cookie

ما از کوکی‌ها برای بهبود تجربه مرور شما استفاده می‌کنیم. با کلیک کردن بر روی «پذیرش همه»، شما با استفاده از کوکی‌ها موافقت می‌کنید.

avatar

ФОНУС (fonews)

Фаротар аз хабар

نمایش بیشتر
پست‌های تبلیغاتی
445
مشترکین
+124 ساعت
+37 روز
+5230 روز

در حال بارگیری داده...

معدل نمو المشتركين

در حال بارگیری داده...

САНҶИШИ ХОТИРА. Дар пули "20 дирам" акси кӣ нақш ёфта буд?Anonymous voting
  • Сотим Улуғзода
  • Яъқуббеки Бадавлат
  • Темурмалик
  • Носири Хисрав
  • Спитамен
  • Боқӣ Раҳимзода
  • Бӯринисо Бердиева
  • Ҳеч кас
0 votes
Кишварҳои иштирокдори Евро-2024 ба ғайр аз футбол дар чӣ самте метавонанд қаҳрамон бошанд? Ба чунин як саволи аҷиб расонаи маъруфи BILD ҷавоб пайдо кардааст. Масалан, Укроин метавонад дар самти истеҳсоли равғани офтобпараст пешсаф бошад. Бо вуҷуди ҷанги Русия бо ин кишвар Укроин аз ҳама кишварҳои Аврупо бештар равғани офтобпараст тавлид мекардааст. Белгия бошад қаҳрамони яхмосхурӣ метавонад бошад. Ба ҳисоби миёна ҳар сокини ин кишвар дар як сол 11,5 кг яхмос мехурдааст...
نمایش همه...
Repost from N/a
Photo unavailableShow in Telegram
🇯🇵Ҷопон эълон кард ки дар мубориза бо дискетҳо дастболо шудааст 🗓 Шурӯъ аз 28 июн ин кишвар истифодаи дискетҳоро дар тамоми системаҳои давлатӣ расман қатъ кард. ⚠️Ҷолиб аст, ки Ҷопон ба унвони як кишвари пешқадами технологӣ дар самти рақамӣ шудан ба сустӣ пеш меравад. 📠Талошҳо барои даст кашидан аз истифодаи муҳр ва факс ҳам чанд сол аст, ки бе натиҷа мемонад. 💾 Дискетҳо охирҳои солҳои 1960 ихтироъ шуданд. Чунин ноқили иттилоот то аввалҳои солҳои 2000-ум маъруф буд. Охирин модели дискетҳо тавони нигаҳдории танҳо 2,88 Мб маълумотро дошт. Дар Тоҷикистон насли нав шояд чӣ будани дискетро ҳатто намедонад. Ва дар бештари мақомоти давлатӣ солҳост, ки факс истифода намешавад.
نمایش همه...
👍 3
ЛАТИФАИ РӮЗ! Путин Толибон (ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯъ)-ро "шарики Русия дар мубориза бо терроризм" номидааст. Ин дар ҳоле ки Толибон дар Русия созмони террористӣ эълон шудааст.
نمایش همه...
🤡 4
Photo unavailableShow in Telegram
Сарчашмаи ҳамаи айбҳои одамӣ ду чиз ҳаст: яке бекорӣ ва дигарӣ эътиқод ба хурофот. Ва ду фазилат низ бештар вуҷуд надорад: яке кор ва дигарӣ хирад. ✍ Лев Толстой
نمایش همه...
🔥 2
🗣 Google Translate бо 110 забони нав ғанӣ мешавад, ки соҳибони 13-тои он дар Русия зиндагӣ мекунанд: * аварӣ, бошқорӣ, бурятӣ, чеченӣ, чувашӣ, осетинӣ, удмуртӣ, тувинӣ, комӣ ва ғайра...
نمایش همه...
2
Як вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ЛДПР пешниҳод кардааст, муҳоҷирони корӣ муваззаф шаванд, ки бар ивази ҳуқуқи будубош дар Русия аз ба гуфтаи вай "амалиёти махсуси низомӣ", яъне ҷанги Русия дар Укроин пуштибонӣ кунанд.
نمایش همه...
🤣 2
🏢 Вакилони думаи давлатӣ мехоҳанд барои бефарзандӣ андоз ситоданд Муаллифи ин иқдом Евгений Федоров иддао кардааст, ки ин "масъалаи адолат" буда, кишвар ба "тақсимоти пули бефарзандон ба одамоне ки фарзанд доранду вазъи зиндагиашон хуб нест" ниёз дорад. ❤️- иқдоми хуб аст 😱- ин вакилон чӣ мехӯранд, ки чунин идеяҳо ба сарашон мезанад?
نمایش همه...
НЕ МОРГЕНШТЕРН

Предложка (Максимальная анонимность) - @nmrgnshtfeedback_bot Реклама- @Alina_Alins и @OSOKINIDIS

😱 7 6🤔 2
Photo unavailableShow in Telegram
🗣 Ҳикмат Ризо гуруғлисарои номдору хушсалиқа соли 1894 дар деҳаи Ёнахши Обигарм ба дунё омадааст. 🔸Устоди аввалини ӯ бародари калониаш Зиё Ризо буд. Баъдан давоми 40 сол аз Наврӯз Ҷомаҳмадов гуруғлӣ омӯхт. 🔸 Устоду дастгири дигари ӯ Хол Мусофир аст. Ҳикмат Ризо мегуфт: «50 ҳазор байтро дар дили ман Наврӯз андохт». 🔸Олимони фолклор эътироф кардаанд, ки гӯрғулии Ҳикмат Ризо ба 150 ҳазор мисраъ мерасид. 🔸Ҳикмат Ризо эпосҳои қаҳрамонии халқи тоҷикро дар садаи XX устувор гардонд ва бо ин хидматаш, ба замми дар дили халқ ҷо гирифтан, ба унвонҳои Ҳофизи халқии Тоҷикистон, «Шоири халқ» ва «Ҳомери асри XX» шуҳрат ёфт.
نمایش همه...
🔥 1
Photo unavailableShow in Telegram
ИНТИХОБИ БЕИНТИХОБ Зевс ба 🐸ғукҳо шоҳи наве таъин кард. Акнун ба ҷойи кундаи беозор мори обии баднафси заҳрдор ҳукмфармои онҳо шуд. Ғукҳои ваҳшатзада доду фарёд карданд: - Эй мор, агар шоҳи мо бошӣ, пас чаро боз моро асири нафси хеш месозӣ? 🪱Мор гуфт: - Зеро хоҳиши шумо чунин буд. Яке аз ғукҳо ки акнун мор чашмонашро ҳарисона сӯйи ӯ духта буд, овоз баровард: - Ман туро нахоста будам. Мор гуфт: - Не?! Ин тавр бошад боз бадтар. Бояд нахуст туро бихурам, чунки ту шоҳ шудани маро нахостаӣ. ✍️Готҳолд Ефраис Лессинг
نمایش همه...
1🔥 1🙏 1
یک طرح متفاوت انتخاب کنید

طرح فعلی شما تنها برای 5 کانال تجزیه و تحلیل را مجاز می کند. برای بیشتر، لطفا یک طرح دیگر انتخاب کنید.