, ояти 3,4 #фиқҳиакбар https://t.me/alfurqon_tj
Показать все...
4👍 2
ТАРҶУМАИ ФИҚҲИ АКБАР Баёни усули Имон Имоми аъзам Абу Ҳанифа Нуъмон ибни Собит (Аллоҳ аз у рози бошад) фармуд: Баёни асли тавҳид ва ончи ки бояд ба он ақида ва бовар дошт; [1] Воҷиб аст бар ҳар инсони (мукаллаф ва мусалмон) ки бигуяд: ба Худованд ﷻ ва фариштагон ва китобҳо ва Паёмбарон ва ба рузи охират ва зинда шудан пас аз марг ва ба тақдири неку бад ки аз ҷониби Худованд ﷻ аст, имон овардам, ва бар ҳисобу китоб ва мизон (тарозуи аъмол) ва ба биҳишт ва дузах, имон дорам ки ҳама инҳо ҳақ ҳастанд. [1] Бархе аз уламо тавҳидро тақсим намудаанд, аҳли илм дар замони худ мардумро барои фаҳмидани ақидаи тавҳид ин корро ихтиёр карданд ва сатҳи зеҳнии онҳоро дар назар гирифта тавҳидро ба чанд қисми гуногун тақсим караданд, дар ҳар давр аҳли илм мувофиқи завқи худ ва зарурати авом таъбирҳои гуногун ихтиёр намуданд, таъбирҳо мухталиф буданд, магар ҳадаф аз он ҳама он буд ки тавҳиди Аллоҳ аз ҳар ҷиҳат возеҳу ошкор шавад ва ширк аз ҳеч гуша дар тавҳид ҳоил нашавад. Уламои мо тавҳидро ба се навъ тақсим намуданд: 1) тавҳид дар Зот: яъне Аллоҳ дар Зоти покаш якто аст, шарике надорад. 2) тавҳид дар сифот: яъне Аллоҳ дар сифоташ якто буда шарике надорад. 3) тавҳид дар асмо: яъне Аллоҳ дар номҳояш якто аст. #фиқҳиакбар https://t.me/alfurqon_tj
Показать все...
3🔥 3
Имом Ҳаммод ибни Абу Ҳанифа раҳимаҳулоҳ. Хадамот барои нашри дин; Имом Ҳаммод ҷойнишинии волиди гиромияшро ба хуби адо намуд, эшон дар илми калом (ақида) ҳадис, фиқҳ ва зуҳду тақво ҷойгоҳи баланде дошт, зуҳду тақво бар эҳон ғолиб буд. Эшон алайҳи фирқаҳои ботил хеле сахтгир буд, ақида ва далоили ботили ононро ҷавоби дандоншикан медод, ки бештари моҳирини фан аз он оҷиз буданд. Авлод; Эшон чаҳор фарзанд доштанд: Абу Ҳаён, Исмоил, Умар ва Усмон. Исмоил, аз ҷониби халифаи Маъмун қозии Басра буд, у аз бародараш Умар ривоят карда аст. (раҳматуЛлоҳи алайҳим аҷмаъин). Вафот; Эшон дар моҳи зулқаъда, соли 176 ҳиҷри дори фониро тарк намуданд.  Шахсияти соҳиби китоби фиқҳи акбар ҳазрати имоми Аъзам Абу Ҳанифа равшантар аз нури офтоб аст ва дар бораи зиндагиномаи эшон китобҳо навишта шуда аст, бинобар ин инҷо танҳо бо ихтисор тарҷумаи ҳоли ровии китоб, фарзанди арҷманди имомро таҳрир карда шуд. (раҳматуЛлоҳи алайҳим аҷмаъин). https://t.me/alfurqon_tj
Показать все...
4👍 1
Выберите другой тариф

Ваш текущий тарифный план позволяет посмотреть аналитику только 5 каналов. Чтобы получить больше, выберите другой план.