cookie

ما از کوکی‌ها برای بهبود تجربه مرور شما استفاده می‌کنیم. با کلیک کردن بر روی «پذیرش همه»، شما با استفاده از کوکی‌ها موافقت می‌کنید.

avatar

||Қиссаҳои Асҳоб|| Ҳадисҳои Набавӣ||

•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈• Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ! •┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈• 📚Хуш омадед! Инҷо шумо метавонед, қиссаҳоро аз ҳаёти Асҳоби Киром (р) ва ҳадисҳои Набавиро дастрас намоед. 📖 🍀Субҳанналлоҳи ва биҳамдиҳи 🍀Субҳанналлоҳил Аъзим

نمایش بیشتر
پست‌های تبلیغاتی
276
مشترکین
+124 ساعت
+17 روز
-930 روز

در حال بارگیری داده...

معدل نمو المشتركين

در حال بارگیری داده...

Photo unavailableShow in Telegram
#Вақти_намоз барои фардо Душанбе: 🌄Бомдод: 03:26 то 05:04 🔆Пешин: 12:40 то 18:00 🔅Аср: 18:01 то 19:42 🌇Даромадани Офтоб хoндани намоз мумкин нест (макрӯҳ) аз 19:43 то 19:59 🌆Шом: 20:00 то 20:40 🌃Хуфтан: 21:30 то 03:25 Хондани намоз барои муъминон дар вақташ фарз аст! Шаҳрҳое ки вақташон пеш аз Душанбе аст: Истаравшан-5 дақиқа Кӯлоб- 5 дақиқа Хуҷанд- 7 дақиқа Рашт -7 дақиқа Конибодом-9 дақиқа Исфара-9 дақиқа Ашт-9 дақиқа Хоруғ-12 дақиқа Мурғоб- 20 дақиқа Шаҳрҳое ки вақташон баъд аз Душанбе аст: Қурғонтеппа-4 дақиқа Панҷакент-5 дақиқа Шаҳритуз-5 дақиқа Айнӣ-5 дақиқа 📚Аз Абдуллоҳ Ибни Умар (р) нақл аст, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Намози бо ҷамоат аз намози танҳогузор 27 дараҷа афзалтар аст. #Бухорӣ 645 ┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈• Дӯстонатонро даъват кунед! •┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈• 🌿@amrii_maruf 🍃
نمایش همه...
نمایش همه...
Қори Муродали 2024 , сураи Тур / Qori Murodali surah At-Tur (@MurodaliTV )

Масалан агар дар зери як бом се хона дошта бошад, як хонааш барои ҳамагон бошад, ва хонаи дуюмаш утоқи дарси ва кори бошад, ва хонаи сеюмаш ҷои хоб бошад. Агар рафту касе аз хешонаш ба хонааш биёянд, бидуни иҷозати шавҳараш мумкин нест, ки ҳаммаи хонаҳояшро барои онҳо так - так нишон бидиҳад, валлоҳу аълам. Фоидаи дувоздаҳум ин аст, ки Дар ривояти мусанниф ва Муслим, қайди манъи рӯза ба будани шавҳар зикр шудааст. Агар шавҳар дар хона бошад, рӯза гирифтан бидуни иҷозаташ ҷоиз нест. Ва агар дар мусофират бошад, рӯза гирифтан барои зан беҳтар аст. Аммо дар Бухори ингуна қайд зикр нашудааст. Яъне - Ногуфта намонад, ки вақте, ки як нафар ба хонаи дигар касе меравад, аз ӯ иҷозати даромаданро мегирад. Барои ҳамин зан ҳақ надорад, ки бидуни иҷозати шавҳараш ягон касеро ба хонааш барои даромадан роҳ бидиҳад, ғайри маҳрамаш. Аммо бозҳам ҳаммаи хонаҳояшро бидуни иҷозати шавҳараш ба маҳрамҳояш нишон надиҳад. Ва онҳоро дохили ҳамаи хонаҳо накунад. Аммо агар мусофири бегонае биёяд, авлотар ин аст, ки ӯро ба хонааш роҳ надиҳад, бигӯяд, ки шавҳарам нест. Чунки Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармудаст, ки шумоён худатонро аз даромадан ба хонаи занҳое, ки шавҳаронашон дар хонаҳояшон нестанд нигоҳ бидоред. Фоидаи сездаҳум ин аст. Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд!  (وما أنفقت من كسبه، من غير أمره، فإن نصف أجره له) (صحيح مسلم - 1026). Ончи, садақаҳ мекунад зан аз молӣ шавҳараш, бидуни иҷозати шавҳараш. Нисфи савоб ба шавҳараш меравад. (Муслим - 1026). Имом Навави дар шарҳи Муслим маънои ин ҳадисро чунин мегӯяд, ки аз ҷиҳати ғайри амри сариҳ, ба андозай қадри муъаян. Яъне - ишора бар ин мекунад, ки ҳар чизеро ки зан аз молӣ шавҳараш садақаҳ мекунад, бояд, ризояти шавҳараш дар он чиз бошад. Фоидаи чаҳордаҳум ин аст, ки нисфи аҷри барои шавҳар мерасад. Ва нисфи дигараш барои зан мерасад. Яъне - агар зан бидуни иҷозати шавҳараш аз молӣ шавҳараш садақаҳ кунад, ва шавҳараш рози бошад. нисфи аҷр барои зан мерасад ва нисфи дигараш барои шавҳараш мерасад. Ва ҳаммаи ривоятҳо ҳамин гапро мегӯянд. Чунки ин як далиле аст, ки байни ин ду нисф. Яъне - нисифайн, ки мувофиқат мекунад ба ривояти саҳиҳ Муслим, ки чунин омада аст.  عن عمير مولى آبي اللحم كُنْتُ مَمْلُوكًا، فَسَأَلْتُ رَسولَ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عليه وَسَلَّمَ: أَأَتَصَدَّقُ مِن مَالِ مَوَالِيَّ بشَيءٍ؟ قالَ: نَعَمْ، وَالأجْرُ بيْنَكُما نِصْفَانِ. (مسلم - 1025). Ҳадис! Аз Ъумайр мавлой Абиллахм, ривоят шудааст, ки гуфт! Буд, ки ман ғулом будам. Пас аз Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам савол кардам, ки оё садақаҳ карда метавонам аз молӣ мавлоям ягон чизе? Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам гуфт! Бале метавони. Ва аҷр мобайни шумо ду тақсим аст. Ва дар дигар лафз чунин омадааст, ки агар ман садақаҳ кунам он чизеро, ки амр кардааст маро мавлоям, бар ин, ки чизе аз молӣ ӯро садақаҳ накунам. Яъне - мискине ба назди ман омад ман гӯштеро бар ӯ садақаҳ додам. Ва аз ин кори ман мавлоям бохабар шуд, ва маро латукӯб кард. Пас ман ба назди Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам омадам, ва ҳамин қисаро ба ӯ гуфтам. Пас Расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, садо кард ва гуфт! Чаро ту ӯро зади? Ӯ дар ҷавоб гуфт! Таъоми маро бидуни амри ман ба дигар касе медиҳад. Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд! Байни шумо ду аҷр аст, ки тақсим мешавад. Яъне - аз ин ҳадис чунин Фаҳмида мешавад, ки савоби моли садақаҳ ба ду кас мерасад. Фоидаи понздаҳум ин аст, ки Дар ҳадиси Тирмизи ва Абӯдовуд ва ибни Моҷа, аз Абуҳурайраҳ, разияллоҳу ъанҳу чунин омадааст, ки мегӯяд! Шунидам, ки Расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, дар соли ҳаҷҷи видоъ дар хутбаашон мегуфтанд! Садақаҳ намекунад зан, ҳеҷ чизеро аз хонаи шавҳараш, магар ба иҷозати шавҳараш бошад. Сипас аз Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам савол карданд, ки агар таъом ҳам, бошад? Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд! Беҳтарини молӣ мо ҳамин таъом аст. Яъне - бидуни иҷозати шавҳар ҷоиз нест барои зан садақаҳ кардан.
نمایش همه...
Ва фоидаи сеюмаш ин аст, ки дар ин ҳадис барои рӯза нафли гирифтан аз барои занон, қайд омадааст. Қайд ҳамин аст, ки агар шавҳараш ҳозир бошад. Яъне - агар шавҳараш дар хона бошад баэдан бидуни иҷозаташ рӯзаи нафли нагирад. Инҷо қайд зикр шудааст. Ва фоида гирифтан аз ин лафзи қайд ин аст, ки агар шавҳари зан дар хона набошад, яъне, ки агар шавҳари зан дар мусофират бошад, ва ҳамроҳи зан набошад, дар ин сурат зан метавонад, ки рӯзаи нафли бигирад, чи қадаре, ки хоҳад. Ҳамин, ки шавҳараш аз мусофират баргашта биёяд сипас зан бидуни иҷозаташ рӯзаи нафли намегирад. Чунки ҷоиз нест ин ъамал барои зан. Ва агар омадани шавҳари зан аз мусофират, маълум бошад, ё дар роҳ бошад, зан ҳақ надорад, ки рӯза бигирад. Фоидай чаҳоруми ин ҳадис дар мавриди ғайбат меравад. Яъне - агар шавҳари зан бемор бошад, ва бо ҳамсараш тавони ҳамбистар шуданро надошта бошад, дар ин сурат зан метавонад, ки рӯзаи нафли бигирад. Аммо беҳтар ин аст, ки бозҳам аз шавҳараш ба хотири эҳтиром иҷозат бипурсад. Фоидай панҷумаш ин аст, ки мурод аз изн изни сариҳ аст. Яъне мурод аз иҷозат иҷозати сариҳ мебошад. Яъне - намешавад, ки бо зора ва илтимос ӯро рози куни ва аз ӯ барои рӯза гирифтан иҷозат бигирад. Бояд ба сароҳат иҷозаташ бидиҳад сипас метавонад рузаи нафли бигирад. Фоидаи шашум ин аст, ки чигунае, ки дар ривояти Абӯдовуд омадааст, ки рӯзаи ғайри рамазон бошад. Аз ин ҳадис далил гирифта мешавад, ки рӯзаи моҳи рамазон истисно қарор дорад. Яъне - ҳар амре, ки баҷо оварданаш фарз бошад, иҷозати шавҳар асло муҳим нест. Танҳо дар умури нафли, зан бояд аз шавҳараш иҷозат бигирад. Чун, ки иҷозати шавҳар барои зан дар умури нафли воҷиб аст. Ва Аллоҳи мутаъаал иҷозати занро дар ҳаммай умур ба кулли дар ихтиёри шавҳар надодааст. Агар шавҳар ҳамсарашро бигӯяд, ки рӯзаҳи фарзи нагир. Зан сад дар сад ҳақ дорад, ки дар ин кори гуноҳ аз шавҳараш итоъат накунад. Чи намози фарзи бошад чи рузаҳи фарзи бошад, чи ҳаҷҷи фарзи бошад чи закоти фарзи бошад. Дар тамоми умури фарзи зан набояд аз шавҳараш итоъат кунад. Чунки Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд, (لا طاعةَ لمخلوقٍ في معصيةِ الخالقِ) Аз махлуқ дар нофармонии Аллоҳи мутаъаал итоъат карда намешавад. Чунки шахси муумин бояд ба амри Аллоҳи мутаъаал чанг бизанад. Чунки Алоҳи мутаъаал мефармояд! (وَمَا كَانَ لِمُؤْمِنٍۢ وَلَا مُؤْمِنَةٍ إِذَا قَضَى ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥٓ أَمْرًا أَن يَكُونَ لَهُمُ ٱلْخِيَرَةُ مِنْ أَمْرِهِمْ ۗ وَمَن يَعْصِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ فَقَدْ ضَلَّ ضَلَٰلًا مُّبِينًا). Сураҳи Аҳзоб ояти - 36. Яъне - ва ҳеҷ муумин ва ҳеҷ мууминаеро он нест, ки чун Аллоҳ ва Расули ӯ коре муқаррар кунанд, онҳоро дар он кори хеш ихтиёр бошад. Ва ҳар касе, ки Аллоҳ ва Расулашро нофармони кунад, пас ҳамоно ба гумроҳии зоҳир гумроҳ шудааст. Яъне тамоми марду зани муумин ва мууминаҳ, вазифадор ҳастанд, ки итоъат аз фармони Аллоҳ ва итоъат аз фармони Расулули Аллоҳ бикунанд. Пас Алоҳи мутаъаал соқит кардааст яъне - гирифтааст, ихтиёрро аз бандагонаш дар умури фароиз. Танҳо дар кадом масоиле, ки Аллоҳ ва Расулаш ихтиёр дода бошанд, дар ҳамон масоил метавонанд иҷозат бигиранд, дар ғайри ин бидуни иҷозати касе бояд аввал фароизи Аллоҳ баҷо оварда шавад. Яъне - дар масалай фароиз аз шавҳар иҷозат пурсидан дуруст нест, ва дуруст намебошад, балки бидуни иҷозати шавҳар, зан ба фароизи Аллоҳи мутаъаал, ъамал мекунад. Қойдаҳ ва қонуни шариъати Ислом ҳамин аст. Фоидай ҳафтум ин аст, ки ин ҳадис дар ибтидои рӯзаҳ ворид шуда буд, барои оне, ки зан рузаҳи нафлиро бе иҷозати шавҳараш нагирад. Аммо агар рафту зан бе иҷозати шавҳараш рӯзаҳи нафли гирифта бошад, оё шавҳараш метавонад ҳамсарашро ҷабр кунад, ва маҷбураш кунад, ки рӯзаатро бихӯр гуфта? Дар ин масъала ъуламо гуфтаанд, ки болои зан ҷабр карда нашавад. бигзоред то рӯзаашро бигирад. Чунки дар мазҳаби Абуҳанифаҳ раҳимаҳуллоҳ, агар нияти гирифтани рузаҳи нафлиро бикунад ва рӯза бигирад сипас бихӯрад рӯзаашро. Дар гарданаш қазой рӯза воҷиб мегардад. Фоидаи ҳаштумаш ин аст, ки сабаби рӯзаҳ нагирифтан дар ҳадиси Абӯдовуд, шаъни нузулаш зикр шудааст, ки ингуна аст!
نمایش همه...
Ва дар дигар ҳадис омадаст, ки вақте, ки садақаҳ мекунад зан аз молӣ шавҳараш, барои ҳардуяшон як аҷри мебошад. Аз ин ҳама аҳодисҳо фаҳмида мешавад, ки иҷозат пурсидан аз шавҳар, дар ҳаммай корҳо барои зан муҳим будааст. Боракаллоҳу фикум. •┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈• 🍀@islamtajikistan🍀 •┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
نمایش همه...
عنْ أبي سعيدٍ قالَ : جاءتْ امرأةٌ إلى النبيِّ صلى اللهُ عليهِ وسلمَ ونحنُ عندَهُ فقالتْ يا رسولَ اللهِ إنَّ زوجي صفوانَ بنَ المعطلِ يضربُنِي إذا صليتُ ويُفطرنِي إذا صمتُ ولا يصلي صلاةَ الفجرِ حتى تطلعَ الشمسُ قالَ وصفوانٌ عندَهُ قالَ فسألهُ عما قالتْ فقالَ يا رسولَ اللهِ أما قولُها يضربُنِي إذا صليتُ فإنَّها تقرأُ بسورتينِ وقد نهيتَها قال فقالَ لو كانتْ سورةٌ واحدةٌ لكفتِ الناسَ وأمَّا قولُها يُفطرنِي فإنَّها تنطلقُ فتصومُ وأنَا رجلٌ شابٌّ فلا أصبرُ فقالَ رسولُ اللهِ صلى اللهُ عليهِ وسلمَ يومئذٍ لا تصومُ امرأةٌ إلا بإذنِ زوجِها وأمَّا قولُها إنِّي لا أصلي حتى تطلعَ الشمسُ فإنا أهلَ بيتٍ قد عرفَ لنا ذاكَ لا نكادُ نستيقظُ حتى تطلعَ الشمسُ قالَ فإذا استيقظتَ فصلِّ. أبو داود (2459). وأحمد (11759). Ҳадис! Аз Абусаъиди Худри, разияллоҳу ъанҳу ривоят аст, ки гуфт! Зане назди Паёмбар, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, омад. Ровӣ ҳадис мегӯяд, ки ва мо дар назди эшон будем. Пас ҳамин зан гуфт! Эй Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам. Ҳар ойна шавҳари ман Сафвон писари Муъаттал, вақте, ки ман намоз мехонам, маро мезанад. Ва вақте, ки ман рӯза мегирам, маро ба хӯрдани руза амр мекунад. Ва ӯ намози бомдодро намехонад, то офтоб баромадана. (Яъне - намози фаҷрро дар вақташ намехонад, ба таахир мегузорадаш). Ровии ҳадис гуфт! Ва Сафвон писари Муъаттал, дар назди Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, буд. Пас суол кард ӯро (яъне - Паёмбар, Сафвон ибни Муъталлро савол кард) аз он чизе, ки ӯ гуфт! (Яъне - ӯро савол кард аз он чизҳое, ки зан барояш гуфт.) Пас (Сафвон гуфт!) Эй Расули Аллоҳ! Аммо сухани ӯ ин буд, ки вақте, ки ман намоз мехонам маро мезанад. (Сабаби задан дар ин аст, ки) Ҳар ойна ӯ дар як ракъат ду сураи дароз мехонад. Ва дар ҳақиқат ман ӯро аз ин кораш манъ кардам. (Яъне - дар ҳақиқат ман ӯро аз хондани ин гуна намози дароз манъ кардам). Ровии ҳадис гуфт! Пас Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам гуфт! Агар, ки як сура мехонд, барояш кифоят мекард, чи гунае, ки барои мардум кифоят мекунад. Ва аммо сухани ӯ ин буд, ки маро амр мекард ба хӯрдани рӯза. Вақте, ки ман ӯро амр мекардам, ки ифтор кун. Ҳар ойна у рафта рӯза медошт. Ва ман марди ҷавон мебошам, ва сабр карда наметавонам. (чунки ман хоҳишу майли ҷимоъ карданро бо ин зан дорам). Пас Расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, дар ин ҳангом гуфт! Зан рӯзаи (нафли) нагирад, магар, ки бо иҷозати шавҳараш. Ва аммо сухани ӯ ин буд, ки ман намоз намехонам то офтоб баромадана. Ҳар ойна ъодати аҳли хонадони мо ҳамин аст. (Яъне - ҳар ойна ҳамсарам аз ин ъодати хонадони мо бохабар аст). Яъне, ки мо хоб намеравем, магар, ки дар охири шаб хоб меравем, барои ҳамин аз хоб дер бедор мешавем). Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд! Вақте, ки аз хобат хести намозатро бихон! (Сунани Абудовуд - 2459). (Ва Муснади Аҳмад - 11759). Пас барои мо сабаби шаъни нузули ин ҳадис маълум шуд. Фоидай нуҳум ин аст. Чигунае, ки баъзеҳо мегӯянд, ки оё зан метавонад бидуни иҷозати шавҳараш рӯзаи нафли бигирад? Ҷавоб? Не наметавонад. Чунончи ибни Ҳазми зоҳири низ мегӯяд! Ҷоиз нест рӯзаи нафли гирифтан барои каниз, бидуни иҷозати мавлояш. Фоидай даҳуми ин аст. Дар ҳадиси дигаре чунин омадааст, ки зан иҷозат надиҳад даромадани касеро ба хонаи шавҳараш, дар ҳоле, ки шавҳараш шоҳиду ҳозир бошад. Магар ба иҷозати шавҳараш. Ва дар дигар ҳадис низ чунин омадааст, ки (لا تصوم) Яъне - рӯза нагирад. Ва инҷо хабар дода истодааст. Ва маънояш наҳе аст. Ва аз инҷо чунин истидлол карда мешавад, ки баъзе аз мардумон гуфтаанд, ки ин ишора муносиб намебошад барой зан, дар ҳоле, ки дар хонай иҷоравӣ ва ё дар хонай дигар касе зиндагони кунад, ҳамроҳ бо шавҳараш бошад ва ҳамроҳ бо канизаш, бошад, бозҳам барои зан ва барой каниз иҷозат нест, ки рӯзаи нафли бигиранд, магар, ки шавҳараш ва мавлояш иҷозат бидиҳад. Фоидаи ёздаҳум ин аст. Иҳтимол дорад, ки мурод аз Иҷозат, даромадан ба хонае бошад.
نمایش همه...
عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللّٰهُ عَنْهُ : أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: لا يَحِلُّ لِلْمَرْأَةِ أَنْ تَصُومَ وَزَوْجُهَا شَاهِدٌ إِلاَّ بِإِذْنِهِ، وَلا تَأْذَنَ فِي بَيْتِهِ إِلاَّ بِإِذْنِهِ، وَمَا أَنْفَقَتْ مِنْ نَفَقَةٍ عَنْ غَيْرِ أَمْرِهِ فَإِنَّهُ يُؤَدَّى إِلَيْهِ شَطْرُهُ. (بخارى - 5195) Хадис! Аз Абуҳурайраҳ, разияллоҳу ъанҳу ривоят аст, ки ҳар ойна Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд! Барои зан ҷоиз нест, ки ҳангоми ҳозир будани шавҳараш рӯзаи (нафли) бигирад. (Чаро, ки шояд шавҳараш рузона хоҳиши ҳамхоба шуданро кунад.) Ва ҳамчунин набояд бидуни иҷозати шавҳар касеро ба хонааш роҳ бидиҳад. Ва ҳар чизеро, ки бидуни амри шавҳараш нафақа мекунад (яъне - садақаҳ мекунад), нисфи аҷраш (яъне - нисфи савобаш) ба шавҳар мерасад. (Бухори - 5195.) ШАРҲ! Дар ин ҳадис фоидаҳои зиёде вуҷуд дорад. Яке аз фоӣдаҳое, ки дар ин ҳадис аст ин аст, ки ин ҳадис бо чандин матнҳо ва лафзҳо омадааст, ки маънеяшон яке мебошад. Ва имом Муслим низ ба ҳамин гуна ҳадисе ривоят кардааст, ки Абӯдовуд аз Ҳасан ибни Ъали, разияллоҳу ъанҳумаа, ки ҳардуи инҳо бо санад аз Ъабдураззоқ, зикр мекунанд. Ва лафзе, ки дар Муслим омада аст, ингуна аст. (لا تصوم - Лаа тасум) Яъне ба лафзи наҳе омадааст. Ва дар ин ҳадис аз Абӯдовуд изофа кардааст, ки Абӯдовуд мегӯяд, ки ғайри рузаҳи моҳи рамазон бошад. Аммо имом Бухори аз тариқи Шуъайб ибни Абу - Ҳамзаҳ ва аз Абу - Зинод, ва аз Аъраҷ, ва у аз Абуҳурайраҳ, ба лафзи (لا يَحِلُّ لِلْمَرْأَةِ أنْ تَصُومَ وزَوْجُها شاهِدٌ إلَّا بإذْنِهِ، ولا تَأْذَنَ في بَيْتِهِ إلَّا بإذْنِهِ، وما أنْفَقَتْ مِن نَفَقَةٍ عن غيرِ أمْرِهِ فإنَّه يُؤَدَّى إلَيْهِ شَطْرُهُ). Аммо маънояшон яке аст. Ва боз имом Бухори ва имом Муслим, ба ин лафз ҳадисро зикр кардаанд, ки  إذا أطْعَمَتِ المَرْأَةُ مِن بَيْتِ زَوْجِها غيرَ مُفْسِدَةٍ، كانَ لها أجْرُها وله مِثْلُهُ، ولِلْخازِنِ مِثْلُ ذلكَ، له بما اكْتَسَبَ ولَها بما أنْفَقَتْ. الراوي: عائشة أم المؤمنين • البخاري- (١٤٤٠). ومسلم - (١٠٢٤). Аммо дар маъно ҳамаашон бо ҳам мувофиқат мекунанд. Ва фоидай дувуме, ки мо аз ин ҳадис бардошт мекунем ин аст, ки дар ҳадис чунин омадааст! (гуфтааст рӯза намегирад зан) - ин ҷумла ба лафзи хабар омадааст, ва маънои ҳамин лафзи хабар ба маънеи наҳе (яъне - ба маънои манъ кардан омадааст). Чунки дар ҳадиси Муслим ҳадис ба лафзи наҳе зикр шудааст. (لا تصوم - Лаа тасум). гуфта зикр шудааст. Аммо дар саҳиҳ Бухори ба ин лафз омадааст! (لا يَحِلُّ لِلْمَرْأَةِ أَنْ تَصُومَ وَزَوْجُهَا شَاهِدٌ إِلاَّ بِإِذْنِهِ). Яъне - ҳалол нест барои зан ин, ки рӯзаи (нафли) бигирад, дар ҳоле, ки шавҳараш ҳозир бошад, магар ба иҷозаташ). Яъне - барои зан ҷоиз нест, ки бидуни иҷозат пурсидан аз шавҳараш рӯзаҳи нафли бигирад. Ва ҳатто имом Шофиъи, раҳимаҳуллоҳ чунин гуфтааст! Бидуни иҷозати шавҳар барои зан ҳаром аст, рӯзаи нафли гирифтан. Ва дигар ъуламо низ иттфоқи назар доранд, ва рӯза гирифтанро бидуни иҷозати шавҳар барои зан ҳаром гуфтаанд. Аммо баъзе аз ъуламо гуфтаанд, ки ҳаром нест, балки макрӯҳ аст. Аммо қавли роҷиҳ ҳамин аст, ки ҳаром аст на макрӯҳ. Чунки лафзи ҳадис ба сароҳат зикр мекунад, ки ҳалол нест ин ъамал барои зан. Бас чигуна мо ин лафзи ҳадисро тағир ва табдил бидиҳем? Чунки - (لا يحلل - яъне - ҳалол нест). Мо бигӯем, ки ҳаром нест? Дар сурате, ки худи Паёмбар, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам гуфтааст, ки ҳалол нест барои зан рӯза гирифтан бидуни иҷозати шавҳараш, агар шавҳараш дар наздаш ҳозир бошад. Ва дар лафзи Муслим низ дар зоҳири ҳадис лафзи наҳе омадааст, ки (рӯза нагирад зан). Ва ин лафзҳо барои таакид омаданд, ва занонро таакид мекунад, ки ҳалол нест ин кор барояшон. Барои ҳамин дар масалай гирифтани рӯзаи нафли, зан наметавонад рӯза бигирад то ин, ки шавҳараш ба ӯ иҷозат надиҳад. Агар аз шавҳараш иҷозат пурсад ва шавҳараш рози шавад, пас ишколе надорад, метавонад рӯза бигирад. Аммо бидуни иҷозати шавҳар ҳақ надорад, ки рӯзаи нафли бигирад, дар сурате, ки шавҳараш ҳамроҳаш бошад. Барои ҳамин рӯзаи нафли гирифтан барои зан бидуни иҷозати шавҳараш ҳаром аст.
نمایش همه...
عن أبي أمامة الباهلي قَالَ : قَالَ رَسُولُ اللَّهِ ﷺ : أنا زَعِيمٌ بَبَيتٍ في ربَضِ الجَنَّةِ لِمَنْ تَرَكَ المِرَاءَ وَإِنْ كَانَ مُحِقًا، وَبِبيتٍ فِي وَسَطِ الجَنَّةِ لِمَنْ تَرَكَ الكَذِبَ وَإِن كَانَ مازحًا، وببيت في أعلَى الجَنَّةِ لِمَن حَسُنَ خُلُقُهُ رواه أبو داود - (٤٨٠٠) بإسناد صحيح. Ҳадис! Аз Аби - Умомаҳи Бааҳили ривоят аст, ки гуфт! Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуданд! Ман кафил ҳастам ба як хонае дар атрофи ҷаннат, барои касе, ки ҷидоли беҳударо тарк мекунад. (Яъне - баҳси бесамарро), тарк мекунад, агар чанде, ки дар ҳақ бошад. Ва ҳамчунин кафил ҳастам ба як хонае дар байни ҷаннат, барои касе, ки дурӯғ гуфтанро тарк мекунад, агар чанде, ки аз ҷиҳати шухиҳам, ки бошад. Ва ҳамчунин кафил ҳастам ба як хонае дар баланд тарин ҷой биҳишт, барои касе, ки ахлоқи неку дорад. (Абу - Довуд - 4800). Бо исноди саҳиҳ. •┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈• 🍀@islamtajikistan🍀 •┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
نمایش همه...
نمایش همه...
Кори Муродали 2024 , сураи Такасур /Qori Murodali surah Takasur @MurodaliTV

1101 - عَنْ أَبِي مَسْعُودٍ الأَنْصَارِىِّ رَضِيَ اللّٰهُ عَنْهُ قَالَ: جَاءَ رَجُلٌ إِلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَقَالَ: إِنِّي أُبْدِعَ بِي فَاحْمِلْنِي، فَقَالَ: «مَا عِنْدِي». فَقَالَ رَجُلٌ: يَا رَسُولَ اللَّهِ أَنَا أَدُلُّهُ عَلي مَنْ يَحْمِلُهُ، فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ : «مَنْ دَلَّ عَلَى خَيْرٍ فَلَهُ مِثْلُ أَجْرِ فَاعِلِهِ». (مسلم - 1893). Ҳадис! Абу - Масъуди Ансори, разияллоҳу ъанҳу мегӯяд! Марде хизмати Набйи Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, омад ва гуфт! Аспам мурдаҳ аст, ба ман аспе ъиноят кун, то дар ҷиҳод иштирок кунам Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, гуфт! Надорам. Марди дигаре гуфт! Эй Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ман ӯро назди касе роҳнамой мекунам, ки ба ӯ як маркаб бидиҳад. Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, Фармуд! Ҳар касе, ки мардумро ба амри неке роҳнамой кунад, аз подоши монанди подоши инсони некӯкор, бархӯрдор хоҳад шуд. (Муслим - 1893). •┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈• 🍀@islamtajikistan🍀 •┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
نمایش همه...
یک طرح متفاوت انتخاب کنید

طرح فعلی شما تنها برای 5 کانال تجزیه و تحلیل را مجاز می کند. برای بیشتر، لطفا یک طرح دیگر انتخاب کنید.