fa
Feedback
Табрикотҳо 💐 - Зодрӯз муборак! 🎂🎆

Табрикотҳо 💐 - Зодрӯз муборак! 🎂🎆

رفتن به کانال در Telegram

Интихоби табрикоти зебову пурмазмун ё худ суханони зебову самими ва гарму рангин барои наздикону дӯстон. #Зодрӯз_муборак #Солгард_муборак #Табрикоти_идона #Тӯй_муборак

نمایش بیشتر
3 071
مشترکین
اطلاعاتی وجود ندارد24 ساعت
-87 روز
-830 روز
آرشیو پست ها
#зодрӯзмуборакҳамсарам
+3
#зодрӯзмуборакҳамсарам

#зодрӯзмуборакхоҳар

Ҳамватанони гиромӣ! Шуморо бо фарорасии айёми муборак — Иди Саиди Фитр аз самими қалб табрику таҳният гуфта, талабгори он ҳастем, ки дар ин моҳи муборак ҳар кори шоистаи ба анчомрасонидаатонро Худованди муттаол ба даргоҳаш қабул намояд. Бигзор иди шарифи Рамазон ба ҳар хонадони шумо оромиву осоиш, файзу баракат, иқболу хушбахтӣ ва имони комил ҳадя намояд. Иди Рамазон муборак! 🌙🌙🌙🌙🌙🌙🌙🌙🌙🌙🌙🌙 https://t.me/tabrikot_com

Модари азизу меҳрубонам, гаронбаҳотарин гавҳари ҳаёти ман!👑 Шуморо бо фарорасии фасли зебои баҳор ва иди хотирмони 8-уми Мар
+2
Модари азизу меҳрубонам, гаронбаҳотарин гавҳари ҳаёти ман!👑 Шуморо бо фарорасии фасли зебои баҳор ва иди хотирмони 8-уми Март аз таҳти дил табрик мегӯям. Шумо мисли баҳори хуррам ҳастед, ки бо омаданаш оламро мунаввар ва қалбҳои моро аз меҳру муҳаббат лабрез месозад. Дастони дуогӯи Шумо ва нигоҳи гарму пур аз шафқататон ҳамеша роҳнамои ман дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ мебошанд. Дар ин рӯзи саид ба Шумо пеш аз ҳама саломатии бардавом, умри дарози бобаракат ва хушбахтии бепоёнро таманно дорам. Бигзор чеҳраи нуронии Шумо ҳамеша мисли гулҳои баҳорӣ шукуфон бошад ва ҳеҷ гоҳ гарди ғамро набинад. Шумо офтоби хонадони мо ҳастед, ки бо нури меҳри худ ба зиндагии мо маъно ва гармӣ мебахшед. Ташаккур барои ҳама заҳматҳо, бехобиҳо ва он ҳама меҳрубоние, ки ба мо арзонӣ доштед. Идатон муборак бошад, фариштаи заминии ман!🌸🌸🌸 @tabrikot_com #иди_занон_муборак

🌷🌷🌷🌷🌷🌷🌷🌷🌷 Бонуи азизу гиромӣ! Шуморо бо Рӯзи байналмилалии занон — иди зебоӣ, меҳр ва садоқат самимона табрик мегӯям
+3
🌷🌷🌷🌷🌷🌷🌷🌷🌷 Бонуи азизу гиромӣ! Шуморо бо Рӯзи байналмилалии занон — иди зебоӣ, меҳр ва садоқат самимона табрик мегӯям. Ин иди баҳорӣ рамзи эҳёи табиат ва шукуфоии зебоист, ки маҳз бо симои зан ва бонувони арҷманд пайвандӣ дорад. Шумо бо нури меҳру вафо ва сабру таҳаммули худ рӯзгори моро равшан месозед ва ба зиндагӣ маънои хос мебахшед. Дар ин рӯзи саид ба Шумо тансиҳатии комил, саодати рӯзгор, хушбахтии ҷовидона ва комёбиҳои беназирро таманно дорам. Бигзор лабхонди зебо ҳамеша дар лабони Шумо бошад ва қалбатон мисли гулҳои баҳорӣ ҳамеша шукуфон бимонад. Орзу мекунам, ки дар хонадони Шумо ҳамеша файзу баракат, сулҳу осоиштагӣ ва муҳаббат ҳукмфармо бошад. Шумо сазовори беҳтарин хушиҳои олам ҳастед, зеро зан офаридгори ҳаёт ва нигаҳдорандаи гармии оила аст. Иди баҳор, иди нафосат ва иди занон муборак бошад! #иди_занон_муборак @tabrikot_com 🌷🌷🌷🌷🌷🌷🌷🌷

Модарони азизу меҳрубон ва хоҳарони гиромӣ, шуморо бо фарорасии иди зебои баҳор — Рӯзи байналмилалии занон самимона табрик ме
+2
Модарони азизу меҳрубон ва хоҳарони гиромӣ, шуморо бо фарорасии иди зебои баҳор — Рӯзи байналмилалии занон самимона табрик мегӯем! Модар — ин калимаи муқаддастарин ва азизтарин барои ҳар як инсон аст. Шумо сарчашмаи ҳаёт, рамзи садоқат ва намунаи меҳрубонӣ ҳастед. Дастони навозишгари шумо ҳамеша моро аз мушкилот ҳифз мекунанд ва дуоҳои некатон роҳи моро равшан месозанд. Дар ин рӯзи фараҳбахш ба шумо саломатии бардавом, умри дароз ва хушбахтии бепоёнро таманно дорем. Бигзор дар қалбҳои шумо ҳамеша баҳор бошад ва лабханд аз чеҳраатон ҳеҷ гоҳ дур нагардад. Шумо лоиқи беҳтарин туҳфаҳо ва суханҳои зебо ҳастед, зеро оламу одам аз меҳри шумо зинда аст. Бигзор фарзандону пайвандон ҳамеша боиси ифтихору сарбаландии шумо гарданд. Хонадони шумо ҳамеша пур аз файзу баракат ва нури шодӣ бошад. Иди баҳор ва иди занон муборак бошад, модарони азиз! 💐💐💐💐💐💐💐💐💐 Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан, Сутуни гунбади миноӣ , эй зан. На танҳо қалъаи дилҳоӣ , эй зан , Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан .🌷✨ @tabrikot_com #иди_занон_муборак

Шеър барои бародарони дар ғарибӣ буда: Баҳор омад, хабар дорӣ , надорӣ? Куҷо ҳастӣ дар айёми баҳорӣ? Биё чун рӯзҳои рафта бор
+1
Шеър барои бародарони дар ғарибӣ буда: Баҳор омад, хабар дорӣ , надорӣ? Куҷо ҳастӣ дар айёми баҳорӣ? Биё чун рӯзҳои рафта боре.. Буҷилбозӣ кунем дар сабзагоре. Дарахти навбарат гул кард баргард, Ҳама бому дарат гул кард баргард. Ниҳоли ғуссаву дарди ҷудоӣ, Ба чашми ҳамсарат гул кард баргард. Чилик дангал задӣ ҳай "Худ" гирифтӣ, Давид доманат з-ин к-ӯ гирифтӣ. Бародарҷони ман охир куҷоӣ? Магар бо деви ғурбат хӯ гирифтӣ??? @tabrikot_com

💐💐💐Баҳор💐💐💐 Чӣ фасли муборакест! Оғози чӣ як пурҷӯшу пуртӯғёни табиат ва ибтидои бедории мавҷудоти олам…. Дар васфи баҳ
+6
💐💐💐Баҳор💐💐💐 Чӣ фасли муборакест! Оғози чӣ як пурҷӯшу пуртӯғёни табиат ва ибтидои бедории мавҷудоти олам…. Дар васфи баҳор чӣ гуфтанду ва боз чӣ ногуфтаниҳоест