cookie

Utilizamos cookies para mejorar tu experiencia de navegación. Al hacer clic en "Aceptar todo", aceptas el uso de cookies.

avatar

САРГУЗАШТИ РАСУЛУЛЛОҲ, Саллаллоhу Ъалайhи Васаллам

Publicaciones publicitarias
389
Suscriptores
-224 horas
-137 días
-7730 días

Carga de datos en curso...

Tasa de crecimiento de suscriptores

Carga de datos en curso...

Repost from N/a
Photo unavailableShow in Telegram
Яке аз хаймаҳои хоҳари асир сӯхта буд Аллҳамдулиллаҳ бо кумаки Аллоҳи Мутаъол нав харидем Аллоҳи Мутаъол аз мо қабул гардонад .амин кумаки моли ва  ҷони кунем  ва таблиғ кунем ва дигаронро ба ҳамроҳшавӣ ташвиқ кунем!❗️ ☎️ Тамос барои кумак🔰 ☎️Обращайтесь за помощью🔰 Админ: @Jihodi_Moli
Mostrar todo...
👍 1
Mostrar todo...
ℤ𝔸ℕ𝕆ℕ𝕀 𝕊𝔸𝕃𝔸𝔽🌷

🌷𐌺ᥲнᥲ᧘ᥙ δᥱд᧐ρᥙ δᥲρ᧐ᥙ ᧐н ᤋᥲн᧐нᥱ, κᥙ ᴛ᧐ ҳ᧐᧘ дᥲρ ғᥲɸ᧘ᥲᴛ уⲙρ δᥲ ᥴᥲρ ⲙᥱδᥲρᥲнд, ʙᥲ д᧐нᥙᥴᴛᥲ ё нᥲд᧐нᥙᥴᴛᥲ дᥲρ δᥲρ᥊ᥱ ᥲᤋ ⲙᥲᥴ᧐ᥙ᧘ ⲙуρᴛᥲκᥙδᥙ κуɸρ ⲙᥱɯᥲʙᥲнд.. Ин ɯᥲ А᧘᧘᧐ҳ дᥲρ ᥙн κᥲнᥲ᧘ @ᤁᥲᥒ᧐ᥒi_sᥲᥣᥲf ᥲҳκ᧐ⲙᥙ А᧘᧘᧐ҳ ʙᥲ ρᥲᥴу᧘ᥲɯﷺ δᥲ нᥲɯρ ᴦуᤋ᧐ɯᴛᥲ ⲙᥱɯᥲʙᥲд.

Repost from N/a
🔺 Рафтор дар вақти рӯза 🔺 عن جابر رضي الله عنه قال: «إذَا صُمْتَ فَلْيَصُمْ سَمْعُك وَبَصَرُك وَلِسَانُك عَنِ الْكَذِبِ وَالْمَآثِمِ، وَدَعْ أَذَى الْخَادِمِ، ولْيَكُنْ عَلَيْك وَقَارٌ وَسَكِينَةٌ يَوْمَ صِيَامِكَ، وَلاَ تَجْعَلْ يَوْمَ فِطْرِكَ وَيَوْمَ صِيَامِكَ سَوَاءً» المصنف لابن أبي شيبة(8973). Аз Ҷабир радияллоҳу ривоят аст, ки ӯ гуфт: «Вақте ту раза мегири пас бигузор «рузагирад» шунавоият, ва бинишат, ва забонат аз дурӯғ ва маъсият. Ба ходимат озор макун, дар рӯзи рӯзаат ором ва ҷиддӣ бош. Ва бигузор баробар набошад рӯзе, ки рӯза медори ва рӯзе, ки рӯза намедори. «Мусаннаф Ибн Аби Шейба», 9873 📌صَام - сиём, савм рузадоштан (صَامَ - يَصُومُ - صُمْ - صِيَامٌ) 📌سَمْعٌ - сомеъа, шунавоӣ 📌بَصَرٌ - биниш, басират 📌لِسَانٌ - забон, лисон 📌كَذِبٌ - кизб дуруғ 📌مَآثِمٌ - гуноҳо, маъсият 📌وَدَعَ - гузоштан, мондан (وَدَعَ - يَدَعُ - دَعْ - وَضْعٌ) 📌أذَى - бадӣ, азият 📌 خَادِمٌ - (хизамгор) ходимй 📌وَقَارٌ - виқор, арзиш 📌سَكِينَةٌ - (ороми (сакина #ҳадисҳодаррамазон
Mostrar todo...
👍 2 1
Photo unavailableShow in Telegram
📌Имрӯз бештар аз ҳар чизе ба тавба ниёзмандем , ба тавбаи насуҳ , чаро ки Уммат имрӯз ғарқ дар гуноҳон шудааст ва ин гуноҳон монеъе нусрат ҳастанд. شیخ ناصر الفهد فک الله اسره
Mostrar todo...
Photo unavailableShow in Telegram
💡 #ФАЗИЛАТИ РУЗАДОРИ 💡 🍃• Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Шахсе, ки фаромӯш карда таом хӯрд ва об нушид дар ҳоле, ки рӯза дошт, пас рӯзаи худро (то ифтор давом дода) тамом кунад, ба дурусти Аллоҳ ӯро об ва таом додааст». 📚Ривояти Бухорӣ ва Муслим
Mostrar todo...
УМАР (РЗ) ПАЙҒАМБАРРО (С) РОЗӢ МЕКУНАД Пайғамбар (с) назр карда буд, як моҳи тамом аз занони худ дурӣ гирад. Рӯзи охири ин моҳ, ки муддати назри пайғамбар (с) ба поён расида буд, мусалмонон дар масҷид дар андеша буданд ва бо якдигар мегуфтанд: «Пайғамбар (с) занони худро талоқ дод.». Ва аз ин бобат ғамгин буданд. Осори ғам дар чеҳраҳояшон ошкор буд. Умар (рз) аз миёна бархосту ба тарафи иқоматгоҳи пайғамбар (с) рафт ва ба Риёҳ - ғуломи ӯ нидо дод, ки аз пайғамбар (с) иҷозат бихоҳад. Сипас Риёҳро нигаристан гирифт. Мехост бидонад пайғамбар (с) чи ҷавоб гуфтааст. Вапе Риёҳ чизе нагуфт. Умар (рз) бидонист, ки пайғамбар (с) иҷозат надодааст. Умар (рз) бори дигар нидо дод ва Риёҳ ҷавоб надод. Умар (рз) фарёд бароварду гуфт: «Барои ман аз пайғамбар (с) иҷозат бигир. Гӯё гумон мекунад, ки ман барои гуфтугӯ дар бораи Ҳафса (рэ) омадаам. Ба Худо, агар фармон бидиқад, гардани ӯро хоҳам зад.». Пайғамбар (с) иҷозат дод. Умар (рз) дохил шуду нишаст ва ба атрофи худ нигаристу бигрист. Муҳаммад (с) гуфт: «Чаро гиря мекунӣ?». Гиряи Умар (рз) барои он буд, ки дид пайғамбар (с) бар рӯи бурё хуфта ва осори бурё дар паҳлуяш намудор аст ва дар анбор чизе ҷуз як мушт ҷаву як мушт қирт ва як пӯст, ки ба девор овехта буданд, чизе набуд. Вақте Умар (рз) сабаби гиряи худро бигуфт, Муҳаммад (с) бо ӯ дар бораи зуҳду гузаштан аз ҷаҳон сухан гуфту оромаш сохт. Пас аз он Умар (рз) гуфт: «Кори занонро бар худ сахт магир. Агар онҳоро талоқ додаӣ, Худо ва фариштагону Ҷабраилу Микоил ва ману Абубакру (рз) муъминон бо туем.». Сипас бо пайғамбар (с) гуфтугӯ кард, то хашмаш фурӯ нишасту бихандид. Вақте Умар (рз) корро бад-ин гуна дид, вазъи мусалмононро, ки дар масҷид буданд, нақл кард ва гуфт, ки мегӯянд: «Пайғамбар (с) занони худро талоқ додаст.». Вақте пайғамбар (с) гуфт, ки занони худро талоқ надодааст, Умар (рз) иҷозат хост, ки ин матлабро бо касоне, ки дар масҷид мунтазири бозгашти вай буданд, бигӯяд. Ва аз пеши пайғамбар (с) поин омаду дар масҷид фарёд зад: «Пайғамбар (с) занони худро талоқ надодааст.». Ва ин ояҳо дар бораи ин достон фуруд омад: «Эй пайғамбар, чаро барои ҷалби ризояти занони худ чизеро, ки Худо ҳалол карда, ҳаром мекунӣ ва Худо бахшанда ва меҳрубон аст. Худованд барои шумо кушодани қисмҳоро муқаррар дошт (то аз қайди он озод шавед) ва Худо соҳиби ихтиёри шумост ва ӯ доно ва ҳаким аст. Ҳангоме ки пайғамбар бо баъзе занони худ сухане маҳрамона гуфт ва ҳамин ки (дигаронро) аз он хабар дод ва Худо пайғамбарро огоҳ сохт, қисмате аз онро бо зани худ гуфт ва аз қисмати дигар чашм пӯшид, вақте онро ба зани худ иттилоъ дод, (занаш) гуфт: «Чи касе инро ба ту хабар дод?». Гуфт: Эй пайғамбар, чаро он чизеро ҳаром мекунӣ, ки Худо барои ту ҳалол гардонидааст, (ва бо ин кор) хушнудии занони худро металабӣ? Ва Худо Омурзгори Меҳрубон аст. Ба дурустӣ ки Худо барои шумо (роҳи) кушодани савгандҳоятонро муҳаррар кардааст. Ва Худо Корсози шумо аст. Ва У Донои Боҳикмат аст. Ва чун пайғамбар ба яке аз занони худ пинҳон суханеро гуфт, пас, чун (он зан) он суханро ифшо кард ва Худо пайғамбарро бар он огоҳ сохт, пайғамбар (он занро) ба баъзеи он сухан шиносо кард ва аз баъзе худдорӣ кард. Ва вақте ки ӯро аз он хабардор кард, он зан гуфт: «Кй туро аз ин хабар дод?». Фармуд: «Худои Донои Хабардор маро хабар дод.». Агар шумо - ду зан, ба сӯи Худо тавба кунед, (хуш бошад), ба дурустӣ ки дилҳои шумо каҷ шудааст. Ва агар ба ранҷонидани Пайғамбар бо ҳам иттифоқ кунед, пас, ҳамоно Худо Корсози ӯст; ва низ Ҷабраил ва мардуми шоиста аз муъминон ва фариштагон баъд аз ин мададгоранд. Агар (пайғамбар) шуморо талоқ диҳад, шояд, ки Парвардигораш барои ӯ занони дигари беҳтар аз шумо, мусулмонон, муъминон, дуокунандагон, тавбакунанда-гон, ибодаткунандагон, рӯзадорандагон, шавҳардидагон ва духтарон ба иваз диҳад.» (Сураи Таҳрим, ояҳои 1-5). Ҳамин тавр, ин ҳодиса хотима ёфт ва занони пайғамбар (с) аз ғафлат ба худ омаданд ва пайғамбар (с) пеши онҳо баргашту оромиши хонаводагии ӯ, ки ҳар кас барои адои вазифаҳои худ бад-он ниёзманд аст, таҷдид гардид. https://play.google.com/store/apps/details?id=bek.tj.zindagoniimuhammad
Mostrar todo...
ЗИНДАГОНИИ МУҲАММАД(С) ҶИЛДИ 2 - Apps on Google Play

Biduni internet istifoda bared

ДУРӢ ГИРИФТАНИ ПАЙҒАМБАР (С) АЗ ЗАНОНИ ХУД Муҳаммад (с) як моҳи тамом аз занони худ дурӣ гирифт ва бо ҳеҷ кас дар ин бора сухан нагуфт. Касе ҷуръат надошт, ки дар ин бора бо ӯ сухан оғоз кунад. Дар ин муддат дар он хусус андеша мекард, ки чӣ гуна исломро дар хориҷ аз ҳудуди Арабистон паҳн созад, Миёни мусалмонон овоза шуда буд, ки пайғамбар (с) ҳамсарони худро талоқ додааст. Ҳамсарони пайғамбар дар ин муддат парешону пушаймон буданд, ки чаро дар натиҷаи рашку рақобат ин шавҳари меҳрубонро, ки барои онҳо ба ҷои ҳама касу ҳама чиз буд, озор доданд. Муҳаммад (с) бештар вақти худро дар як анбор ба сар мебурд ва ҳангоме ки дар он ҷо буд, ғуломаш Риёҳ бар остони дар менишаст. Муҳаммад (с) ба воситаи як танаи хурмо ба анбор мерафт, зеро зинапоя надошт. https://play.google.com/store/apps/details?id=bek.tj.zindagoniimuhammad
Mostrar todo...
ЗИНДАГОНИИ МУҲАММАД(С) ҶИЛДИ 2 - Apps on Google Play

Biduni internet istifoda bared

👍 1
НИЗОИ ҚАМСАРОНИ ПАЙҒАМБАР (С) Пайғамбар (с) ба баъзе аз ҳамсарони худ бештар аз баъзе дигар муҳаббату таваҷҷуҳ дошт. Барои ин низоъҳое миёни онҳо рух медод. Як бор доманаи он то он ҷо кашида шуд, ки пайғамбар (с) мақсад гузошт, ки баъзе аз онҳоро талоқ диҳад. Вале онҳо вайро озод гузоштанд, ки мақоми ҳар кадомро мехоҳад, аз дигаре болотар гузорад. Вақте Мория (рз) Иброҳимро бизод, рашку ҳасади онҳо барангехта шуд. Мулоимату мадорои Муҳаммад (с) нисбат ба ҳамсарони худ ва манзалате, ки бад-онҳо бахшида буд, дар ибрози рақобат ҷасурашон сохта буд ва аз ҳадди худ мегузаштанд. Муҳаммад (с) марде бекор набуд, ки вақти худро ба гуфтугӯҳои занона талаф кунад. Аз ин рӯ, ночор буд гӯшмоле ба онҳо бидиҳад, то ҳадди худро бишносанду ӯро осуда гузоранд, то вазифаҳои рисолати худро анҷом диҳад. Ибтидо дар назар гирифт аз онҳо дурӣ гирад ва бад-ин восита таҳдидашон кунад. Агар фаҳмиданду ислоҳ шуданд, чи беҳтар, вагарна ҳаққашонро бипардозаду талоқашон бидиҳад. https://play.google.com/store/apps/details?id=bek.tj.zindagoniimuhammad
Mostrar todo...
ЗИНДАГОНИИ МУҲАММАД(С) ҶИЛДИ 2 - Apps on Google Play

Biduni internet istifoda bared

👍 1
ДУХТАРИ ҶАҲШ ВА ОИША (РЗ) Зиёдаравии занони пайғамбар ба ҷое расид, ки як рӯз Зайнаб (рз) - духтари Ҷаҳшро пеши пайғамбар (с) фиристоданд. Дар он ҳангом пайғамбар (с) пеши Оиша (рз) буд. Зайнаб (рз) бад-ӯ гуфт, ки миёни занони худ ба адолат рафтор намекунад ва ба воситаи муҳаббате, ки ба Оиша (рз) дорад, бад-онҳо ситам мекунад, магар барои ҳар зане як рӯзу як шаб аз вақти худро таъйин накарда буд? Вале ҳангоме ки Савда (рз) дид пайғамбар (с) бад-ӯ таваҷҷуҳе надорад, барои ҷалби ризояти ӯ рӯзу шаби худро ба пайғамбар (с) бахшид. Зайнаб (рз) танҳо ба ин қисмат иқтифо накард, балки дар бораи Оиша (рз) низ суханона гуфт, ки Оиша (рз) ба андешаи муҳофизат баромад, вале пайғамбар (с) бад-ӯ ишора мекард, ки хомӯш бимонад. Бад-ин тартиб, ҳаяҷони ӯро сабук мвкард, валв Зайнаб (рз) зиёдаравӣ кард ва дар бораи Оиша (рз) носазо гуфт. Пайғамбар (с) ночор шуд Ҳумайрои (Оиша) худро вогузорад, ки худро дифоъ кунад. Оиша (рз) дар ҷавоби Зайнаб (рз) суханоне гуфт, ки ӯро мағлуб сохт. Пайғамбар (с) хушҳол шуд ва аз забоноварии духтари Абубакр (рз) дар ҳайрат монд. https://play.google.com/store/apps/details?id=bek.tj.zindagoniimuhammad
Mostrar todo...
ЗИНДАГОНИИ МУҲАММАД(С) ҶИЛДИ 2 - Apps on Google Play

Biduni internet istifoda bared

ҲАМСАРОНИ ПАЙҒАМБАР ЗАБОН ЯК МЕКУНАНД Занони пайғамбар корро ба ҷое расониданд, ки бар зидди ӯ тавтиа ё худ забон як мекарданд. Пайғамбар (с) вақте аз намози аср бармегашт, бар манзили занони худ мегузашт ва ба онҳо суҳбат мекард. Як рӯз, мутобиқи як ривоят, ба манзили Ҳафса (рз) рафт ва ба ривояти дигар ба манзили Зайнаб (рз)- духтари Ҷаҳш даромаду дар он ҷо бештар аз одат монд. Ин кор рақобати ҳамсаронашро барангехт. Оиша (рз) гӯяд: «Ману Ҳафса (рз) бо ҳам қарор гузоштем, ки пайғамбар (с) пеши ҳар яки мо омад, ба ӯ бигӯем: «Бӯи мағофир медиҳӣ, магар мағофир хӯрдаӣ?». Мағофир чизе ширин буд, ки бӯи зананда ва бад дошт ва пайғамбар (с) аз бӯи зананда нафрат дошт. Пайғамбар (с) пеши яке аз онҳо рафт ва ин суханро шунид ва ҷавоб дод: «Дар манзили Зайнаб (рз) асал хӯрдам ва дигар нахоҳам хӯрд.». Савда (рз), ки бо Оиша (рз) ҳамдастон шуда буд, нақл кард, ки вақте пайғамбар (с) бад-ӯ наздик шуд, гуфт: «Магар мағофир хӯрдӣ?». Пайғамбар (с) гуфт: «На.». Савда (рз) гуфт: «Пас ин бӯи зананда чист?». Пайғамбар (с) гуфт: Ҳафса (с) (?-Бояд «Зайнаб» (рз) бошад. -А.Р.) шарбати асал ба ман нӯшонид.». Савда (рз) гуфт: «Қатъан занбури асал бар дарахти мағофир нишаста, ки асал бӯи мағофир медиҳад,». Пас аз он пайғамбар (с) пеши Оиша (рз) рафт ва ҳамин суханро шунид. Сипас пеши Сафия (рз) рафт. Сафия (рз) низ сухани онҳоро такрор кард. Пайғамбар (с) асалро бар худ ҳаром сохт. Вақте чунин кард, Савда (рз) гуфт: «Ба Худо, асалро ҳаром кардем.». Оиша (рз) нигоҳи маънидоре бад-ӯ карду гуфт: «Хомӯш бош!». Вақте пайғамбар(с) манзалати ҳамсарони худро то ин ҳад боло бурд, дар сурате ки онҳо низ монанди дигар занони араб буданд ва пеш аз он ҳаққи дахолат ва чуну чаро дар кори мард надоштанд, табиӣ буд, ки дар истифода аз озодии худ зиёдаравӣ мекарданд ва бо пайғамбар (с) ба гуфтугӯву муноқиша бармехостанд, ба ҳадде ки тамоми рӯз дар ҳоли ғазаб ба сар мебурд. Борҳо иттифоқ меафтод, ки робитаҳои худро бо баъзе аз онҳо қатъ мекард, то мадору мулоимати вай зиёдаравии онҳоро бештар накунаду дар натиҷаи рақобату рашк аз ҳудуди адаб хориҷ нашаванд. https://play.google.com/store/apps/details?id=bek.tj.zindagoniimuhammad
Mostrar todo...
ЗИНДАГОНИИ МУҲАММАД(С) ҶИЛДИ 2 - Apps on Google Play

Biduni internet istifoda bared

Elige un Plan Diferente

Tu plan actual sólo permite el análisis de 5 canales. Para obtener más, elige otro plan.