fa
Feedback
Таджикский государственный университет коммерции

Таджикский государственный университет коммерции

رفتن به کانال در Telegram

Добро пожаловать в телеграм-канал Таджикского государственного университета коммерции

نمایش بیشتر
267
مشترکین
اطلاعاتی وجود ندارد24 ساعت
-17 روز
-230 روز

در حال بارگیری داده...

ابر برچسب‌ها
هیچ داده‌ای
مشکلی وجود دارد؟ لطفاً صفحه را تازه کنید یا با مدیر پشتیبانی ما تماس بگیرید.
اشارات ورودی و خروجی
---
---
---
---
---
---
جذب مشترکین
ژوئیه '26
ژوئیه '260
در 0 کانال‌ها
ژوئن '26
+6
در 0 کانال‌ها
Get PRO
مه '26
+13
در 0 کانال‌ها
Get PRO
آوریل '26
+21
در 0 کانال‌ها
Get PRO
مارس '26
+11
در 0 کانال‌ها
Get PRO
فوریه '26
+18
در 0 کانال‌ها
Get PRO
ژانویه '26
+21
در 0 کانال‌ها
Get PRO
دسامبر '25
+12
در 0 کانال‌ها
Get PRO
نوامبر '25
+29
در 0 کانال‌ها
Get PRO
اکتبر '25
+16
در 0 کانال‌ها
Get PRO
سپتامبر '25
+21
در 0 کانال‌ها
Get PRO
اوت '25
+8
در 0 کانال‌ها
Get PRO
ژوئیه '25
+11
در 0 کانال‌ها
Get PRO
ژوئن '25
+23
در 0 کانال‌ها
Get PRO
مه '25
+24
در 0 کانال‌ها
Get PRO
آوریل '25
+36
در 0 کانال‌ها
Get PRO
مارس '25
+25
در 0 کانال‌ها
Get PRO
فوریه '25
+8
در 1 کانال‌ها
Get PRO
ژانویه '25
+12
در 0 کانال‌ها
Get PRO
دسامبر '24
+9
در 0 کانال‌ها
Get PRO
نوامبر '24
+16
در 0 کانال‌ها
Get PRO
اکتبر '24
+14
در 0 کانال‌ها
Get PRO
سپتامبر '24
+26
در 0 کانال‌ها
Get PRO
اوت '24
+11
در 0 کانال‌ها
Get PRO
ژوئیه '24
+9
در 0 کانال‌ها
Get PRO
ژوئن '24
+6
در 0 کانال‌ها
Get PRO
مه '24
+14
در 1 کانال‌ها
Get PRO
آوریل '24
+1 897
در 0 کانال‌ها
تاریخ
رشد مشترکین
اشارات
کانال‌ها
21 ژوئیه0
20 ژوئیه0
19 ژوئیه0
18 ژوئیه0
17 ژوئیه0
16 ژوئیه0
15 ژوئیه0
14 ژوئیه0
13 ژوئیه0
12 ژوئیه0
11 ژوئیه0
10 ژوئیه0
09 ژوئیه0
08 ژوئیه0
07 ژوئیه0
06 ژوئیه0
05 ژوئیه0
04 ژوئیه0
03 ژوئیه0
02 ژوئیه0
01 ژوئیه0
پست‌های کانال
БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ ДАР ХОБГОҲ Субҳи 18-уми июли соли 2026 дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами
+6
БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ ДАР ХОБГОҲ   Субҳи 18-уми июли соли 2026 дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати тақвияти корҳои ободониву хуррамгардонӣ ва анҷоми корҳои тозагиву озодагӣ дар хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки фаъолонаи кормандон  ва сокинони хобгоҳ шанбегӣ баргузор карда шуд.

2
ХУШХАБАР!   ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ МУБОРАК!   Имрӯз (17.07.2026) ду нафар омӯзгор - зани Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуда, иқтидори илмии донишгоҳро боз ҳам тақвият доданд:   ·  Махсумзода Нигина Давлат, унвонҷӯи кафедраи андоз ва андозбандии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Шурои диссертатсионии 6D КОА – 061 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рисолаи номзадӣ дар мавзуи “Саҳми Абубакри Розӣ дар инкишофи илмҳои табииётшиносӣ ва риёзӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯи ихтисоси 6.1.7. – Таърихи илм (таърих);   · Наботзода Парниён Ҷумахон, унвонҷӯи кафедраи молия, фаъолияти бонкӣ ва суғуртаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Шурои диссертатсионии 6D КОА – 014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон рисолаи номзадӣ дар мавзуи «Ҷанбаҳои молиявии истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи иҷтимоӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050900 – Молия (6D050900 -Молия, муомилоти пулӣ ва қарз).   Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Махсумзода Нигина Давлат ва Наботзода Парниён Ҷумахонро барои бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ табрику муборакбод намуда, ба онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва дар фатҳи қуллаҳои нави илм комёбӣ таманно менамоянд!   РАЁСАТИ ДДТТ
74
3
+1
بدون متن...
71
4
ЭЪЛОН! ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОНРО ҶИҲАТИ ИДОМАИ ТАҲСИЛ БАЪД АЗ ХАТМИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁН
ЭЪЛОН! ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОНРО ҶИҲАТИ ИДОМАИ ТАҲСИЛ БАЪД АЗ ХАТМИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ ВА ГИРИФТАНИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ДУЮМ БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2026 – 2027 АЗ РӮИ ИХТИСОСҲОИ ДОНИШГОҲ ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:   Довталабон ба комиссияи қабул ӽуҷҷатӽои зеринро пешниӽод менамоянд: ·                        ариза ба номи ректор донишгоҳ: ·  дипломи таӽсилоти миёна ва ё олии касбӣ бо замимааш (асл); ·  ӽуҷҷат оид ба эътирофи маълумоти миёна ва олии касбӣ (барои шаӽрвандони хориҷӣ); ·  маълумотномаи тиббӣ (шакли 038/У); ·  6 адад расм (андозаи 3х4); ·  шиноснома (нусха); ·  билети ӽарбӣ ё шаӽодатномаи ӽарбии даъватшаванда (нусха); ·  нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (барои  шахсоне, ки собиқаи корӣ доранд). Мӯӽлати таӽсил – 3 сол Суроғаи мо: ш. Душанбе, кӯчаи Деӽотӣ 1/2, тел.: (992 37) 2348346
130
5
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОНРО БА ЗИНАИ ДОКТОРАНТУРА АЗ РӮИ ИХТИСОС (PhD) БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2026 - 2027 АЗ РӮИ ИХТИСОСҲОИ ЗЕРИН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: 6D050700 - Иқтисодиёт 6D050800 - Баҳисобгирӣ ва аудит 6D050900 - Молия 6D051100 - Маркетинг 6D051200 - Омор 6D051300 - Иқтисодиёти ҷаҳонӣ 6D051800 - Идораи лоиҳаҳо 6D051900 - Ташкил ва меъёргирии меҳнат 6D052000 - Бизнес-маъмуриятчигӣ 6D030400 - Корӣ гумрукӣ 6D091200 - Фаъолияти тарабхонаҳо ва бизнеси меҳмонхона 6D090200 - Туризм 6D050700 - Менеҷмент Муддати таҳсил дар зинаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) 3 сол мебошад. Барои қабул ӽуҷҷатӽои зерин пешниӽод карда мешаванд: аризаи шахсӣ ба номи ректор; нусхаи шиноснома; анкетаи дохилшаванда ба докторантура; нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр); варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо; нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ); мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот); рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар ҳолати надоштан пешниҳод намудани реферат аз рӯи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа); маълумотномаи тиббӣ шакли 038-У; 6 расми андозаи 3х4 дипломи таӽсилоти олии касбӣ ва замимаи он; дигар ӽуҷҷатӽои тасдиқкунандаи пешрафти корӽои илмӣ, таълимию методӣ, донистани забонӽои хориҷӣ, малакаи кор бо компютер, нусхаи мақолаӽои илмӣ ва ғайра. Суроғаи мо: ш. Душанбе, кӯчаи Деӽотӣ 1/2, тел.: (992 37) 2348346
118
6
بدون متن...
92
7
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОНРО БА ЗИНАИ МАГИСТРАТУРА БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2026 - 2027 АЗ РӮИ ИХТИСОСҲОИ ЗЕРИН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: 25 01 03 - Иқтисодиёти ҷаҳонӣ 25 01 04 20 - Молия ва қарз 25 01 08 20 - Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит 25 01 07 30 - Иктисодиёт ва идоракунӣ дар корхона 26 02 02 15 - Менеҷмент 25 01 09 15 - Молшиносӣ ва муоинаи мол 96 01 01 10 - Хадамоти гумрукӣ 24 01 03 15 - Ҳуқуқи иқтисодӣ 25 01 04 02 - Кори бонкӣ 40 01 02 02 - Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт) Мӯӽлати таӽсил дар магистратура – 2 сол Барои қабул ба магистратура довталабон ӽуҷҷатӽои зеринро пешниӽод менамоянд: · ариза ба номи ректор донишгоҳ: ·  дипломи таӽсилоти олии касбӣ ва замимаи он; ·  ӽуҷҷат оид ба эътирофи маълумоти олӣ аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумӽурии Тоҷикистон (барои шаӽрвандони хориҷӣ); ·  тавсияномаи комиссияи аттестат-сионии давлатӣ барои дохилшавӣ ба магистратура; ·  маълумотномаи тиббӣ (шакли 038/У); ·  6 адад акс (андозаи 3х4); ·  шиноснома (нусха); ·  билети ӽарбӣ ё шаӽодатномаи ӽарбии даъватшаванда; ·  тавсифнома (аз донишгоӽ ё ҷои кор); ·  дигар ӽуҷҷатӽои тасдиқкунандаи пешрафти корӽои илмӣ, таълимию методӣ, донистани забонӽои хориҷӣ, малакаи кор бо компютер, нусхаи мақолаӽои илмӣ ва ғайра. Магистрантон ӽуқуқ доранд баъди як соли таӽсил дар Донишгоӽи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, таӽсилро дар магистратураи донишгоӽӽои бонуфузи кишварӽои ҷаӽон идома диӽанд. Магистрантон бо хобгоӽ таъмин карда мешаванд. Суроғаи мо: ш. Душанбе, кӯчаи Деӽотӣ 1/2, тел.: (992 37) 2348346
81
8
بدون متن...
85
9
ЭЪЛОН!   Ба диққати донишҷӯёни курсҳои 2 ва 3-юми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон расонида мешавад, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Барномаи табодули академӣ ба Донишгоҳи Кокшетау ба номи Абай Мирзахметов (Ҷумҳурии Қазоқистон) барои нимсолаи якуми соли таҳсили 2026–2027 оғоз гардид.   Барномаи мазкур ба донишҷӯён имконият фароҳам меорад, ки дар яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон таҳсил намуда, дониш, малака ва таҷрибаи байналмилалии худро такмил диҳанд. Қабули донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои зерин амалӣ мегардад:   1.     6B0150 – Информатика 2.     6B0211 – Дизайн 3.     6B0311 – Муносибатҳои байналмилалӣ 4.     6B0411 – Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ 5.     6B0411 – Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит 6.     6B0411 – Молия 7.     6B0421 – Ҳуқуқшиносӣ 8.     6B0422 – Ҳуқуқи байналмилалӣ 9.     6B0611 – Системаҳои иттилоотӣ 10.            6B1112 – Сайёҳӣ (Туризм)   Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 31 июли соли 2026 муқаррар гардидааст. Барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба шартҳо ва тартиби иштирок дар барнома метавонед ба Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон муроҷиат намоед.   Сомонаи Донишгоҳи Кокшетау ба номи Абай Мирзахметов: https://kuam.edu.kz/
86
10
بدون متن...
77
11
ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛХАЛҚИИ КООПЕРАТСИЯ 3-юми июли соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ифти+8
ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛХАЛҚИИ КООПЕРАТСИЯ   3-юми июли соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналхалқии кооператсия ҳамоиши илмӣ дар мавзуи “Кооператсияи матлубот ва рушди он дар Тоҷикистон” бо иштироки раёсат ва ҳайати омӯзгорону кормандони донишгоҳ баргузор гардид.   Ҳамоишро ректори донишгоҳ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо иди касбии кормандони кооператсияи матлубот табрик гуфта, оид ба нақш ва саҳми кооператсияи матлубот дар рушди иқтисодиёти мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум суханронӣ намуд.   Ректори донишгоҳ, аз ҷумла, қайд намуд, ки мутобиқи резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 16 декабри соли 1992, № 47/90 ва муқаррароти Алянси байналхалқии кооперативӣ дар тамоми ҷаҳон шанбеи аввали моҳи июл Рӯзи байналхалқии кооператсия ҷашн гирифта мешавад. Имсол иди касбии кормандони соҳаи кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ ба рӯзи 4-уми июл рост меояд. Муфассал: https://tguk.tj/index
140
12
+9
بدون متن...
70
13
Имрӯзҳо кооператорони тоҷик дар баробари кормандони дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар дар таъмини рушди босубот ва устувори иқтисоди миллӣ саҳми муносиби худро гузошта, Иттифоқи Тоҷикматлубот дар ҳамбастагӣ бо ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои соҳа ҷиҳати амалигардонии сиёсати хирадмандона, созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, қарорҳои Анҷумани кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ, Шуро ва Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, инчунин таъмини рушд ва пойдории соҳа тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дастуру супоришҳоеро, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (16.12.2025) зикр гардидаанд, бомаром амалӣ намуда истодааст.   Хуллас, кооператсияи матлубот яке аз унсурҳои муҳимми иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта. дар таъмини аҳолӣ бо молу хизматрасонӣ, рушди истеҳсолоти маҳаллӣ, дастгирии кишоварзон, ташкили ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши назаррас мебозад.   Дар шароити рушди иқтисоди бозорӣ аҳаммияти кооператсия боз ҳам меафзояд, зеро он имконият медиҳад, ки манфиатҳои иқтисодии аҳолӣ муттаҳид гардида, захираҳои мавҷуда самаранок истифода шаванд.   Чун дар арафаи Рӯзи байналхалқии кооператсия қарор дорем, аҳли кормандон ва собиқадорони соҳаи кооператсияи матлуботро ба муносибати Иди касбиашон шодбош гуфта, ба онҳо тансиҳатӣ, хушбахтӣ ва дар фаъолияташон, ки бениҳоят заҳматталаб ва масъулиятнок аст, барору комёбиҳои беназир орзу менамоем.   Дустматов Баҳодур Муродович, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи молия, фаъолияти бонкӣ ва иқтисодиёти меҳнати ДДТТ
53
14
Имрӯз кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ фаъолияти пурсамар дошта, босубот инкишоф меёбад, ки ба он 3 иттиҳодияи минтақавии ҷамъиятҳои матлубот (дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ) ва 47 ҷамъияти матлуботи ноҳиявӣ шомиланд. Онҳо фаъолияти худро дар саросари кишвар тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар таҳрири охирини он 5 январи соли 2008 қабул шудааст, ба роҳ мондаанд. Илова бар ин, Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи «Тоҷикматлубот» муассиси ду муассисаи таҳсилоти олии касбӣ – Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Донишкадаи иқтисод ва савдои дар шаҳри Хуҷанд мебошад, ки дар он барои кооператсияи матлубот кадрҳои баландихтиоси касбӣ тайёр карда мешаванд.   Маврид ба зикр аст, ки баъди ба даст овардани истиқлолият Тоҷикматлубот ба яке аз ташкилотҳои бонуфузи иқтисодӣ табдил ёфта, барои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дараҷаи зисту зиндагии аҳолӣ саҳми беназир гузошта истодааст. Тавре Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд “Мақоми Тоҷикматлубот дар амалӣ сохтани барномаи дигаргунсозии ислоҳоти иқтисодии ҷумҳурӣ ва таъмини аҳолии деҳот бо маводи зарурии рӯзгор ниҳоят муҳим аст.”   Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кооператсияи матлубот дар кишвар бомуваффақият инкишоф меёбад: корхонаҳои нави саноатӣ ва тиҷоратӣ, базаҳои тиҷоратӣ ба вуҷуд меоянд, бозорҳои нав кушода мешаванд, ки ин ба боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагонии аҳолӣ боис мегардад.   Кооператсияи матлубот дар Тоҷикистон таърихи беш аз 100 сола дошта, заминаҳои аввалини он дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ ба вуҷуд омада, шабакаи васеи муассисаҳои савдо, ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ ва хизматрасонӣ ташкил карда шуда буданд, ки вазифаҳои зеринро иҷро мекард:   ·  истеҳсол ва таъмини аҳолии деҳот бо молҳои ниёзи аввал; ·  хариди маҳсулоти кишоварзӣ аз аҳолӣ; ·  ташкили нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ; ·  рушди ҳунарҳои мардумӣ.   Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми кооператсия ба шароити нави иқтисодӣ мутобиқ гардид. Гарчанде ки солҳои аввали гузариш ба иқтисоди бозорӣ барои фаъолияти кооператсия мушкилоти зиёде ба вуҷуд оварданд, вале тадриҷан он тавонист мавқеи худро нигоҳ дошта, дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми назаррас гузорад.   Кооператсияи матлубот, бахусус, дар таъмини аҳолии минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ, молҳои саноатӣ, маводи рӯзгор, воситаҳои кишоварзӣ, нигоҳ доштани мувозинати бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ нақши арзишманд дорад.   Кооператсия ҳамчун воситаи муҳимми дастгирии истеҳсолкунандагони хурд ва миёна хизмат мекунад. Тавассути он хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ имконият пайдо мекунанд, ки маҳсулоти худро ба бозор бароранд, хароҷоти фурӯшро коҳиш диҳанд, даромади худро зиёд намоянд ва дастрасӣ ба захираҳои истеҳсолӣ пайдо кунанд. Ин омилҳо барои рушди истеҳсолоти миллӣ ва иваз намудани воридот мусоидат мекунанд.   Маврид ба зикр аст, ки яке аз масъалаҳои муҳимми иқтисодиёти кишвар таъмини шуғли аҳолӣ ба шумор рафта, дар ин самт кооператсия тавассути ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои хизматрасонӣ, нуқтаҳои савдо ва корхонаҳои коркарди маҳсулот барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ муҳайё менамояд.   Кооператсияи матлубот барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуда, фаъолияти он имконият медиҳад, ки нархи маҳсулот пасттар нигоҳ дошта шавад, даромади аҳолӣ зиёд гардад, дастрасӣ ба хизматрасониҳо беҳтар шавад ва имкониятҳои иқтисодии аҳолӣ васеъ гарданд. Аз ин рӯ, кооператсияи матлубот на танҳо вазифаи иқтисодӣ, балки вазифаи иҷтимоиро низ иҷро мекунад.   Кооператсияи матлубот дар рушди иҷтимоии ҷомеа нақши назаррас дошта, самтҳои асосии аҳаммияти иҷтимоии онро паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастгирии занон ва ҷавонон, рушди инфрасохтори деҳот ва тақвияти ҳамбастагии иҷтимоӣ ташкил медиҳад.
34
15
НАҚШ ВА МАҚОМИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН   Дар шароити иқтисоди бозорӣ рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ба фаъолияти самараноки ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ вобастагӣ дорад. Яке аз шаклҳои муҳимми ташкили фаъолияти иқтисодӣ кооператсияи матлубот ба ҳисоб меравад, ки дар таъмини аҳолӣ бо молу хизматрасонӣ, рушди истеҳсолоти маҳаллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ташкили ҷойҳои нави корӣ нақши муҳим мебозад.   Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кооператсияи матлубот ҳамчун низоми иҷтимоию иқтисодӣ барои таъмини талаботи аҳолӣ, махсусан сокинони деҳот, хизмат мерасонад. Ин шакли хоҷагидорӣ ба муттаҳид намудани манфиатҳои иқтисодии шаҳрвандон мусоидат намуда, барои рушди соҳибкорӣ, истеҳсолот ва савдо шароити мусоид фароҳам меорад.   Рӯзи байналхалқии кооператсия дар тамоми ҷаҳон ҳамасола шанбеи аввали моҳи июл, ки бо резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 16 декабри соли 1992, № 47/90 ва муқаррароти Алянси байналхалқии кооперативӣ тасдиқ карда шудааст, ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзи муборак имсол ба 4-уми июл рост меояд.   Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Алянси байналхалқии кооперативӣ ва Лигаи иттифоқҳои ҷумҳуриявии ташкилотҳои кооперативии кооператсияи матлуботи мамлакатҳои ИДМ мебошад, ки рисолати асосии он инкишофи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни иттифоқҳои матлуботи мамлакатхои аъзои ИДМ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар ин соҳа мебошад.   Ҳаракати кооперативӣ дар Тоҷикистон аввалҳои асри ХХ оғоз гардидааст. Аввалин ячейкаҳои кооперативӣ соли 1898 дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфтааст. Ташкили аввалин ҷамъияти кооперативии истеъмолгарон, ҳамчун ташкилоти ҷамъиятиву хоҷагӣ ба соли 1916 мутааллиқ буда, аввалин кооператив дар уезди Хуҷанд ба фаъолият оғоз намудааст.    Ҷамъияти истеъмолгарон дар асоси Оиннома таъсис ёфта буд, ки он тамоми асоси кооператсия, аз ҷумла озодона дохил шудан ба узвияти кооператсия, тарзи идоракунии демократӣ ва назоратро дарбар мегирифт, ки то ба ҳол асоси ҳаракати кооперативиро дар тамоми дунё ташкил намудааст. Чунин ҷамъият соли 1919 дар шаҳри Конибодоми округи Хуҷанд таъсис ёфт ва то соли 1922 миқдори онҳо ба 29 адад расид. Дар баробари ин, таъсиси кооператив дар шаҳри Истаравшан такони ҷиддие барои қувват гирифтани ҳаракати кооперативӣ дар кишвар гардид.    Моҳи октябри соли 1924 Ҷумҳурии автономии Шуравии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки пойтахташ шаҳри Душанбе эълон гардид. Маҳз ҳамин сол, соли таърихӣ барои ояндаи кооператсияи матлуботи Тоҷикистон гардид. Соли 1924 Иттифоқи ҷамъиятҳои истеъмолкунандагони Ҷумҳурии Узбекистон бо номи «Узбекбирляшув» ва Маркази ҷумҳуриявии кооператсияи матлуботи Тоҷикистон таъсис ёфта, кооператсияи матлуботи Тоҷикистон 5 кооператив ва 14 дӯконро дар бар мегирифт, ки шумораи аъзоёнаш 1173 нафарро ташкил медод.    Дар соли 1925 ҷамъияти истеъмолкунандагони шаҳри Душанбе таъсис ёфт. Ҳамзамон, дар баробари ин, ҷамъияти истеъмолкунандагони Қаратоғ низ ба қайд гирифта шуд.   Моҳи октябри соли 1928 ҷамъиятҳои истеъмолгарони Ғарм, Ҷилликӯл, Сарой Камар, Обигарму Янгибозор таъсис ёфтанд. Соли 1929 баробари таъсисёбии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳаёти кооперативии ҷумҳурӣ низ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омад. Дар ҷаласаи Шурои комисарони халқи РСС Тоҷикистон 18 июли соли 1929 қарори махсус «Оид ба ташкили Иттифоқи ҷамъиятҳои истеъмолгарони Тоҷикистон «Матлуботи тоҷик» қабул карда шуд, ки оғози фаъолияти онро 1 октябри соли 1929 эълон намуд. Вакилон дар Анҷумани 1-уми кооператсия, 29 октябри соли 1929 дар бораи Иттифоқи истеъмолгарони мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуданд.
33
16
بدون متن...
34
17
Имрӯз кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ аз 3 иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ ва 47 ҷамъияти матлуботи ноҳиявӣ иборат мебошад. Онҳо фаъолияти худро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар таҳрири охирини он 5 январи соли 2008 қабул шудааст, ба роҳ мондаанд. Илова бар ин, Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи «Тоҷикматлубот» муассиси ду муассисаи таҳсилоти олии касбӣ – Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Донишкадаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд мебошад, ки дар он барои кооператсияи матлубот кадрҳои касбӣ тайёр карда мешаванд.   Имрӯз дар ҷумҳурӣ 63 бозор мавҷуд аст, ки ба Тоҷикматлубот тааллуқ доранд. Аз ин шумора 37 бозор ҳар рӯз, 20 бозор дар як ҳафта як рӯз ва 16 бозор барои фурӯши чорвои калони шохдор ва чорвои майда фаъолият мекунанд, ки ҷойҳои нишаст дар онҳо бештар аз 18 ҳазорро ташкил медиҳад. Дар бозорҳо ва дигар иншоотҳои соҳа 23 ҳазор шаҳрванди кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.   Хулоса, таҳлили фаъолияти беш аз 100 солаи соҳаи кооператсияи матлубот нишон медиҳад, ки низоми кооператсияи матлубот таҳти сарпарастии Иттифоқи Тоҷикматлубот дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободию шукуфоии мамлакат саҳми босазо дорад.   Чун дар арафаи Иди касбии матлуботчиён - Рӯзи байналхалқии кооператсия қарор дорем, аҳли кормандон ва собиқадорони соҳаи кооператсияи матлуботро ба муносибати Иди касбиашон шодбош гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хушбахтӣ ва дар фаъолияташон, ки бениҳоят заҳматталаб ва масъулиятнок аст, барору комёбиҳои беназир таманно менамоем.   Мухторзода Саидмухтори Саидаҳрор, н.н.и., дотсент, сардори Маркази инноватсионӣ
39
18
·        Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи ноҳиявӣ (РайПотребсоюз); ·        Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоятӣ (ОблПотребсоюз).   Дар ин давра кооператсияи матлубот ба системаи серсоҳаи иқтисодиёти кишвар табдил ёфта, дар бахшҳои зерин фаъолияти хоҷагии худро пеш мебурд: ·        Истеҳсоли молҳо; ·        Хизматрасонӣ; ·        Савдо; ·        Хӯроки омма; ·        Хариди маҳсулот; ·        Маҳсулоттайёркунӣ; ·        Нақлиёт ва боркашонӣ; ·        Базаҳои яклухтфурӯшӣ; ·        Анборҳо ва хоҷагиҳои анборӣ; ·        Таҳсилот (чандин омӯзишгоҳҳои савдои кооперативӣ, 2 адад техникуми кооперативӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд); ·        Фаъолияти илмӣ (Институти умумиттифоқии илмӣ – таҳқиқотии иқтисодиёти савдои кооперативӣ - ВНИИЭКТ).   Кооператсияи матлубот системаи серсоҳаи иқтисодист, ки хусусиятҳои он бо характери дугонаи кооператсия алоқаманд буда, вазифаи иҷтимоӣ ва фаъолияти тиҷоратиро вобаста ба фурӯши мол, харид ва коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба ҳам мепайвандад. Соҳаи афзалиятноки кооператсияи матлубот савдо ба ҳисоб рафта, нақши он дар рушди иқтисодиёти кишвар, хусусан, дар деҳот беназир аст.   Давраи сеюм аз марҳилаҳои пешин бо мазмуну мароми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ куллан фарқ менамуд. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар низоми кооператсияи матлубот низ гузариш ба муносибатҳои бозорӣ оғоз гардид. Бо сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳама паҳлуҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, аз ҷумла низоми кооператсияи матлуботи мамлакат зарари зиёди иқтисодию молиявӣ расид. Мувофиқи маълумотҳо дар ин давра 64% - и шабакаҳои хӯроки умумӣ ва 80% - и шабакаҳои савдои соҳа фаъолият надоштанд.   Бояд гуфт, ки барои фаъолияти босуботи кооператсияи матлуботи мамлакат, дастгирӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат намуд. Аз ҷумла, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 1998 таҳти №186 “Дар бораи тадбирҳои барқарор намудан ва инкишоф додани фаъолияти савдо, захиракунӣ ва истеҳсолии Иттифоқи Тоҷикматлубот” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми сентябри солии 2000 таҳти №399 “Дар бораи дастгирии давлатии кооператсияи истеъмолкунандагон” қабул гардиданд, ки ин худ як дастгирии давлатии системаи кооператсияи матлуботи мамлакат мебошад.   Кооператсияи матлуботи Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ғайридавлатӣ ва ҷамъиятию хоҷагӣ минбаъд дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ нақшу мақоми хосса пайдо карда, барои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ саҳми беназир гузошта истодааст. Тавре Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд “Мақоми Тоҷикматлубот дар амалӣ сохтани барномаи дигаргунсозии ислоҳоти иқтисодии ҷумҳурӣ ва таъмини аҳолии деҳот бо маводи зарурии рӯзгор ниҳоят муҳим аст.”   Имрӯзҳо кооператорони тоҷик дар баробари кормандони дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар дар таъмини рушди босубот ва устувори иқтисоди миллӣ саҳми муносиби худро гузошта, Иттифоқи Тоҷикматлубот дар ҳамбастагӣ бо ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои соҳа ҷиҳати амалигардонии сиёсати хирадмандона, созанда, бунёдкорона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Анҷумани кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ, Шӯро ва Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, инчунин таъмини рушд ва пойдории соҳа тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, татбиқи вазифа ва дастуру супоришҳоеро, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 16 декабри соли 2025 зикр гардидаанд, бомаром амалӣ намуда истодааст.
37
19
КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН   Мутобиқи резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 16 декабри соли 1992, № 47/90 ва муқаррароти Алянси байналхалқии кооперативӣ дар тамоми ҷаҳон шанбеи аввали моҳи июл Рӯзи байналхалқии кооператсия ҷашн гирифта мешавад.   Имсол иди касбии кормандони соҳаи кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ ба рӯзи 4-уми июл рост меояд.   Ташкилотҳои кооперативии ҷаҳонӣ таърихи 300 сола ва кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи беш аз 100 сола дорад. Дар давоми ин муддати сипаришуда ҳаракати кооперативӣ чандин давраҳои рушд, таназзул, бурду бохтҳоро аз сар гузаронидааст.   Ҳаракати кооперативӣ дар Тоҷикистон аввалҳои асри ХХ оғоз гардидааст. Аввалин ҷамъияти матлубот, ҳамчун ташкилоти ҷамъиятиву хоҷагӣ соли 1916 дар уезди Хуҷанд таъсис ёфтааст. Соли 1922 миқдори чунин ташкилотҳо ба 29 адад расида, «Иттифоқи матлуботи Хуҷанд» аз як шабакаи савдо бо 16 адад дӯкони фурӯши маҳсулот иборат буд. Ин такони ҷиддӣ барои қувват гирифтани ҳаракати кооперативӣ дар мамлакат гардид.   Моҳи октябри соли 1924 Ҷумҳурии автономии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон ва ҳамзамон Маркази ҷумҳуриявии кооператсияи матлуботи Тоҷикистон таъсис ёфт. Кооператсияи матлуботи Тоҷикистон соли 1924 аз 5 кооператив ва 14 дӯкон иборат буд ва шумораи аъзоёнаш 1173 нафарро ташкил медод.   Дар соли 1925 ҷамъияти матлуботи Душанбе, Қаратоғ ва соли 1928 ҷамъиятҳои матлуботи Ғарм, Ҷилликӯл, Сарой Камар, Обигарм ва Янгибозор таъсис ёфтанд.   Соли 1929 баробари таъсисёбии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳаёти кооперативии ҷумҳурӣ низ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омад. Дар ҷаласаи Шурои комисарони халқи РСС Тоҷикистон 18 июли соли 1929 қарори махсус «Оид ба ташкили Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон «Матлуботи тоҷик» қабул карда шуд, ки оғози фаъолияти онро 1 октябри соли 1929 эълон намуд. 29-уми октябри соли 1929 Вакилон дар Анҷумани 1-уми кооператсия дар бораи Иттифоқи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуданд.    Кооператсияи матлуботи Тоҷикистон ташкилоти ғайридавлатӣ, ҷамъиятию хоҷагӣ ва қисми таркибии кооператсияи умумиҷаҳонӣ мебошад. Нақшу мақоми ҳаракати кооперативӣ ва кооператсияи матлубот дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ бесобиқа мебошад.   Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Алянси байналхалқии кооперативӣ ваЛигаи иттифоқҳои кооператсияи матлуботи мамлакатҳои ИДМ мебошад, ки рисолати асосии он инкишофи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни иттифоқхои кооператсияи матлуботи мамлакатхои аъзои ИДМ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар ин соҳа мебошад.   Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф ва вазифаҳои Рӯзи байналмилалии кооперативҳоро дастгирӣ намуда, онҳоро тибқи қонунгузории амалкунандаи миллӣ роҳандозӣ менамояд.   Вобаста ба ташаккули заминаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва таърихӣ ҳаракати кооперативӣ ва ташкили кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давраҳои зеринро аз сар гузаронидааст:   Давраи I солҳои 1916-1940. Пайдоиш ва шаклгирии кооператсияи матлубот; Давраи II солҳои 1941-1990. Рушди кооператсияи матлубот дар давраи Шуравӣ; Давраи III солҳои 1991-2025. Кооператсияи матлубот дар давраи соҳибистиқлолӣ.   Хусусияти давраи якум дар он буд, ки ҳаракати кооперативӣ ва ташкили кооператсияи матлубот тадриҷан тамоми қаламрави мамлакати моро фаро гирифт, ки ба он вусъати ҳаракати кооперативӣ дар ҷаҳон ва таъсиси Алянси байналмилалии кооперативӣ дар соли 1895 мусоидат намуда буд. Дар ин давра ҷамъияти матлуботи Душанбе 30 адад, Хуҷанд – 29, Қаратоғ – 20, Ғарм – 4, Ҳоит – 3, Кӯлоб – 3 ва Ҷиргатол – 2 кооперативро дар ҳайати худ муттаҳид мекард.   Давраи дуюм, давраи рушди бесобиқаи кооператсияи матлубот буда, он ба аҳолии мамлакат хизматрасонии босифат расонида, талаботҳои рӯзмарраи онҳоро ба молҳои хӯрокворию ғайрихӯрокворӣ таъмин менамуд. Дар ин давра дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ ҷамъиятҳои матлубот таъсис дода шуданд, аз ҷумла: ·        Ҷамъиятҳои матлуботи деҳот (СельПО); ·        Ҷамъиятҳои матлуботи ноҳиявӣ (РайПО); ·        Ҷамъиятҳои матлуботи шаҳрак (ПосПО); ·        Ҷамъиятҳои матлуботи шаҳрӣ (ГорПО);
50
20
بدون متن...
49