ПАНДХОИ БУЗУРГОН.
Ir al canal en Telegram
ДАР ИН САҲИФА ПАНДУ НАСИҲАТҲОИ БУЗУРГОН, АЗ ҲАДИСҲО ВА ДУЪОҲОИ МУБОРАК ГУЗОШТА МЕШАВАД!!! "ҲАР КӢ Н-ОМӮХТ АЗ ГУЗАШТИ РӮЗГОР, НИЗ Н-ОМӮЗАД ЗИ ҲЕҶ ОМӮЗГОР!!!". БА МО БОШЕД ВА ДӮСТОНАТОНРО ҲАМ БА ИН САҲИФА ТАКЛИФ НАМОЕД!!! https://t.me/boost
Mostrar más1 122
Suscriptores
-224 horas
-37 días
-230 días
Archivo de publicaciones
1 122
МАКТУБИ МОДАРИ ФАВТИДА.
Хар мохе чавонмард баьди гирифтани маьош як кисми онро ба модараш, ки
бо бародари хурдиаш мезист, мефиристод.
Хамсараш, ки зани боимон ва хушахлоке буд, хар мох уро рузи маьош мепурсид- ое ба модарам ( хушдоманам) пул фиристодй?
Чавонмард чавоб мегуфт- бале, фиристодам ва е мегуфт:- хайрият, ки ба хотирам овардй.Хозир мефиристам.
Хамсари мард одати хубе дошт, ки хар хафта агар модарро хабар гирифта наметавонистанд, кариб 1соат бо телефон уро ахволпурсй мекарданд.
Онхо ба модар хар мох пул мефиристоданд, хол онки худашон хам эхтиеч ба хона доштанд ва солхо буд, ки барои харидани хона маблаг чамь мекарданд.
Солхо гузаштанд.
Акнун модар дигар дар кайди хает набуд.
Баьди дафни модар , чавонмард 3руз дар хонаи модар истода, акнун мехост ба назди хамсараш баргардад.
Пеш аз баргаштанаш бародари хурдй ба у лифофаи ( конверт)гафсеро дод.Гуфт, ки инро модарам барои шумо гузоштааст, то дар хона бо хамсаратон кушоед .
Дар хона мард лифофаро назди хамсараш кушод.Даруни лифофа як микдор пул ва мактубе буд, ки бо дасти модараш навишташуда буд.
Мактуб чунин буд:-
Писарчонам ! Агар ту ин мактубро хонда истода бошй, пас ман дигар зинда нестам.Рахмати илохй доимо бо ту ва хамсарат бод, ки бо вучуди эхтиеч доштанатон ба пулхо барои харидани хона ба ман писар ва келини хубе будед ва маро хар мох кумак мекардед.
Хамсари ту инсони ботарбияе хаст, ки туро доимо оиди кумак кардан ба ман бохабар мекард. Маро хамчун модари худ дониста , хар хафта занг зада, аз ахволам пурсон мешуд. Ман дуо мекунам ва орзу мекунам, ки фарзандони шумо низ мисли шумо боимону хушахлок тарбия ебанд, нисбати падару модарашон гамхор бошанд ва эхтиромашон намоянд.
Пулхое, ки ту ин солхо равон мекардй, ман сарф накарда, нигох медоштам.Писари хурдй, ки бо ман буд, аз даромади у истифода мекардем ва гох- гохе барои харчи хона аз микдори каме аз пулхои ту мегирифтем.
Ман тилловорихои худро фурухта, маблаги онхоро болои ин пулхои ту низ гузоштам.
Рузе, ки ин мактубро навишта истодаам, ман 40.000 $ - чил хазор доллар чамь кардаам.Намедонам, ки чанд рузи дигар зинда мемонам ва чанд микдор пули дигар чамь мекунам.
Умед дорам, ки ин маблаг ва маблаги чамькардаи шумо барои харидани хона ба шумо басандагй мекунад.
Писарчонам ! Ман туро дуст медорам.Баьди фавти ман бародарат , хамсарат ва фарзандонатро хуб нигохубин намо ва эхтиромашонро ба чо ор.
Нагузор, ки ба сабаби пулу мол байни шумо ихтилоф ва е фитнае сар занад.
Дуо мекунам, ки фарзандони ту , чи хеле ки ту маро дуст медоштй ва эхтиром мекардй, туро низ дуст доранд ва эхтиром намоянд.
Чавонмард мактуби модарро ба синааш пахш карда, сахт гирист.Хамсараш низ бо чашми гирен дар канори у нишаст ва уро огуш намуд.
Тамоми ин солхо писар гумон иекард, ки ба модараш кумак мекунад.Вале модар кумаки уро сарф накарда, нигох дошта аст, то инки дар оянда бо ин маблагхо писари у ва
наберагонаш сохиби хонаи шахсй гарданд.
Модар хонаи онхоро надид, вале гамхорй ва кумаки у ба писараш имкон дод, ки бекарз сохиби хонаи худаш гардад.
Дар лифофа маблаге буд, ки барои харидани хона ба онхо намерасид.
Вале писар акнун розй буд, ки хамин 40.000 долларро бидихад ва имруз боре садои модарашро бишнавад ва уро ба огуш гирифта, бо чашми гирен бигуяд :-
РАХ,МАТ, МОДАРЧ,ОООН !
Вале..
Падару модаронро, ки холо дар кайди хаетанд ва шумо ба чашмони онхо нигариста, сухани миннатдории худро гуфта метавонед, эхтиром ва гамхорй намоед.
Зеро ин имконият дар муддати кутохе аз дастамон меравад.
1 122
Ассалому алайкум, субҳ ба хайр азизони дил
Бигзор ин субҳи зебо оғози рӯзи пур аз файзу баракат бошад.
Худованд дилҳоятонро ором, хонадонатонро обод ва қадамҳоятонро муборак гардонад.
Рӯзатон пур аз шодӣ, меҳр ва хушхабар бошад!
1 122
АССАЛОМУ АЛАЙКУМ
ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗАМ
СУБҲИ ЗЕБОИ ЯКШАНБЕЯТОН ПУР АЗ ШОДӢ ФАЙЗУ БАРАКАТ БОШАД
БИГЗОР ИН РӮЗИ ЗЕБО БО ФАЙЗУ БАРАКАТ ОҒОЗ ЁФТА, ҚАЛБАТОН САРШОРИ ИМОНУ УМЕД, ХОНАДОНАТОН ПУР АЗ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ШОДИВУ ХУРСАНДӢ, ЧЕҲРААТОН ҲАМЕША НУРОНӢ БОШАД.
ХУДОВАНДИ МУТАЪОЛ РӮЗГОРАТОНРО ОСУДА, РИЗҚАТОНРО ФАРОВОН ВА ҲАР ҚАДАМАТОНРО БА СӮИ ХАЙРУ НЕКӢ РАҲНАМО СОЗАД.
РӮЗИ ИСТИРОҲАТАТОН ХУШУ ГУВОРО, ПУРМАЗМУН ВА ХОТИРМОН ГУЗАРАД.
1 122
Аз номи ман ба номи ҷавонӣ салом гӯ,
Бар он азизи сабзнишонӣ салом гӯ.
Бар офтоби лаълваши тоқи азрақӣ,
Бар шаҳнигини тоҷи каёнӣ салом гӯ.
Борон чакиду боғу чаман бӯсамаст шуд,
Бар хоки масти бӯсаситонӣ салом гӯ.
Бар он ки санги бухлу ҳасад мезанад ба мо,
Нав – нав бибар паёми амонӣ салом гӯ.
Ишқ аст аввали ману ишқ аст охирам,
Бар аввалу ҳамешаву сонӣ салом гӯ.
Мо меравему баъд ба асри сиву чиҳил,
Аз номи мо, агар битавонӣ салом гӯ.
Аз номи ман ба нағзтарин одами ҷаҳон,
Бар худ, аё ҳабиби ниҳонӣ, салом гӯ.
ФАРЗОНАИ ХУҶАНДӢ
1 122
Ассалому алайкум, ҳамватанон ва ҳамзабонони азиз!
Субҳи якшанбе муборак бод!
Бигзор ин рӯзи зебо бо файзу баракат оғоз ёфта, қалбатон саршори имону умед, хонадонатон пур аз меҳру муҳаббат ва шодиву хурсандӣ, чеҳраатон ҳамеша нуронӣ бошад.
Худованд рӯзгоратонро осуда, ризқатонро фаровон ва ҳар қадаматонро ба сӯи хайру некӣ раҳнамо созад.
Рӯзи истироҳататон хушу гуворо, пурмазмун ва хотирмон гузарад!
1 122
Эй пардаи дар парда, бингар, ки
чиҳо кардӣ?
Дил бурдиву ҷон бурдӣ, ин ҷо чӣ
раҳо кардӣ?
Хуршеди ҷаҳонӣ ту, султони шаҳонӣ
ту,
Беҳушии ҷонӣ ту, гирам, ки ҷафо
кардӣ.
Ҳам оқибат, эй султон, бурдӣ ҳамаро
меҳмон,
Дар бахшишу дар эҳсон ҳоҷот раво
кардӣ.
Як тоифаро, эй ҷон, маншури хато
додӣ,
Як қофиларо ногаҳ асҳоби сафо
кардӣ.
Осори фалакҳоро аҷзои замин
кардӣ,
Аҷзои заминҳоро дар лутфи само
кардӣ.
Пас ман зи чӣ бишносам аз чарх
заминҳоро?
Чун қоида бишкастӣ в-аз дард
даво кардӣ.
МАВЛОНО
1 122
Дил чун мутеъ гашт, чароғи назар шавад,
Фарзанди нек ҷойнишини падар шавад.
Нахле, ки бор надод, шавад боғбон кабоб,
Хун мехўрад падар чу писар беҳунар шавад.
Сўи муҳит дўш давидам зи ташнагӣ
Обе наёфтам, ки лаби коса тар шавад.
Берун намекунад зи қафас тўтии маро,
Гар хони рўзгор пур аз найшакар шавад.
Ашкам зи дида пой бар рўям ниҳодааст,
Ин тифл рафта-рафта худобехабар шавад.
Акси рухи ту зинда кунад ҷони мурдаро,
Тарсам, ки рўҳи оинаҳоро хабар шавад.
Хат ҳам дамиду фитнаи он чашм кам нашуд,
Золим чу пир гашт, ситамгортар шавад.
Гар боғбон умеди самар аз ниҳол нест,
Нахле, ки солхўрда шавад, борвар шавад.
Эй Сайидо, чӣ суд аз ин кимёгарӣ,
Толеъ агар мадад бикунад, хок зар шавад.
САЙИДОИ НАСАФӢ
https://t.me/+EBHjsit90ocyZDIy
1 122
ГАМХОРЙ Ё ДАХОЛАТИ НОДУРУСТ.
Дар нохияе ду нафар ч,авонон, ки ба якдигар дил баста буданд,издивоч карданд.Рузхои аввали зиндагияшон бо мехру мухаббат ва эхтироми якдигар мегузашт.
Аммо баьди арусро хабаргирии наздиконаш , махсус аммаи у , вазь тагьир ефт.Аммааш ба арус фахмонд, ки вай бояд кавиирода бошад, факат шавхарро гуш кунад, аммо батамом уро хам итоат накунад, зеро шавхар аз худ меравад.
Боз арус новобаста аз хохиши шавхараш баромада дар мансабе кор кунад, зеро зан гулом нест, ки дар хона шинад ва ба ахли хонаводаи шавхар хидмат кунад.
Хусуру хушдоман ва дигар наздиконро бошад, тамоман ахмият надихад, зеро ин ба ухдаи арус нест.Дар ин хонадон худро хамчун хучаин гирад ва агар касе ба у зид барояд, пас уро тахкирхо намояд.Ана баьд бо ин рох арус ояндаи неки худро таьмин хохад кард ва хама амру хохишхои уро ичро хоханд кард ва у маликаи ин хонадон хохад гашт.
Дере нагузашта ин хонадон ба чанчолхона табдил ефт.Хусуру хушдоман ва шавхар тагьиротхои манфии келинро дида , чанд бор уро огох карданд оиди кору борхояш ва аз у эхтирому итоатро хохиш карданд, аммо келин аз якравй руй намегардонд ва дигар ба хохишхои хусуру хушдоман ахмият намедод.Шавхарро низ ахвол чунин буд ва мухаббаташ нисбати арусаш руз ба руз кам мешуд.
Келин мехост, ки хама уро итоат намоянд ва у худ хеч касро.
Рузе баьди чанчоли навбатй келин кахр карда ба хонаашон рафт.Кушиши тарафи домод барои мусолиха натичае надод.
Аммаи арус аз тарафи домод талаб кард, ки бояд барои арус хонаи алохида, чудо аз падару модар гиранд, вагарна онхо чудо мешаванд.
Хама хомуш буданд ва хеч кас гап хам намезад.
Тарафи домод гуфт, ки онхо алхол ба ин шарт омода нестанд.Бояд чанд муддате якчоя зиндагй кард ва сабр намуд.
Аммо аммаи арус хамаи инро рад кард.
Хамин тавр ин оила низ дар арафаи пошхурй карор гирифт..
Баьзехо мегуянд , ки аммаи арус аз руи ГАМХОРЙ нисбати арус ин корро кардааст ва кораш дуруст АСТ !
Баьзехо мегуянд- ин дахолати аблахона ва хатто гайриконунй ва гайришарьй ба оилахои чавон АСТ ва он кори нодуруст ва гунох АСТ!
Фикри хонандагони гиромй ва маслихаташон оиди ин мавзуъ чист ?!
