fa
Feedback
𝗧𝗔𝗝𝗦𝗖𝗢𝗥𝗘

𝗧𝗔𝗝𝗦𝗖𝗢𝗥𝗘

رفتن به کانال در Telegram

Нашрияи мустақили футболӣ! Пешниҳод: @tajscore_support

نمایش بیشتر
9 291
مشترکین
-624 ساعت
+197 روز
+3130 روز
آرشیو پست ها
🏆 «Астон Вилла» – ғолиби Лигаи Аврупо дар мавсими 2025/26! ⚽️ Виллагиҳо ҷоизаи аввалини худро дар асри 21 ба даст оварданд!
🏆 «Астон Вилла» – ғолиби Лигаи Аврупо дар мавсими 2025/26! ⚽️ Виллагиҳо ҷоизаи аввалини худро дар асри 21 ба даст оварданд! 🔝 Унаи Эмери бори 5-уми ғолиби Лигаи Аврупо гардид. ⁉️ Ҷейдон Санчо аввалин футболбози таърих аст, ки дар финалҳои 3 мусобиқоти гуногуни аврупоӣ дар 3 мавсим пай дар пай бозӣ кардааст! 🙂 Бештар аз ҳама аҷиб он аст, ки тамоми ин вақт ӯ ба «МЮ» тааллуқ дорад 🇹🇯 Ба Score обуна шавед!

☄️ Неймар ба Ҷоми Ҷаҳон меравад! 🇧🇷 Анчелотти бразилиягиро дар рӯйхати ниҳоии дастаи миллӣ барои мундиал дохил кард – барои
☄️ Неймар ба Ҷоми Ҷаҳон меравад! 🇧🇷 Анчелотти бразилиягиро дар рӯйхати ниҳоии дастаи миллӣ барои мундиал дохил кард – барои Нейи 34-сола ин 4-умин Ҷоми Ҷаҳон дар корномааш хоҳад буд. 🧐 Хурсандед? 🇹🇯 Ба Score обуна шавед!

🏴󠁧󠁢󠁥󠁮󠁧󠁿 Расман: «Арсенал» – Қаҳрамони Премйер-лига дар мавсими 2025/26! Шогирдони Артета се сол пай дар пай дар зинаи
+1
🏴󠁧󠁢󠁥󠁮󠁧󠁿 Расман: «Арсенал» – Қаҳрамони Премйер-лига дар мавсими 2025/26! Шогирдони Артета се сол пай дар пай дар зинаи дуюм буданд, ниҳоят имсол туфангчиёни лондон ҷомро ба даст оварданд. Ин аввалин Премйер-лига барои «Арсенал» аз соли 2004 мебошад. 🧐 Ба ақидаи шумо онҳр сазовор буданд?

🇹🇯 Мутаассифона дастаи ҷавонони мо дар 4-уми худ мағлуб шуданд.
🇹🇯 Мутаассифона дастаи ҷавонони мо дар 4-уми худ мағлуб шуданд.

🇹🇯 Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон баъд аз қисми якуми даври панҷуми чемпионати CAFA бо мунтахаби то 20 солаи Қирғизистон мус
🇹🇯 Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон баъд аз қисми якуми даври панҷуми чемпионати CAFA бо мунтахаби то 20 солаи Қирғизистон мусовӣ бози доранд.

🇪🇸🇪🇸🇪🇸 Поёни як давраи бузург дар футболи Испания. ⚽️ Дани Карвахал — чеҳраи вафодории «Реал Мадрид» ⚽️ Роберт Левандов
🇪🇸🇪🇸🇪🇸 Поёни як давраи бузург дар футболи Испания. ⚽️ Дани Карвахал — чеҳраи вафодории «Реал Мадрид» ⚽️ Роберт Левандовски — нишон ва ифтихори «Барселона» ⚽️ Антуан Гризманн — рамзи садоқати «Атлетико Мадрид» 🇪🇸 Се дастаи бузурги испанӣ омодаанд бо бозигароне видоъ кунанд, ки солҳои тӯлонӣ номашонро дар таърихи клубҳо ҷовидона карданд. Ин танҳо рафтани се футболбоз нест — ин анҷоми як давра аст. 🥹 Даврае, ки бо заҳмат, пирӯзиҳо, ашк ва хотираҳои фаромӯшнашаванда навишта шуд. ❤️🥹 Футбол иваз намешавад, аммо баъзе номҳо ҳамеша дар дилҳо ҷой доранд. 🇹🇯 Ба Score обуна шавед!

🥹 Баъзан як бозигар на танҳо барои ҷомҳо, балки барои муҳаббати мухлисон бозӣ мекунад. 🇫🇷 Ӯ шояд дар Ла Лига ё Лигаи Қаҳра
🥹 Баъзан як бозигар на танҳо барои ҷомҳо, балки барои муҳаббати мухлисон бозӣ мекунад. 🇫🇷 Ӯ шояд дар Ла Лига ё Лигаи Қаҳрамонҳо ҳама орзуҳояшро амалӣ накарда бошад, аммо эҳсоси дар хона буданро дар Мадрид пайдо кард. Баъзе қарорҳо дар ҷавонӣ хато мешаванд. Муҳимаш — иқрор шудан, баргаштан ва қадри ҷойеро донистан, ки воқеан туро дӯст медоранд. ❤️🤍 Антуан нишон дод: садоқат ва муҳаббати ҳақиқӣ аз ҳар унвон болотаранд. Ҳар кас наметавонад чунин баргардад ва боз муҳаббати мардумро ба даст орад. 👏 🇹🇯 Ба Score обуна шавед!

😭 Расман: Карвахал дар охири мавсим «Реал Мадрид»-ро тарк мекунад! Клуб эълон кард, ки бо ҳимоятгари 34-сола шартномаашро та
😭 Расман: Карвахал дар охири мавсим «Реал Мадрид»-ро тарк мекунад! Клуб эълон кард, ки бо ҳимоятгари 34-сола шартномаашро тамдид намекунад. Дани дар системаи мадридиҳо дар маҷмӯъ 23 сол буд. 💔 Оё шумо ӯро ёд хоҳед кард? 🇹🇯 Ба Score обуна шавед!

🇪🇸 17 май: Жозе Моуринйо дар мусоҳиба мегӯяд: Ман 99% дар «Бенфика» мемонам, ман бо клуб шартномаи амалкунанда дорам. Аз «Р
🇪🇸 17 май: Жозе Моуринйо дар мусоҳиба мегӯяд: Ман 99% дар «Бенфика» мемонам, ман бо клуб шартномаи амалкунанда дорам. Аз «Реал Мадрид» чизе нашунидам. 📆 18 май: Фабритсио Романо - Жозе Моуринйо – сармураббии ҷадиди «Реал Мадрид». 🇹🇯 Ба Score обуна шавед!

🤣 Дар чемпионати Молдова бехтарин автогол дар таърихи футбол зада шуд. 🇲🇩 Тӯб ба бозингари захмдор, ки рӯи алаф хобида буд, бархӯрд ва бо траекторияи комилан ҳарйратовар аз болои дарвозабон гузашт ва ба тӯри дарвоза афтод. 🇹🇯 Ба Score обуна шавед!

⚽️ Боз Месси ва боз голу ассистҳо 🔼 Акнун Месси дар чор бозии охиринаш 10 гол/пас дорад. 9️⃣1️⃣0️⃣ Голҳои ⚽ 4️⃣1️⃣2️⃣ Ассист
+2
⚽️ Боз Месси ва боз голу ассистҳо 🔼 Акнун Месси дар чор бозии охиринаш 10 гол/пас дорад. 9️⃣1️⃣0️⃣ Голҳои ⚽ 4️⃣1️⃣2️⃣ Ассистҳо 🅰️ 🇹🇯 Ба Score обуна шавед!

🤯 «Барселона» мавсимро бидуни бохт дар майдони худ ба анҷом мерасонад. 🔝 «Каталониҳо» аввалин клуб дар таърихи Ла Лига ҳаст
+1
🤯 «Барселона» мавсимро бидуни бохт дар майдони худ ба анҷом мерасонад. 🔝 «Каталониҳо» аввалин клуб дар таърихи Ла Лига ҳастанд, ки мавсими худро бо 100% ғалабаҳо дар майдони худ ба анҷом расониданд! 👌 Винисиус бошад ба «Реал» ғалаба меорад! Ҳамлагари 4-ум дар «Реал Мадрид» Мбаппе бошад бадтарин баҳоро дар майдон гирифт (5,9), новобаста аз оне ки 90 дақиқа дар майдон буд. Агар «Реал» дар даври охирин 3 имтиёз бигирад, пас мавсими худро бо 3 ғалаба пай дар пай анҷом медиҳад.

⚽️ Финали Лигаи Қаҳрамонҳои дуюми Осиё пас аз шикасти «Ал-Насср» бисёрҳоро ба ҳайрат гузошт. ⚽️❌ Криштиану Роналду ҳатто баро
⚽️ Финали Лигаи Қаҳрамонҳои дуюми Осиё пас аз шикасти «Ал-Насср» бисёрҳоро ба ҳайрат гузошт. ⚽️❌ Криштиану Роналду ҳатто барои гирифтани медали нуқра ба маросим набаромад ва майдонро тарк кард. ⚽️✔️ Чанд моҳ пеш, вақте «Интер Майами»-и Лео Месси мағлуб шуд, аргентинӣ ягона бозигаре буд, ки бо медали нуқра дар гардан то охири ҷашни рақиб истод ва ба онҳо эҳтиром нишон дод. ℹ️ Фарқ танҳо дар натиҷа нест — дар муносибат аст. Шикаст ҳам як қисми футбол аст, аммо бузургӣ дар он аст, ки ҳатто дар лаҳзаҳои талх эҳтиромро нигоҳ дорӣ. ⚽ Қаҳрамонро танҳо аз голҳо не, аз рафтораш дар рӯзи шикаст ҳам мешиносанд.

🚫🇹🇯 Мунтахаби то 20 солаи Тоҷикистон дар бозии даври чоруми чемпионати CAFA байни бозигарони то 20 сола аз мунтахаби Узбак
🚫🇹🇯 Мунтахаби то 20 солаи Тоҷикистон дар бозии даври чоруми чемпионати CAFA байни бозигарони то 20 сола аз мунтахаби Узбакистон дучори бохт гашт. Бозии навбатиро мунтахаби ҷавонони мо санаи 19-уми май муқобили мунтахаби Қирғизистон доир мекунад. 🇹🇯 Ба Score обуна шавед!

Голи дуюми Ӯзбекистон аз зарбаи пеналтӣ ба дарвозаи мунтахаби мо

Голи Ӯзбекистон ба дарвозаи мо

🏴󠁧󠁢󠁥󠁮󠁧󠁿🚫 Мутахассиси испанӣ қарори ниҳоии худро аллакай баровардааст. 🔜 Эълони расмӣ ба наздики хоҳад буд. ✔️ Бо эҳт
🏴󠁧󠁢󠁥󠁮󠁧󠁿🚫 Мутахассиси испанӣ қарори ниҳоии худро аллакай баровардааст. 🔜 Эълони расмӣ ба наздики хоҳад буд. ✔️ Бо эҳтимоли зиёд ӯро Энзо Мареска тҷаз хоҳад кард. 🇹🇯 Ба Score обуна шавед!

🏴󠁧󠁢󠁥󠁮󠁧󠁿✔️ Расман: Хаби Алонсо – сармураббии ҷадиди «Челси» 📝 Шартнома то соли 2030 🔜 Испанӣ аз 1 июл ба кор шурӯъ ме
🏴󠁧󠁢󠁥󠁮󠁧󠁿✔️ Расман: Хаби Алонсо – сармураббии ҷадиди «Челси» 📝 Шартнома то соли 2030 🔜 Испанӣ аз 1 июл ба кор шурӯъ мекунад. 🇹🇯 Ба Score обуна шавед!

🚫🇹🇯 Роналду боз имкони як грифтани як ҷоизаро дар дастаи «Ал-Наср» аз даст дод. «Ал-Наср», ки дар як гурӯҳ бо «Истиқлол»-и
🚫🇹🇯 Роналду боз имкони як грифтани як ҷоизаро дар дастаи «Ал-Наср» аз даст дод. «Ал-Наср», ки дар як гурӯҳ бо «Истиқлол»-и Тоҷикистон мусобиқаро оғоз карда буд ба финали Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё роҳ ёфт вале дар ин ҷо аз дастаи «Гамбио Осака»-и Ҷопон мағлуб шуд. 🇹🇯 Ба Score обуна шавед!

🏆 «Манчестер Сити» – қаҳрамон Ҷоми Англия дар мавсими-2025/26! «Шаҳриҳо» барои мағлубиятҳо дар ду финали гузашта қасос гириф
+1
🏆 «Манчестер Сити» – қаҳрамон Ҷоми Англия дар мавсими-2025/26! «Шаҳриҳо» барои мағлубиятҳо дар ду финали гузашта қасос гирифтанд ва 8-умин ҷомро дар таърихи ин мусобиқа ба даст оварданд.