Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ir al canal en Telegram
Саҳифаи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомонаи расмӣ https://maorif.tj Гурӯҳи расмӣ дар Facebook https://www.facebook.com/groups/maorif.tj
Mostrar más1 432
Suscriptores
Sin datos24 horas
-97 días
-1730 días
Archivo de publicaciones
Марҳилаи нави рушди саноат - бунёди 7 корхонаи азими саноатӣ дар вилояти Суғд
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd
Repost from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
+4
9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо намояндагони се ширкати калонтарини металлургии Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти рушди саноати металлургияи сиёҳ, истеҳсоли семент, оҳак, шиша ва татбиқи технологияҳои муосир баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо чунин ширкатҳои пешсафи ҷаҳон, аз ҷумла корхонаи ММС Капитал Энҷиниринг ва Ресорс Ин Корпорейшн, имкон фароҳам меорад, ки дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти металлургияи сиёҳ, семент ва оҳаку шиша бо технологияҳои муосир рушд намояд, содироти маҳсулоти саноат афзоиш ёбад, ҷойҳои корӣ муҳайё гарданд ва рақобатпазирии саноати миллӣ баланд бардошта шавад.#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Repost from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
+9
9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар мулоқот намуданд.
Дар оғози мулоқот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазъи соҳаи металлургияи сиёҳ дар минтақа ва ҷаҳон, имрӯзу ояндаи ин соҳа дар Тоҷикистон, нақшаҳои бунёдкории Комбинати металлургии тоҷик ва саҳмгузории он дар рушди иқтисоди миллии кишвар гузориш дода шуд. Тавре зикр гардид, бо татбиқи нақшаҳои кунунӣ ва ояндаи ин комбинат доир ба сохтмони корхонаҳои металлургӣ, семент, оҳак, шиша, кошину серанит ва дигар масолеҳи сохтмонию саноатӣ нақши ин гурӯҳи соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ дар рушди низоми истеҳсолоти ивазкунандаи воридот дар Тоҷикистон ва густариши иқтидори содиротии он барҷаста хоҳад буд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба сохтмони яке аз муҳимтарин иншооти саноатии кишвар - корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани Ҷамъияти саҳомии “Комбинати металлургии Тоҷик” иброз доштанд, ки бунёди ин иншоот сохтмони танҳо як корхона нест, балки оғози марҳалаи нави рушди саноати маъдан ва гузоштани заминаи металлургияи миллии Тоҷикистон мебошад. Сарвари давлат металлургияи сиёҳро дар рушду пешрафти соҳаҳои саноат, сохтмон, нақлиёт, энергетика, инчунин, рушди инфрасохтори логистика ва боркашонӣ муҳим арзёбӣ намуданд.#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
#ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи намояндагони васоити ахбори омма мерасонад, ки 10 июли соли 2026, соати 09:00, дар толори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи А. Адҳамов-11/2 нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм баргузор мегардад.Намояндагони ВАО метавонанд барои пешниҳоди саволҳо ба Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм (227-37-06, 988-68-76-08, press@maorif.tj) муроҷиат намоянд.
Моро ҳамроҳ бошед.Facebook | Telegram | Maorif.tj | Instagram
+5
Дар доираи иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2026-2030 оид ба амалисозии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор мулоқоту вохӯриҳои фаҳмондадиҳиро бо кормандони соҳаи маориф, махсусан занону бонувон, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор намуд.
****
В рамках реализации соответствующих пунктов Плана мероприятий на 2026–2030 годы по выполнению Национальной стратегии активизации роли женщин в Республике Таджикистан Министерство образования и науки Республики Таджикистан организовало ряд разъяснительных встреч и бесед с работниками сферы образования, особенно с женщинами, в городах и районах республики.
Муфассал дар пайванди зер
https://www.facebook.com/share/p/17rq4q5Mta/
Моро ҳамроҳ бошед.Facebook | Telegram | Maorif.tj | Instagram
Repost from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
+9
9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан ба бунёди корхонаи истеҳсоли семент ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи оҳак ба таври фосилавӣ оғоз бахшиданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҶСП Комбинати металлургии Тоҷик тасмим гирифтааст, ки дар ҳудуди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли сементро то соли 2029 сохта ва ба истифода диҳад.Дар рафти ба амал баровардани корҳои сохтмонӣ беш аз 1200 сокини маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб карда шуда, пас аз ба истифода додани корхона зиёда аз 850 ҷойи нави корӣ барои сокинони маҳаллӣ фароҳам оварда мешаванд. Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Комбинати металлургии тоҷик тасмим гирифтааст, ки то соли 2029 дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар наздикии кони оҳаки Сафедсанг, ҳамчунин корхонаи муосири истеҳсоли оҳакро бунёд ва мавриди истифода қарор диҳад.Тибқи лоиҳа, иншооти нав дар майдони 10 гектар сохта шуда, маблағгузорӣ ва роҳандозии он аз ҷониби худи ҶСП Комбинати металлургии Тоҷик анҷом дода мешавад.#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Repost from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
+9
9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП Комбинати металлургии тоҷик дидан намуданд.
Тибқи нақшаи сохтмонӣ корҳои сохтмонии корхонаи мазкур дар ду марҳила ҷараён мегирад: Марҳилаи аввал 1 апрели соли 2025 оғоз гардида буд. Дар ин марҳила истеҳсоли консентрати оҳан ва окатиш ба роҳ монда мешавад ва он моҳи сентябри соли 2027 ба анҷом хоҳад расид. Марҳилаи дуюм бошад, соли 2029 ба итмом расонида шуда, дар ҷараёни он истеҳсоли брикетҳои оҳанини Fe-90%, блюмс ва арматура ба роҳ монда мешавад. Корхонаи мазкур дар дохили кони маъдани оҳани Шоҳқадам бунёд меёбад.#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
+6
8 июли соли 2026 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии сол-2026» оғоз гардид.
****
8 июля 2026 года в Республиканском институте повышения квалификации и переподготовки работников сферы образования стартовал региональный этап республиканского конкурса «Воспитатель года – 2026».
Муфассал дар пайванди зер
https://www.facebook.com/share/p/1GaEPx1QKr/
Моро ҳамроҳ бошед.Facebook | Telegram | Maorif.tj | Instagram
Лаҳзаҳо аз боздиди кории Пешвои миллат аз шаҳри Хуҷанд
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd
Намоиши дастранҷи кишоварзони н. Бобоҷон Ғафуров
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd
Лаҳзаҳо аз боздиди кории Пешвои миллат аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd
Repost from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
+9
8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сайри Суғдро мавриди истифода қарор доданд.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҳадафи рушди саноат ва истеҳсоли маҳсулоти ивакунандаи воридот аз ҷониби бародарон Умаровҳо сохта шудааст. Дар корхонаи тозабунёд дар як моҳ бо ҷалби зиёда аз 100 коргари маҳаллӣ 35 намуди маҳсулот, аз ҷумла 250 мошини хурди барқӣ, 15 ҳазор дучарха ва 30 ҳазор бозичаҳои гуногун истеҳсол карда мешавад, ки 70 фоизи маҳсулоти тайёри корхона ба хориҷи кишвар содирот мегардад. Биноҳои асосӣ ва коргоҳҳои механикӣ, кафшергарӣ, банду баст ва рангу бор, ки дар масоҳати 12 ҳазору 500 метри мураббаъ бунёд ёфтааст, бо занҷираи ягонаи истеҳсолӣ ва дастгоҳу технологияи насли нав пайваст карда шуда, он то анҷоми корҳои истеҳсолӣ ба таври автоматӣ ба ҳаракат меояд.#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Repost from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
+6
8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои маъмурии Суди вилояти Суғд ба таври фосилавӣ фаъолияти чор иншооти муҳими истеҳсоливу хизматрасониро оғоз бахшиданд.
Дар натиҷаи мавриди истифода қарор гирифтани ин чор иншоот дар маҷмӯъ 100 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бунёди чунин иншооти истеҳсоливу хизматрасонӣ омили муҳими рушди саноат, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум буда, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад.#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Repost from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
+9
8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурии Суди вилояти Суғдро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд.
Иншоот дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои мақомоти судӣ ва ба талаботи муосири соҳа ҷавобгӯ сохта шудааст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар бинои маъмурии Суди вилояти Суғд, ҳамчунин Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва Суди иқтисодии вилояти Суғд ҷойгир карда шудаанд.#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Repost from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
+8
8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои соҳаи аграрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.
Дар ин намоиш маҳсули дастранҷи деҳқонону заминдорони ноҳия, аз ҷумла ғалладонагӣ, сабзавоту полезӣ, меваҳои тару тоза, маҳсулоти боғдорӣ ва дигар навъҳои маҳсулот ба маъраз гузошта шуда буд. Зимни боздид ба сатҳу сифати маҳсулот, истифодаи самараноки замин, татбиқи технологияҳои муосир ва афзоиши ҳаҷми истеҳсол таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Сарвари давлат заҳмати деҳқононро шоиста арзёбӣ намуда, барои боз ҳам рушд додани соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, таъмини бозор бо маҳсулоти босифати ватанӣ ва саҳмгузорӣ дар амнияти озуқавории кишвар ба масъулон дастуру тавсияҳо доданд.#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Repost from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
+9
8 июл бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маъмурии Маркази солимгардонии Соҳили Унҷӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Маркази солимгардонии Соҳили Унҷӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Абдуллоев бунёд гардида, барои қабули беморон бо 50 ҳуҷра, 100 ҷойи хоб ва 30 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст. Ифтитоҳи иншооти мазкур боз як қадами муҳим дар самти рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ арзёбӣ мегардад. Сарвари давлат зимни боздид аз шароити фароҳамшуда ба сифати корҳои сохтмонӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ ва имкониятҳои хизматрасонии марказ баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкоронро намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Repost from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
+7
8 июл зимни сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти таъйиноти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва саноатиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Зимни муаррифии иншооти мазкур дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати густариши корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру тавсияҳо доданд.#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Repost from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
+9
8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти коргоҳи нави истеҳсоли орд барои макарон дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ирода Инвест» расман оғоз бахшиданд.
Коргоҳи нав бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори коркарди то 200 тонна гандумро дар як шабонарӯз дорад. Дар корхона бинои осёб бо таҷҳизоти пурраи коркарди гандум, анбори нигоҳдории ашёи хом бо ғунҷоиши 600 тонна ва анбори нигоҳдории маҳсулоти тайёр мавҷуд мебошад. Таъкид гардид, ки орд дар ин ҷо асосан, аз гандуми навъи дурум омода гардида, барои истеҳсоли макарон, хамираи питса, баъзе навъҳои нон, самбӯса ва дигар маҳсулоте истифода мешавад, ки устуворӣ ва сифати баланди хамирро талаб мекунанд. Ба роҳ мондани чунин истеҳсолот имкон медиҳад, ки талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ бештар таъмин гардид.#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
