Fabrizio Romano TJ
Открыть в Telegram
#Футбол 🇹🇯 ⚽️ Бузургтарин ҷомеаи мухлисони тоҷикзабони футболи ҷаҳон. 📰 Хабарҳои футбол ва навгониҳои бозори трансферро зуд ва боэътимод пешкаш мекунем. Владелец: @iamabde7
БольшеСтрана не указанаКатегория не указана
968
Подписчики
-224 часа
-167 дней
-4830 дней
Архив постов
❕Расман: Лионел Месси барандаи «Кафши тиллоӣ»-и МЛС-2026 шуд ва аввалин футболбози таърих гардид, ки ин ҷоизаро ду сол пайиҳам ба даст овардааст.
2025 — 29 гол дар 28 бозӣ
2026 — 26 гол дар 31 бозӣ
Винисиус мавқеи худро дар ҳайати асосии Реал Мадрид аз даст додааст ва аллакай дар ин бора огоҳ карда шудааст - Моуриньо дастгирии бозигари бразилиро идома медиҳад, аммо дигар ба ӯ ҷои асосиро кафолат намедиҳад
(AS)
⚽️ Нико Пас мехоҳад ба «Барселона» гузарад, на ба «Реал Мадрид».
⚡️ Ӯ тобистони гузашта пешниҳоди бозгашт ба «Реал»-ро рад карда буд. Қаҳрамони футболи ӯ Лео Месси аст.
⚡️«Реал» ба дарвозабони ҷопонӣ Судзуки таваҷҷуҳ дорад!
💸 Гузариши ӯ метавонад гаронтарин трансфер дар таърихи дарвозабонҳо шавад ва рекорди Кепаро, ки соли 2018 бо маблағи 84 миллион евро ба «Челси» гузашт, шиканад.
🤩 «Барселона» боз ду бозигарашро бармегардонад — Гарсия ва Кристенсен пагоҳ бар зидди «Атлетико» бозӣ мекунанд. Ҳатто эҳтимол дорад, ки Эрик аз ҳайати асосӣ ба майдон барояд.
😌 Рафинья дигар маҷбур нест, ки дар мавқеи ҳимоятгари марказӣ бозӣ кунад.
Repost from БАРСА TJ
🚨 Мубодилаи Балде ба Инкапье баргузор намешавад!
«Арсенал» намехоҳад Пьеро Инкапьеро фурӯшад ё ба Балде иваз кунад. Микел Артета ӯро бозигари муҳим барои даста мешуморад.
Аммо рафтани Алехандро Балде аз «Барселона» дар зимистон имкон дорад, агар ӯ вақти кам дар майдон гирад. Ҳама чиз аз пешниҳодҳои клубҳо ва қарори худи Балде вобаста аст.
🗞 Фабрицио Романо
💩 Карецас ҳангоми бозии Лигаи чемпионҳо бо «Бетис» ба ҳоҷатхона рафт!
🇩🇪 Дар дақиқаи 34-ум Нико Ковач тасмим гирифт, ки ба ҷои Гирасси, ки ҷароҳат бардошта буд, Карецаси юнониро ба майдон барорад. Аммо мураббӣ бозигари худро пайдо карда натавонист. Маълум шуд, ки Карецас он вақт дар ҳоҷатхона будааст. 🏃♀️ Бозигар интизори ивазкунии бармаҳал набуд ва оромона ба ҳоҷатхона рафта буд. Аммо вақте фаҳмид, ки мураббӣ ӯро ҷустуҷӯ дорад, зуд корашро анҷом дода, ба майдон давид. 💪 Дар натиҷа, ӯ голи ғалабаро зад ва беҳтарин бозигари бозӣ эътироф шуд. 😄 Беҳтараш ба ҳоҷатхона рафта, дер кунӣ, аз он ки сари вақт биёӣ ва шарманда шавӣ!
❌ «Реал» – ягона клуби собиқи Роналду аст, ки ба рафтани ӯ аз тими миллии Португалия ҳеҷ гуна вокуниш нишон надод.
😕 «Ал-Наср», «Ювентус», «МЮ» ва «Спортинг» ба ифтихори Криштиану паёмҳои таъсирбахш нашр карданд, аммо «Реал», ки Роналду беҳтарин нишонзани таърихи клуб мебошад, хомӯширо ихтиёр кард.
💔 Дарвозабони «Андорра» Хесус Овоно то ҳол наметавонад аз фоҷиаи марги Хесус де Мигел ба худ ояд. Онҳо ҳангоми бозии Сегунда бо ҳам бархӯрд карда буданд. Пас аз бозгашт ба хона, Овоно қариб аз манзилаш берун намебарояд ва ҳамеша гиря мекунад. Модараш пайваста дар паҳлӯи ӯ қарор дорад. (Marca)
Жерар Пике, соҳиби бошгоҳи «Андорра», шахсан ба дарвозабон барои паси сар кардани ин фоҷиа кӯмак мерасонад. Аллакай маълум шудааст, ки Овоно бозиҳои моҳи ноябри тими миллии Гвинеяи Экваториро аз даст медиҳад.
❤️ Пас аз марги футболбоз дарвозабони «Андорра» мавриди таҳқир қарор мегирад.
• Июли 2026: Неймар фаъолияти худро дар тими миллии Бразилия ба анҷом расонд. • Августи 2026: Месси фаъолияти худро дар тими миллии Аргентина ба анҷом расонд. • Ноябри 2026: Роналду фаъолияти худро дар тими миллии Португалия ба анҷом расонд.😢 Эй, соли 2026, ту чӣ кор карда истодаӣ... 💔 ПОЁНИ ЯК ДАВРО ДАР ПЕШИ ЧАШМОНИ МО МЕБИНЕМ. Ҳамагӣ 2–3 соли дигар ва қаҳрамонони асосии як насл пурра аз олами футбол мераванд. Мо ҳамеша медонистем, ки рӯзе ин лаҳза фаро мерасад, аммо ҳеҷ гоҳ ба он омода нахоҳем шуд…
🕊 НИКО ПАС ГОЛИ ХУДРО БА ХОТИРИ ХЕСУС ДЕ МИГЕЛ БАХШИД
Нимҳимоятгари «Комо» Нико Пас пас аз задани гол дар бозии Лигаи Чемпионҳо бар зидди «Ланс» як иқдоми хеле таъсирбахш анҷом дод.
Пас аз гол ӯ ба назди курсии эҳтиётӣ давида, футболкаеро бо акси Хесус де Мигел ва навиштаҷоти «Ором бихоб» боло бардошт.
Нико Пас дар ҷазираи Тенерифе ба дунё омадааст ва бо ин ҷазира, ки Хесус де Мигел дар он ҷо бозӣ мекард, робитаи наздик дорад.
Аз ин рӯ, ин танҳо як эҳтироми зебо набуд, балки як иқдоми шахсӣ низ буд.
Лаҳзаи хеле таъсирбахш. Бе суханони зиёдатӣ.
❗️🇧🇷 Дар Бразилия рекорди Гиннес шикаста шуд!
😳 Дар бозии байни «Уберландия» ва «Маморе» 51 нафар аз майдон хориҷ карда шуданд: 43 бозигар ва 8 узви ҳайати мураббиён.
🟥 Муноқишаи оммавӣ дар дақиқаи 54 оғоз шуда, тақрибан 40 дақиқа давом кард.
🐬 Кумитаи доварон эътироф кард, ки «Реал» дар бозӣ бо «Расинг» нодуруст пеналти гирифтааст.
Ба арзёбии кумита, VAR бояд ба ин ҳолат дахолат мекард, зеро иштибоҳи ҷиддӣ рух додааст.
Ин дар ҳақиқат ҳамон Лигаи Негрейра аст? 🙂
