𝗧𝗔𝗝𝗦𝗖𝗢𝗥𝗘
رفتن به کانال در Telegram
9 520
مشترکین
+424 ساعت
+187 روز
+23630 روز
آرشیو پست ها
9 537
Ҳайати асосии мунтахаби Тоҷикистон дар бози бо мунтахаби Афғонистон
🤝 Бозии дӯстона
Тоҷикистон 🇹🇯 - 🇦🇫 Афғонистон
⏰ Оғози бозӣ 18:00 (душ)
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 537
🌏 Конфедератсияи футболи Осиё (КФО ё AFC) қарор кардааст, ки як мусобиқаи нав ва монанд ба Лигаи Миллатҳои УЕФА дар Осиё ташкил кунад. Ин мусобиқа, ки шурӯъаш дар миёнаи солҳои 2025-2028 дар назар аст, барои дастаҳои мунтахаби кишварҳои Осиё имконияти бозии бештарро фароҳам хоҳад овард.
🇹🇯 Мунтахаби Тоҷикистон низ, ҳамчун аъзои КФО, метавонад дар ин мусобиқа ширкат кунад. Ҷузъиёти бештар дар оянда эълон хоҳад шуд.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 537
🔠🅰️🇪🇸💪🇹🇯🔠🅰️🇹🇯
🤝 Бозии дӯстона
Тоҷикистон 🇹🇯 - 🇦🇫 Афғонистон
⏰ Оғози бозӣ 18:00 (душ)
🏟 Варзишгоҳи марказӣ
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 537
🇹🇯 Мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар бозии дуюми дӯстона ҳам аз мунтахаби олимпии Амороти Муттаҳидаи Араб мағлуб шуд 😕
Ёдрас мешавем, ки дар бозии аввал ҳам мунтахаби то 23 солаҳои мо аз АМА бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда буданд 🚫
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 537
🏴«Тоттенхэм» рамз ё логотипи худро иваз кард!
Дар рамзии нави лондониҳо навиштаҷоти «Тоттенхэм Ҳотспур» грифта шуд. Дар даста гуфтанд, ки ин имкон дод, ки «хурӯс», рамзи воқеии «Тоттенхэм», калонтар шавад.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 537
🇺🇾Родриго Бентанкур барои нажодпарастӣ аз 7 бози мамнӯъ шуд!
Дар моҳи июн бозигари "Тоттенхэм" дар бораи Сон Хён Мин шӯхӣ карда чунин гуфта буд:"Шояд либосҳоро аз ҷиянаш гирифта бошад. Хамаи онхо як хел менамояд".
Барои ин тамасхур, FA Бентанкурро аз 7 бозӣ маҳрум кард ва 100 000 фунт стерлинг ҷарима кард.
Дар ҳамин ҳол, уругвайӣ қариб дарҳол аз ҳамдасташ узр пурсид ва Сон гуфт, ки хафа нашудааст.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 537
🟥 Mr.Beast дар подкасти You Tube канали Роналду?!
Роналду гуфтааст, ки меҳмони навбатӣ "бояд интернетро кафонад", бо эҳтимоли зиёд ин меҳмон машҳуртарин одам дар платформаи видеои ҷаҳон Mr.Beast мебошад.
🤔 Боз киро дар меҳмонии You Tube канали Роналду дидани ҳастед? 👇
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 537
🇹🇯🇹🇯 Ғалабаи шубҳаноки «Ҳулбук» бар «Исфара» 👀
Дар даври 25-умини Лигаи якуми Тоҷикистон, дастаи «Ҳулбук» бо ҳисоби аҷиб ва шубҳанок 18 голро вориди дарвозаи «Исфара» кард. Ин натиҷа дар ҳолест, ки «Ҳулбук» барои қаҳрамонӣ бо «Парвоз» рақобат мекунад ва таносуби тӯбҳо ҳоло барои муайян кардани қаҳрамон дар Лигаи якум аҳамият пайдо кардааст.
Мухлисон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз «фурӯхта шудани бозӣ» менависанд. Дар тӯли мавсим чандин футболбозону намояндагони дастаҳо аз «фурухта шудани бозиҳову доварон» ба мо шикоят карда буданд.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 537
🫥 Бомуваффақият ба ҳоҷатхона рафт.
🫂 Мухлис дар бозии меҳмонӣ аз қафои рафиқонаш афтод, аз автобус пазмон шуд ва солҳои зиёд дар кӯчаҳои Милан хобид. ➕ Аммо рӯзе як швейтсарӣ дар Итолиё бе суғурта ва шаҳрвандӣ паҳлӯяшро шикаст. Беморхона бо консулгарӣ тамос гирифт ва ӯро ба хона фиристоданд.🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 537
🇪🇸🇪🇸 Дар 2 моҳи охир дастаҳои занонаву мардонаи «Реал» ва «Барселона» ду «Эл-Классико» баргузор кардаанд, ки дар ҳардуи онҳо дастаи шаҳри Мадрид бо ҳисоби якхела мағлуб шудааст 👀
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 537
🇪🇸 Дастаи занонаи «Барселона» дастоварди дастаи мардонаро дар Эл-Классико такрор кард.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 537
⚽️ Олег Баклов бо дархости дастаи «Уфа» қароргоҳи мунтахаби Тоҷикистонро баъд аз боӣ бо Непал тарк карда имрӯз бидуни сар додани гол ба дастааш дар бозии даври 19-уми Лигаи якуми Русия муқобили «Сокол» ғалаба овард.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 537
⚽️ Олег Баклов бо дархости дастаи «Уфа» қароргоҳи мунтахаби Тоҷикистонро баъд аз боӣ бо Непал тарк карда имрӯз бидуни сар додани гол ба дастааш дар бозии даври 19-уми Лигаи якуми Русия муқобили «Сокол» ғалаба овард.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 537
🇦🇫 Мунтахаби Афғонистон зери роҳбарии собиқ сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев дар бозии дӯстона, ки дар Душанбе баргузор шуд аз мутахаби Непал дучори бохт шуд.
Мухлисон баъд аз бохт норозӣ мондан ва аз Усмон Тошев ва ҳайати роҳбарикунандаи Федератсияи футболи Афғонистон талаби истеъфо карданд.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 537
🇵🇹 Мунтахаби Португалия дар бозии дӯстона дарвозаи мунтахаби Лаҳистонро голборон кард!
🐐⚽️ Роналду дар ин бозӣ дубл анҷом дода, як голро пз пеналтиро бо услуби «паненка» ва голи дигарро бо услуби «қайчӣ» ба самар расонид.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 537
🚫🏆 Погбаро дар «Юве» баъд аз анҷоми мӯҳлати ҷазояш нахоҳем дид.
Тавре ки дастаи шаҳри Турин хабар дод, шартномаи Погба 30 ноябр расман ба анҷом мерасад ва пас аз он футболбоз метавонад агенти озод бошад.
Погба, ки дар 31-солагӣ қарор дорад, аз моҳи сентябри соли 2023 пас аз санҷиши мусбати допинг бозӣ накардааст. Шартномаи ӯ бо «Ювентус» бояд то моҳи июни соли 2026 идома мекард, вале тарафҳо розӣ шуданд, ки онро пеш аз мӯҳлат бекор кунанд.
Моҳи октябр Додгоҳи ҳакамии варзиш (CAS) манъи допинги Погбаро аз чаҳор сол то 18 моҳ кам кард, ки маънои онро дорад, ки ӯ метавонад дар моҳи март ба майдон баргардад. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз маълум нест, ки Погба дар куҷо маснади варзишияшро идома медиҳад.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 537
🇷🇺 Мунтахаби русия дар бозии дӯстона мунтахаби Брунейро «голшап» кард.
Ба ҷойи Бруней мо метавонистем бозӣ кунем, аммо Федератсияи футболи Тоҷикистон пешниҳоди Иттиҳодияи футболи Русияро рад карданд.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 537
🇹🇯 Мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби калон шикаст хӯрд.
🚫 Чаҳор бозигар – Содиқҷон Қурбонов, Амадонӣ Камолов, Азизбек Ҳайитов ва Далер Шарифов, ки эҳтимолан дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-23) барои мунтахаби олимпии кишвар бозӣ хоҳанд кард, дар ин бозӣ иштирок накарданд ва дар ихтиёри тими миллии Тоҷикистон қарор доранд.
🔜 Бозии ҷавобии мунтахаби олимпӣ 18-уми ноябр баргузор хоҳад шуд.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
اکنون در دسترس! پژوهش تلگرام ۲۰۲۵ — مهمترین بینشهای سال 
