fa
Feedback
Китобхон - کتابخوان

Китобхон - کتابخوان

رفتن به کانال در Telegram

🇹🇯 Китобхон - таблиғгари китоб, илм, маърифат ва андешаи солим. 🇮🇷🇦🇫 کتابخوان - تبلیغگر کتاب، علم، معرفت و اندیشه سالم.

نمایش بیشتر
1 636
مشترکین
+124 ساعت
+17 روز
اطلاعاتی وجود ندارد30 روز
آرشیو پست ها
🔵СИЁСАТИ ЗИДДИ ТОҶИКӢ ПАДИДАИ НАВ НЕСТ Андешаи Сайфуллоҳ Муллоҷон, доктори илмҳои таърих ✅ Таҳияи Исматуллоҳи Абдуллоҳ

📌 БИЁЕД БО ҲАМ ХАТТИ ПАДАРОН, ХАТТИ ПОРСИИ ХУДАМОНРО ЁД БИГИРЕМ! بیائید با هم خط پدران، خط پارسیٔ خودمان را یاد بگیریم! ✅ ҲА
+1
📌 БИЁЕД БО ҲАМ ХАТТИ ПАДАРОН, ХАТТИ ПОРСИИ ХУДАМОНРО ЁД БИГИРЕМ! بیائید با هم خط پدران، خط پارسیٔ خودمان را یاد بگیریم! ✅ ҲАРАКОТ Ё ЭЪРОБ حرکات یا اعراب Дар забони форсӣ садонокҳои кӯтоҳ (а, и, у, е (э)) дар байни калима навишта намешаванд ва дар аввали калима низ танҳо бо ҳарфи алиф ا ишора мешаванд. Барои ифодаи овози садонокҳои кӯтоҳ, ташдиди ҳуруф (такрори дубораи як ҳарф), исти кӯтоҳ (сокин) дар хатти форсӣ аломатҳои махсусе дар зер ва ё болои ҳарфҳо гузошта мешаванд, ки онҳоро ҳаракат ё эъроб мегӯянд. 1. Фатҳа (ба арабӣ) ё забар (ба форсӣ) ( َ ) дар болои ҳамсадо гузошта мешавад ва овози садоноки кӯтоҳи «а»-ро ифода мекунад: زَبَر забар دَر дар خَبَر хабар حَرَکَت ҳаракат 2. Касра ё зер ( ِ ) дар зери ҳамсадо гузошта мешавад ва садоноки кўтоҳи «и» ("е" ё "э")-ро ифода мекунад: دِل дил گِل гил شِکَست шикаст بِدید бидИд دِه деҳ بِه беҳ 3. Замма ё пеш ( ُ ) дар болои ҳамсадо меояд ва садоноки кўтоҳи «у»-ро ифода мекунад: گُل гул بُلبُل булбул شُد шуд دُرود дурУд سُرود сурУд Барои дуруст муайян намудани ифодаи овоии ҳарфи алиф дар аввали калима низ аз фатҳа, касра ва замма истифода бурдан мумкин аст: اَخبار ахбор اُمید умед اِراده ирода احتمال эҳтимол 4. Сокин ( ْ ) дар болои ҳамсадое гузошта мешавад, ки пас аз он ҳамсадои дигар меояд, (яъне баъди аломати сокин ҳамсадои баъдӣ талаффуз мешавад, на садоноки кӯтоҳ): بَدْر бадр دَرْس дарс مانْد монд شِکَسْت шикаст 5. Ташдид ( ّ ) дар болои ҳамсадое гузошта мешавад, ки бояд ба шиддати ду баробар бештар талаффуз карда шавад (маъмулан дар калимоти арабӣ): خَطّ‌ِ پارسی хатти порсӣ سدّ садд شدّت шиддат 6. Аломати танвин ( ً )- ан, ( ٍ )-ин, ( ٌ )-ун. Дар забони форсӣ бештар танвини (ً ) ба кор меравад, ки дар болои алифи охири калима гузошта ва ба шакли -ан хонда мешавад: حتماً ҳатман اصلاً аслан واقعاً воқеан Ин "-ан"-и танвини арабиро (мисли ҳатман, аслан, воқеъан, эҳтимолан, куллан حتماً اصلاً واقعاً احتمالاً کلاً ) бо пасванди масдари феъли форсӣ -ан (навиштан, хондан, мондан نوشتن خواندن ماندن ) иштибоҳ нагиред. ❗️Эзоҳ: Аммо ҳаракот маъмулан дар дастурномаҳои таълимӣ, фарҳанги луғат бештар гузошта мешаванд. Дар матнҳои маъмулӣ ва навиштори рӯзмарра аз ин аломатҳо камтар кор гирифта мешавад, ё дар сурати мушобеҳ будани тарзи навишти калима ва барои таъкиди талаффузи мавриди назар ҳаракот гузошта мешаванд. Масалан: در - دَر дар در - دُرّ дурр ✏️: Ҷамшед Орифиён 📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram  📱 Facebook 📱TikTok 📱 Вконтакт пайгир бошед

📌Посухи Шералӣ Ризоён ба пурсиши Азиз Нақибзод дар бораи “чаро эронӣ қаҳрамону тоҷик босмачӣ?” Агар кутоҳ ба пурсиши Шумо по
📌Посухи Шералӣ Ризоён ба пурсиши Азиз Нақибзод дар бораи “чаро эронӣ қаҳрамону тоҷик босмачӣ?” Агар кутоҳ ба пурсиши Шумо посух гӯем, бештари онҳое, ки дифоъ аз Эронро шарафу дифоъ аз Бухороро хиёнат мешуморанд - аз ду мантиқи ба ҳам зид корбурд доранд. Чанд ҳафта пеш дар саҳифаи Шумо дар ин бора баҳсе доштем. Агар сабабҳои жарфи онро канор гузорему осебшиносии имрӯзро анҷом бидиҳем, пас чунин гуфтан мумкин аст: 1. Дифоъ аз Эрон як мейнстрим аст ва бештари мардум мехоҳанд худро дар он ҷой бидиҳанд ва ривоятҳои рӯ ба Эронро паҳну пахш кунанд. Чун Эрон мағлуб нашуд ва дар баробари таҷовуз эрониҳо истод шуданд ва таърихсозӣ карданд. Яъне, таърихи худро худ бо дасти худ навиштанд. 2. "Босмачиҳо" набардро барои озодии Меҳан бохтанд ва беш аз 60 сол низоми идеологии Шӯравӣ бо онҳо "мубориза" мебурд ва аҳримансозӣ мекард. Аз ин рӯ, аз босмачиҳо "симои манфур" сохтанд ва камбахтона то ба имрӯз идома дорад. Ҳамчунин, ба назар бигиред, ки агар эрониҳо ҷанги 12-рӯза ё ин ҷанги 40-рӯзаро мебохтанд, шумори эронситезон ё дурустараш онҳое, ки ба ҳама гуноҳ муллоҳоро гунаҳкор мекарданд, дар фазои маҷозии ватанӣ ба маротиб бештар мешуд. Аз ин рӯ, дар баҳсҳои ҳувиятӣ ва таърихӣ муйро аз хамир ҷудо кардан беҳтар аст. Дар ҳеҷ кадом гӯшаи ҷаҳон касе ё гурӯҳе, ки барои озодӣ ва худсолории Меҳан ба мубориза бархостанд - хиёнаткор нестанд. Агар чунин пиндошт ва маъносозӣ тарвиҷ дода шавад ҳам, рӯзе ҳақ ба ҳақдор мерасад. Рӯйдодҳои солҳои 1900-1930-ум дар таърихнигории мо пажуҳишгарони худро мунтазир аст, чун агар танҳо ривоятсозиҳо ва маъносозиҳоро баррасӣ кунед, паҳнои бекарон барои омӯзиш буда, худаш арзандаи кори докторӣ аст. Бештари “ривоятсозиҳо” ва “маъносозиҳо” ба ҳадде дар тазоданд, ки мисли "обу равған" ба ҳам намеоянд. Агар мантиқи хиёнаткор донистани муборизони солҳои 1920-умро асос қарор бидиҳем, пас: - Испантамон аз назари юнонумақдуниҳо - "хиёнаткор" аст, чун бо артиши онҳо барои озодии Ватани худ мубориза кард; - Абӯмуслин ва Муқаннаъ аз назари Хилофати арабӣ - "хиёнаткор" ҳастанд, чун пояи фармонравоии арабҳо дар сарзамини моро ба ларза дароварданд; - Лайси Саффорӣ ва Исмоили Сомонӣ аз назари Хилофати арабӣ - "хиёнаткор" ҳастанд, чун кишвардории худсолорро дар сарзаминҳои мо рӯйи кор оварданд; - Темурмалик аз назари Чингизхон ва аҳли рикоби ӯ - "хиёнаткор" аст, чун солҳои дароз бар зидди ғасбкориҳои муғулӣ мубориза кард; - Маҳмуди Торобӣ аз назари сулолаи чағатоӣ - "хиёнаткор" аст, чун пояи фармондории онҳо дар Бухороро ларзонд ва шӯриши мардумиро сарварӣ кард; - Мавлонзода аз назари муғулҳои Дашти Қипчоқ - "хиёнаткор" аст, чун ба муқобили онҳо шӯриши Сарбадорони Самарқандро роҳбарӣ ва пойи бозмондаҳои сулолаи хонии муғулиро аз Вароруд руфт; - ва мисолҳои дигар, ки оварданашро зарур намедонам. Аз ин рӯ, дер ё зуд ҳақ ба ҳақдор мерасад. Агар фарзи мисол ману Шумо ин ҳашт касе, ки дар боло номашонро овардам - "хиёнаткор" номем - гӯрамонро мекананд, чун қаҳрамон ва мубориз будани онҳоро касе (ҳатто онҳое, ки муборизони солҳои 1920-умро хиёнаткор ё душман мепиндоранд) зери савол намебарад. Бинобар ин, инҷо гап дар бораи тафсирҳои машруиятбахш аст. Он низоми пажуҳишӣ ва арзёбие, ки дар бораи муборизони солҳои 1920-ум парадигма ё "назарияи пешсаф" мебошад, то ҷойе бартарии худро дар шинохт ҳифз мекунад. Аз ин рӯ, дар ин "тафсири машруиятбахш" - "босмачиҳо" душман ва манфур ба ҳисоб мераванд, ки хилофи андешаи кишвардории худсолор дар Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, роҳандозии пажуҳишҳои илмии берун аз арзёбиҳои идеологӣ, ба вижа он тасвире, ки дар садаи гузашта дар бораи онҳо офарида шуд, роҳи берунрафт аз ин "доми мантиқӣ" аст. ✍️: Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик, 27.04.2026 📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram  📱 Facebook 📱TikTok 📱 Вконтакт пайгир бошед

Repost from N/a

📌 БИЁЕД БО ҲАМ ХАТТИ ПАДАРОН, ХАТТИ ПОРСИИ ХУДАМОНРО ЁД БИГИРЕМ! بیائید با هم خط پدران، خط پارسیٔ خودمان را یاد بگیریم! ДАРС
+2
📌 БИЁЕД БО ҲАМ ХАТТИ ПАДАРОН, ХАТТИ ПОРСИИ ХУДАМОНРО ЁД БИГИРЕМ! بیائید با هم خط پدران، خط پارسیٔ خودمان را یاد بگیریم! ДАРСИ ЧАҲОРУМ, омӯзиши хатти порсӣ درس چهارم آموزش خط پارسی Ҳарфҳои ' س син ش шин ص сод ض зод Ин чор ҳарфи алифбои форсӣ аз ҳар ду тараф метавонанд часпон навишта шаванд. Аз ин рӯ ду шакли навишт доранд: Дар ҳолати ҷудо ва дар охири вожа: س ва ـس син ش ва ـش шин ص ва ـص сод ض ва ـض зод Дар аввал ва мобайн: سـ ва ـسـ син شـ ва ـشـ шин صـ ва ـصـ сод ضـ ва ـضـ зод Дар ин ҷо тазаккуре бояд диҳем, ин хатчаро " ـ " , ки дар қисмати пеш ва ё паси ин ҳарфҳо мебинед, дар асл ҷузви ҳарфҳои қаблӣ ва ё баъдие ҳастанд, ки бо ин чаҳор ҳарф аз як сӯ ва ё ҳарду пайваст мешаванд: س ـ ← سـ ё ـ س ـ ← ـسـ ص ـ ← صـ ё ـ ص ـ ← ـصـ Тамоми вожаҳое, ки решаи форсӣ доранд ва дар онҳо овози ҳамсадо (сомит)-и С мавҷуд аст, танҳо ва фақат бо ҳарфи س син навишта мешавд, ҷуз аз чанд истиснои маҳдуд, ба монанди вожа ва ададҳои сад صد ва шаст شصت. Ҳарфи сод ص ва зод ض дар вомвожаҳое навишта мешаванд, ки решаи арабӣ доранд. Дар забони форсӣ бархилофи забони арабӣ фарқе дар талаффузи ҳарфҳои се ث ، син س ва сод ص нест. Форсизабонон ин се ҳарфро ҳамчун овои С дар ҳарфи Син س талаффуз мекунанд. Ҳарфи зод ض ҳамчун ҳарфи зол ذ , ки дар мазуъи дарси гузашта гуфтем, танҳо дар вожаҳои решаашон арабӣ навишта мешавад. Ёдоварӣ аз дарси гузашта: Ҳарфи Зол ذ аксаран дар вожаҳое навишта мешавад, ки решаи арабӣ доранд, ба ҷуз аз чанд вожаҳои истисноӣ, ки решаи форсӣ доранд. Чун: گذشتن гузаштан گذاشتن гузоштан پذیرفتن пазируфтан گذاردن гузоридан Мисолҳо бо ҳарфи Син س: سَر сар سارا соро اَست аст اُستان устон آستان остон داستان достон سَبز сабз سُرخ сурх پس пас سِپاس сипос چُست чуст جَست ҷаст بسا басо داس дос راست рост دست даст سَخت сахт پارس порс سرد сард سَدّ садд سَحَر саҳар اُستاد устод سِراج сироҷ سِرّ сирр اسرار асрор Мисолҳо бо ҳарфи Шин ش: شَش шаш شب шаб شاد шод دَشت дашт زِشت зишт رَشت рашт خِشت хишт تَشت ташт پاش пош باشَد бошад شُد шуд شُست шуст شَست шаст Мисолҳо бо ҳарфи Сод ص: صد сад شَصت шаст صَبر сабр صابِر собир صبح субҳ بَصَر басар صَدر садр صَدا садо صاحِب соҳиб صُحبَت сӯҳбат خاص хос Мисолҳо бо ҳарфи Зод ض: ضد зид ضَرب зарб ضَربَت зарбат ضَرَر зарар حاضِر ҳозир حَضرَت ҳазрат خِضر хизр رِضا ризо

❓Чаро эронӣ қаҳрамону тоҷик босмачӣ? Ҷанги Исроилу Амрико бо Эрон форсизабонони ҷаҳонро ҳадди ақал дар фазои маҷозӣ муттаҳид
+1
Чаро эронӣ қаҳрамону тоҷик босмачӣ? Ҷанги Исроилу Амрико бо Эрон форсизабонони ҷаҳонро ҳадди ақал дар фазои маҷозӣ муттаҳид кард. Тоҷикони Афғонистон, ки таҷрибаи демукросиоварии Амрикоро дар пӯсти худ таҷриба карда буданд, ҷонибдори Эрон шуданд. Эрониёни мухолифи Ҷумҳурии исломӣ, ки дар Амрикову Аврупо муҳоҷиранд, аксарашон имрӯз аз давлати Эрон пуштибонӣ мекунанд. Онҳое, ки дар хунашон нанги эронӣ боқӣ мондааст ва онҳое, ки ба фарҳангу сунатҳои эронӣ арҷ мегузоранд, дар паҳлӯи ҳукумати Эрон саф кашиданд. Ҳич эроние аз кишвараш нагурехт. Баръакс эрониҳои зиёде аз Аврупову Амрико ба Ватан баргаштанд, то манфиате барои Эрон бирасонанд. Тоҷикистониҳои суннӣ, диндор, бедин, мазҳабӣ, дунявӣ, мухолифу мувофиқ аз Эрон пуштибонӣ карданд. Ба ҷуз миқдори андаки муллобачаҳои салафӣ, ки дар хориҷ қарор доранд. Пуштибонии тоҷикон аз Эрон ба ғайри ин ки аз решаҳои ҳуввиятии мо бархоста аст, аз рӯи усулҳои инсонӣ ҳам буд. Чун Эрон ба Исроил ҳуҷум накард, балки Исроилу Амрико буданд, ки ба хоки Эрон ҳамла карданд. Дар ҷанги 12 рӯза Исроил мағлуб шуд. Ва бори дуввум бо шайтанат пои Амрикоро ба ҷанг кашид ва умед дошт, бо истифода аз қудрати низомии Амрико Эронро шикаст медиҳад. Аммо хаёлаш хом баромад. Иттиҳоди мардуми Эрон на танҳо кишварҳои тарафи ҷанг, балки тамоми ҷаҳонро ба ҳайрат гузошт. Аммо ин ҷанг чӣ монандие бо ҷанги 106 сол пеши артиши сурх дар Осиёи Марказӣ дошт? Болшевикон ҳам ба мардуми мо ваъдаи озодӣ ва ободӣ доданд. Амрикову Исроил ҳам айни ҳамин ваъдаро ба мардуми Эрон доданд. Як гурӯҳ мардуми Бухоро ҳам мисли Эрониён ба ҳимояи марзу бумашон бархостанд ва бар зидди душман ҷангиданд. Мутаассифона, муваффақ нашуданд. Ва аввалин коре, ки Болшевикон дар Давлати Бухоро карданд, ғорату таҷовуз буд. Ҳоло тақдири Эрон ба чӣ меанҷомад, оё ҷанг идома меёбад ё на маълум нест. Вале як нукта дақиқ аст, ки Эрон таслим намешавад ва эронӣ қаҳрамонӣ мекунад. Ва қаҳрамонии эрониро ҳамаи тоҷикони дорои ҷаҳонбинии гуногун эътироф мекунанд. Аз ҷумла шӯравимаобон. Аммо мантиқи истеъморзадаҳои шӯравимаоби моро намефаҳмам; 📌 Чаро дифоъи эронӣ аз Эрон шараф будаву дифоъи Бухоро аз мутаҷовиз хиёнат? ✍️: Азиз Нақибзод, рӯзноманигори тоҷик, 29 апрели соли 2026 📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram  📱 Facebook 📱TikTok 📱 Вконтакт пайгир бошед

#ҲИКОЯТ Якеро аз ҳукамо шунидам, ки мегуфт: «Ҳаргиз касе ба ҷаҳли худ иқрор накардааст, магар он кас ки чун дигаре дар сухан бошад, ҳамчунин ногуфта сухан оғоз кунад».
Суханро cap аст, эй хирадманду бун, Маёвар сухан дар миёни сухун! Худованди тадбиру фархангу ҳуш Нагӯянд сухан, то набинад хамӯш.
✏️"Гулистон"-и Саъдии Шерозӣ

📌 БИЁЕД БО ҲАМ ХАТТИ ПАДАРОН, ХАТТИ ПОРСИИ ХУДАМОНРО ЁД БИГИРЕМ! بیائید با هم خط پدران، خط پارسیٔ خودمان را یاد بگیریم! 📄 Д
+6
📌 БИЁЕД БО ҲАМ ХАТТИ ПАДАРОН, ХАТТИ ПОРСИИ ХУДАМОНРО ЁД БИГИРЕМ! بیائید با هم خط پدران، خط پارسیٔ خودمان را یاد بگیریم! 📄 ДАРСИ СЕВУМ, Омӯзиши хатти порсӣ آموزش خط پارسی درس سوم 📝 ҲАРФҲОИ ' د дол ذ зол ر ре ز зе ژ же Ин панҷ ҳарфи алифбои форсӣ ба монанди ا Алиф ва و Вов ҳарфҳоеанд, ки ба дунболаи онҳо ҳарфе намепайвандад. Агар дигар ҳарфҳои алифбои форсӣ аз ҳар ду тараф часпон навишта шаванд, ин 7 ҳарфи алифбо фақат бо ҳарфи пешин васл мешаванд. Ҳарфи Же ژ яке аз он чор ҳарфе аст (бо шумули گ гоф ، پ пе ، че چ ), ки танҳо дар вожаҳои решаашон форсӣ ва ё дигар забонҳои ғайриарабӣ навишта мешаванд. Ҳарфи Зол ذ аксаран дар вожаҳое навишта мешавад, ки решаи арабӣ доранд, ба ҷуз аз чанд вожаҳои истисноӣ, ки решаи форсӣ доранд. Чун: گذشتن гузаштан گذاشتن гузоштан پذیرفتن пазируфтан گذاردن гузоридан Дар ҳолати ҷудо, дар аввалу байн ва охири вожа ин 5 ҳарф бар хидофи ҳарфҳои дигар фақат як шакли навишторӣ доранд : د ـد ـ د ذ ـذ ـ ذ ر ـر ـ ر ز ـز ـ ز ` ژ ـژ ـ ژ ✏️ Мисолҳо: داد дод دد дад رد рад زد зад راد род زاد зод دار дор زار зор دِژ диж زر зар رز раз راز роз ذر зарр دَرد дард دُزد дузд زَرد зард ژَد жад ژَخ жах ژاژ жож ژَرد жард ذُرَّت зуррат ذات зот دارد дорад باد бод بار бор باز боз تار тор تاز тоз پار пор پدر падар پَژ паж پز паз پَزَد пазад پَر пар پُر пур دَر дар دُر дурр پردَرد пурдард بَرادَر бародар بُرد бурд بد бад ببر бубар تبر табар تاتار тотор تابدار тобдор تبدار табдор دادر додар بذر базр تبار табор اَخذ ахз آذر озар جد ҷадд اجداد аҷдод آزاد озод آباد обод آبدار обдор خدا Худо خداداد худодод حباب ҳубоб دختر духтар آداب одоб آزار озор حزب ҳизб جذب ҷазб جذاب ҷаззоб 🔖 Маънии бархе аз вожаҳо: Зуррат - ҷуворӣ Зарр - зарра (ذرّ، ذَرَّه) Жард - пурхӯрӣ Жад - самғ, шилими дарахт. Жах - нолаи зор ва ҳазин. Жож - 1. гиёҳи сафеди бемазза. 2. суханҳои беҳуда. Паж-1.замини пасту баланд 2. Сари кӯҳ, кӯтал. ✏️: Ҷамшед Орифиён 📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram  📱 Facebook 📱TikTok 📱 Вконтакт пайгир бошед

🪶 АКАДЕМИКҲОИ ВОҚЕИИ ТОҶИКРО БИШНОСЕМ № 6 Абдуғанӣ Мирзоев, адабиётшинос ва шарқшиноси маъруфи тоҷик моҳи ноябри соли 1908 д
🪶 АКАДЕМИКҲОИ ВОҚЕИИ ТОҶИКРО БИШНОСЕМ № 6 Абдуғанӣ Мирзоев, адабиётшинос ва шарқшиноси маъруфи тоҷик моҳи ноябри соли 1908 дар шаҳр Китоби аморати Бухоро ба дунё омадааст. Ӯ соли 1927 мактаби миёнаро дар шаҳри Қаршӣ хатм ва солҳои 1933-1939 дар бахши ховаршиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград таҳсил кардааст. Солҳои 1939-1943 устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд ва солҳои 1942-1945 дар Вазорати корҳои хориҷии ИҶШС фаъолият мекард. Баъдан муддате коршиноси масъули сафорати Шӯравӣ дар Эрон будааст. Солҳои 1945-1951 сардори бахшҳои таърих ва адабиёти филиали тоҷикистонии Академия улуми ИҶШС. Солҳои 1948-1956 устоди Донишгоҳи давлатӣ (миллӣ)-и Тоҷикистон, солҳои 1958-1963 мудири кафедра дар Донишгоҳи давлатӣ (миллӣ)-и Тоҷикистон, солҳои 1958-1970 сардори шуъбаи шарқшиносии Академия илмҳои Тоҷикстон ва солҳои 1970-1976 роҳбари институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Ба қалами Абдуғанӣ Мирзоев беш аз 500 асару мақола эҷод шудааст. Ӯ соли 1976 дар шаҳри Душанбе ин дори фониро падруд гуфт. Муҳимтарин осори ӯ инҳоянд: 1. Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиётитоҷик. Сталинобод, 1947; 2. Мулҳами Бухорӣ. Сталинобод, 1948; 3. Рӯдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои X— XV. Сталинобод, 1957; 4. Таърихи фалсафа. Сталинобод, 1957; 5. Абуабдулло Рӯдакӣ. Сталинобод, 1958; 6. Рудаки и развитие газели в X—XІ вв. Сталинабад, 1958; 7. Ҳикояҳо дар бораи Ибни Сино ва шахсияти ӯ. Душанбе, 1968; 8. Фонӣ ва Ҳофиз. — Душанбе, 1968; 9. Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ. — Душанбе,1968. Абдуғанӣ Мирзоев ҳеч гоҳ бо асардуздӣ муттаҳам нашудааст! 📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram  📱 Facebook 📱TikTok 📱 Вконтакт пайгир бошед

ТАБЛИҒОТИ НАРМИ ПАНТУРКИЗМ: МИЁНИ СОХТА ВА РОСТИН Рӯйдодҳои охири сиёсати ҷаҳонӣ ва равандҳои имрӯзи Осиёи Марказӣ парда аз рӯйи хеле маъносозиҳои геополитикӣ бардошт. Баъзе падида ва тамоюлҳое, ки пештар дар бораи будан ё набудан ва сохта ё ростинии онҳо гумонҳо зада мешуданд, асли худро ба намоиш гузоштанд. Яке аз чунин падидаҳо – маъносозии геополитикӣ барои расидан ба ҳадафҳои дарозмуддат аст. Ин кор (таблиғоти худ ва аҳримансозии рақибон) барои таъмини фародастӣ анҷом шуда, аз сӯйи ҳамаи қудратҳои ворид ба равандҳои Осиёи Марказӣ пиёда мегардад. Дар пасманзари чунин “амалиёти иттилоотӣ” ҷудо кардани “мӯй аз хамир” кори душвор аст. Чун ҳамаи қудратҳо ва абзорҳои расонаии онҳо худро ҷонибдори пешрафту шукуфоии кишварҳои минтақа ва рақибонро монеи ин раванд шиносоӣ мекунанд.

📚Асрори комёбии Чин. Яке аз китобфурӯшиҳои Гуанҷоу, ки аз 5 ошёна ва даҳҳо шӯъба иборат аст. ✏️📸: Ҷамшед Орифиён 📖 Китобхо
+6
📚Асрори комёбии Чин. Яке аз китобфурӯшиҳои Гуанҷоу, ки аз 5 ошёна ва даҳҳо шӯъба иборат аст. ✏️📸: Ҷамшед Орифиён 📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram  📱 Facebook 📱TikTok 📱 Вконтакт пайгир бошед

⚠️🟢🟢 Феҳристи китобҳо (бо тартиби санаи нашр дар канал): 1. «Сарои санг» - и Ато Мирхоҷа (қисми 1) 2. «Сарои санг» - и Ато Мирхоҷа (қисми 2) 3. «Гузашти айём» - и Ҷумъа Одинаев 4. «Девори Хуросон» - и Муҳаммадзамони Солеҳ 5. «Фирдавсӣ» - и Сотим Улуғзода 6. «Восеъ» (роман) - и Сотим Улуғзода 7. «Ёддоштҳо» - и Садриддин Айнӣ 8. «Доғистони ман» - и Расул Ғамзатов 9. «Тахти вожгун» - и Ҷалол Икромӣ 10. «Бӯстон» - и Саъдии Шерозӣ 11. «Сармаддеҳ» - и Баҳманёр 12. «Ишқи сархӯр» - и Кароматулло Мирзоев 13. «Қасос» - и Ҷовид Муқим 14. «Духтари оташ» - и Ҷалол Икромӣ 15. «Маҷмӯаи ҳикояву қиссаҳо» - и Равшан Махсумзод 16. «Теғи пурасрор» (роман) - и Ҳабибулло Ёров 17. «Санг дар бағал ба тӯфон» (қисса) - Саттор Турсун 18. «Достони Роғун» - и Шералӣ Мусо 19. «Дохунда» - и Садриддин Айнӣ 20. «Палатаи кунҷакӣ» - и Фазлиддин Муҳаммадиев 21. «Паррончакҳо» - и Абдулҳамид Самад 22. «Пайроҳаи қисмат» - и Аъзам Сидқӣ 23. Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо аз «Маснавии маънавӣ» 24. «Дардҳои гиреҳхӯрда» - ҳикояҳои Иноят Насриддин 25. «Вақте ки насиб накард» - ҳикояҳои Сироҷиддин Икромӣ 26. «Шаҳсутун» (Гулчини ҳикояҳо) - Абдулҳамид Самад 27. Достонҳои «Шоҳнома» - и Сотим Улуғзода 28. «Кайфар» (роман) - и Диловар Мирзо 29. Ҳикояҳои Антон Чехов 30. «Сарои чорпоён» (Молхона) - и Ҷорҷ Оруэлл 31. «Ишқи осону мушкил» - и Шераки Ориён 32. «Шаҳзодаи хурдакак» - и Антуан де Сент-Экзупери 33. «Киштии Нӯҳ» (роман) - и Юнус Юсуфӣ 34. «Ишқи нотамом» - и Дориюш Раҳимзода 35. Ҳикояҳои Юнус Юсуфӣ 36. «Шабе ки моҳ арғувонӣ буд» - и Соҷидаи Мирзо 37. «Марги журналист» (детектив) - и Хуршеди Атовулло 38 «Интиқоми арвоҳ» (детектив) - и Хуршеди Атовулло 39. «Доғи як бӯса» (детектив) - и Хуршеди Атовулло 40. «Мартин Иден» - и Ҷек Лондон 41. «Ғарбзадагӣ» - и Ҷалол Оли Аҳмад 42. «Об аз куҷо меояд» (повест) -и Аминҷон Шукуҳӣ 43. «Таърихи инқилоби Бухоро» - и Садриддин Айнӣ 44. «Достони Самарқанд» - и Болта Ортиқов 🆕 45. «Таътил» (повест) — и Болта Ортиқов 🆕 ℹ️ Бо тартиб гуш кардани гуфторҳо » Танзимот ℹ️ Феҳристи китобҳо (бо тартиби алифбо) _________ Барои дастгирии ин саҳифа, онро ба дӯстонатон тавсия диҳед 😉

Мардуми ҳақиру бечора ҳарчанд даст рӯи дил шабу рӯз, омодаи хидмати зӯрмандону дороёнанд, дар асл ба ин тоифа аз таҳи дил наф
Мардуми ҳақиру бечора ҳарчанд даст рӯи дил шабу рӯз, омодаи хидмати зӯрмандону дороёнанд, дар асл ба ин тоифа аз таҳи дил нафрат доранд. Барои дар мавриди мувофиқ саркӯб кардани ишон ҳамеша санги аҷал дар бағал мегарданд. Аксари ҳокимону подшоҳон аз дасти канизону ғуломону хизматгорони “бовафо”-и худ сарнагун шудаанд.
✏️“Рӯзномаи берӯз” – Гулрухсор Сафӣ

ТАҲҚИРИ ОМӮЗГОР ТАҲҚИРИ МИЛЛАТ АСТ Чанд ҷумла дар робита ба ҷарима шудани омӯзгоре дар Нуробод, ки латукӯб шуда буд… #Китобхон #муаллим #маориф #илм #андеша https://youtu.be/GVN_jp67sUw?si=SPLt0plAbTUV1X3c

📌 БИЁЕД БО ҲАМ ХАТТИ ПАДАРОН, ХАТТИ ПОРСИИ ХУДАМОНРО ЁД БИГИРЕМ! بیائید با هم خط پدران، خط پارسیٔ خودمان را یاد بگیریم ✍️ ДА
+4
📌 БИЁЕД БО ҲАМ ХАТТИ ПАДАРОН, ХАТТИ ПОРСИИ ХУДАМОНРО ЁД БИГИРЕМ! بیائید با هم خط پدران، خط پارسیٔ خودمان را یاد بگیریم ✍️ ДАРСИ ДУВУМ                    درس دوم Омӯзиши хатти порсӣ آموزش خط پارسی      ج  "Ҷ   "ҷим     چ     "Ч   "че      ح   "Ҳ    "ҳе      خ     "Х   "хе Ин ҳар чор ҳарфи алифбои форсӣ дар навиштор бо ҳам шабоҳат доранд ва фақат аз лиҳози миқдор ва мавқеъияти нуқта тафовут доранд. Ҳарфи "че" چ аз ҷумлаи он ҳарфҳоест, ки ба ҳуруфи алифбои арабӣ аз тарафи ниёкони мо изофа карда шудаанд. Номи комили ҳарфи "Ҳе" "ҳе-и ҳуттӣ" аст ва тамоми вожаҳое, ки бо ин ҳарф навишта мешаванд, форсӣ нестанд ва аксаран решаи арабӣ доранд. Тамоми ин ҳаруф аз ҳар ду тараф дар ҳолати пайваст (часпон) низ навишта мешаванд, ба ҷуз бо  7 (ҳафт) ҳарфе, ки баъди онҳо ҳеч ҳарфи дигаре намечаспад, мисли :   و    ژ    ز    ر    ذ    د    ا ✍️ МАШҚҲО БАРОИ ДАРСИ 2 مشق‌های برای درس ۲    جاب  ҷоб   چاپ  чоп   باج боҷ   تاج  тоҷ   بَحث  баҳс   چپ  чап   اِجابت  иҷобат   چاچ   чоч  بخت  бахт  حاجَت  ҳоҷат   چاخ  чох   حِجاب  ҳиҷоб      تاخت тохт   حُب  ҳубб   خپ  хап باخت  бохт   بخت  бахт   اَحباب  аҳбоб   پُخت  пухт   حُجَّت   ҳуҷҷат   تخت  тахт  خِتا  хито  حَج  ҳаҷ   حاج    ҳоҷ  ثَجّاج  саҷҷоҷ   حُجّاج   ҳуҷҷоҷ    بَخت бахт ✏️: Ҷамшед Орифиён 📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram  📱 Facebook 📱TikTok 📱 Вконтакт пайгир бошед

БИЁЕД БО ҲАМ ХАТТИ ПАДАРОН, ХАТТИ ПОРСИИ ХУДАМОНРО ЁД БИГИРЕМ! بیائید با هم خط پدران، خط پارسیٔ خودمان را یاد بگیریم ДАРСИ ДУ
+4
БИЁЕД БО ҲАМ ХАТТИ ПАДАРОН, ХАТТИ ПОРСИИ ХУДАМОНРО ЁД БИГИРЕМ! بیائید با هم خط پدران، خط پارسیٔ خودمان را یاد بگیریم ДАРСИ ДУВУМ درس دوم Омӯзиши хатти порсӣ آموزش خط پارسی ج "Ҷ "ҷим چ "Ч "че ح "Ҳ "ҳе خ "Х "хе Ин ҳар чор ҳарфи алифбои форсӣ дар навиштор бо ҳам шабоҳат доранд ва фақат аз лиҳози миқдор ва мавқеъияти нуқта тафовут доранд. Ҳарфи "че" چ аз ҷумлаи он ҳарфҳоест, ки ба ҳуруфи алифбои арабӣ аз тарафи ниёкони мо изофа карда шудаанд. Номи комили ҳарфи "Ҳе" "ҳе-и ҳуттӣ" аст ва тамоми вожаҳое, ки бо ин ҳарф навишта мешаванд, форсӣ нестанд ва аксаран решаи арабӣ доранд. Тамоми ин ҳаруф аз ҳар ду тараф дар ҳолати пайваст (часпон) низ навишта мешаванд, ба ҷуз бо 7 (ҳафт) ҳарфе, ки баъди онҳо ҳеч ҳарфи дигаре намечаспад, мисли : و ژ ز ر ذ د ا МАШҚҲО БАРОИ ДАРСИ 2 مشق‌های برای درس ۲ جاب ҷоб چاپ чоп باج боҷ تاج тоҷ بَحث баҳс چپ чап اِجابت иҷобат چاچ чоч بخت бахт حاجَت ҳоҷат چاخ чох حِجاب ҳиҷоб تاخت тохт حُب ҳубб خپ хап باخت бохт بخت бахт اَحباب аҳбоб پُخت пухт حُجَّت ҳуҷҷат تخت тахт خِتا хито حَج ҳаҷ حاج ҳоҷ ثَجّاج саҷҷоҷ حُجّاج ҳуҷҷоҷ بَخت бахт

Адабиёти форсӣ, фалсафа ва сиёсат чӣ таъсире ба низоми кунунии Эрон доштааст? Ин мавзуъро ҳамроҳ бо масъалаи китобхонӣ ва таҳдидҳо ба забону фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ бо устод Абдунабӣ Сатторзода баррасӣ кардем. https://youtu.be/ipz0JV_ZTgc?si=sm6UuPueT56SJUtE

📌БИЁЕД БО ҲАМ ХАТТИ ПАДАРОН, ХАТТИ ПОРСИИ ХУДАМОНРО ЁД БИГИРЕМ! بیائید با هم خط پدران، خط پارسیٔ خودمان را یاد بگیریم ДАРСИ
+3
📌БИЁЕД БО ҲАМ ХАТТИ ПАДАРОН, ХАТТИ ПОРСИИ ХУДАМОНРО ЁД БИГИРЕМ! بیائید با هم خط پدران، خط پارسیٔ خودمان را یاد بگیریم ДАРСИ АВВАЛ Омӯзиши хатти порсӣ آموزش خط پارسی درس اول ♦️Ҳарфи Алиф ҳарфи аввали алифбои форсӣ мебошад ва шакли аслӣ ва алифбоии ин ҳарф чунин аст: ا Шаклҳои дигари навишториаш: ﺎ آ ا Дар аввали калима ба ду шакл навишта мешавад : آ ا дар байн ва охири калима: ﺎ ا Дар сурати изофа шудани ҳаракатҳо, яъне: фатҳа/забар اَ А, касра/зер اِ И-и кӯтоҳ ва ё Е (Э)-и кӯтоҳ, замма/пеш اُ У-и кӯтоҳ хонда мешавад. Яъне дар шурӯъи калима Алиф ба монанди садонокҳои кӯтоҳи А, И, Э ва У талаффуз мешавад. Дар сурате, ки баъди ا ҳарфи садонок (мусаввит) и И дароз ی ва ё У дароз و навишта шавад, яъне ای ва او онгоҳ ин таркиби ду ҳарф ба гунаи И ва У ё Ӯ-и дароз талаффуз мешавад. Кӯлоҳаке, ки дар болои Алиф гузошта мешавад, мадд (ё мадда) ном дошта, барои ифодаи овози О дар шурӯъи вожаҳо ба кор меравад: آ Дар байн ва дар охири калима дар ҳолати часпон Алиф ба ин шакли часпанда бо ҳарфи пеш аз худ меояд: ﺎ ва дар ҳолати ночаспида ба монанди шакле, ки дар шуруъи калима меояд, навишта мешавад: ا Дар байн ва охири калима Алиф ا овози О -ро ифода мекунад. Алиф бо ҳарфи баъд аз худаш омада ҳаргиз намепайвандад (дар ин маврид дар бахши ҳуруфи мунфасила ва муттасила муфассалтар хоҳем гуфт). ХУЛОСАИ ИН БАХШ: •Алиф як шакли навишторӣ дорад: дар алоҳидагӣ, аввал, байн ва охир (ночаспон): ا Овозҳои А, И,Э, У, О ро ифода мекунад. •Алиф бо мадд дар аввали калима آ ифодагари садоноки О мебошад. •Алиф дар байн ва охири дар ҳолати часпида чунин навишта мешавад ﺎ ва нишонии садоноки О мебошад. ♦️Ҳарфҳои ب (бе), پ (пе), ت (те), ث (се) шакли мушобеҳ доранд ва танҳо ба шумор ва мавқеи нуқтаҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Шакли алифбоӣ ва ҷудогонаи ин ҳуруф ин гуна аст: ب پ ت ث . •Дар аввали калима дар ҳолати часпон ба шакли зер навишта мешаванд: ﺑ (бе), ﭘ (пе), ﺗ (те), ﺛ (се). •Дар байни калима дар ҳолати часпон ба шакли зер навишта мешаванд: ﺒ (бе), ﭙ (пе), ﺘ (те), ﺜ (се). •Дар охири калима дар ҳолати часпон ба шакли зер навишта мешаванд: ﺐ (бе), ﭗ (пе), ﺖ (те), ﺚ (се). ا ﺎ آ ا ب ﺐ ﺒ ﺑ پ ﭗ ﭙ ﭘ ت ﺖ ﺘ ﺗ ث ﺚ ﺜ ﺛ МИСОЛҲО: ﺑ ﺎ ﺑ ﺎ بابا БОБО ﺗ ﺎ ﺗﺎ ﭘ ﺎ ﭘﺎ ТО ПО تـ ـب تب Таб آب آب Об ✏️: Ҷамшед Орифиён

❗️БИЁЕД БО ҲАМ ХАТТИ ПАДАРОН, ХАТТИ ПОРСИИ ХУДАМОНРО ЁД БИГИРЕМ! فارسی در شرح ★Алифбои форсӣ шомили 32 ҳарф аст, ки 28 ҳарфи
+4
❗️БИЁЕД БО ҲАМ ХАТТИ ПАДАРОН, ХАТТИ ПОРСИИ ХУДАМОНРО ЁД БИГИРЕМ! فارسی در شرح ★Алифбои форсӣ шомили 32 ҳарф аст, ки 28 ҳарфи он аз алифбои арабӣ иқтибос шудааст ва аз чап ба рост навишта мешавад.           گ (Г) ژ (Ж) پ (П) چ (Ч) ҳуруфе ҳастанд, ки ба алифбои арабӣ изофа шудаанд. •Бо назардошти ин ки вожаҳои зиёде аз забони арабӣ ба забони форсӣ ворид шудаанд, ҳашт ҳарф дар таркиби овоҳои аслии форсӣ вуҷуд надоранд ва бар хилофи забони арабӣ ҳама яксон талаффуз мешаванд:         ح، ث، ص، ض، ع، ق، ط، ظ. (Ҳе-и ҳуттӣ, се, сод, зод, ъайн, қоф, той, зой) Ва бештари вожаҳое, ки яке аз ин ҳуруфро доранд, форсӣ нестанд. •Ҳуруфи зер аз он дастаанд, ки барои овонависии вожаҳои арабӣ дар хатти форсӣ ба кор мераванд ва форсизабонҳо тафовуте дар адо ва талаффузи онҳо қоил нестанд ва ҳамаро ба як гуна мегӯянд: ز (зе), ذ(зол), ض(зод), ظ(зой). Яъне ҳама ба таври яксон нишонаи ҳарфи ҳамсадои  (сомит) «зе» мебошанд. Монанди вожаҳои:            زرد، ذره، ضربه، ظریف зард, зарра, зарба, зариф. Ё ин ки ҳуруфе, ки ҳама дар форсӣ ба гунаи "се" чун дар ҳарфи син (س) талаффуз мешаванд:    س(син),  ث(се) ва ص(сод) سلام، ثواب، صبر салом, савоб, сабр. Ва ду ҳарфе, ки ҳарду ба гунаи "ҳе" чун дар ҳарфи ҳе-и ҳавваз (ه) адо мешаванд: ح(ҳе-и ҳуттӣ) ва ه(ҳе-и ҳавваз)                حمله، هجوم Ҳамла, ҳуҷум. •Вижагии дигари алифбои форсӣ (ҳамчунон арабӣ) ин аст, ки ҳуруфи садоноки кӯтоҳ (мусаввити кӯтоҳ) дар байни калима навишта намешаванд ва дар шуруъ бо як ҳарфии  алиф ا ишора мешаванд. Барои ифодаи ин садонок (мусаввит)-ҳои кӯтоҳ аз аломате кор гирифта мешавад, ки онҳоро "ҳаракат" ва ё дар шакли ҷамъ "ҳаракот" ва ё эъроб низ меноманд, ба монанди : «فَتْحَه» «کَسْرَه» «ضَمَّه» (ــَـ ــِـ ــُـ) (به فارسی: زِبَر، زیر، پیش) фатҳа (а), замма (у) ва касра (и) ва ба форсӣ: забар, зер, пеш. •Дар навиштор аксари ҳуруфи алифбои форсӣ дар чаҳор сурат (аввали часпон, мобайн, охири часпон ва охири ҷудо) навишта мешаванд. Чанд ҳарфе фақат ду шакли навишторӣ доранд. Ҳафт ҳарфи алифбо : (و ، ژ ، ز ، ر ، ذ ، د ، ا) бар хилофи бақияи ҳарфҳои алифбо ба ҳуруфи баъдӣ намепайванданд. Ин ҳарфҳоро "ҲУРУФИ МУНФАСИЛА", яъне пайвастнашаванда мегӯянд. Ин ҳафт ҳарф шакли яксоне дар навишт доранд. Боқии ҳарфҳои алифбои форсиро "ҲУРУФИ МУТТАСИЛА", яъне пайвастшаванда мегӯянд. Ин ҳарфҳо дорои шакли комил (пурра) ва нокомил (нопурра) ҳастанд. ★Дӯстони гиромӣ, ин чанд  мавриди умумие буданд, ки қабл аз шуруъи омӯзиши алифбои форсӣ онро бояд дар мадди назар дошта бошем. Дар матолиби баъди ҳарфҳои алифборо бо назардошти шабоҳатҳои навишториашон ба дастаҳо ҷудо намуда ва ба омӯзиши онҳо мепардозем. ¹Азбаски ҳадаф аз навиштани ин мақола фақат муқаддимае барои омӯзиши алифбои форсӣ аст, дар мавриди масоили тарихӣ ҳаҷми мақола роҳ намедиҳад, ки ин мавзуъи мавриди баҳсро бозтар баррасӣ намоям ва ишорате ба манобеъи илмӣ низ дошта бошам.