cookie

Мы используем файлы cookie для улучшения сервиса. Нажав кнопку «Принять все», вы соглашаетесь с использованием cookies.

avatar

Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч

Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон Оиди ҳамкорӣ ва реклама 👇 @shodtj

Больше
Рекламные посты
15 990
Подписчики
-924 часа
-717 дней
-10730 дней

Загрузка данных...

Прирост подписчиков

Загрузка данных...

02:37
Видео недоступноПоказать в Telegram
Кормандони раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон, танҳо давоми моҳи охир чандин ҳолати машғул шудан ба фолбиниву ҷодугариро ошкор кардаанд. Ин навбат зимни санҷиш кормандони мақомот аз боздошти боз шаш нафар фолбин хабар додаанд, ки мақсади ҳаммаи онҳо ба даст овардани маблағ будааст. Ин нафарон аз боварии мардум истифода бурда онҳоро бо истилоҳ гарму хунук мекардаанд. Ҳоло нисбати боздоштшудагон парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад!
Навор аз ютуб каналӣ "Пайки Суғд"
Показать все...
13.67 MB
👍 9😁 8
Фото недоступноПоказать в Telegram
#Ҳуқуқи шумо: Барои латукӯб шикоят кунам? Ман омӯзгорам. Падари як хонандаам маро барои пурсидани сабаби ба дарс наомадани фарзандаш дар вақти дарс дар назди дигар хонандаҳо таҳқир ва латукӯб кард. Аз ин ҳодиса қариб 2 моҳ гузашт, вале то ҳол ба худ наомадаам. Аз болои ӯ шикоят карда метавонам? Ҷавоб: Бале, метавонед нисбати он кас шикоят кунед. Хуб мешуд, ки экспертизаи тиббиро гузашта, муайян намоед, ки зарари расонидашуда чӣ гуна аст. Баъди ин, шикояти худро пешниҳод намоед. Агар зарари сабук, миёна ё вазнин ҷой дошта бошад, барои оғози парвандаи ҷиноӣ асос мегардад. Тавсия дода мешавад, ки баъди рух додани чунин ҳолатҳо фавран ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоед.
Показать все...
👍 23 2👎 1🤬 1
‼️Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъеро, ки дар расонаҳо нашр шуд, дар бораи таъсиси пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон беасос хонд. Дар баёнияи интишоркардаи дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ дар робита ба хабарҳое, ки бархе аз расонаҳои хабарӣ дар бораи гӯё таъсиси пойгоҳи низомӣ аз ҷониби Чин дар қаламрави Тоҷикистон паҳн кардаанд, изҳор менамоем, ки онҳо беасосанд. Шӯъба тавзеҳ дод, ки "ин масъала дар рӯзномаи музокироти Тоҷикистону Чин набуд ва нест
Показать все...
👎 5👍 2 1
13-14 июл дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бинобар тағйирёбии ҳаво, чангу ғубор дар назар аст. Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ дархост намудан, ки эҳтиёткор бошанд.
Показать все...
8👍 3
Фото недоступноПоказать в Telegram
#Ҳуқуқи шумо: Рухсатии ҳомиладорӣ надоданд, чӣ кор кунам? Дар хусуси муносибатҳои меҳнатӣ доир ба рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд тибқи моддаи 223 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зан ҳангоми пешниҳоди варақаи корношоямӣ 70 рӯз то ва 70 рӯз баъди таваллуд ҳуқуқ ба баромадани рухсатии ҳомиладорӣ пайдо мекунад. Маблағи рухсатии ҳомиладорӣ (декретной) баъди пешниҳод аз ҷониби муҳосиби корхона, муассиса ва ё ташкилот ба АДСИН (суғуртаи иҷтимоии нафақавӣ) пардохт карда мешавад ва рухсатии мазкур рухсатии иҷтимоӣ дониста мешавад. Дар хусуси пардохт нашудани маблағи рухсатии ҳомиладорӣ ба иттифоқи намояндагони кормандон, комиссияи созиш, ба шуғли аҳолӣ ва ё ин ки ба суд арз карда метавонед ва ё ҳамзамон, барои риоя накардани меъёрҳои қонунгузорӣ барои назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун ба мақомоти Прокуратура метавонед шикоят баред.
Показать все...
👍 28
Боздошти ду фолбин дар пойтахт Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт шаҳрвандон Шоев Муродалӣ Насриддинович, соли таваллудаш 1991 ва Мирова Анна Гиоргиевна, соли таваллудаш 1952-ро барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дастгир намуданд. Номбурдагон дар манзили истиқоматиашон шаҳрвандонро қабул намуда, бахткушоию фолбинӣ, сеҳргарӣ ва ба истилоҳи мардумӣ ба «гармиву хунукӣ» машғул будаанд.
Нисбати номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда тафтишот идома дорад.
Показать все...
👍 11😁 3🔥 2 1👏 1
Рамзи асосии EURO2024 саёҳати худро дар кишвари азизамон Тоҷикистон идома медиҳад! Чанде пеш мо ба Кӯлоб, Вахш, А. Ҷомӣ ва Муъминобод сафар кардем. Бо ҳамин сайругашти мо ба охир намерасад. Машқҳои гуногуни варзишӣ барои одамони синну соли мухталиф, аз манфиат орӣ нест ва тӯҳфаҳои хотиравӣ бо худ дошт - ин аст он чизе, ки дар бораи сафари рамзи EURO2024 гуфтан мумкин аст! FORMULA55 бо ин иқдоми худ бори дигар собит кард, ки варзиш метавонад одамонро муттаҳид созаду ба онҳо қувват ва эҳсосоти дурахшон бахшад! Навигариҳои FORMULA55-ро пайгирӣ кунед, зеро фардо метавонад дар шаҳри шумо Фестивали футбол доир шавад! Шумо Албертро дар кадом шаҳр интизоред?
Показать все...
👍 9 1
Ду хонаи истиқоматӣ дар поёни бозори Корвони шаҳри Душанбе оташ гирифтаанд. Айни ҳол оташ пурра хомӯш кардашуда сабабҳои он муайян карда мешавад.
Навор аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Показать все...
1.56 MB
1.30 MB
👍 4😱 2
Фото недоступноПоказать в Telegram
Ду нафар дар Зафаробод ҳангоми кофтани чоҳ ба ҳалокат расидаанд Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар, рӯзи 11 июл хабар дод, кит ду сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ҳангоми кандани чоҳ ба ҳалокат расидаанд. «Марди 55-сола барои об чоҳ кофта, дар чуқурии 15 метр аз ҳуш рафт. Як ҳамдеҳаи дигар, як ҷавони 25-сола ба ӯ кӯмак карданӣ шуд, аммо натавонист. Мардҳо нафасгир шуданд”, - гуфтанд дар раёсат.
Ҷасадҳо дарёфт ва ба пулис супурда шуданд
Показать все...
😱 7😢 6👍 4
Показать все...
Тоҷикдухтар дар роҳи фатҳи Олмон

Чанд соли охир тоҷикистониён тавассути барномаҳои гуногун на танҳо ба Русия, балки ба Амрикову Аврупо низ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта истодаанд. Қаҳрамони

👎 2
Выберите другой тариф

Ваш текущий тарифный план позволяет посмотреть аналитику только 5 каналов. Чтобы получить больше, выберите другой план.