cookie

Utilizamos cookies para mejorar tu experiencia de navegación. Al hacer clic en "Aceptar todo", aceptas el uso de cookies.

avatar

☘️«Илқо»☘️

Гувоҳи медиҳам ба ин ки нест маъбуде барҳақ ба ҷуз Аллоҳ, ва гувоҳи медиҳам ба ин ки Муҳаммад (ﷺ) банда ва фиристодаи Ӯст. Дар ин канал метавонед, заруроти Диниро пайдо кунед, Ин Шаа Аллоҳ. Руйхати каналҳои мо. https://t.me/ILQO_10_22/4

Mostrar más
Publicaciones publicitarias
1 124
Suscriptores
-324 horas
-67 días
-3230 días
Distribuciones de tiempo de publicación

Carga de datos en curso...

Find out who reads your channel

This graph will show you who besides your subscribers reads your channel and learn about other sources of traffic.
Views Sources
Análisis de publicación
MensajesVistas
Acciones
Ver dinámicas
01
Media files
500Loading...
02
بسم الله الرحمن الرحيم🌼 Ас саламу ъалайкум ва раҳматуллаҳи ва баракатуҳ . Бародар ва хоҳарони муваҳиддам! дар саҳифаҳои худ нашр кунед, ва ба дустонатон фиристед, то хоҳарони мо аз илми Тавҳид ва дигар улум огоҳ шаванд, ва садақае бошад, барои мо ва шумо.....Ин Шаа Аллоҳ. 🤲 Баракаллоҳу фикум ... ✍ https://t.me/ILQO_10_22
690Loading...
03
Media files
811Loading...
04
Media files
800Loading...
05
📌 Ҳикмате аз бузургон
760Loading...
06
ДАР СУРАТ: хунравй дар холигии майна ин як патологияи хеле ҷиддӣ аст. ба бемор бояд фавран ёрии тиббй расонад. вагарна хуни ба холигии майна рехташуда фишори дохилиро зиёд карда, дар навбати худ боиси вайрон шудани бофтаи асаб мегардад.
550Loading...
07
📌РӮДАИ ҒАВС Дар акс ҳолати ногувори рӯдаи ғавс мушоҳида мешавад ки аз сабаби зиёд истифода бурдани нушокиҳои спирти, қабзияти давомнок пайдо шуда аст.
680Loading...
08
Имом Исмоили Шайбонии Ханафӣ (629 ҳ.к) дар баёни ақидаи аҳли ҳақ мегуяд: ✅ ---------------------------------------------------------------------------------------------- "قال أهل الحق: إن الله تعالى متعال عن المكان، غير متمكن في مكان، ولا متحيز إلى جهة خلافا للكرّاميّة والمجسمة وغلاة الروافض فإنهم يقولون: إنه تعالى على العرش، تعالى الله عن ذلك علوا كبيرا. «Аҳли ҳақ мегуянд: Аллоҳ Таъоло аз макон пок аст, дар маконе мутамаккин нест, ба сӯи ҷиҳат ва тарафе мутаҳаййиз (ҷойгирифта) нест, бар хилофи Карромия ва Муҷассима ва рофизиҳои олӣ (ифротӣ), зеро онҳо мегуянд: Худо бар Арш аст (зотан), Аллоҳи баландмартабаву бузург аз ин чиз пок аст» ---------------------------------------------------------------------------------------------- (Шарҳи ақидаи Taҳoвӣ Исмоили Шайбонӣ, саҳ: 21)📚. #Далел 〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰 🌐Присоединяйтесь  @alhanafiya ✓
560Loading...
09
Шайхул Ислом Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалони (773-852) дар зери ҳадиси нузул, ки таҳти рақами 1145 аст, мефармояд:✅ ----------------------------------------------------------------------- قَوْلُهُ ﷺ (يَنْزِلُ رَبُّنَا إِلَى السَّمَاءِ الدُّنْيَا) اسْتَدَلَّ بِهِ مَنْ أَثْبَتَ الْجِهَةَ وَقَالَ: هِيَ جِهَة الْعُلُوّ، وَأنكر ذَلِك الْجُمْهُور لِأَنَّ الْقَوْلَ بِذَلِكَ يُفْضِي إِلَى التَّحَيُّزِ، تَعَالَى اللَّهُ عَنْ ذَلِكَ. Ва қавли Паёмбар ﷺ «(Яанзилу) парвардигори мо ба осмони дунё» : баъзеҳо ин ҳадисро ҳамчун далел интихобот карда ва барои Аллоҳ ҷиҳат собит мекарданд ва мегуянд инҳам ҷиҳати ъулув (боло) аст, ва ин истидлоли онҳоро ҷумҳури уламо инкор карданд, зеро ин сухан инсонро ба эътиқоде меорад, ки Аллоҳ мутаҳаййиз (ҷойгир) аст (дар ҷой ва маконе), Аллоҳ поку муназзаҳ аст, аз он чи ки ба ӯ нисбат медиҳанд. ----------------------------------------------- «Фатҳул Бори Шарҳи Саҳеҳул Бухори» ҳадис 1154 📚. #Далел 〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰 🌐Присоединяйтесь  @alhanafiya ✓
550Loading...
10
Имом Абуҳанифа (раҳ) тавре, ки дар фиқҳ ва масоили он ба унвони як имом ва муҷтаҳид ва дар мавриди осор ва ривоёт ба сифати як ҳофиз шинохта мешуд, ҳамчунон дар бархе аз масоили улуми ҳадис ороъ ва назариёти хосе доштааст ва ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи уламои ҳадис қарор гирифтааст. Бинобар ин, ин масъаларо ба шакли як воқеият бипазирем, ки Имом Абуҳанифа (раҳ) на танҳо дар ҳадис ва улуми он ворид будааст, балки дар ин бахш ҳам метавон аз вай ба унвони як имом ва муҷтаҳид ёд кард. Ин буд чанд нуктае, ки ба унвони хулоса ва ё натиҷаи баҳс мавриди тазаккур қарор додем.
460Loading...
11
Ҳадиси мастур яке аз анвои маҷҳул ба шумор меравад, тавре, ки уламои ҷарҳ ва таъдил тасреҳ намудаанд, ки ҳар гоҳ аз ровӣ танҳо як нафар ривоят карда бошад ва аз тарафи ҳеҷ имоме мавриди таъдил қарор нагирифта бошад онро маҷҳул гуфта мешавад. Аммо агар ду нафар ва ё бештар аз ду нафар аз як ровӣ ривоят карда бошанд аммо аз тарафи ба сиқа будани он ҳукм нашуда бошад, он ровиро мастур гуфта мешавад. 1 ص: 408 Аммо назари Имом Абуҳанифа (раҳ) дар мавриди ровии мастур ин аст, ки бо васфи адами вуруди тавсиқ ва ё таъдили мушаххасе аз ҷумлаи ровиёни одил ба шумор меравад. Чунончи имом Сархасӣ мегўяд: الحسن عن أبی حنيفة أنه – أی المستور – بمنزلة العدل فی رواية الأخبار ؛ لثبوت العدالة له ظاهرا بالحديث عن رسول الله صلی الله علیه وسلم « المسلمون عدول بعضهم علی بعض » (9 ج 1 ص: 370). Яъне «бо таваҷҷуҳ ба ривояти Ҳасан аз Имом Абуҳанифа (раҳ) шахси мастур дар ривояти ахбор ва аҳодис ба асоси ин ҳадиси Паёмбар (с), ки «мусалмонон назди яке дигар одиланд», аз ҷумлаи ровиёни одил ба шумор меравад 4- Назари Имом Абуҳанифа (раҳ) дар мавриди ҳадиси мурсал: Ҳадиси мурсал таърифоти мутаадиде дорад, ва машҳуртарини он ин аст, ки тобеӣ аз Паёмбар (с) ривоят кунад ва дар мавриди ҳукми он аз лиҳози ҳуҷҷат будан ва ё набудан назароти мухталифе вуҷуд дорад. Ҷумҳури уламои ҳадис бар ин назаранд, ки мурсал аз ҷумлаи аҳодиси заиф ба шумор меравад . Аммо Имом Абуҳанифа (раҳ) ва бархе уламои дигари ҳадиси мурсалро ҳадиси саҳеҳ медонанд. Чунончи имом Нававӣ (раҳ) мегўяд: ثم المرسل حديث ضعيف عند جماهير المحدثين والشافعی ، وکثير من الفقهاء ، وأصحاب الأصول ، وقال مالک وأبو حنيفة فی طائفة صحيح » (14 ج 1 ص: 222- 223 Ин буд назароти Имом Абуҳанифа (раҳ) дар мавриди бархе масоили машҳури усули ҳадис, ки ба таври намуна иброз гардид. Ва бидуни шак бо мутолеаи орои дақиқ ва илмӣ дар ин масоил ва соири масоили дигар ин ҳақиқат возеҳ ва равшан мегардад, ки Имом Абуҳанифа (раҳ) на танҳо дар ҳадис ва улуми он ворид буда балки дар ин бахши муҳим ҳам метавон аз вай ба унвони як имом ва муҷтаҳид ёд кард. Хулосаи баҳс ва натиҷагирӣ. Натоиҷи ба даст омада аз ин мақола ба таври зайл аст: Маърифии чеҳраҳо ва шахсиятҳои таърихӣ ва мазҳабӣ дар ҳар аср ва замон, ба хотири рафтан ба як ояндаи мураффаҳ ва дурахшон, ояндае ки тамоми меъёрҳои инсонӣ ва фазоили ахлоқӣ монанди тақво ва диёнат, ухуват ва садоқат, исор ва фидокорӣ ва ғайра ҳукмфармо бошад амрест ниҳоят зарурӣ ва ҳаётӣ. Яке аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи Ислом Имом Абуҳанифа (раҳ) аст, ки бар иловаи инки Имом яке аз пурнуфузтарини мазоҳиби чоргонаи Аҳли Суннат ба шумор меравад, ҳамчунон дар соҳоти мухталифи илмӣ монанди фиқҳ, ҳадис ва амалӣ монанди ибодат, зуҳд ва парҳезгорӣ, гуфтани сухани ҳақ, ҳилм ва бурдборӣ ҳайсияти намунаро доштааст. Имом Абуҳанифа (раҳ) назар ба хусусияти аср ва шаҳре, ки дар он зиндагӣ мекард ва низ назар бар вижагиҳои худаш бар иловаи ҳифзи Қуръон, ҳадиси Паёмбар (с)-ро низ ҳифз намуда буд. Ҷойгоҳи Имом Абуҳанифа (раҳ)-ро дар ҳадис метавон аз касрат ва шуҳрати устодони вай дарк намуд, ки назар ба эҳсоияи Ҳофиз Музӣ ба 50 устод мерасад. Дар мавриди нубуғи Имом Абуҳанифа (раҳ) дар ҳадис далоил ва шавоҳиди зиёде вуҷуд дорад, ки умдатарини онҳо ҳамоно шаҳодат ва гувоҳии як теъдод уламо ва низ мавҷудияти масониди мутааддиде аст, ки зери унвони он аҳодис ва ривоёти Имом Абуҳанифаро ҷамъ карда шудааст. Оғози таваҷҷуҳ ва иҳтимоми Имом Абуҳанифа (раҳ) ба ҳадис аз соли садуми ҳиҷрӣ шуруъ шуда буд ва дар асари ин таваҷҷуҳ аҳодиси зиёдеро ҳам ҷамъ ва захира намуда буд, аммо назар ба шароити сахтгиронааш ва ё ба хотири машғулияташ дар истинботи масоил натавонист ба ривояти ҳадис таваҷҷуҳи бештареро маътуф созад. Аҳодиси Имом Абуҳанифаро бо васфи кам буданаш метавон аз манобеи машҳури ҳадис монанди Китобул осори Имом Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ ва низ китобҳои Имом Абуюсуф ва ҳамчунон китобҳое, ки ба унвони ҷомеул масонид ва ё муснади Имом Абуҳанифа таълиф шудааст, дарёфт кард. Дар мавриди масониде, ки ба тарафи аима мансуб шудааст бояд донист, ки ин масонид таълифи худи имомон набуда балки баъдҳо тавассути дигарон таълиф ва ҷамъоварӣ шудааст. Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
490Loading...
12
Маълумоти мухтасар дар бораи Имом Абӯҳанифа ( р а ) ⬇️
460Loading...
13
Дарси 93 📓Аз китоби «Лубоб Фи Шарҳил Китоб»  (Шарҳи Мухтасарул Қудурӣ). 🎙Шайх Юсуф Ханафӣ. https://t.me/Rizogi_Alloh_1223/1628
500Loading...
14
Media files
520Loading...
15
Дарси 92 📓Аз китоби «Лубоб Фи Шарҳил Китоб»  (Шарҳи Мухтасарул Қудурӣ). 🎙Шайх Юсуф Ханафӣ. https://t.me/Rizogi_Alloh_1223/1625
560Loading...
16
Дарси 91 📓Аз китоби «Лубоб Фи Шарҳил Китоб»  (Шарҳи Мухтасарул Қудурӣ). 🎙Шайх Юсуф Ханафӣ. https://t.me/Rizogi_Alloh_1223/1624
580Loading...
17
Дарси 94 📓Аз китоби «Лубоб Фи Шарҳил Китоб»  (Шарҳи Мухтасарул Қудурӣ). 🎙Шайх Юсуф Ханафӣ. https://t.me/Rizogi_Alloh_1223/1629
500Loading...
18
Media files
950Loading...
19
📌 БОБИ ИХЛОС ВА НИЯТ Ихлос дар ибодатҳо.
990Loading...
20
Media files
1140Loading...
21
✅ ИХЛОС ДАР ИБОДАТҲО. Тафсири ояти 5 - уми сураи Баййина, ва сураи Ҳаҷ ояти 37.
1070Loading...
22
📌Нишонаҳои норасоии оҳан дар организм ✅якбора паст шудани тобоварии бадан ✅хастагӣ ✅нохунҳои шикаста ✅ ранги пӯст парида ✅ҳатто аз машқҳои сабуки ҷисмонӣ нафас гирифтан душвор аст ✅парешонӣ ✅сардиҳои зуд-зуд ✅Апатия ✅дарди сахти мушакҳо https://t.me/tibbi_021 https://t.me/tibbi_022
850Loading...
23
📌Аҳамияти гардиши хун. Системаи узвҳои гардиши хуни одам дил ва рагҳои хунгардро дар бар мегирад . Дил ҳамчун узви марказӣ, кашиш мехӯрад ва хунро ба воситаи рагҳои хунгард ба тамоми сатҳи бадан мебарад. Дил ҳаракати доимии хунро таъмин мекунад. Дар ҳолати аз кор мондани дил марг зуд ба амал меояд, зеро маҳз бо кашишхӯрии дил хун ба ҳамаи бофтаҳо дохил шуда, ба онҳо оксиген ва моддаҳои ғизоӣ мебарад. Ҳаракати хунро дар рагҳои хунгард гардиши хун меноманд. https://t.me/tibbi_021 https://t.me/tibbi_022
770Loading...
24
                      Куфри Эътиқоди: ✅ ---------------------------------------------------------------------------------------------- Шайх Абдулғанӣ Нобулси дар мавриди куфри эътиқоди чунин мефармояд: قال الشيخ عبد الغني النابلسي: مَنْ اعْتَقَدَ أنَّ اللّٰهَ مَلَأَ السَّمٰوَاتِ وَالْأَرْضَ أَوْ أَنَّهُ جِسْمٌ قَاعِدٌ فَوْقَ العَرْشِ فَهُوَ كَافِرٌ وَإنْ زَعَمَ أَنَّهُ مُسْلِمٌ. Ҳар шахсе эътиқод кунад, ки Аллоҳ осмонҳо ва заминро пур кардааст бо зоти худ ( яъне агар гӯяд, ки Аллоҳ дар ҳаммаи маконҳо аст бо зоташ, ва ҳеҷ маконе холи аз зоти Аллоҳ нест) ё ин, ки гӯяд Аллоҳ ҷисм аст, ва бар болои арш нишаста аст, кофир шудааст, ҳарчанде, ки иддаъои мусалмони кунад. ---------------------------------------------------------------------------------------------- «Ан наҳҷул қавим мин мати сиротал мустақим» 📚. #Далел 〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰 🌐Присоединяйтесь  @alhanafiya ✓
830Loading...
25
8⃣ Мулло Алӣ Қорӣ رَحِمَهُ اللّٰهُ мефармояд : والحاصل: أنه سبحانه وتعالى خلق الأمكنة والأزمنة والأحوال المختلفة، وكان الله ولم يكن معه شيء، فالآن على ما كان... Ва Хулосаи калом ин аст, ки: Аллоҳ халқ кард маконҳоро, ва замоҳоро, ва аҳволи гуногунро, ва буд Аллоҳ дар ҳоле, ки ҳеҷ чиз бо ҳамроҳии ӯ набуд, ва алъон низ ҳаст чигунае, ки буд ( пеш аз халқи махлуқоташ)... وفـي «المواقـف»: أن الرب تعالى لو كان في جهة ومكان لـزم قدم المكان، وقد برهنا أن لا قديـم سـوى الله تعالى، وعليه الاتفاق... дар китоби «Ал Мавоқиф» чунин омадааст: Агар парвардигори оламиён дар ҷиҳат, ва маконе мебуд, пас лозим мешуд, ки макону ҷиҳат низ қадим бошанд, дар ҳоле, ки мо бо далол баён кардем, ки нест чизе қадим, ба ғайр аз Аллоҳ, ва ҳама бар ин иттифоқанд... «Завул-Маоли Шарҳи бад-ул - Амолӣ саҳ:33» 📚. #Далел #Алиқори #ҳанафи 〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰 🌐Присоединяйтесь  @alhanafiya ✓
660Loading...
26
📓 Дуои Атахиет ✅. التَّحِيَّاتُ لِلَّهِ، وَالصَّلَواتُ، وَالطَّيِّباتُ، السَّلاَمُ عَلَيْكَ أَيُّهَا النَّبِيُّ وَرَحْمَةُ اللَّهِ وَبَرَكَاتُهُ، السَّلاَمُ عَلَيْنَا وَعَلَى عِبَادِ اللَّهِ الصَّالِحِينَ. أَشْهَدُ أَنْ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ وَأَشْهَدُ أَنَّ مُحَمَّداً عَبْدُهُ وَرَسولُهُ. 📓 Фармонравоӣ муборак ва дуъоҳову накӯиҳо аз они Аллоҳ аст. Салому раҳмати Аллоҳ ва баракати Ӯ бар ту эй паёмбар! Салом бар мо ва ба бандагони накукори Аллоҳ. Гувоҳи медиҳам ба ин ки нест маъбуде барҳақ ба ҷуз Аллоҳ, ва гувоҳи медиҳам ба ин ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст. 〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰 🌐 Присоединяйтесь @alhanafiya ✓
600Loading...
27
Яъне Хаворазмӣ мегўяд: замоне, ки ман шунидам, ки бархе аз мардумони Шом қиллати ривояти Имом Абуҳанифаро (раҳ)-ро мавриди интиқод қарор медиҳанд ғайрати динӣ ва гароишам ба мазҳаби Имом Абуҳанифа маро водор сохт то китоберо дар иртиботи масонид, яъне аҳодиси ривояткардаи Имом таълиф намоям. Шинохти Имом Абуҳанифа (раҳ) дар мавриди аҳодиси носих ва мансух: Илм ва ё шинохти аҳодиси носих ва мансух яке аз муҳимтарин ва боарзиштарин масоили ҳадис ба шумор меравад ва бидуни шинохти он ҳеҷ фақиҳе фақеҳи комил шуда наметавонад. Бинобар ин яке аз арзандагиҳои Имом Абуҳанифа (раҳ) ин буд, ки дар баробари дигар фанҳо дар бахши ҳадиси носих ва мансух аз яди туле (дасти дарозе) бархудор буд, чунончи Абдуллоҳ ибни Юнус аз шогирди Имом Абуҳанифа (раҳ), Ҳасан ибни Солиҳ ривоят мекунад, ки: کان أبو حنيفة شديد الفحص عن الناسخ من الحديث والمنسوخ ، فيعمل بالحديث إذا ثبت عنده عن النبی صلی الله علیه وسلم وعن أصحابه ، وکان عارفا بحديث أهل الکوفة وفقه أهل الکوفة . . . وقال: کان يقول: إن لکتاب الله ناسخا ومنسوخا ، وکان حافظا لفعل رسول الله صلی الله عليه وسلم الأخير الذی قبض عليه مما وصل إلی بلده » (15ص: 131( Яъне «Имом Абуҳанифа дар мавриди аҳодиси носих ва мансух баррасӣ ва тафаҳҳуси зиёд менамуд ва ҳар ҳадисе, ки аз Паёмбар (с) ва ё асҳоб ба субут мерасид ба он амал менамуд, ва дар мавриди ҳадиси аҳли Куфа ва фиқҳи эшон маърифат ва илми комил дошт… ва Имом ин суханро ошкоро мегуфт, ки дар китоби Худо носих ва мансух вуҷуд дорад ва аз он афъоли охири Паёмбар, ки бар он вафот ёфта буд ва ба имом расида буд, огоҳии комил дошт. То инҷо ин ҳақиқат возеҳ гардид, ки Имом Абуҳанифа (раҳ) монанди Қуръони карим ба ҳадиси Паёмбар (с) ҳам, махсусан ҳадиси аҳком эътино ва таваҷҷуҳи зиёде намуда дар ҷиҳати ҳифз ва нигаҳдошт, шиносоии носих ва мансухи он аз ҳеҷ гуна саъй ва талош дареғ наварзидааст. Шояд аз натиҷаи ин баррасӣ баъзеҳо чунин тасаввур кунанд, ки Имом Абуҳанифа (раҳ) танҳо ба ҷавониби амалии ҳадис, ки аз он ба унвони ҳадиси аҳком ёд мекунанд, маърифат дошт, на қавоид ва улуми он ки аз он ба номи илми дироятул ҳадис ёд мекунанд. Бинобар ин ба ғарази дафъи ин иштибоҳ мехоҳам, ки ду намунаи кучак дар иртиботи шиносоии Имом ба илми қавоиди ҳадис ироа намуда мавриди баррасӣ қарор диҳам. Дидгоҳи Имом Абуҳанифа (раҳ) Перомуни бархе аз масоили мусталаҳ ва ё усули ҳадис. Имом Абуҳанифа (раҳ) тавре, ки дар фиқҳ ва масоили он ба унвони як имом ва муҷтаҳид оро ва назароти хоси худро дошт, ҳамчунон дар масоили улуми ҳадис ва ё усули он низ оро ва назариёти хосе доштааст, ки ҳамвора мавриди таваҷҷуҳ ва алоқаи уламои мусталаҳ қарор гирифтааст, ки аз он ҷумла ба таври намуна метавон чанд масъаларо зикр кард. 1- Шарти Имом Абуҳанифа (раҳ) дар ривояти ҳадис. Яке аз шурути Имом Абуҳанифа (раҳ) дар ривояти ҳадис бар иловаи одил ва зобит будан ин аст, ки ровии ҳадис бояд ривояташро ҳифз дошта бошад. Чунончи имом Ибни Салоҳ дар ин маврид мегўяд: شدد قوم فی الرواية فأفرطوا ، وتساهل فيها آخرون ففرطوا ومن التشدد مذهب من قال: لا حجة إلا فيما رواه الراوی من حفظه ، وذلک مروی عن مالک وأبی حنيفة » (11 ص: 185-186). Яъне «Гурўҳе аз ровиёни ҳадис дар боби ривоят аз ташаддуд ва ифрот кор гирифтанд ва гурўҳи дигаре дар ин росто аз тасоҳули беш аз ҳад кор гирифта муртакиби тафрит шуданд. Ва яке аз шеваҳои ифрот ва ё ташаддуд ин аст, ки дар ҳуҷҷут қарор додани ривояти як ровӣ ҳофиз будани вай шарт қарор дода шавад, тавре, ки аз Имом Молик ва Абуҳанифа чунин назар нақл шудааст. 2- Раъйи Имом Абуҳанифа (раҳ) дар мавриди ривояти мубтадиъ. Дар мавриди қабулият ва адами қабулияти ривояти аҳли бидъат ақволи мутааддид ва мухталифе вуҷуд дорад. Назари ҷумҳури уламои ҳадис ин аст, ки агар ровии мубтадиъ ва ё муттаҳам ба бидъат доъӣ ба тарафи бидъаташ набошад ва низ ривояташ таъйиди бидъаташро накунад, ривояташ қобили қабул мебошад. (12 ج 1 ص: 299). Аммо Имом Абуҳанифа (раҳ) дар ин маврид назар ва ё шарти хосе дорад ва он инки ривояти мубтадиъро дар сурати одил будан ва ё доштани сифати адолат метавон пазируфт. 3- Назари Имом Абуҳанифа (раҳ) дар мавриди ривояти мастур. Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
720Loading...
28
Маълумоти мухтасар дар бораи Имом Абӯҳанифа ( р а ) ⬇️
761Loading...
29
Дарси 87 📓Аз китоби «Лубоб Фи Шарҳил Китоб»  (Шарҳи Мухтасарул Қудурӣ). 🎙Шайх Юсуф Ханафӣ. https://t.me/Rizogi_Alloh_1223/1620
920Loading...
30
Media files
1100Loading...
31
📌 Ҳикмате аз бузургон
1050Loading...
32
Аз ҳама организми дарозтарин дар организми одам ин рудаи борик аст ки агар уро бе каҷу килеби рост қапем чор баробари қади одам аст. Аз ҳама хурдтарин бошад ин гипофиз аст ки аз 10 то 17 мм дарози дорад
770Loading...
33
Аппендисити шадид ба чӣ монанд аст? аппендисити шадид — бемориест, ки дар натиҷаи илтиҳоби шадиди қисми рӯдаи ғафс ба вуҷуд меояд, ки бо дард дар маҳали ҷойгиршавии майнаи чашм, боло рафтани табларза то ба дараҷаи субфебрилӣ (37, 2-37, 7с), гирифтани мавқеи ҳатмӣ ва баъзан қайкунӣ зоҳир мешавад. . ин бемориро аз касалихои шадиди узвхои шикам, холецистит, панкреатит, беморихои бачадон, тухмдонхо ва найхои фаллопия фарк кардан хеле мухим аст. Агар ин беморӣ дар кӯдакон мушоҳида шавад, эҳтиёт бояд кард. хангоми хал шудани варами илтиҳобӣ чирк ба тамоми холигоҳи шикам паҳн шуда, боиси перитонит мегардад. ва ин метавонад боиси марги бармаҳали кӯдак гардад. агар шартҳои дар боло зикршуда риоя шаванд, тавсия дода мешавад, ки фавран аз муоинаи ҷарроҳӣ гузаред.
980Loading...
34
Мулло Алӣ Қорӣ 7⃣: Ва дар идома низ Мулло Алӣ Қорӣ رَحِمَهُ اللّٰهُ мефармояд ✅: ---------------------------------------------------------------------------------------------- وفيه رد على الكرامية والمجسمة في إثبات الجهة، فإن الكرامية يثبتون جهة العلو من غير إستقرار على العرش، والمجسمة وهم الحشوية يصرحون بالإستقرار على العرش بظاهر الآية ولا حجة فيها لأن الاستواء له معانٍ... «Ва дар ин радд аст бар карромия ва мучассима дар исбот карданашон нисбати Худо самту тарафро, зеро карромия самту тарафи болоро барои Худо исбот мекунад бидуни эътиқод кардан бар қарор гирифтани Аллоҳ болои Арш, Ва муҷассима ки ҳамоно онҳо ҳашавиҳо ҳастанд тасриҳ намудаанд бар қарор доштани Аллоҳ болои Арш (такя) ба зоҳири оят, ва барояшон дар ин оят далиле нест, зеро истиво дорои чандин маъноҳо мебошад» ---------------------------------------------------------------------------------------------- «Завул-Маоли Шарҳи бад-ул - Амолӣ саҳ:30» 📚. #Далел #Алиқори #ҳанафи 〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰 🌐Присоединяйтесь  @alhanafiya ✓
770Loading...
35
6⃣ Мулло Алӣ Қорӣ Ҳанафӣ дар зери байти дигаре, ки чунин аст: ✅ ---------------------------------------------------------------------------------------------- بِلاَ وَصفِ التَّمَكُّنِ وَاتِّصَالِ (Аллоҳ фавқи Арш аст) На ба васф (ва маънои) тамаккун (макон) ва иттисол (часпидан). ---------------------------------------------------------------------------------------------- Баъд аз ин ибора Мулло Алӣ Қорӣ мефармояд:✅ أي: بِلَا وَصفِ الْإسْتِقْرَارِ، وَلا نَعْتِ الاتِّصَالِ؛ لٍأنَّ كِلَيهِمَا فِي حَقِّ اللّٰهِ تَعَالَى مِن المُحَالِ. (Яъне Аллоҳ фавқи Арш аст), на ба васф (ва маънои) истиқрор (қарор гирифтан), ва на ба васфи иттисол (часпидан), зеро, ки ин ду (калима) нисбати Аллоҳ муҳол аст. -------------------------------------------- «Завул-Маоли Шарҳи бад-ул - Амолӣ саҳ:30» 📚. #Далел #Алиқори #ҳанафи 〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰 🌐Присоединяйтесь  @alhanafiya ✓
680Loading...
36
Яъне «Имом Абуҳанифа (раҳ) шахси сиқа ва муътамаде буд, яке аз алоими сиқа будани ў ин буд, ки аз ҷумлаи аҳодис ва ривоёти дар даст доштаашон фақат ҳамон ҳадисеро ривоят мекард, ки ҳифз медошт, ончиро, ки ҳифз намедошт ривоят намекард. Сабаби дуюм: Машғулияти Имом ба фиқҳи ҳадис ва истинботи аҳком. Чунончи Аллома Муҳаммад ибни Юсуфи Солеҳӣ ин сабаби дуюмро зикр карда мегўяд: وإنما قلت الرواية عنه . . . لاشتغاله عن الرواية باستنباط المسائل من الأدلة کما کان أجلاء الصحابة کأبی بکر وعمر وغيرهما يشتغلون بالعمل عن الرواية ، حتی قلت رواياتهم بالنسبة إلی کثرة إطلاعهم ، وکثرة رواية من دونهم بالنسبة إليهم فيما سمع ، وکذا الإمام مالک والشافعی لم يرويا إلا القليل بالنسبة إلی ما سمعا. کل ذلک لانشغالهما باستخراج المسائل من الأدلة » (10ص: 319-320). Яъне «сабаби қиллати ривояти Имом Абуҳанифа (раҳ) ҳамоно машғул будани вай дар истинбот ва истихроҷи масоил аз далоил буд, тавре, ки бузургони саҳоба, монанди Абубакру Умар ва ғайра бо васфи доштани маърифат ва маълумоти зиёд натавонистанд ба сабаби масруфиятҳои амалӣ аҳодиси бештареро ривоят кунанд ва баръакси касоне, ки мезони маълумоти эшон нисбат ба онҳо камтар буд ба сабаби доштани вақт ва фурсати муносиб тавонистанд аҳодиси бештареро ривоят кунанд. Ва ҳамчунон дар мавриди Имом Молик ва Шофеӣ метавонем бигўем, ки ривоёти эшон нисбат ба аҳодиси дар даст доштаашон камтар буд. Баъд аз ин ки сабаби қиллати ривояти Имом Абуҳанифаро дарк намудем, саволи дигаре шояд матраҳ шавад, ки аҳодис ва ривоёти Имомро бо васфи кам буданашон аз куҷо метавон дарёфт? Фиқраи баъдӣ аз ин саволи эҳтимолӣ посух медиҳад. 2- Манобеи аҳодиси Имом Абуҳанифа (раҳ). Имом Абуҳанифа (раҳ) кадом китоберо дар ҳадис таълиф нанамудааст, аммо ҳадиси ривояткардаи эшонро бо васфи кам будани он метавон аз «Китобул осор»-и Имом Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ, ва низ аз таълифоти Имом Абуюсуф ва масониде, ки мансуб ба эшон аст, пайдо кард. Аммо дар мавриди китобҳое, ки ба унвони муснад ва ё масониди Имоми Аъзам таълиф гардидааст бояд изҳор дошт, ки ин китобҳо баъд аз вафоти Имом тавассути афроди дигар ҷамъоварӣ шудааст ва худи Имом ин масонидро таълиф накардааст. Чунончи Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалонӣ мегўяд: وکذلک مسند أبی حنيفة توهم أنه جمع أبی حنيفة ، وليس کذلک . والموجود من حديث أبی حنيفة مفردا إنما هو کتاب الآثار التی رواها محمد بن الحسن عنه ، ويوجد فی تصانيف محمد بن الحسن وأبی يوسف قبله من حديث أبی حنيفة أشياء أخری » (2ص: 5( Яъне «дар мавриди муснади Имом Абуҳанифа чунин гумон бурда мешавад, ки гўё ў ҷамъоварии худи Имом бошад, аммо ҳақиқат чунин нест. Аз аҳодис ва ривоёти Имом Абуҳанифа (раҳ) ба таври мустақил мо метавонем танҳо аз «Китобул осор»-и имом Муҳаммад ибни Ҳасан, ки аз устодаш Имом Абуҳанифа ривоят мекунад, ном бубарем, ва низ бархе аз аҳодис ва ривоёти Имомро дар таълиф ва китобҳои дигари имом Муҳаммад ибни Ҳасан ва имом Абуюсуф метавон пайдо кард. Ҳамчунин муҳаддиси деҳлавӣ, Шоҳ Абдулазиз (раҳ) дар ин робита мефармояд: باید دانست که از تصانیف ائمه اربعه رحمهم الله در علم حدیث امروز در دست مردم غیر از موطأ موجود نیست ومسانید ائمه دیگر که در عالم مشهور است خود ایشان به تصنیف آن نپرداخته اند بلکه دیگران بعد از ایشان آمده مرویات ایشان را جمع نموده اند ومسند فلانی مسمی کرده . . سپس اسامی جامعین سه مسند را با سنۀ پیدایش شان ذکر نموده به صحت وضعف آنها نیز اشاراتی داشته است » (6 ص: 76-77( Бояд донист, ки аз тасонифи аимаи чоргона (раҳ) дар илми ҳадис имрўз дар дасти мардум ғайр аз Муватаъ, мавҷуд нест ва масониди аимаи дигар, ки дар олам машҳур аст, худи онҳо ба таснифи он напардохтаанд, балки дигарон баъд аз онҳо омада марвиёти эшонро ҷамъ намудаанд ва муснади фалонӣ ном гузоштаанд… сипас асомии ҷомеини се муснадро бо санаи пайдоишашон зикр намуда ба сиҳат ва заъфи онҳо низ ишороте доштааст. Далели сареҳ бар ин ки масониди мавҷуда аз таълифоти Имом набуда қавли ҷомеи он Муҳаммад ибни Маҳмуди Хаворазмӣ (св 655 ҳқ) аст, ки сабаби боисаи ин таълифотро зикр намуда мегўяд: إنه سمع بعض أهل الشام نسب إلی الإمام أبی حنيفة قلة الرواية فی الحديث ، فلحقتنی حمية دينية ربانية وعصبية حنفية نعمانية» (3ج1ص: 504( Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
780Loading...
37
Маълумоти мухтасар дар бораи Имом Абӯҳанифа ( р а ) ⬇️
601Loading...
00:48
Video unavailableShow in Telegram
Люди_не_всегда_были_такого_роста,_как_сейчас_#думу_#ислам_#ПророкАдам.mp46.51 MB
بسم الله الرحمن الرحيم🌼 Ас саламу ъалайкум ва раҳматуллаҳи ва баракатуҳ . Бародар ва хоҳарони муваҳиддам! дар саҳифаҳои худ нашр кунед, ва ба дустонатон фиристед, то хоҳарони мо аз илми Тавҳид ва дигар улум огоҳ шаванд, ва садақае бошад, барои мо ва шумо.....Ин Шаа Аллоҳ. 🤲 Баракаллоҳу фикум ... ✍ https://t.me/ILQO_10_22
Mostrar todo...
👍 1
ДАР_ҲАР_СУХАНЕ_Ё_САВОБ_АСТ_Ё_ИҚОБ❕.mp33.10 MB
👍 1
Ҳикмате аз бузургон, неъмат.m4a3.95 MB
Photo unavailableShow in Telegram
📌 Ҳикмате аз бузургон
Mostrar todo...
Photo unavailableShow in Telegram
ДАР СУРАТ: хунравй дар холигии майна ин як патологияи хеле ҷиддӣ аст. ба бемор бояд фавран ёрии тиббй расонад. вагарна хуни ба холигии майна рехташуда фишори дохилиро зиёд карда, дар навбати худ боиси вайрон шудани бофтаи асаб мегардад.
Mostrar todo...
Photo unavailableShow in Telegram
📌РӮДАИ ҒАВС Дар акс ҳолати ногувори рӯдаи ғавс мушоҳида мешавад ки аз сабаби зиёд истифода бурдани нушокиҳои спирти, қабзияти давомнок пайдо шуда аст.
Mostrar todo...
Photo unavailableShow in Telegram
Имом Исмоили Шайбонии Ханафӣ (629 ҳ.к) дар баёни ақидаи аҳли ҳақ мегуяд: ✅ ---------------------------------------------------------------------------------------------- "قال أهل الحق: إن الله تعالى متعال عن المكان، غير متمكن في مكان، ولا متحيز إلى جهة خلافا للكرّاميّة والمجسمة وغلاة الروافض فإنهم يقولون: إنه تعالى على العرش، تعالى الله عن ذلك علوا كبيرا. «Аҳли ҳақ мегуянд: Аллоҳ Таъоло аз макон пок аст, дар маконе мутамаккин нест, ба сӯи ҷиҳат ва тарафе мутаҳаййиз (ҷойгирифта) нест, бар хилофи Карромия ва Муҷассима ва рофизиҳои олӣ (ифротӣ), зеро онҳо мегуянд: Худо бар Арш аст (зотан), Аллоҳи баландмартабаву бузург аз ин чиз пок аст» ---------------------------------------------------------------------------------------------- (Шарҳи ақидаи Taҳoвӣ Исмоили Шайбонӣ, саҳ: 21)📚. #Далел 〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰 🌐Присоединяйтесь  @alhanafiya
Mostrar todo...
Photo unavailableShow in Telegram
Шайхул Ислом Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалони (773-852) дар зери ҳадиси нузул, ки таҳти рақами 1145 аст, мефармояд:✅ ----------------------------------------------------------------------- قَوْلُهُ ﷺ (يَنْزِلُ رَبُّنَا إِلَى السَّمَاءِ الدُّنْيَا) اسْتَدَلَّ بِهِ مَنْ أَثْبَتَ الْجِهَةَ وَقَالَ: هِيَ جِهَة الْعُلُوّ، وَأنكر ذَلِك الْجُمْهُور لِأَنَّ الْقَوْلَ بِذَلِكَ يُفْضِي إِلَى التَّحَيُّزِ، تَعَالَى اللَّهُ عَنْ ذَلِكَ. Ва қавли Паёмбар ﷺ «(Яанзилу) парвардигори мо ба осмони дунё» : баъзеҳо ин ҳадисро ҳамчун далел интихобот карда ва барои Аллоҳ ҷиҳат собит мекарданд ва мегуянд инҳам ҷиҳати ъулув (боло) аст, ва ин истидлоли онҳоро ҷумҳури уламо инкор карданд, зеро ин сухан инсонро ба эътиқоде меорад, ки Аллоҳ мутаҳаййиз (ҷойгир) аст (дар ҷой ва маконе), Аллоҳ поку муназзаҳ аст, аз он чи ки ба ӯ нисбат медиҳанд. ----------------------------------------------- «Фатҳул Бори Шарҳи Саҳеҳул Бухори» ҳадис 1154 📚. #Далел 〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰 🌐Присоединяйтесь  @alhanafiya
Mostrar todo...
Имом Абуҳанифа (раҳ) тавре, ки дар фиқҳ ва масоили он ба унвони як имом ва муҷтаҳид ва дар мавриди осор ва ривоёт ба сифати як ҳофиз шинохта мешуд, ҳамчунон дар бархе аз масоили улуми ҳадис ороъ ва назариёти хосе доштааст ва ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи уламои ҳадис қарор гирифтааст. Бинобар ин, ин масъаларо ба шакли як воқеият бипазирем, ки Имом Абуҳанифа (раҳ) на танҳо дар ҳадис ва улуми он ворид будааст, балки дар ин бахш ҳам метавон аз вай ба унвони як имом ва муҷтаҳид ёд кард. Ин буд чанд нуктае, ки ба унвони хулоса ва ё натиҷаи баҳс мавриди тазаккур қарор додем.
Mostrar todo...
Elige un Plan Diferente

Tu plan actual sólo permite el análisis de 5 canales. Para obtener más, elige otro plan.