Fabrizio Romano TJ
رفتن به کانال در Telegram
#Футбол 🇹🇯 ⚽️ Бузургтарин ҷомеаи мухлисони тоҷикзабони футболи ҷаҳон. 📰 Хабарҳои футбол ва навгониҳои бозори трансферро зуд ва боэътимод пешкаш мекунем. Владелец: @iamabde7
نمایش بیشترکشور مشخص نشده استدسته بندی مشخص نشده است
960
مشترکین
اطلاعاتی وجود ندارد24 ساعت
-107 روز
-3830 روز
آرشیو پست ها
🚨Ян Диоманде ҳоло ҳам ба «Реал Мадрид» нагузаштааст!
Дирӯз Фабритсио Романо хабар дода буд, ки Ян Диоманде ба «Реал Мадрид» мегузарад. Аммо имрӯз вазъият дигар шуд.
«РБ Лейпсиг» имрӯз акси Ян Диомандеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард. Ҳамзамон, рӯзноманигорон Флориан Плеттенберг ва Дэвид Орнштейн хабар медиҳанд, ки интиқол ҳанӯз анҷом наёфтааст. Байни «Реал Мадрид» ва «РБ Лейпсиг» ҳоло ҳам баъзе ҷузъиёти муҳим ҳал нашудаанд ва созишномаи ниҳоӣ то ҳол ба имзо нарасидааст. Аз ин рӯ, то ин лаҳза Диоманде расман бозигари «Реал Мадрид» нест.
🚨 «Кристал Пэлас» оромона ба яке аз беҳтарин клубҳои Аврупо дар кашфи истеъдодҳо, рушди онҳо ва фурӯши саривақтӣ табдил ёфтааст. 🦅💰
🔸 Эберечи Эзе: дар синни 22-солагӣ бо 18 млн евро харидорӣ шуд ва ба «Арсенал» бо 70 млн евро фурӯхта шуд. 🏴 🔸
Максанс Лакруа: дар синни 24-солагӣ бо 18 млн евро харидорӣ шуд ва ба «Челси» бо 62 млн евро фурӯхта шуд.
🇫🇷 🔸 Аарон Ван-Биссака: хатмкардаи академияи клуб буд ва ба «Манчестер Юнайтед» бо 55 млн евро фурӯхта шуд.
🇨🇩 🔸 Майкл Олисе: дар синни 19-солагӣ бо 9 млн евро харидорӣ шуд ва ба «Бавария» бо 53 млн евро фурӯхта шуд. 🇫🇷
📈 Ҳамагӣ сармоягузорӣ: 45 млн евро.
💰 Ҳамагӣ даромад аз фурӯш: 240 млн евро.
👏 Сиёсати аълои селексия, рушди босифати бозигарон ва идоракунии молиявии сатҳи олӣ.
+1
🚨🔵 Ҳам Ҷордан Ҳендерсон ва ҳам Дэнни Уэлбек барои гузаштан ба «Челси» омодаанд.
📝 Шартҳои шахсӣ бо ҳар ду бозигар аллакай баррасӣ шудаанд ва мушкиле вуҷуд надорад.
🔹 Ҳендерсон «Брентфорд»-ро ҳамчун бозигари озод тарк мекунад.
🔹 Барои трансфери Уэлбек бошад, айни замон байни клубҳо гуфтушунид идома дорад
⚡️🇮🇹 Ҷон Стоунз ба «Интер» ҳамчун бозигари озод мегузарад!
📝 Шартнома барои 2 сол бо маоши тақрибан 4 миллион евро дар як мавсим. Гузоришҳо мегӯянд, ки созиш қариб пурра анҷом шудааст ва «Интер» аз рақибон пеш гузаштааст.
🇬🇧✅ Расмий: Харви Барнс бо «Нюкасл» шартномаи нави дарозмуддат имзо кард. Клуб ояндаи яке аз бозингарони калидии худро таъмин намуд ва ӯ ба ҳунарнамоӣ дар ҳайати «магпайс»-ҳо идома медиҳад.
🎙🤩Ҷарад Ромеро:
◀️ "Борнмут" барои фурӯши крупье беш аз 130 миллион евро талаб кардааст.
😬 Дар «Арсенал» ба Винисиус лозим меояд, ки ҳунари дӯстдоштаи худро фаромӯш кунад
🧨👶👀 ЭЛИ КРУПИ БА «БАРСЕЛОНА» МЕГУЗАРАД?!
🇪🇸 Ба иттилои Фабрицио Романо (⭐⭐⭐⭐⭐), «Барселона» фаъолияти ҳамлагари 20-солаи «Борнмут» Эли Крупи-ро бодиққат назорат дорад.
📝 Ин ҳамлагари фаронсавӣ барои клуб нақшаи «Б» ба ҳисоб меравад, агар гузариши Хулиан Алварес амалӣ нашавад. Дар айни замон, «Борнмут» мехоҳад бозигарашро нигоҳ дорад.
🤯 Эли Крупи ба яке аз кашфиётҳои бузурги мавсим табдил ёфт — ӯ дар нахустин мавсими худ дар Премйер-лигаи Англия, бо вуҷуди ҳамагӣ тақрибан 1600 дақиқа бозӣ, 13 гол ба самар расонд. 🔥
🔔 Голи 🇨🇻 Сидни Кабрала ба дарвозаи 🇦🇷Аргентина 🌟 беҳтарин голи 🌍 Ҷоми Ҷаҳон дар соли 2026 ҳисоб шуд! 🎁
⏳Оё ин гол воқеан арзанда буд! ❓
+1
🚨🔴⚪️ ИСТИСНОӢ: Аякс ба анҷоми қарордод барои ба даст овардани Толу Арокодаре ҳамчун ҳамлагари нав аз Вулвз наздик аст!
Созишномаи байни клубҳо дар бораи иҷора бо имкони харид ба маблағи каме бештар аз 20 миллион евро анҷом ёфт.
Аякс Толуро авлавият донист, манбаъҳои клуб тасдиқ мекунанд — ҳоло дар болои тафсилоти ниҳоӣ кор мебаранд.
⚡️РАСМӢ: Дарвозабони 20-сола Кит Маргетсон аз «Суонси Сити» ба «Манчестер Юнайтед» гузашт.
HERE WE GO
✅ Сантьяго Кастро аз «Болоня» ба «Рома» мегузарад.
💰 Маблағи трансфер: 35 миллион евро.
🚨 Фабрисио Романо:
🇺🇦 Артём Довбик ба «Болонья» аз «Рома» мегузарад — Here We Go!
🔴🔵
📝 Созишнома ба шакли ичора то тобистони соли 2027 анҷом шудааст. �
🚨💣 Винисиус Жуниор намехоҳад ба «Арсенал» гузарад. 🤍🇧🇷
Ситораи бразилӣ мехоҳад дар «Реал Мадрид» бимонад ва худи клуб низ қатъиян ният дорад бо ӯ шартномаи нав ба имзо расонад.
Винисиус ҳеҷ нияте надорад, ки дар ҷараёни музокироти тамдиди шартнома мушкил эҷод кунад. Ӯ пурра ба идомаи фаъолияти худ дар варзишгоҳи «Сантьяго Бернабеу» содиқ аст.
⚡️😳🇫🇷 Ферран метавонад ба «ПСЖ» гузарад?!
‼️ SPORT (⭐️⭐️): Пас аз он ки гузариши Ян Диоманде амалӣ нашуд, «ПСЖ» таваҷҷуҳи худро ба Ферран Торрес равона кардааст.
🎯 Ҳоло қаҳрамони Фаронса мехоҳад ҳамлагари испании «Барселона»-ро ба ҳайат ҷалб кунад. Дар ҳамин ҳол, Ян Диоманде ҳамагӣ як қадам то гузариш ба «Реал Мадрид» мондааст.
Трансферҳои Реал то ин дам
Барселона бошад танҳо бо Адейами ва Гордон ва Алварес ки 2 моҳ шуд ҳеҷ дарак нест😒
Ба ақидаи шумо Барселона киҳоро харад дар ҳимоя ва ҳамла⁉️
❌ Пирло бинобар робитаҳояш бо Русия сармураббии тими миллии Италия намешавад.
🗣 Андреа Пирло гуфт:
«Шаби гузашта фаҳмидам, ки дигар сармураббии тими миллии Италия намешавам.»
✅ Ба далели ин қарор, президенти Федератсияи футболи Италия (FIGC), Паоло Малдини, ният дорад ҳамагӣ пас аз ду ҳафтаи таъйин шуданаш аз вазифаи директори техникии тими миллии Италия истеъфо диҳад.
🚨🇲🇦 Фабрисио Романо:
«Манчестер Сити» музокироти мустақимро бо «Лилл» барои харидани нимҳимоятгари ҷавон Айюб Буадди идома медиҳад.
Гуфтушунидҳо ҳам бо худи бозигар ва ҳам бо клуб идома доранд. «Манчестер Сити» ҳоло ҷиддитарин довталаби Буадди мебошад.
Қарори ниҳоӣ бояд гирифта шавад: Айюб Буадди ё ҳамин тобистон ба «Сити» мепайвандад, ё интиқолаш барои моҳи июни соли 2027 анҷом дода мешавад. 🩵🔛
✅ РАСМАН: Славко Винчич ба корномаи доварии худ нуқта гузошт!
Охирин бозии ӯ ин финали Ҷоми ҷаҳон 2026 Испания муқобили Аргентина (1-0) буд.
