cookie

ما از کوکی‌ها برای بهبود تجربه مرور شما استفاده می‌کنیم. با کلیک کردن بر روی «پذیرش همه»، شما با استفاده از کوکی‌ها موافقت می‌کنید.

avatar

ИЖТ

Ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

نمایش بیشتر
طاجيكستان5 096تاجیک1 775دسته بندی مشخص نشده است
پست‌های تبلیغاتی
275
مشترکین
اطلاعاتی وجود ندارد24 ساعت
اطلاعاتی وجود ندارد7 روز
-430 روز

در حال بارگیری داده...

معدل نمو المشتركين

در حال بارگیری داده...

Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон.  Ҳамватанони азиз! Ҷавонони сарбаланди меҳан! Бо самимият ва фараҳмандӣ ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳар сол дар фасли пуртаровати баҳору зебоӣ таҷлил менамоем, табрик мегӯям.   Хушбахтона, дар марҳилаи нави таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир гардида, ҷиҳати ба камол расонидани насли нави худогоҳу худшинос ва соҳибмаърифату ватандӯст саъю талоши бесобиқа анҷом дода мешавад. Ҷавонони далеру ғаюри мо дар ҳар лаҳза баҳри дифои марзу бум ва ҳифзи истиқлолияти кишвар омода мебошанд. Мусаллам аст, ки ҷавонони мо нерӯи ояндасози давлати соҳибистиқлол ва умеду орзуи Ватани азизамон ҳастанд. Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, ба мардуми шариф ва ҷавонони бонангу номуси Тоҷикистони азиз бахту иқбол ва зиндагии босафо орзу менамоям. Поздравительное послание Председателя Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председателя города Душанбе уважаемого Рустама Эмомали по случаю Дня молодежи Таджикистана. Дорогие соотечественники! Гордая молодежь страны! С искренностью и радостью поздравляю всех вас с Днем молодежи Таджикистана, который мы отмечаем каждый год в освежающую и прекрасную пору весны. К счастью, на новом историческом этапе в Республике Таджикистан особое внимание и забота оказываются молодежи, прилагаются беспрецедентные усилия по воспитанию нового поколения, самосознательных, самообразованных и патриотичных. Наша смелая и могучая молодежь готова в любую минуту встать на защиту границ и защитить независимость страны. Несомненно, наша молодежь – это будущая сила независимого государства, надежда и мечта нашей Родины. Еще раз поздравляю весь благородный народ и молодежь Таджикистана с Днем молодежи Таджикистана, желаю удачи и благополучия в жизни. Congratulatory message of the Chairman of the Majlisi Milli Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan, Chairman of the City of Dushanbe honorable Rustam Emomali on the occasion of the Youth Day of Tajikistan. Dear compatriots! Proud youth of the country! With sincerity and joy I congratulate you all on the Day of Youth of Tajikistan, which we celebrate every year in the refreshing and beautiful season of spring. Fortunately, at the new historical stage in the Republic of Tajikistan, special attention and care is given to the youth, unprecedented efforts are made to bring up a new generation, self-conscious, self-educated and patriotic. Our brave and mighty youth is ready at any moment to defend the borders and protect the independence of the country. Undoubtedly, our youth is the future strength of an independent state, the hope and dream of our Motherland. I once again congratulate all the noble people and youth of Tajikistan on the Day of Youth of Tajikistan, wish them good luck and prosperity in life. https://t.me/RustamEmomali
نمایش همه...
Рустам Эмомалӣ 🇹🇯

Шабакаи расмии Рустам Эмомалӣ

نمایش همه...
Иштирок дар маросими видоъ ва таъзия бинобар даргузашти Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Участие в церемонии прощания и выражения соболезнования в связи с гибелью Президента Исламской Республики Иран Participation in the farewell and condolence ceremony due to the death of the President of the Islamic Republic of Iran
نمایش همه...
Photo unavailableShow in Telegram
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: Ҷаноби Олӣ, Хабари суқути чархбол ва даргузашти фоҷеавии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҷиён, ҳамроҳони онҳо ва ҳайати сарнишинон боиси андуҳи амиқи мо гардид. Дар робита ба ин мусибати гарон, аз номи худ ва аз номи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдардии амиқ ва тасаллияти самимии ин ҷонибро ба Шумо ва тамоми мардуми бародари Эрон баён намуда, ба ҳамаи наздикону пайвандони шаҳидшудагон сабри ҷамил хоҳонам. https://t.me/RustamEmomali
نمایش همه...
Барқияи изҳори тасаллӣ ба Раҳбари олии Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ дар робита ба даргузашти фоҷеавии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш Телеграмма соболезнования Высшему руководителю исламской революции Исламской Республики Иран Аятулла Сайид Али Хаманаи в связи с трагической гибелью Президента Исламской Республики Иран и сопровождающих его лиц Telegram of condolences to the Supreme Leader of the Islamic Revolution of the Islamic Republic of Iran Ayatollah Sayyid Ali Khamenei in connection with the tragic death of the President of the Islamic Republic of Iran and his accompanying delegation President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X
نمایش همه...
Photo unavailableShow in Telegram
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ва шахсони дорои мақоми бешаҳрвандӣ мерасонад, ки воридшавӣ ба минтақаҳои сарҳадӣ ва даромаду баромади шаҳрвандонро зери назорати ҷиддӣ мегирад. Аз ҷумла, дар муроҷиати маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ гуфта шудааст: Мувофиқи моддаи 19-уми Қонуни ҶТ “Дар бораи сарҳади давлатӣ», ба минтақаи сарҳадӣ дохил шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ бе иҷозатномаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ қатъиян манъ буда, барои иҷозати дигар шахсон ба хати сарҳад танҳо мувофиқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва барои сафар барасмиятдаровардашуда ризоият дода мешавад. Вобаста ба ин аз тамоми шаҳрвандони мамлакат ва меҳмонони дар қаламрави Тоҷикистон қарордошта ё воридшаванда даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои сарҳадии ВМКБ ва вилояти Хатлон бо худ шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дошта бошанд.
نمایش همه...
Photo unavailableShow in Telegram
Ӯро ҳамеша дар минбар медидем. Ровии пурҳунар буд. Шеър мехонд. Ватанро тараннум мекарду истиқлоли онро. Доимо бо мардум буд. Дар сӯгу сур пеш аз ҳама огоҳ мешуду ҳамагонро бо худ мебурд. То имрӯз ӯ пешгоми маъракаву чорабиниҳо буд. Ин субҳ хабари маргаш расид,ки гарчӣ боварнакарданӣ буд, аммо чи чора,ки маргу зиндагӣ ба дасти мо нест. Акнун дӯстону пайвандон. ҳампешагону мухлисон аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ барои видоъ ба манзилаш меоянд. Яке аз ташаббускориву чеҳраи ҳамеша хандонаш қисса мекунаду дигарӣ аз кумакҳои бебозгашту ғамхоронааш.Саввумӣ ровигиро аз мактаби ӯ сабақ гирифтаву дигареро ба шоҳроҳи эҷод ҳидоят кардааст. Ҳамагон бо дили пурхун мегӯянд: алвидоъ, дуст, бародар ва ҳампешаи азиз Бобохон Сатторов. Мо бошад шукрона мекунем,ки минбар холӣ нест. Онро шогирдони бовафои Бобохон Сатторов соҳибӣ мекунанд. Равонашон шод бод ва хонаи охираташон обод!! Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зинатуллоҳ
نمایش همه...
Photo unavailableShow in Telegram
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода бо ҳамкасбон аз нашрияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷашнвораи "Қалами тиллоӣ". Ташкент, 14.05.2024.
نمایش همه...
Photo unavailableShow in Telegram
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси кумитаи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот оид ба муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи васоити ахбори омма» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар  медиҳад. Иброз гардид, ки муҳокимаи ҷамъиятӣ ба таҳкими эътимод байни парлумон ва намояндагони созмонҳои журналистӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигорон мусоидат  менамояд. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар ҷомеаи демократӣ ба кафолатҳои  конститутсионии озодии баён ва иттилоот асос ёфта, мафҳуми «озодии баён»  ҳамчун ҳуқуқи доштани андеша, эътиқод ва баёни озодонаи он фаҳмида мешавад. Гуфта шуд, ки ин мафҳумҳо аз моддаи 30-и  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегиранд: «Ба ҳар  кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад…» @khovar.th
نمایش همه...
👍 1
یک طرح متفاوت انتخاب کنید

طرح فعلی شما تنها برای 5 کانال تجزیه و تحلیل را مجاز می کند. برای بیشتر، لطفا یک طرح دیگر انتخاب کنید.