cookie

ما از کوکی‌ها برای بهبود تجربه مرور شما استفاده می‌کنیم. با کلیک کردن بر روی «پذیرش همه»، شما با استفاده از کوکی‌ها موافقت می‌کنید.

avatar

Education Abroad /Таҳсил дар хориҷа

Дӯстон, хуш омадед ба платформаи иттилоотӣ. Дар ин шабака ба шумо танҳо маълумот дар бораи таҳсилу кор дар хориҷа пешниҳод карда мешавад. Лутфан навиштаҳоро бо диққат хонед! Реклама бе иҷозати маъмури шабака манъ аст!

نمایش بیشتر
پست‌های تبلیغاتی
1 459
مشترکین
-124 ساعت
+197 روز
+2630 روز

در حال بارگیری داده...

معدل نمو المشتركين

در حال بارگیری داده...

Дӯстон рӯзатон ба хайр! Дар бораи чӣ маълумот гирифтан мехоҳед? Дар шарҳ нависед 👇🏻
نمایش همه...
Repost from 💡RasonanigoR
📢 ТОП-🔟 саҳифаи хонданибоби тоҷикӣ дар #телеграм* 1️⃣ Андешакада. Саҳифаи донишманди ҷавон Шералӣ Ризоён. Ин ҷо дидгоҳҳои муаллиф дар мавзӯъҳои доғ пешниҳод мешаванд. 2️⃣ Education Abroad /Таҳсил дар хориҷа. Саҳифае ки аз кору таҳсил дар хориҷи кишвар мегӯяд. Аз имкониятҳои сафар ва аз таҷрибаи онҳое, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд. 3️⃣ Дидгоҳи роҳбурдӣ. Агар ҳаводори матну навиштаҳои таҳлилӣ ҳастед, агар ба муҳимтарин мавзӯъҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сиёсату рӯйкардҳои қудратҳои беруна дар минтақа, ҳамчунин масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалии муосир таваҷҷуҳ доред, «Дидгоҳи роҳбурдӣ»-ро интихоб кунед. 4️⃣ Китобхон. Барои дӯстдорони мутолиа ҳамрози хубест. Суҳбатҳои ҷолиб, дидгоҳҳои созанда ва тавсияҳо барои хондан. Шиори «Китобхон»: «Бихонем то сарфароз бошем, биомӯзем то вораста бошем!». 5️⃣ Расонанигор. барои онҳое ки рушд кардан мехоҳанд. Ин саҳифаи расонаиест, ки маҳз барои ҷавонон доир ба майлонҳои нави расонаӣ, имкониятҳо, таҷрибаомӯзӣ, стипендияву тренингҳо ва ҳамчунин, дар самти саводи иттилоотию рақамӣ ва расонаӣ, ташаккули тафаккури интиқодии ҷавонону наврасон равона шудааст. 6️⃣ Рӯшноӣ. «Ростиро набувад ҳеч заволе ба ҷаҳон!». Ин саҳфа барои огоҳӣ аз дунёи рақамӣ, ТИК, тавсеаи тафаккури интиқодиву саводи расонаӣ таҳия шудааст. Шеваи осону содаи пешниҳоди иттилоъ, санҷишномаву пурсишномаҳои ҷолиб ва як дунё иттилоот Шуморо мунтазир аст! 7️⃣ Tajik PodCast. Аввалин саҳфаи тоҷикӣ дар телеграм, ки талош дорад, тамоми подкастҳои тоҷикиро якҷо ҷамъ биёварад. Ҳама он чӣ Шумо шуниданашро орзу доред, ин ҷо пайдо мекунед. Подкасту барномаҳои савтӣ бо забони ноби тоҷикӣ. 8️⃣ Factcheck.tj. Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон. Саҳифае барои мубориза бо хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон равона шудааст. 9️⃣ Фонус. Хабарҳо аз зовияи дигар ва бо пешниҳоди ҷолиб. Ҳар хабари ҷолиб ҳатман бо шарҳ ё луқмаи маззадоре аз «Фонус» ироа мешавад. Ин ҷо назарсанҷӣ ҳам ҳаст, викторина ҳам ҳаст, саволҳои булаҷабу аҷиб-ғариб ҳам ҳаст. «Мем» ҳам дорем, иқтибосҳои хонданӣ ҳам. Хулоса як олам чиз ва ҳамагӣ – ҷолиб, диданӣ ва хонданӣ. 🔟 Хирад. Саҳифае барои хирадманд шудан. Панд, андарз, масалу мақол, китобҳои савтӣ. Барои ошиқони хондан туҳфае беҳтар аз «Хирад» дар телеграм нест!
*Ин рӯйхат расмӣ нест ва аз сӯйи маъмурини бархе саҳифаҳо таҳия шудааст. Агар саҳифаҳои хуби тоҷикиро медонед, нишонии онҳоро бинавиед, то дар оянда феҳристи мазкурро бо иловаҳо комил намоем!
نمایش همه...

🔥 4 2👏 1
Стипендия барои таҳсил дар Олмон 🇩🇪 ✅Хадамоти табодули академии Олмон (DAAD) барои хатмкунандагони бакалавр аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ стипендияҳои магистриро пешниҳод мекунад. Ҳадафи барнома омода кардани лидерони оянда буда, ки пас аз гирифтани дараҷаи магистрӣ дар рушди минтақаҳои худ саҳм хоҳанд гузошт. 👉 Ин стипендия барои донишҷӯёне, ки дар илмҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ҳуқуқ, иқтисод, сиёсати давлатӣ ва идора таҳсил мекунанд, пешбинӣ шудааст. ✨Ин стипендия таҳсилро дар барномаҳои магистрӣ дар донишгоҳҳои Олмон аз моҳи сентябр/октябри соли 2025 фаро мегирад. Инчунин кӯмакпулии ҳармоҳа, суғуртаи тиббӣ, кӯмакпулии сафар, грантҳои тадқиқотӣ, барои манзил ва кӯмакпулиҳои оилавӣ низ мавҷуданд. Пеш аз оғози курс - омӯзиши забони олмонӣ то 4 моҳ. 🕐Мӯҳлати ниҳоӣ: 31 июли соли 2024 ➡️Маълумоти бештарро аз ин пайванд дарёфт кунед ✨Амалишаваии орзуҳои худро то фардо нагузор ва имрӯз ба сохтани ояндаи худ шурӯъ намо! ✈️📚🌍 🫶🏻Барои сари вақт бохабар шудан аз имконоти таҳсилу кор дар хориҷа ҳамеша бо @Education Abroad бошед.
نمایش همه...
Scholarship Database - DAAD - Deutscher Akademischer Austauschdienst

Are you looking for funding opportunities for a stay in Germany? Find all relevant information here.

👏 5
Photo unavailableShow in Telegram
To all who celebrates Eid al-adha mubarak. May Allah bless you and your beloved ones.
نمایش همه...
19
Dear Muhaiyo, We are delighted to let you know that applications for our Wider Europe and Central Asia Fellowship Programme are now open! We would be very grateful if you could share this news - and our upcoming posts on social media - with your followers and your local networks. This year's programme will run from October 2024 until March 2025. It is comprised of a series of online sessions followed by a 16-day residential programme in the UK from 21 February to 9 March. We will recruit one Fellow from each of the following countries: Armenia, Azerbaijan, Georgia, Kazakhstan, Kyrgyzstan, Moldova, Tajikistan, Turkmenistan, Ukraine, and Uzbekistan. We are looking for mid-career professionals who: are aged 25 to 35 are citizens and residents of one of the 10 following countries: Armenia, Azerbaijan, Georgia, Moldova, Ukraine, Kazakhstan, Kyrgyzstan, Tajikistan, Turkmenistan, Uzbekistan are in permanent employment speak and write fluent English demonstrate their potential as a leader in their professional field and commitment to building fairer, more sustainable, and inclusive societies in their home country demonstrate a clear professional interest in one or more of these areas, and a broad interest in all three: climate and sustainability, governance and justice, and equality, diversity and inclusion If you know someone who meets these criteria, please do encourage them to apply! Applications will close on Sunday 23 June at 23:59 BST. You can find more information here. We also have a flyer you can download and circulate. We are also offering opportunities for senior Fellows to contribute to the programme again, as contributors, moderators, and mentors. So please get in touch if you are interested in sharing your expertise and experience with the next generation of Fellows. We anticipate that in-person interviews will take place in August and September, and we hope to connect with as many of you as possible during our visits! Best wishes, The John Smith Trust team P.S. I was part of this program in 2018 and shared my experience and how to apply for the program. #UK #exchangeprogram #JST
نمایش همه...
👍 12👌 1
Photo unavailableShow in Telegram
#englishwithfun Баъди чанде хомӯшӣ, бо ҳазли ба ҳақиқат наздик 😂😉
نمایش همه...
😁 9 7
Photo unavailableShow in Telegram
‼️Барои маълумот, Ба забони фаҳмои тоҷикӣ агар нависам, ана ҳамин ширкат ва монанди он 100% қаллобанд! Медонед барои чӣ⁉️ Барои он ки: 1. Дар Британия барои кори оддӣ (ин дар самти хизмарасонӣ аст), чунин музди меҳнат нест! Тамоман нест! 2. Барои "хизматрасониаш" аз хоҳишмандон пул мегирад. Ин хилофи қонунгузории Британияи Кабир аст! ✅Ана ҳамин ду банд барои шумо бояд далел бошад, ки ба чунин ширкатҳо бовар накунед. #муҳоҷиратибехатар #кордарБритания #кордарАнглия
نمایش همه...
👍 10 2👏 2🙏 1
Вақте илҳоми кор кардан/хондан надоред, чӣ кор мекунед?Anonymous voting
  • Ҳеҷ чиз...мешинам ТВ тамошо карда
  • Мурда-мурда кор мекунам, пул даркор ку ))
  • Пешниҳоди шумо (дар шарҳ нависед)
0 votes
🤔 1
Photo unavailableShow in Telegram
😂 #englishwithfun
نمایش همه...
😁 12 2👍 1
🗣 Chevening - имкони таҳсил бо стипендияи пурра дар Британияи Кабир барои Тоҷикистониён 🔸Қабули дархостҳо ба барномаи Chevening аз моҳи сентябр ё октябр оғоз шуда, он то аввалҳои ноябр давом мекунад. ✨Бо ин барнома шумо метавонед барои таҳсил дар яке донишгоҳҳои Британияи Кабир барои гирифтани дараҷаи магистрӣ ноил шавед. Барои дарёфти маълумоти бештар дар бораи барнома ва таҷрибаи дигар ҳамватанони мо ин наворҳоро тамошо кунед: ✅Сӯҳбат бо Зайтуна Сайдуллоева, стипендиати барномаи Chevening 2022-2023 ✅Cӯҳбат бо Меҳроҷ Муҳиддинов, стипендиати барномаи Chevening 2021-2022 Барои пур кардани дархост ба барнома аз ин 👉 линк истифода намоед. Ба дӯстонатон низ ин эълонро равон кунед 😉 🫶🏻 Бароятон муваффақият хоҳонам!
نمایش همه...
Education Abroad /Таҳсил дар хориҷа

🗣 Chevening - имкони таҳсил бо стипендияи пурра дар Британияи Кабир барои Тоҷикистониён 🔸Ана марҳамат, қабули дархостҳо ба барномаи Chevening оғоз шуда, он то 7 ноябри соли 2023 кушода аст. ✨Бо ин барнома шумо метавонед барои таҳсил дар яке донишгоҳҳои Британияи Кабир барои гирифтани дараҷаи магистрӣ ноил шавед. Барои дарёфти маълумоти бештар дар бораи барнома ва таҷрибаи дигар ҳамватанони мо ин наворҳоро тамошо кунед: ✅Сӯҳбат бо Зайтуна Сайдуллоева, стипендиати барномаи Chevening 2022-2023 ✅Cӯҳбат бо Меҳроҷ Муҳиддинов, стипендиати барномаи Chevening 2021-2022 Барои пур кардани дархост ба барнома аз ин 👉 линк истифода намоед. Ба дӯстонатон низ ин эълонро равон кунед 😉 🫶🏻 Бароятон муваффақият хоҳонам!

10
یک طرح متفاوت انتخاب کنید

طرح فعلی شما تنها برای 5 کانال تجزیه و تحلیل را مجاز می کند. برای بیشتر، لطفا یک طرح دیگر انتخاب کنید.