cookie

ما از کوکی‌ها برای بهبود تجربه مرور شما استفاده می‌کنیم. با کلیک کردن بر روی «پذیرش همه»، شما با استفاده از کوکی‌ها موافقت می‌کنید.

avatar

ФК ХОСИЛОТ🇹🇯 FC HOSILOT

نمایش بیشتر
پست‌های تبلیغاتی
504
مشترکین
-124 ساعت
-37 روز
-2430 روز

در حال بارگیری داده...

معدل نمو المشتركين

در حال بارگیری داده...

Photo unavailableShow in Telegram
ФРАНСИС ЭВИСТОН АЗ "ФАЙЗКАНД" БА "ҲОСИЛОТ" ГУЗАРИШ НАМУД Франсис Эвистон бозингари соҳибистеъдоди комерунӣ лигионери шинохта, ки таҷрибаи хуби бозингариро дар ҳайати Мунтахаби 20-солаи Ҷумҳурии Комерун дорад. Ғайр аз ин ӯ дар кишвараш дар дастаҳои гуногун бозӣ намуда, малакаи касбии футболбозиашро тақвият додааст. Соли гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати дастаи "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ бозӣ намуда, пас ба итмом расидани қарордоди варзишӣ бо ин тим дар асоси шартномаи тарафайн ба муддати як сол ба ҳайати дастаи "Ҳосилот"-и ноҳияи Фархор пайваст. Ҳамакнун дар мавсими нави футбол Франсис Эвистон бо пероҳанҳои дастаи "Ҳосилот" ба майдон баромада, нуфузи бошгоҳи моро ҳимоят намуда, бо ҳунари волои худ қалби мухлисони футболро шод менамояд.
نمایش همه...
👍 15 4 3
Photo unavailableShow in Telegram
ЕДВИН ДАВЕ МАСЪУЛИ БАХШИ ТИББИИ ДАСТАИ “ҲОСИЛОТ” ТАЪЙИН ГАРДИД Саломати барои ҳар як инсон аз ҳама чизи муҳим ба шумор меравад, дар ин радиф варзишгарон низ бояд ҳамеша солиму бардам бошанд. Мо он гоҳ ба муваффақияту дастовардҳои шоиста ноил мегардем, ки тану рӯҳи солим дошта, бошем. Роҳбарияти дастаи "Ҳосилот"-и ноҳияи Фархор ба вазъи саломатии ҳар як бозингари худ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ин раванд тадбирҳои судманд меандешад. Дар асоси қарордоди яксолаи корӣ Едвин Даве масъули бахши тиббии бошгоҳ таъйин гардид. Ӯ собиқаи хуби кориро дар ин самт соҳиб буда, қаблан дар дастаи “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ фаъолият намудааст. Бовар дорем, ки духтури навтаъийн ҷиҳати нигоҳдошти саломатии ҳар як бозингар ҳангоми фаъолияти худ чораҳои судманд меандешад.
نمایش همه...
👏 7👍 4😁 4👎 1
Photo unavailableShow in Telegram
БОЗИИ МИЁНИ ДАСТАҲОИ "ҲОСИЛОТ"- "МОҲИР" БА ТАЪХИР ГУЗОШТА ШУД Дӯстони азиз, мухлисони футбол! Мебоист имрӯз соати 12:00 дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе миёни дастаҳои "Ҳосилот"- "Моҳир" бозии рафиқона доир карда мешуд. Аммо бо омилҳои техникӣ аз ҷониби дастаи "Моҳир"-и ноҳияи Ёвон бозӣ дар вақти муайяншуда баргузор намешавад, он ба таъхир гузошта шуд. Яъне имрӯз бозии рафиқона миёни дастаҳои болозикр доир карда намешавад. Аз ин рӯ аз ҳамаи мухлисони футбол эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бе зарурат ба варзишгоҳ нараванд.
نمایش همه...
🥴 5👍 2
Photo unavailableShow in Telegram
"ҲОСИЛОТ" БО "МОҲИР" БОЗИИ РАФИҚОНА БАРГУЗОР МЕКУНАД То оғози бозиҳои расмӣ дар доираи омодагиҳо ба Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи барои соли 2024 дастаи "Ҳосилот"- и ноҳияи Фархор силсила бозиҳои дӯстонаву рафиқонаро доир карда, ба ин восита ҳунару маҳорати бозингарони худро аз назари ситоди мураббиёни тим мегузаронад. Дар асоси нақшаи корӣ ин навбат бозии рафиқонаи бозингарони мо бо дастаи "Моҳир"-и ноҳияи Ёвон баргузор карда мешавад. Аз ин рӯ бо камоли эҳтиром кулли мухлисони футболро ба тамошои рақобати ҳар ду бошгоҳ даъват менамоем. МАКОН: МАЙДОНИ ЗАХИРАВИИ ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗӢ 28. 12. 2023 ОҒОЗИ БОЗӢ СОАТИ 12:00
نمایش همه...
6👍 3 3
Photo unavailableShow in Telegram
НАИМҶОН ҚУРБОНОВ МАЪМУРИ ДАСТАИ "ҲОСИЛОТ" ТАЪЙИН ГАРДИД Ҷалби ҷавонони лаёқатманду кордон ба футбол яке аз омилҳои пешрафти дастаҳо мебошад. Ин навбат роҳбарияти дастаи "Ҳосилот"-и ноҳияи Фархор дар ҳайати роҳбарикунандаи худ тағйирот ба амал даровард. Тибқи қарордоди яксола Наимҷон Қурбонов ба вазифаи маъмури (администратор) дастаи "Ҳосилот таъйин гардид. Қайд намудан зарур аст, ки Наимҷон Қурбонов таҷрибаи зиёди кори дар ин самтро дошта, қаблан дар дастаҳои "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе ва КМВА "Артиш" фаъолияти босамар намудааст. Номбурда ҳангоми фаъолият дар ин тимҳо аз худ одобу ахлоқи ҳамидаи инсониву кори нишон дода, дар комёбиҳои ин тимҳо саҳм гузоштааст. Бовар дорем, ки маъмури тозатаъйин ҳангоми фаъолият дар дастаи наваш аз худ одобу ахлоқ ва маҳорати баланди касбӣ нишон дода, дар пешрафту комёбиҳои бошгоҳ саҳмгузор мешавад. Мо дар ин ҷода ба ӯ барор мехоҳем.
نمایش همه...
4🤝 4👍 2
Photo unavailableShow in Telegram
"ҲОСИЛОТ" ДАР БОЗИИ РАФИҚОНА БАР МУҚОБИЛИ "НУРИ НОРАК" ҒАЛАБА БА ДАСТ ОВАРД Имрӯз дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии рафиқона миёни дастаҳои "Ҳосилот"-и ноҳияи Фархор ва "Нури Норак"-и шаҳри Норак баргузор шуд, ки дар натиҷа бозингарони дастаи "Ҳосилот" бо ҳисоби 4:0 ғалаба ба даст овардаанд. Голҳои пирӯзиовари тимро Абдухалил Боронов, Абдуҷаббор Абдуалимзода, Нонга Франк ва ENYEGUE FRANCOIS ба самар расониданд.
نمایش همه...
👍 16🔥 2👏 2 1
Photo unavailableShow in Telegram
«ҲОСИЛОТ» БО «НУРИ НОРАК» БОЗИИ РАФИҚОНА ДОИР МЕКУНАД Тибқи нақшаи кории роҳбарияти дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор то оғози чемпионат дар назар аст, ки бо дигар дастаҳои футбол бозиҳои рафиқона доир намояд. Ин иқдом ба хотири аз назаргузаронии неруи бозингарон ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамин замина даста аввалин нерусанҷии худро дар бозиҳои рафиқонаву санҷиши бо дастаи футболи «Нури Норак»-и шаҳри Норак баргузор мекунад. Аз ин хотир кулли мухлисони футболро ба тамошои нахустин бозии рафиқонаи дастаамон даъват менамоем. МАКОН: МАЙДОНИ ЗАХИРАВИИ ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗӢ 24. 12. 2023, ОҒОЗИ БАРГУЗОРИИ РАҚОБАТИ ДАСТАҲО СОАТИ 13:00
نمایش همه...
👍 8🤝 1
"ҲОСИЛОТ": ҚАРОРДОДРО БО ЗУМРАЕ АЗ БОЗИНГАРОНИ ПЕШИН ТАМДИД НАМУДЕМ Абдураҳмон Нозимов, Абдуҷаббор Абдуалимзода, Сайдмухтор Азимов, Сайдамир Алиев ва Абдухалил Боронов инҳо бозингароне мебошанд, ки мавсими гузашта шарафи дастаро шоиста ҳимоя намуданд. Бо дарназардошти ҳунару маҳорати волои варзишии нафарони зикршуда роҳбарияти дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор тасмим гирифт, ки қардоди варзиширо бо онҳо барои як соли дигар тамдид намояд. Ин пешниҳодро бозингарон ба хуши истиқбол намуданд, ҳамакнун онҳо як соли дигар бо пероҳанҳои тим дар майдон ҳунарнамоӣ намуда, бо ҳунару истеъдоди волои худ, қалби мухлисонро шод менамоянд. Итминон дорем, ки ин онҳо чун соли гузашта, аз хеш маҳорату истеъдоди олӣ нишон дода, шарафи дастаи “Ҳосилот”-ро арзанда ҳимоя мекунанд, дар ин ҷода ба онҳо барору комёбиҳои беназир орзумандем.
نمایش همه...
👍 10👏 1
🇹🇯 РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК! 🇹🇯 ПОЗДРАВЛЯЕМ С ДНЕМ ГОСУДАРСТВЕННОГО ФЛАГА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН!
نمایش همه...
👏 1
Photo unavailableShow in Telegram
Бо @abdualim_kurs бош 🤝 ва хаетатро таъгир дех🤩
نمایش همه...
یک طرح متفاوت انتخاب کنید

طرح فعلی شما تنها برای 5 کانال تجزیه و تحلیل را مجاز می کند. برای بیشتر، لطفا یک طرح دیگر انتخاب کنید.