cookie

ما از کوکی‌ها برای بهبود تجربه مرور شما استفاده می‌کنیم. با کلیک کردن بر روی «پذیرش همه»، شما با استفاده از کوکی‌ها موافقت می‌کنید.

avatar

Киштии Начот

✅ - Агар касе мардумро ба сӯйи ҳидоят (кори хайр ва суннат) даъват кунад, ба андозаи савоби ононе, ки пайрави карданд

نمایش بیشتر
پست‌های تبلیغاتی
315
مشترکین
اطلاعاتی وجود ندارد24 ساعت
-67 روز
-2030 روز

در حال بارگیری داده...

معدل نمو المشتركين

در حال بارگیری داده...

Photo unavailableShow in Telegram
Ҷойгоҳи зан дар ислом Тибқи Қуръону Ҳадис Духтарҳоро бояд чи тавр тарбият кард. Зан метавонад. Ҷомеъаро ислоҳ кунад. Обуна Шавед) @Zanoni_Pokdomann
نمایش همه...
Издивоҷи Расули Акрам(с) бо ҳазрати Оиша(р).
Рашки зан
Дарди Уммат
ОДОБИ ХАМХОБАГИ БО ХАМСАРИ ХУД
Қиссаи Як Ҷавон Духтар
Беҳтарин ба бадтарин хислатҳои занон
Ҷисми Зинда Аммо дили Мурда
-Хоҳаронам барои шумо менависам —Писар: салом ҷонам -Духтар: —Писар: Воҳ тоба тоба ҷавоби салом воҷиб аст -Духтар: —Писар: зиндагиям, беинтиҳо дӯстат дорам -Духтар: —Писар: азизи ман мешӣ, пуштат хостгор бифиристам .? -Духтар: яъне ҷидди ҳастӣ бо ман арӯси мекунӣ..? —Писар: зиндагим ту беҳтарини қалбам ҳастӣ, ҷуз ту касе хонумам нахоҳад шуд. -Духтар: бошад ман ҳам дӯстат дорам, аммо ҳар чӣ зудтар хостгор бифрист. -Баъд аз чанд рӯз- —Писар: азизам имрӯз хонаи мо касе нест, биë то каме дар мавриди арӯсӣ ҳарф бизанем. -Духтар: на азизам намешавад, иҷозат надорам. —Писар: азизам биë пас имрӯз берун биравем. -Духтар: бошад меоям фақат ба як соат. — Писар бо вадаҳои зиëд духтарро розӣ мекунад ва ба маконе, ки мехоҳад мебарад. —Писар: зиндагим биë наздик. -Духтар: намеша азизам накун. —Писар: ту магар маро дӯст надорӣ ва ба ман эътимод намекунӣ. -Духтар: дорам ҷонам аммо инҳо бошад баъд аз издивоҷ. —Писар: азизи ман туро дӯст дорам, охир арӯсӣ мекунем. Чи мешавад, ки аз будан бо ҳам лаззат бибарем. -Духтар: қасам бо ман арӯси мекунӣ ва маро фиреб намедиҳӣ.? —Писар: биë азизам.. .... --Қисса_тамому_фардо. -Духтар: нафасам чаро гӯширо намебардорад.? -Баъд аз як ҳафта - —Писар: дигар ба ман занг назан. -Духтар: ҷонам чаро интавр мекунӣ, магар маро дӯст намедорӣ.? —Писар: нахайр ман туро дӯст намедорам. -Духтар: лутфан ҷонам интавр накун, бигӯ чӣ шуда маро азият накун. —Писар: бирав, ман мисли ту духтарҳоро намешиносам, Худо медонад ба ғайр аз ман ҳамроҳи чанд нафар будаӣ.? -Духтар: ҷонам ту чи мекунӣ, ту беҳтар аз ҳар касе медонӣ ман пок будам. — Писар: ман шумо духтарҳоро хуб мешиносам. Ҳамон тавр, ки бо ман вохӯрдӣ бо дигарҳо ҳам мехӯрӣ. Ту духтари фоҳиша лаëқати маро надорӣ. Дигар ба ман занг назан. Духтар ë даст ба худкушӣ мезанад ё то охири умр бадбахту шармсор мебошад. Ҳам зиндагии худро аз даст дод, ҳам иззати оилаи худро. Хоҳарам маро бубахш агар навиштаҳоям нороҳатат мекунад аммо ин воқеат аст ки гуфтам..     https://t.me/Zanoni_Pokdomann
نمایش همه...
ТАБРИКОТИ ИДИ КУРБОН Иди Қурбон омаду дар Макка Ҳаҷи Акбар аст. Дустонро табрик намудан суннати пайғамбар аст. Шумо ва аҳли пайвандонатонро бо фарорасии Иди Саиди Қурбон самимона табрику муборакбод намуда, аз даргоҳи Худованди якто мағфирати гуноҳон, ҳидоят ва устуворӣ дар дин, саодатмандии дунё ва охиратро таманно менамоям. Бигзор Худованди бузург аз баракоти ин лаҳзаҳои муборак ҳамаи моро бархурдор бигардонад. Бо эхтироми хос дусти исломии шумо () https://t.me/Zanoni_Pokdomann
نمایش همه...
Чоршанбе 10-уми Зулҳиҷҷа 1444 ҳиҷри қамарӣ (28.06.2023) МУХТАСАРАН БАЪЗЕ АЗ ОДОБҲО ВА АҲКОМИ РӮЗИ ИДИ ҚУРБОН Такбирро бисёр гуфтан. "أَللّٰهُ أَكبَرُ.. أَللّٰهُ أَكبَرُ.. لَا إِلٰهَ إِِلَّا اللّٰهُ ، أَللّٰهُ أَكبَرُ.. أَللّٰهُ أَكبَرُ.. وَلِلّٰهِ الْحَمدُ"   "Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, Ла илаҳа иллалЛоҳ, Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, Ва лиллаҳи-л-ҳамд."   "Аллоҳ бузург аст, Аллоҳ бузург аст, Нест маъбуде (ибодатшавандае) бар ҳақ магар Аллоҳ, Аллоҳ бузург аст, Аллоҳ бузург аст ва танҳо Аллоҳ сазовори ҳамд аст."   Барои хотиррасони ба ибодат ва шукр кардан бо овози баланд такбир гуфтан. Ғусл (оббозӣ) кардан. Либоси тоза ва зебо пӯшидан.   Атр ва хушбӯйӣ задан. Дар рӯзҳои Ид рӯза доштан ҷоиз нест.   Хӯрданро то намози Ид хондан таъхир кардан. Дар рӯзи иди Қурбон аз гӯшти қурбонӣ хӯрдан мустаҳаб аст. Ба Идгоҳ пиёда рафтан. Занҳо ва кӯдаконро ба Идгоҳ баровардан ва ҳатто занҳои одати моҳона  (ҳайз) буда ба Идгоҳ рафтан ҷоиз аст. Бо роҳе ба Идгоҳ рафтан ва бо роҳи дигаре баргаштан. Намози Идро дар Идгоҳ хондан. Намози Идро дар Идгоҳ хондан суннат аст, вале бо сабабе ё узре дар масҷид хондан ҷоиз аст. Танбеҳ: Бо қадри тавоноӣ барои омода кардани Идгоҳ ба якдигар кӯмак намоед! Дар Идгоҳ пеш аз намози ид ва баъди он  намози нофила нахондан. Намози Ид азон ва қомат надорад. Дар ракъати аввал сураи Аъло ва дар ракъати дуюм сураи Ғошияро хондан. Ё ки дар ракъати аввал сураи Қоф ва дар ракъати дуюм сураи Қамарро хондан суннат аст. Дигар сураҳоро хондан низ ҷоиз аст. Хутбаи Идро баъди намоз хондан. Хутбаи имомро гӯш кардан. Баъди намози Ид қурбонӣ кардан. Баъди қурбонӣ кардан нохунҳои дасту поро гирифтан. Табрик ва таҳният кардан.    Саҳобагон разияллоҳу анҳум рӯзҳои ид якдигарро рӯбарӯ шаванд мегуфтанд: تَقَبَّلَ اللَّهُ مِنَّا وَ مِنْكُم Аллоҳ аз мову шумо (амалҳои солеҳро) қабул намояд. Бо тӯҳфаҳо ва ҳадияҳо кӯдаконро хурсанд ва хушнуд сохтан. Дар рӯзи ид хушу хурсанд шудан. ИЗҲОРИ ХУРСАНДӢ ВА ХУШҲОЛӢ КАРДАН ДАР РӮЗИ ИД СУННАТ АСТ, ЗЕРО ДӮСТРО ШОД ВА ДУШМАНРО ҒАМГИН МЕНАМОЯД. Аз модарамон Оишаи Сиддиқа разияллоҳу анҳа ривоят аст, ки гуфтаанд: " قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَوْمَئِذٍ – يعني يوم أن لعب الحبشة في المسجد : Паёмбар ﷺ он рӯзе, ки ҳабашиҳо дар масҷид бозӣ карданд, гуфтанд: لَتَعْلَمُ يَهُودُ أَنَّ فِي دِينِنَا فُسْحَةً ". روى أحمد (24334) وصححه الألباني في "صحيح الجامع" (3219) .   "Бигзор Яҳудиён бидонанд, ки дар дини мо хурсандӣ (ва хушҳолӣ) ҳаст." (Ривояти Аҳмад) Рӯзи Ид аз нав барқарор намудани мотаму азодорӣ ва зиёрати қабрҳо ҷоиз нест. Дар рӯзи Ид исроф ва масрафи бисёр накардан.
نمایش همه...
Photo unavailableShow in Telegram
نمایش همه...
Behtarin 0
ЭЪЛОНИ МУҲИМ          РУЗИ АРАФА Ба диққати тамоми мусалмонон расонида мешавад, ки рузи сешанбе 27-уми Июни соли 2023-и мелодӣ баробар ба 9-уми Зулҳиҷҷаи соли 1444-и ҳиҷрии қамарӣ мебошад. 🟢Руза гирифтан дар ин руз сабаби маҳв шудани гуноҳони як соли гузашта ва як соли оянда аст, ва далел ин ҳадис аст: وعن أَبي قتادة - رضي الله عنه - قَالَ: سُئِلَ رسول الله - صلى الله عليه وسلم - عن صَومِ يَوْمِ عَرَفَةَ، قَالَ: «يُكَفِّرُ السَّنَةَ المَاضِيَةَ وَالبَاقِيَةَ» 📗 "Аз Абуқатода разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: Аз Расулаллоҳ (ﷺ) дар мавриди рузаи рузи Арафа пурсида шуд, Расулаллоҳ (ﷺ) фармуданд: Гуноҳони соли гузашта ва соли ояндаро маҳв (нест) мекунад." 📚 Ин ҳадис ривоят шудааст дар китоби: 1) "Саҳеҳи Муслим" ҳ-т-р 1162 2) "Сунани Абудовуд" ҳ-т-р 2425 Обуна Бишав @Zanoni_Pokdomann
نمایش همه...
ДАҲАИ АВВАЛИ МОҲИ ЗУЛ-ҲИҶҶАРО ЧИГУНА БОЯД ИСТИҚБОЛ ГИРИФТ? Барои ҳар як мусалмон истиқбол гирифтани мавсимҳои тоат омматан, лозим ва зарурист ва яке аз ин мавсимҳо, ки даҳаи аввали моҳи Зул-ҳиҷҷа аст, мо бояд онро ба амалҳои зерин пешвоз гирем: 1) Тавбаи содиқона 2) Бо ҷиддӣ азму қасд кардан бар ғанимат гирифтани ин даҳ рӯз бо тоату ибодат 3) Дурӣ ҷустан аз гуноҳову маъсиятҳо 《ФАЗИЛАТҲОИ ДАҲАИ АВВАЛИ ЗУЛ-ҲИҶҶА》 1) Аллоҳ Таъоло ба ин даҳ рӯз қасам ёд кардааст.( вақте ки Аллоҳ Таъоло ба ягон чизе қасам ёд мекунад, ин далолат бар фазилату манзалати он чиз мекунад) 2) Даҳ рӯзҳои маълум ва муайяне, ки дар он зикри Аллоҳ машрӯъ аст, ин даҳаи аввали Зул-ҳиҷҷа аст. 3) Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи васаллам шаҳодат додаанд, ки ин даҳ рӯз беҳтарин рӯзҳои дунёст. 4) Дар нӯҳум рӯзи моҳи Зул-ҳиҷҷа рӯзи Арафа вуҷуд дорад ва рӯзи Арафа рӯзи ҳаҷҷи акбар ва рӯзи бахшида шудани гуноҳон аст. 5) Дар даҳум рӯзи моҳи Зул-ҳиҷҷа рӯзи қурбонӣ вуҷуд дорад. 6) Ҷамъшавии ибодатҳои бузург дар ин даҳ рӯз, ба монанди: намоз, рӯза, садақа ва ҳаҷ, ки дар дигар рӯзҳо ин ибодатҳои бузург якҷоя ҷамъ намеояд. 《ФАЗИЛАТИ АМАЛ КАРДАН ДАР ДАҲАИ АВВАЛИ ЗУЛ-ҲИҶҶА》 Аз Абдуллоҳ ибни Аббос радияллоҳу ъанҳумо ривоят шуда, ки расули акрам саллаллоҳу ъалайҳи васаллам фармудаанд: " Ягон рӯзе нест, ки дар он амалҳои солеҳ ба сӯи Аллоҳ Таъоло аз ин даҳаи аввали моҳи Зул-ҳиҷҷа дида дӯстдоштатар бошад, пас саҳобагон гуфтанд: Эй расули Аллоҳ! ва на ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ?! пас паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи васаллам гуфтанд: " ва на ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, магар он марде, ки аз хонааш бо молу ҷонаш ба ҷиҳод меравад ва дар роҳи Аллоҳ шаҳид мешавад". ( ривояти Имом Бухорӣ) ( яъне: ягона амале, ки ба сӯи Аллоҳ Таъоло аз амалҳои даҳаи аввали моҳи Зул-ҳиҷҷа дида дӯстдоштатар аст, ин шаҳид шудан дар роҳи Аллоҳ Таъолост). 《ЯКЧАНД АМАЛҲОИ СУННАТ ДАР ДАҲАИ АВВАЛИ ЗУЛ-ҲИҶҶА》 1) Адо намудани ҳаҷ ва умра. 2) Рӯза доштан. 3) Намозҳои нафлро бисёр анҷом додан. 4) Тасбиҳу таҳмид ва таҳлилу такбирро бисёр гуфтан. Тасбиҳ - Субҳоналлоҳ гуфтан. Таҳмид - Алҳамдулиллоҳ гуфтан Таҳлил- Ло илоҳа иллАллоҳ гуфтан Такбир - Аллоҳу Акбар гуфтан 5) Садақа кардан. БОЗ ЯКЧАНД АМАЛҲОЕ, КИ БИСЁР АНҶОМ ДОДАНИ ОН УМУМАН МУСТАҲАБ АСТ, ХОССАТАН ДАР ДАҲАИ АВВАЛИ ЗУЛ-ҲИҶҶА, КИ ОН АМАЛҲОРО АЗ БОБИ ЁДОВАРӢ ЗИКР МЕКУНЕМ: 1) Қироъати Қуръон ва таълим гирифтани он. 2) Истиғфор 3) Некӯӣ бар падару модар 4) Алоқаи хешу табориро ба ҷо овардан. 5) Паҳн кардани салом ва додани таом бар мӯҳтоҷон. 6) Оштӣ андохтан байни мардум. 7) Амру маъруф ва наҳй аз мункар кардан. 8) Нигоҳ доштани забон ва шармгоҳ аз амалҳои ҳаром. 9) Некӯӣ бар ҳамсояҳо. 10) Иззату эҳтиром кардани меҳмон. 11) Нафақа кардан дар роҳи Аллоҳ 12) Дур кардани чизҳои зараровар аз роҳи мусалмонон. 13) Нафақа кардар бар аҳлу оила. 14) Парастории ятимон. 15) Салавот бар паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи васаллам. 16) Зиёрати беморон. 17) Баровардани эҳтиёҷотҳои бечорагон. 18) Озор надодани мусалмонон. 19) Дуои ғоибона дар ҳаққи бародарон. 20) Рафту омад кардан бар ёру дӯстони падару модар. 21) Адо намудани амонат ва ба аҳд вафо намудан. 22) Чашмро аз ҳаром кардаи Аллоҳ нигоҳ доштан. 23) Намозро дар ҷамоъат адо намудан. 24) Ҳарис будан барои ба даст овардани касби ҳалол. 25) Дохил кардани хурсандӣ дар дили мусалмонон. 26) Раҳму шафқат бар заифон. 27) Нисбати ягон мусалмони ҳақиқӣ дар дил бӯғзу адоват надоштан. 28) Фарзандонро таълиму тарбияи исломӣ додан. 29) Ба ҳамдигар дасти ёрӣ дароз кардан барои пешрави Ислом ва мусалмонон ва ғайраҳо аз амалҳои солеҳ. Савол: оё дар шабҳои даҳаи аввали моҳи Зул-ҳиҷҷа қиёмул лайл ҷоиз аст? Ҷавоб: бале, ҷоиз аст, зеро ки қиёмул лайл аз амалҳои солеҳ ҳисобида мешавад. https://t.me/Zanoni_Pokdomann
نمایش همه...
.
نمایش همه...
Ассалому Алайкум ва раҳматуллоҳи ва Борокотух Чи тавре ки шумо мебинед Мо Дар замони Фисқу Фасод Зиндагӣ Дорем. Ҳар як Духтар (Бисёрашон) 3-4 дуст Писар дорад Ки бо онҳо Суханронии мекунанд. Аз Духтарони Сатрдор Духтарони бе сатр Бисёрай Мақсадам чист? Мехоҳам Гуям Ки Аллоҳ Ҳамаи Моро Як Ҳамсари Боимону БоТарбия насиб гардонад. Ва Дар Ҳақи Банда Дуо гу бошед Онкасеро ки Аз Аллоҳ Таъоло Талаб дорам Аллоҳ Онро Ба Ман диҳад) Аминь Дуо Гу Бошед https://t.me/Zanoni_Pokdomann
نمایش همه...
.
نمایش همه...
یک طرح متفاوت انتخاب کنید

طرح فعلی شما تنها برای 5 کانال تجزیه و تحلیل را مجاز می کند. برای بیشتر، لطفا یک طرح دیگر انتخاب کنید.