cookie

ما از کوکی‌ها برای بهبود تجربه مرور شما استفاده می‌کنیم. با کلیک کردن بر روی «پذیرش همه»، شما با استفاده از کوکی‌ها موافقت می‌کنید.

avatar

dushanbepolice

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

نمایش بیشتر
پست‌های تبلیغاتی
12 414
مشترکین
-624 ساعت
-247 روز
-8830 روز

در حال بارگیری داده...

معدل نمو المشتركين

در حال بارگیری داده...

Repost from N/a
Аз ин саҳифа Шумо метавонед аз тамошои манзараҳои зебову нотакрори Тоҷикистон лаззат баред.👇👇👇👇👇 https://t.me/tajikistan_my_country
نمایش همه...
Тоҷикистон

Tajikistan

👍 8
Эълон! Ба диққати ҳаводорони гӯштини миллӣ! 26-уми майи соли 2024 Мусобиқаи умумиҷумҳуриявии гӯштини миллӣ бо иқдом ва ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва соҳибкорони ватанӣ, дар ноҳияи Ховалинг баргузор мегардад. Ба ғолибон дар маросими тантанавӣ тӯҳфаҳои қимматнок ва маблағҳои пулӣ тақдим карда мешавад. Хоҳишмандон ва варзишгарон метавонанд дар мусобиқаи мазкур иштирок намоянд.
نمایش همه...
👍 46 5🔥 3
Шакли пурраи барномаи навбатии Ахбори ВКД дар ин саҳифа 👇👇 https://t.me/akhbor_vkd_tj
نمایش همه...
👍 9 1
Боздошти ронандаи дағалгуфтор Дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Юлдашов Маъмур Мадаминович, санаи таваллудаш 14.03.1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Нахимов, ки ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес спринтер", рақамҳои қайди давлатиаш 3061ТТ09 мебошад, дастгир карда шуд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда расман дар ККВД "АВТОБУС-3" ҳамчун ронандаи мусофирбар ба қайд гирифта шудааст. Аммо худсарона хатсайри худро иваз намуда, дар хатсайри 19 ба фаолияти мусофирбарӣ машғул гардидааст. Аз ҷумла, санаи 8-уми майи соли ҷорӣ, зимни фаъолияти мусофиркашонӣ бо шаҳрвандон дағалона рафтор намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронанда-Юлдашов Маъмур, маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ, ба Суд ирсол карда шуд. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
نمایش همه...
👍 44👏 8 6🥰 1
👍 2🥰 2
Семинар машварат: тақвиятёбии ҳмкории милитсияи бо ҷомеа Дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе  бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти милитсияи пойтахт, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар шахсони масъул семинар машварат оид ба “Ҳамкории милитсия бо ҷомеа” баргузор гардид. Зимни ифтитоҳи семинар, муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Ҳибиб Сайфулло Абдулло зикр намуд, ки дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида, бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ ва силсила вохуриҳо бо шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст. Ин иқдом метавонад то андозае ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, мусоидат намояд.   Ҳамзамон, дар идомаи семинар Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ, Шонадирзода Шоҳусейн, Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати  ВКД дар шаҳри Душанбе, Ёров Давлат ва дигар ширкаткунандагон оид ба масъалаҳои гуногун, ки ҳамкории милитсияро бо ҷомеа густариш медиҳанд, маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд. Инчунин дар қисмати дигари семинар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, талабот ва меъёрҳои он ба ҳозирин фаҳмонида шуданд. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
نمایش همه...
👍 12
👍 6

👍 6 1