1 104
مشترکین
اطلاعاتی وجود ندارد24 ساعت
اطلاعاتی وجود ندارد7 روز
+230 روز
آرشیو پست ها
1 104
Салом алейкум.
Дӯстон ва ҳамватанони азиз.
Рӯзатон ба хайр ва пурбаракат бошад.Худованди меҳрубон ободии ҳар ду оламро бароятон ҳадя созад
1 104
Воалайкуммуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ
Устод.
Рӯзи шумо ҳам ба хайру шоди ва қалбатон пурнур бошад,
Ва Аллоҳи меҳрубон рӯза ва тамоми ибодатҳои кардагиву ва мекардагии шуморо низ ба шарофияти ин моҳи муборак ба даргоҳи покаш қабул бигардонад, омин ё раббулъоламин.
1 104
Асалом рузатон ба хайру шоди бошад аз шумо минадор Ман шукргузори мекунам барои малумоти фойдаовар👍❤️
1 104
Барои беҳтар шудани ҳаётатонро хоҳед,гузаштаро сар диҳед,бо афсӯс зӯри ва дилоби ҳаёти шумо пеш намеравад.Чунки гузашта ба қафо асту шумо дар пеш ҳастед.Вақте шумо бахшида натавониста ба қафо назар кардан мегиред,гузашта шуморо аз бисёр имкониятҳо медорад,ва шуморо бо гузаштааш ба қафо мекашад.
Ду роҳ доред.
1. Ояндаи дурахшон.
2. Гузаштаи пушаймон.
Интихоб аз шумо вобастаги дорад.
Оссон нест бахшидан,лекин ояндаи дурахшон ширинтар аст,аз талхии ком
1 104
Агар шахсе ки мо дуст медорем хато аз худамон хам зиед моро ранчонад уже ранчондаги чи тавр уро бахшему фаромуш кнем
1 104
Яъне дарк гуфта дигаронро ҳис карда тавонистан.
Бисёриҳо дар вақти асабоният ин қобилияти бузургро аз даст медиҳанд.Чандин касро озор медиҳанд,лекин заррае ба худ ҳис намекунанд,ки қалби каси дигар ҳам мисли шиша нозук аст.
1 104
Ҳар як инсон ҳиссиёт дорад,лекин ҳақиқатро дар назар гирем,мо танҳо барои худ гӯё дуруст фикр мекунем.
Мисол: Агар моро касе ранҷонад,ё дар ҳаққи мо дониста ё надониста ягон кори хато кунад,мо ба як ҳиссиёти бад дучор мешавем. Ин хафагиро чанд рӯз не балки чанд солҳо бо худ мегирем.
Агар бахшидани шавем,боз нафрати мо дучанд мешавад.Ба хотири мо он қадар фикрҳои негатив қувваи бузургкати хотираҳои гузаштаро ёдрас карданаш зиёд мешавад.
Лекин "Дарк" кардан гуфта мо чиро мегӯем?
" Дарк" кардан гуфта мо дарк кардани худро дар назар мегирем.Яъне мо худ чи кор мекунем,ва чи кор карда истодаем,мо нисбати дигарон чи гуна рафтор дорем.Агар ба худ ростгӯ бошем,мо дарк карда метавонед.Вақте мо қалби касеро меранҷонем,ё паст задан мехоҳем,лекин ҳис яъне дарк карда наметавонем.Қалби мо азоб мекашад,чунки дар қалби мо виҷдон ҳаст.Қалби мо кадом кор рост,ва кадом нодуруст медонем. Лекин мо инро мебинем ва дарк карда метонем,лекин тан дода наметонем.
1 104
Ассалом алайкум
Дӯстон ва ҳамватанони азиз.
Рӯзатон ба хайр ва қалбатон пурнур бошад.
Худованди меҳрубон Рӯза ва ибодати кардаатонро ба даргоҳи покаш қабул созад
1 104
Ва ин акси дигар ҳам фикри ором ва қалби ором дорад,ки дар назари ӯ дунё равшан ва шавқовар менамояд
1 104
Дар инҷо фикри бад инсонро қалбашро ва ақлу бинишашро он қадар сахт ҳукмрони карда истодааст,ки ҳатто дар назари ин акс,гӯё дунё торик аст
1 104
Фикрҳо ҳаммаро месӯзанд.
Чаро?
Барои онки фикрҳои бад,инсонро онқадар сер мекунад,ки инсон ба марги худ пеш аз мӯҳлат рози мешавад,ки сӯзиши вуҷуд аз дарду фикрҳои бад.
Фикрҳо одамро месозад.
Чи хел?
Фикрҳои беҳтарин аз набуда,аз ҳеҷ чиз бузургтарин ва зеботарин месозад.
Ҳам худ ва ҳам дигарон аз дидани он лаззат мебаранд.
Ба фикрҳои мо,ва ба қалбҳои мо Худованди бузург ва меҳрубон дар ин рӯзи Саъид равшани андозад.
Чун ҳамма лоиқи зиндагии беҳтарин ҳастему,бошем як умр.
1 104
Фикр.
Дар тамоми рӯи дунё асосан фикрҳо роли асосиро мебозанд.
Аз 100%инсонҳо 85%ба фикрҳо бепарвои доранд.
Танҳо 15% инсонҳо ба фикри худ доимо назорат доштаанд.
Яъне ин суханҳо чи маъно дорад?
Маънои ин суханҳо,агар оддӣ карда фаҳмонем, ба сари инсон фикрҳои ҷо ба ҷо ва қоидавӣ,ба нақша гирифта аст.
Ва фикрҳои баъзеҳо титу парешон.Чи мақсад доранд намедонанд,чи мехоҳанд намедонанд,чи кор кардан лозим ва аз чи сар кардан лозим намедонанд.
Фикри парешон,ва қалби нотинҷ монанди хонаи титу парешон аст.
Агар ашёҳои хона ҷой ба ҷой бошад,инсон ба он хона худро ором ҳис мекунад.
Агар ашёҳои хона пуру парешон,даркориву нодаркориҳо омехта бошад,инсон чи кор карданашро намедонад,дар ин хона роҳгум мезанад,ҳаваси худро оромиши худро аз даст медиҳад.
