cookie

ما از کوکی‌ها برای بهبود تجربه مرور شما استفاده می‌کنیم. با کلیک کردن بر روی «پذیرش همه»، شما با استفاده از کوکی‌ها موافقت می‌کنید.

avatar

Азия-Плюс TJ

Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон Сомона - www.asiaplustj.info/tj Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj

نمایش بیشتر
پست‌های تبلیغاتی
13 462
مشترکین
+124 ساعت
+1167 روز
+56130 روز

در حال بارگیری داده...

معدل نمو المشتركين

در حال بارگیری داده...

Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик Чаро аксари "сароянда"-ҳои тоҷик гирифтори "зангиримания" шудаанд ва асосгузори он аст?
نمایش همه...
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик

Ҳама ончиро ки баъзе сарояндаҳо зери мусиқӣ мехонанд намешавад суруд гуфт. Гапҳои кӯчабозориро зери мусиқӣ иҷро кардан набояд суруд ном дошта бошад. Номи муносибтаре барои он шояд ҳарзасароист. Ҷумлаҳои берабту низом, ки бо лаҳҷа ва дағалу нофорам иҷро шудаву бӯйе аз вазну қофия набурдаанд. Азбаски дар таҳхонаи шоубизнеси тоҷик аз ин “чормағзҳои пуч” ғарам-ғарам хобидаасту ҳамвора ҷувол-ҷувол аз ин ҳарзаҳо ба он илова мешавад, тасмим гирифтем онҳоро ба бахшҳо ҷудо карда, ба баҳсу баррасӣ кашем...

🔥 6😁 6👎 2 1
نمایش همه...
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид

Рӯзи 11‑уми май дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи намунавӣ” ҷамъбаст гардид ва ғолибон муайян шуданд. Шоҳҷоизаи озмуни “Оилаи намунавӣ”‑ро оилаи Оқилбой Гадоев аз шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд ба даст овард.

🎉 6👍 1
نمایش همه...
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж

Аксбардори тоҷик Самир Афардӣ ба намоиши корҳои эҷодии худ дар Ҳамоиши байнулмилалии расонаҳои “Диалог Культур” (Муколамаи Фарҳангҳо) омодагӣ мегирад. Ҳамоиш аз 22 то 25 май дар толорҳои Эрмитаж дар Санкт-Петербург баргузор мешавад.

👍 5 1
🫥Дар Душанбе як духтари хурдсол фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард Рӯзи 10 май як сокини пойтахт Таманно Ҷамиловаи 22-сола бар асари бориши шадид ва роҳбандӣ натавонистааст сари вақт ба таваллудхона биравад. Сафармоҳ Саидова, модари Таманно ба «Азия-Плюс» гуфт, ҳоло духтару наберааш худро хуб ҳис мекунанд ва рӯзҳои наздик аз бемористон ҷавоб хоҳанд шуд. Бо ❤️ бошед: Telegram
نمایش همه...
25👍 8😁 8🤣 4🔥 2
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом Дар роҳи мошингарди Хуҷанд-Конибодом бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда рух дод, ронандаи воситаи нақлиёт ва 2 мусофир ба ҳалокат расиданд. Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, соати 20:30 дақиқаи рӯзи 12 май ба шуъбаи навбатдории Кумита хабар расидааст, ки дар қитъаи роҳи мошингарди Хуҷанд-Конибодм дар ҷамоати Лоҳутӣ садамаи нақлиёти марговар рух додааст.
“Вақте ки имдодгарон ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешаванд, маълум мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Toyota Avensus», сокини 40-солаи шаҳри Исфара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат меравад ва ба автомашинаи тамғаи «Lexus» бармехӯрад, ки дар натиҷа ронанда ва ду мусофир дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - зикр мегардад дар хабар.
Гуфта мешавад, имдодгарон ҷасадҳоро аз дохили автомашина берун оварда, ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар ба ронандагон хотиррасон менамояд, ки зимни ҳаракат қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бахусус реҷаи суръатро қатъиян риоя кунанд. Бо ❤️ бошед: Telegram
نمایش همه...
😢 13👍 6
نمایش همه...
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард

Сергей Шойгу, ҳамакнун собиқ вазири дифои Русия ва яке аз ёрони наздики Владимир Путин, раиси ҷумҳур, баъди истеъфои кобинаи ҳукумати ин кишвар, дигарбора ба курсии вазири дифоъ таъин нашуд. Ҷойи ӯро дар ин маснад Андрей Белоусов гирифт. 

👍 3
نمایش همه...
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?

Ба муносибати 79-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ғалаба ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз 10 то зиёда аз 6 ҳазору 800 доллар кӯмакпулӣ тақдим гардид.

👍 7
نمایش همه...
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард

Пас аз мусобиқа дар Душанбе (“Dushanbe Grand Slam 2024”) ҷудокорони тоҷик боз дар як мусобиқаи ин силсилаи Тоскулоҳи бузург” дар шаҳри Остонаи Қазоқистон - «Qazaqstan Barysy Grand Slam 2024» ширкат варзиданд.

👍 9 1