1 124
مشترکین
+224 ساعت
+47 روز
-830 روز
آرشیو پست ها
1 123
📖 «Пул мегӯяд: Маро ба даст биёр, ҳама чизро фаромӯш кун».
🕌 «Замон мегӯяд: Маро дунбол кун, ҳама чизро фаромӯш кун».
📖 «Оянда мегӯяд: Барои ман талош кун, ҳама чизро фаромӯш кун».
🕌 «Аллоҳ мегӯяд: Фақат маро ба ёд дошта бош, ман ба ту ҳама чиз хоҳам дод».🕌📖🕌
1 123
Вазифа:
Барои шахсонеки хоҳишманданд, ва мехоҳанд, ки қалбашон равшан ва ҳамеша руҳашон сабук бошад.
Дар вақти танҳо будан барои худ табассуми ором кунед.
Табассуми сидқан ва ҳақиқӣ.
Ин амалро метавонед 3 моҳ, метавонед 1 сол иҷро кунед.
Қалби инсон қувват мегирад, мушкилиҳо оҳиста оҳиста ва оссон роҳи ҳал меёбанд. Дар вақти ин амалро иҷро кардан, сирри беҳтарини онро ҳис мекунед, ки вуҷуди инсон аз бемориҳо шифо меёбад.
Дар як руз на кам аз 30 маротиба ,зиёдаш чи қадар бошад ҳамон қадар беҳтарин аст, табассум кунед.
Дар як руз инсонҳои оддӣ ва аз сири табассум бехабар буда 17 маротиба табассум мекардаанд.
Тифл дар як руз зиёда аз 500 маротиба табассум мекардааст.
Ба шумоён ҳамеша чеҳраи пурнур,табассуми зебо ва хурсандиҳои бепоён мехоҳам азизон.
1 123
Хело хурсандем,ки аз ҳар гушаву канори дунё бо ҳам фикррониро равшан мекунем, ва дар бораи фикррони фаъолияти беҳтаринро ба пеш мебарем якҷоя.
Ғолиби имруза;
Муҳиддин аз Дуббай
Робия аз Россия
Апаи Гулчеҳра аз Панҷакент.
1 123
Табассум
Табассум мисли Офтоб аст, ки равшании онро ба забон наметавонем гуфт.
Табассум сири пушидае дорад, ки қувваи он бо амал кардан, инсонро дар тамоми ҳолат руҳияашро сабук мекунад.
Инсон дар вақти андаке мушкили душмани худаш, худаш мешавад.
Ба сукут, ғазаб, но умеди, дода мешавад, ки аз табассум баҳра бурда наметавонад.
Аниқтараш сири табассумро на ҳар кас огоҳ аст.
Табассуми ором дар ҳолати байни ҷамъият будан, қалби инсонро равшан мекунад,ғами ҳар бинандаро ғоибона аз ӯ дур мекунад.Табассуми сидқан ва беғараз қимматтарин амал аст, ки ба ягон нарх харида намешавад.
Дар табассум қувваи бузурге ҳаст,ки дар бемор диҳи шифо меёбад.
Табассум ба инсон муомиларо меомузад.
Барои табассум чи қадар суханҳо гуем ҳам, хосиятҳои онро пурра гуфта наметавонем.
Дар чеҳраи инсони табассуми ҳақиқи дошта, Худованд зебоги ва нур ато мекунад.
Чи хелеки дар ҳамма суҳбатҳо чеҳраи Муҳаммад( с. а.в.) - ро дар байн оранд, пурнур тасдиқ мекунанд.
1 123
Мо се нафар ғолиб ро интихоб кардем.
Бисёр ҷавобҳои беҳтарин аз дигаронҳам буд.
Як ду се нафар ғолиб мебароянд.
Лекин дигарон аз ин Илми беҳтарин бохабар мешаванд.
1 123
Муҳиддин ғолиби сеюм астанд.
Табрик мекунем.
Ҳам маънои беҳтарин ва ҳам ҷавоби дуруст.
1 123
Аз таҷриба варианти беҳтараш ҳам ҳаст.Ман каме мушкили доштам дар фикр фуру рафтам ҳамон лаҳза ручкаро гирифтам ба шукрнависи шуруъ кардам дар ҳол роҳи ҳал Алҳамдулиллоҳ пайдо гашт ман фикр мекунам Шукргузор будан ҳам ба табасум ҳам ба қалби озод ҳам ба бехавотири ва ороми оварда мерасонад
1 123
Як қувваи амалие дар инсон аст, ки баробари ба дигар шахс дидан ҳам, ё ба худ амал кардан ҳам, ҳамон вақт руҳи инсон сабук, ва қалби инсон равшан мешавад.
1 123
Ассалом алейкум.
Дустон ва ҳамватанони азиз.
Шоматон ба хайр ва қалбатон равшан бошад.
Ба ҳаммаи шумоён хурсандиҳои бепоён мехоҳам.
1 123
Аз зимистон ҳам хунуктар ҳарфи ноҷои дурӯғ,
Бишканад оинаи бовар саропои дурӯғ.
Бо ниқоби "дӯст" аммо ханҷари ғам мезанад,
Аз кӣ нолам?! "Дӯст" гар созад муаммои дурӯғ...
Баски бо лутфи муҳаббат омадам пеши шумо,
Ман намехоҳам сухан орам зи дунёи дурӯғ!
Ҳар чи омад бар сарам, оре таҳаммул кардаам,
Дасти виҷдон меканад аз риштаи пои дурӯғ!
Чанд бошад оташин аммо ҳақиқат гуфтаам,
Ҳеҷ гаҳ сар хам накардам бар "Масеҳои"* дурӯғ!
Чӯҷае бо ман-манӣ ҳолаш намедонам чӣ шуд?
Бе тахайюл мезанад "чаҳ-чаҳ" ба фардои дурӯғ.
Давлату савлат агар хоҳӣ, биё, омӯз адаб,
Заҳмати беҳуда бошад роҳи савдои дурӯғ!
Гуфти модар ҳикмати дарси адаб аз беадаб,
Доманам охир буридам аз тақозои дурӯғ!
Кай самар орад азизон, хори дашти киназо,
Тарк бояд решаву пайванду маъвои дурӯғ
1 123
Яке аз подшоҳони мусалмон шабе дар болои тахти худ нишаста дар хусуси тақдир ва хушбахтии духтари ҷавонаш дар андеша фурӯ рафт. Ва ба фикри он афтод, ки духтари ягонаашро ба никоҳи кӣ дароварад. Кист он ҷавоне, ки лоиқи духтари ман бошад?
Як шабе вазирашро даъват намуд ва ба ӯ супориш дод, ки имшаб ба суйи масҷид бирав ва онҷо ҷавонеро пайдо кун, ки дар тоъату ъибодат хамто надошта бошад. Ҳангоме, ки ҳамагон хобанд у дар ними шаб дар ҳоли намозу муноҷот бошад.
Мутаассифона дар ин шаб дузде нақшаи ба масчид даромадан ва дуздидани амволи масҷидро мекашад. Дузд пеш аз вазир ва аскарон ба масҷид мерасад ва
мебинад, ки дари масҷид баста аст бо девори масҷид парида дохили масҷид медарояд. Ҳангоми дуздидани чизи
гаронбаҳое овози кушодани дарро мешунавад. Аз ин кор
дар ҳайрат афтода, дар ҳол худро намозхон нишон медиҳад ва ба хондани намози дуруғин машғул мешавад. Вазир ва аскарон вакте ин ҳолро мебинанд дар тааҷҷуб
меафтанд ва мегуянд;
- Субҳон Аллоҳ бубин шавқу завқи ин ҷавонро, ки вакте дари масҷидро баста дид, бо девор парида дохили масҷид шуд то намози шабро барпо дорад. Вазир ба аскарон фармон дод то баъди фориғ шуданаш аз намоз ӯро ба пеши ман биёваред,аммо дузд аз тарс ва хавфи марг намозро салом медоду тез намози дигарро
шуруъ мекард. Аскарон ба у нигох мекарданду аз тақво ва ибодатгории у тааҷҷуб мекарданд.
Намозро чунон дароз хонд ки вазир фармон дод; агар ҳамин намозашро халос кард, пеш аз намози дигарро шуруъ кардан уро
нигах доред ва ба пеши ман биёваред
Уро ба пеши подшоҳ оварданд баъди шунидани васфи вазир дар
хаққаш Подшоҳ ба у гуфт:
- Шояд ту ҳамон шахсе хасти, ки
ман дар суроғаш будам. Ман ин тақво ва Худотарсии туро шунида мафтуни ту шудам ва туро домоди ягонаи худ гардонида туро амир хоҳам кард.
Ҷавон аз шунидани ин суханон дар тааҷҷуб афтод ва бовараш намеомад. Сарашро шармандавор ба поён андохту ба худ гуфт;
- Худоё ба сабаби як намози дуруғинам маро амир гардондӣ ва духтари подшоҳро насибам сохтӣ, пас агар намозҳои аз сидқи дил бихонам чи ҳадяеро бароям
тақдим намоӣ(❤️)
1 123
Инсонеки бароҳат зиндаги дорад. Аз ниқоб дур аст. Забону қалб яканд. Яъне барои худ ва Худшиносӣ вазифаи амали доранд.
Ниқоб бадтарин чиз дар ҳаёт аст, ки инсонро руҳан заиф месозад.
اکنون در دسترس! پژوهش تلگرام ۲۰۲۵ — مهمترین بینشهای سال 
