cookie

Utilizamos cookies para mejorar tu experiencia de navegación. Al hacer clic en "Aceptar todo", aceptas el uso de cookies.

avatar

ТОҶИКОНИ ҶАҲОН

ТОҶИКОНИ ҶАҲОН * JAHON TOJIKLARI * TAJIKS OF THE WORLD * تاجیکان جهان КАНАЛИ ИЛМӢ, АДАБӢ ВА ФАРҲАНГӢ, ИНЧУНИН КАНАЛИ МАРКАЗИИ ТОҶИКОНИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ШАБАКАИ ТЕЛЕГРАМ

Mostrar más
Publicaciones publicitarias
1 036
Suscriptores
-224 horas
+147 días
+6730 días

Carga de datos en curso...

Tasa de crecimiento de suscriptores

Carga de datos en curso...

Photo unavailableShow in Telegram
‌ همچو خورشید به عالم، نظری ما را بس نَفَسِ گرم و دلِ پُرشرری ما را بس خنده در گلشنِ گیتی به گُل ارزانی باد! همچو شبنم به جهان، چشمِ تری ما را بس گر چه دانم که میسر نشود روزِ وصال در شبِ هجر، امیدِ سحری ما را بس اگر از دیده‌ی کوته‌نظران افتادیم نیست غم، صحبتِ صاحب‌نظری ما را بس در جهانی که نباشد ز کسی نام و نشان قدسی از گفته‌ی شیوا، اثری ما را بس ▪️قدسی مشهدی Ҳамчу хуршед ба олам назаре моро бас, Нафаси гарму дили пуршараре моро бас. Ханда дар гулшани гетӣ ба гул арзонӣ бод, Ҳамчу шабнам ба ҷаҳон чашми таре моро бас. Гарчи донам, ки муяссар нашавад рӯзи висол, Нест ғам, сӯҳбати соҳибназаре моро бас. Дар ҷаҳоне, ки набошад зи касе ному нишон, Қудсӣ, аз гуфтаи шево асаре моро бас. #Қудсии_Машҳадӣ
Mostrar todo...
4
00:21
Video unavailableShow in Telegram
ДУРУДИ СУБҲ Эй азизон, дар саҳаргоҳи умед, Бод равшан сӯятон роҳи умед. Бод Ҷоми Ҷам субӯҳии шумо, Баски аз авлоди Доруву Ҷамшед. Мардуми дунёст афзун дар шумор, Лек болотар аз ин бешу камед. Дар ватандорӣ расо аз Рустамед, Дар саховат бештар аз Ҳотамед. Эй азизоне, ки бо ман меҳрубон, Ҳамдиледу ҳамнишоту ҳамғамед. Чун гули субҳи баҳорон бардамед. Чун насими субҳ сӯи мо вазед. Дар дили худ гарчи дар дунёи дун, Бар ҳазору як алам як оламед. Бо нигоҳи гарму хуршедии хеш, Захми хуншори диламро марҳамед. Нек бодо рӯзатон дар рӯзгор, Сӯи бахту сӯи даргоҳи умед. ШАҲРИЯ https://t.me/jahonitojikon_group
Mostrar todo...
2.47 MB
👍 3 2
Mostrar todo...
Лутфия - Салом азизам.mp39.68 MB
5👍 1
Photo unavailableShow in Telegram
Mostrar todo...
👍 4
Табъи духтар нозук андар ин ҳама давру замон, Мисли ору шира чинад ӯ зи гулҳои ҷаҳон. Ширааш заҳр аст, аммо заҳри қотил нест, нест, Ҳосилаш шаҳд аст,шаҳд андар забони одамон. *** Ман аз майи ошиқона мастам, ҳастам, Оташкададору бутпарастам, ҳастам. Хайёми бузург, навбат аз мо имрӯз, Дар кӯйи вафо камар бубастам, ҳастам. *** Гар номаи омоли ту буд бад ё нек, Ман бар сухани ту меҳри беҳад бастам. Гар соғару май будат насибу рӯзӣ, Ворис манам, он пиёладорат ҳастам. Маҳзун мабош, ки ворисе нест туро, Ман соҳиби мулку ошёнат ҳастам. *** Чашми дил нам мекашад, амвоҷи дарёҳо куҷост? Меҳри модар бо ҷигарбанд аст, ӯ аммо куҷост? Сарнагун дунёи дуну ҳар кӣ мекобад дар он Ношукур аз ҷаннати дунё, ба саҳроҳо, куҷост?! Орзуманди рухи чун марҳами ҷони ғамин, Оби чашмам мекашонад сӯи дарёҳо, куҷост? Карда афтода ғами ҳиҷрони ӯ, андар ватан Кӯҳи ҳиммат коҳ шуд, он маъдани дилҳо куҷост? Аз бари шаҳномахонон, аз макони Суғдиён Дурри ғалтон ҳар куҷо шуд, нури чашми мо куҷост? Боғбони он ниҳоли сабз будему расид, Шуд паранда, пар кашид, имрӯз боғи Амрикост? #Дилбар_УЗОҚОВА
Mostrar todo...
👍 10
Photo unavailableShow in Telegram
НАВБАТ АЗ МО ИМРӮЗ ДИЛБАР УЗОҚОВА - зодаи Самарқанд аст. Ӯ соли 1949 дар деҳаи Тайлоқ таваллуд шудааст. Соли 1967 дар шӯъбаи шабонаи Донишгохи Омӯзгории Самарқанд ба таҳсил оғоз намуд. Дилбар Узоқова дар роҳи пур аз пасту баландиҳои зиндагӣ бо субот ва шукр қадам мегузорад ва гоҳо қалам ба даст мегираду машғули эҷод мешавад. Бигзор, ӯ нависад. Зеро эҷодкорӣ ба синну сол вобаста нест.
Mostrar todo...
👏 6
🎤Tolibjon Isroilov https://t.me/Tolibjon_Isroilov
Mostrar todo...
baste.mp37.24 MB
👍 1
Photo unavailableShow in Telegram
🌸 سخت به ذوق می‌دهد باد به بوستان نشان 🌸 صبح دمید و روز شد خیز و چراغ وا نشان. Сахт ба завқ медиҳад боғ ба бӯстон нишон Субҳ дамиду рӯз шуд,, хезу чароғ вонишон. 🪷🌼🌺🌻🌸🌞🍃
Mostrar todo...
🥰 2
Дод аз дурӯяҳо! Аз ин ҷаҳон дилмон шудам, Дар ҳасратам пинҳон шудам. Чун орзуҳо шуд сароб, Дур аз чунин ёрон шудам. Бар даст бигрифта қалам, Аз доғи дил нолон шудам . Андеша кардам аз қалам, Аз гуфтанаш тарсон шудам. Дасте биомад сӯи ман, Аз ёриаш шодон шудам. Шояд,ки аз зулмат равам, Як меҳрро ҷӯён шудам. Ишқе буд андар шоирӣ, Бар боғи ӯ меҳмон шудам . Чанде бигуфта байтҳо, Бар доми бадхоҳон шудам. Ҳайҳот,андар нимароҳ, Қурбони бадбинон шудам. Аз ғайбату ҳам фитнаҳо, Кӣ неку бад, ҳайрон шудам . Аз мардуми зишту дурӯ, Хуниндилу гирён шудам. Аз ёру аз ағёр дур, Безори номардон шудам . Афришта андар зоҳиранд, Шайтониро хандон шудам . Чун рӯбаҳе бас ҳилагар, Побанди найрангон шудам. Бар роҳи рост андар ҳарос, Ҳайрони ин даврон шудам. Чун бӯи гул дар барги гул Чун Махфие пинҳон шудам. Махфӣ чӣ аз рашки падар, Бар ҳоли ӯ гирён шудам. Сад бор нопайдову гум Аз шарти бадхоҳон шудам. Аз ғайбати иғвогарон Дар байтҳо пинҳон шудам. Раҳме ба ҳолам кун,Худо, Дилгир аз ин даврон шудам. ЛУТФИЯ БАҲРОНОВАИ БУХОРӢ 07. 04.2024
Mostrar todo...
👍 21
Photo unavailableShow in Telegram
📖📚☀️ Гурӯҳи тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии Бухоро аз нав таъсис шуд. Ба гурӯҳи забон ва адабиёти тоҷик 25 нафар (10-нафар бо грант ва 15 нафар бо қарордод (шартнома) қабул карда мешавад. Ҳуҷҷатҳои довталабон то 20 июл бояд дастрас гардад. Guröhi tojiki dar Donishgohi davlatii Buxoro az nav ta’sis shud. Ba guröhi zabon va adabiyoti tojik 25 nafar (10-nafar bo grant va 15 nafar bo qarordod (shartnoma) qabul karda meshavad. Hujjathoi dovtalabon to 20 iyul boyad dastras gardad. https://t.me/jahonitojikon
Mostrar todo...
👏 19👍 10
Elige un Plan Diferente

Tu plan actual sólo permite el análisis de 5 canales. Para obtener más, elige otro plan.